Ахбори Анҷуман

Ҳазфи номи 138 шаҳрванд аз феҳристи “афроди алоқаманд ба терроризм”

 

Ба гузориши сайти Паём, пас аз номаи “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”, сарусадоҳо дар расонаҳо, эътирози созмонҳои ҳуқуқи башар ва номаи намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот ба мақомоти Тоҷикистон, номи 138 нафар аз “рӯйхати сиёҳ”-и БМТ ҳазф шудааст.

Бар пояи ин гузориш, пас аз номаи “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”, ки нусхаи он ба САҲА ҳам фиристода шуд, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот зимни як нома аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дархост карда буд, ки номи 14 рӯзноманигор ва блогнависони тоҷикро аз рӯйхати нафарони алоқаманд бо терроризм хориҷ созад.

Дертар, созмонҳои дигар низ ба ин рӯйхат таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Аз ҷумла, “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” бо нашри як номаи саркушода, аз институтҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки барои аз рӯйхати афроди мансуб ба терроризми Бонки Миллии Тоҷикистон хориҷ шудани рӯзноманигорон ва сиёсатмадорону фаъолони сиёсӣ мусоидат намоянд.

Дар рӯйхати наве, ки Бонки Миллӣ рӯзи ҷумъа нашр кардааст, ба ҷои 1372 нафари қаблӣ 1234 нафар боқӣ мондаанд. Аз рӯйхат исми раҳбарони гурӯҳҳои мухолиф Сӯҳроби Зафар, Шарофиддин Гадоев ва Додоҷон Атовуллоев ҳазф гардидааст, вале номи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳанӯз боқист. Номи Илҳомҷон Ёқубов, собиқ раиси бахши суғдии ҲНИТ низ аз рӯйхат бардошта шудааст.

Ҳамчунин номи рӯзноманигорону блогерҳои тоҷик Сайидюнуси Истаравшанӣ, Абдуманнон Шералиев, Муҳаммадиқболи Садриддин, Бибисоро Кабирӣ, Шавкатҷон Шарипов (Шавкати Муҳаммад), Нуриддин Ризоӣ, Пайрав Масаидов, Вайсиддин Одинаев аз рӯйхат ғайб задааст, аммо номҳои Абдураҳим Шукуров ва Эҳсон Одинаев боқӣ мондааст.

Ҳуқуқшиносон Ҷамшед Ёров ва Муаазама Қодирова ҳам дигар шомили рӯйхати “террористон” нестанд.

Шабнам Худойдодова, Ҷаннатулло Комилов, Собир Валиев, Маъруф Лангарчиев ва шумори зиёде аз фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳам аз рӯйхати Бонки Миллӣ берун рафтаанд.

Писари Муҳиддин Кабирӣ Салимҷон низ дигар дар рӯйхат нест.

Додоҷон Атовуллоев, Шабнам Худойдодова, Вайсиддин Одинаев ва Маъруф Лангарчиев аз рӯйхати афроди алоқаманд бо терроризм ҳазф шуда, аммо дар рӯйхати 122 нафараи афроди вобаста ба экстремизм боқӣ мондаанд.

Шавкатҷон Шарипов, рӯзноманигор ва блогнависи тоҷик дар посух ба суоли Паём дар бораи чӣ гуна вориди ин рӯйхат шуданаш гуфт: “Ба бовари ман бо ворид кардан ба ин рӯихат номи шахсонеро, ки ҳарфе гуфтанӣ алайҳи режим доштанд, мақомот мехост, аз имкониятҳои дар дасташ буда истифода карда, ба даҳони мухолифонаш лаҷом бизанад. Аммо Тоҷикистон кишваре нест, ки мустақилияти сиёсӣ дошта бошад ва ҳарчӣ хост ҳамон шавад. Даст ба чунин иқдомҳои оқибаташ нангин задани як кишвари дастнигар, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар раъси ингуна корҳо шахсони бемасъулият истодаанд. Худи ҳамин иқдомҳои нангин ва дар ниҳоят зери фишорҳои ҷомеаи байналмилалӣ ақибнишинӣ карда, рӯихатро ихтисор намудан тасдиқгари гуфтаҳои боло аст. Ёдамон наравад, ки пулиси байналмилалии ИНТЕРПОЛ чанде пеш, билохира аз ин бемасъулиятиҳои мақомоти Тоҷикистон огоҳ шуда, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар рӯихати сурхи ин ниҳоди байналмилалӣ бидуни ҳеҷ як асосе ворид шуда буданд, ихтисор кард. Бинобар метавон гуфт, ки ин рӯихат тибқи хаёл ва орзӯҳои сиёсӣ бо гузориши масъулони ҳукуматҳои навоҳии кишвар ва ҳамкорӣ бо мақомоти низомӣ тартиб дода шудааст. Дар омода намудани ин рӯихат шахсони босалоҳият ва огоҳ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ гуфтан мумкин ҳузур надоштаанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s