Иршод Сулаймонӣ
Ҳафтаи гузашта аз 140-солагии аллома Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон таҷлил шуд. Устод Айнӣ, ки дар тасаввури аксари мардуми мо як нависанда аст, танҳо нависанда набуда, як донишманди тавоно, таърихнигори боадолат, адабиётшиноси варзида, забоншиноси камназир, рӯзноманигори чирадаст ва инқилобии ростине мебошанд.
Кору пайкори гуногуни устод Айнӣ дар тамоми арсаҳо бармалло месозад, ки як тоҷик бояд чӣ гуна барои сохтмони давлату миллати худ талош бикунад. Устод Айнӣ дар баробари тамоми шоистагиҳое, ки доштанд як оянданигари тавоно низ буданд. Андешаҳои оянданигаронаи устод Айнӣ бештар дар матлабҳое, ки дар оғози асри гузашта дар матбуот ба нашр расидаанд, баён шудааст.
Замоне устод Айнӣ дар мақолаи маъруфи худ “Сайфу қалам” (“Шуълаи Инқилоб”, № 40, 12 июни соли 1920) навишта буд: “Дар олами маданият ду қувват аст, ки таъмини ҳуқуқи бани башар бе воситаи ин ду мумкин нест. Ин ду қувват сайф ва қалам аст. Дар як ҳайати иҷтимоӣ агар “сайф” (шамшер) ба манзалаи ҷисм бошад, “қалам” ба масобаи ҷон аст. Ҳамчунон бе ҷисму ҷон одамӣ дар хориҷ вуҷуд надорад, инчунин ҳайати иҷтимоия, ки бе сайфу қалам аст, дар олами маданият гуё\ вуҷуд надорад”.
Манзури устод Айнӣ аз “сайф” ва “қалам” қудрат ва дониш буд. Ду арзише, ки имрӯз мо ба он аз замони Айнӣ бештар ниёз дорем. Вале барои доштани ин ду мо ба шахсиятҳое чун Айнӣ ниёз дорем, ки битавонанд бо худафрӯзӣ ва азхудгузаштагӣ дониш ва қудрати моро таъмин кунанд.
Моҳи апрел дар баррасиҳои ғайриилмӣ ва оммиёна ҳамчун моҳи таваллуди бузургон дониста мешавад. Дар ин моҳ шахсиятҳои тақдирсозе дар тадовуми таърих ва маъруфе аз қабили пайғамбари гиромии ислом Муҳаммад (с), Шекспир, Нютон ва хеле дигарон таваллуд шудаанд. Ин шахсиятҳо ҳар кадоме дар замони худ самбул ва намоди қудрату донишу пешрафт ва ворастагиву озодагӣ будаанд ва ба ҳар васила дар тавсеъи миллату тамаддуни худ ҳисса гузоштаанд. Ҳамчунин дар ин моҳ яке аз бузургтарин тоҷикони асри XX Садриддин Сайидмуродхоҷа Айнӣ (15 апрел) зода шудааст, ки имсол 140-умин соли таваллудаш аст.
Имрӯз мо ба шахсиятҳое чун Айнӣ ба масобаи сайфу қалам ниёз дорем. Айнӣ ва шахсиятҳое чун ӯ ба манзалаи дониш ва қудрат, ки бо таассуф миллати мо ин дуро кам дорад. Аз лиҳози надоштани дониш ва қудрат феълан, мо хеле ақиб уфтодаем ва шӯрбахтона муҳити мо ба гунае шакл гирифтааст, ки муҳити айнипарвар айнисоз нест.
Айнӣ ва шахсиятҳое чун ӯ ба унвони шахсиятҳои символикӣ дар ҳоли ҳозир метавонанд барои мо ҳамчун роҳкорҳои шахсиятсозе, ки қудрат ва дониши моро таъмин мекунанд, бошанд. Ҳарчанд Айнӣ шахсияти воқеӣ ва муъруфи замони худанд, вале инҷо мо эшонро ба унвони шахсияти символикӣ интихоб кардаем. Чиро?
Айнӣ самбули шахсиятсозии худ ба худ аст. Ӯ бо вуҷуди ин ки як ятим буд, вале дар замони тангу тори манғитҳои Бухоро, дар замони ҷаҳолатҳои қудратхоҳии Инглису Русия бар сари Бухоро (ва Шарқ) худ ба худ дониш омӯхт, қудрат пайдо кард ва ба масобаи яке аз бузургтарин шахсиятҳои замони худ расид, ки мо имрӯз ифтихори доштани чунин як донишмандро мекунем. Айнӣ бо шахсиятсозии худ ба худ намоди талошу муборизае гашт, ки инсон метавонад бо роҳи омӯзиш ва дониш ба қуллаи ифтихор ва маниш бирасад. Шахсиятсозии худ ба худи Айнӣ танҳо ба худи ӯ фоида надошт, балки ин василаи шахсиятсозӣ ба нафъи миллӣ буд. Ҳоло тасаввури ин нукта бисёр душвор аст, ки агар мо дар девонагиҳои оғози асри гузашта Айниро намедоштем, миллати мо дар муқобили болшавизму понтуркизми тоҷиккуш чӣ қадар қурбонӣ медошт ва чӣ қадар аз шаҳомату дороии миллиро мебохт. Айни шахсияти худро худ сохт ва чун муҳите мусоид шуд дониш ва қудрати ӯ ба нафъи миллат кор дод.
Вақте мегӯйем шахсиятҳое чун Айнӣ дошта бошеми ба ин маъност, ки ин гуна афрод намоди муҳити кулии шахсиятсоз бояд бошанд. Ин афродро муҳити илмиву донишии созгоре меофараду мепарварад.
Вақте мо мугӯйем, ки дар замони муосир ба Айнӣ ва шахсиятҳое чун ӯ ниёз дорем ба ин манзур аст, ки бояд муҳити айнисозу шахсиятпарварро ба вуҷуд биоварем. Муҳите, ки дар он дониш ва қудрат таъминкунанди шаҳомат ва бузургии миллату давлат бошад. Муҳите, ки хатмкардаҳои донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳониро ба худ ҷалб кунад ва аз донишу таҷрибаи онҳо истифода шавад. Шахсият ба маънои фарди огоҳу фарҳехтаву тавонманд, на маънои марҷаи парастиши сиёсӣ ва ё маъмурӣ.
Миллати мо бе Айнӣ ва шахсиятҳое чун ӯ пешрафт намекунад. Агар ҳазорон вазиру мушовиру раису ректорро ҳам унвони академикӣ бидеҳем, миллати мо муқтадиру донишдор намешавад. Академик бояд дар батни ҷомеаи донишбунёд парварда шавад, на ин ки дар муҳитҳои сиёсӣ ва маҳаллӣ.
Мо бе паймудни роҳи Айниву шахсиятҳое чун ӯ, бе эҳтиром қоил нашудан дар борабари дониш ва қудрати илм, бе даст накашидан аз парадигмаҳои сиёсии нокоро ва муҳиткуш наметавонем ба орзу ва ормонҳое, ки мепарварем бирасем. Бе ин ду роҳи расидани мо ба саъодати миллӣ бисёр дароз аст.
Ба гуфти аллома Айнӣ “агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба иборати кӯтоҳ – агар мо ҳаёт хоҳем, бояд ки фурсат нагузаронда, чанг ба домони сайфу қалам занем”.
Мо ҳам агар муҳити сингопурӣ, кайфияти аврупоӣ, шароити чинӣ, арзишмеҳварии амрикоӣ ва зиндагии шоиставу инсонӣ мехоҳем бояд муҳити айнисозу айнипарвар дошта бошем.
Ёди аллома Айнӣ, бузургтарин тоҷики асри гузашта, гиромӣ бод ва Худованд биёмурзадаш!
Бознашр аз «Озодагон» (№16 (520) 18.04.2018)