Тули се соли охир теъдоди парвандаҳое, ки ба он мақомоти айбдоркунӣ муҳри махфӣ зада, вакили дифоъ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигоронро аз дастрасӣ ба маълумот дар бораи айбдоршаванда маҳрум мекунанд, ба маротиб афзудааст. Дар ин се соли охир ба парвандаи даҳҳо шахсони сиёсӣ, иқтисоддонҳо ва рӯзноманигороне, ки дигарандеш буданд, муҳри махфӣ зада шуд. Мурофиаи судии онҳо бидуни иштироки ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон ба хотири мавҷудияти муҳри махфӣ дар парвандаашон мегузашт. Вакилони дифоъ ба ин хотир наметавонистанд маълумоти кофӣ ба даст биёранд ва ё агарчӣ маълумоте ҳам дошта бошанд, ҳаққи ифшои онро надоштанд. Ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва ташкилотҳои байналмилалии дифоъи ҳуқуқи инсон борҳо шикоят карданд, ки мақомоти Тоҷикистон бидуни ҳеҷ асосе ба парвандаҳои дигарандешон муҳри махфӣ мезанад.
Ниҳоят, тавре хабар дода будем, санаи 17 апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи лоиҳаи Қонун, барои мутобиқ гардонидани меъёри моддаи 506 Кодекси мазкур ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ, дар таҳрири нав пешниҳод гардид, ки бе асоси қонунӣ махфигардонии маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ намебошад, ҷавобгарӣ пешбинӣ шавад.
Паём дар ин бора бо ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик Ҷамшед Ёров, ки худ корафтодаи ин масъала мебошад, сӯҳбате орост ва ин сӯҳбат пешкаши хонандагони гиромӣ мегардад.

Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигоре, ки парвандааш мӯҳри махфӣ дорад
ПАЁМ.net: Дар кадом ҳолатҳо тибқи қонун ба парвандаҳои ҷиноятӣ муҳри махфӣ зада мешавад?
Ҷамшед Ёров: Дар қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон мафҳуми «Муҳри махфӣ» вуҷуд надорад. Мафҳумҳои «фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ» ва «мурофиаи пӯшидаи судӣ» мавчуд аст. Мутобиқи талаботи моддаи 177 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон фош кардани маълумоти тафтиши пешакӣ бе иҷозати муфаттиш нораво аст. Муфаттиш, мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда аз шоҳид, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахсони холис ва шахсони дигари ҳангоми амали тафтишӣ иштирокдошта , пас аз огоҳ карданашон оиди норавоии фош кардани маълумоти пешакӣ аз онхо метавонад забонхат гирад. Моддаи 361 Кодекси ҷиноятӣ бошад, ҷавобгариро барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ дар назар дошта, шахси қонунвайронкунанда бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Дар моддаи 273 Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дар бораи муҳокимаи ошкоро ва пӯшидаи судӣ меравад. Муҳокимаи пӯшидаи судӣ дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода шудааст: Ҳангоме, ки муҳокимаи ошкорои судӣ ба фош шудани сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшуда оварда мерасонад, оид ба парвандаҳои ҷиноятии шахсоне, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд, ба муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ва ҷиноятҳои дигар, бо мақсади пешгирии фош шудани маълумоти ҷанбаҳои маҳрамонаи шахсони иштирокчии парванда ё маълумоте, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, инчунин дар ҳолатҳое, ки онро манфиати таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиа ва шоҳидон ё хешовандони наздики онҳо талаб мекунад, мумкин аст гузаронида шавад.
Ҳамин тариқ, муфаттиш, суд ва судя метавонанд бо дастрасии ин моддаҳои дар боло номбаршуда таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судиро пушидаю пинҳонӣ гузаронанд.
ПАЁМ.net: Чи чизҳо сирри давлатӣ буда метавонад?
Ҷамшед Ёров: Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» — сирри давлатӣ – маълумоти аз тарафи давлат ҳифзшаванда, ки паҳн намудани онҳо аз ҷониби давлат бо мақсади амалигардонии фаъолияти самараноки ҳарбӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, иқтисодии хориҷӣ, сиёсии хориҷӣ, разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар фаъолияти ба меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ мухолифатнадошта маҳдуд карда шуда, ифшо ё гум кардани онҳо ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад.
Номгӯи маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансубанд хело калон мебошад ва дар умум гуфта мешавад, ки ин номгӯ дар боби 3 ҳамин Қонун дар бар гирифта шуда ба чанд қисм метавон онҳоро тақсим кард: Маълумоти дар соҳаи ҳарбӣ; дар соҳаи вазъияти фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ; дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ба Қувваҳои мусаллаҳ; дар соҳаи иқтисод, молия, саноат, илм ва техника; дар соҳаи сиёсии хориҷӣ ва иқтисодии хориҷӣ; дар соҳаи фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар фаъолият.
Дар маҷмӯъ қонунгузорӣ 129 навъи маълумотро ба сирри давлати мансуб кардааст. Мисол: Дар хусуси ҷойгиркунонии стратегӣ ва оперативии қӯшунҳо; дар бораи нақшаи сохтмон, рушд, шумора, ҳайати ҷангӣ ё теъдоди қӯшунҳо, омодагии ҷангии онҳо, инчунин дар бораи ҳолати ҳарбию сиёсӣ ва (ё) оперативӣ; дар бораи иҷрои супоришҳои истеҳсол ва таҳвили аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ дар шароити замони ҷанг; дар бораи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳо ва иншооти алоҳида барои ҳифз, тахлия (эвакуатсия) ва ҷойгир кардани аҳолӣ; оид ба иқтидорҳои сафарбарӣ ҷиҳати истеҳсол ва таъмири аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, дар бораи таъсис, рушд ва ҳифзи ин иқтидорҳо; дар бораи нишондиҳандаҳои муайянкунандаи омодагии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти устувор дар замони ҷанг; дар бораи хароҷоти буҷети давлатӣ, ки таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд (ба ғайр аз нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ); маҷмӯи маълумот оид ба захираҳои давлатии металлҳои қиматбаҳо бо ифодаи аслӣ ва пулӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи қувваҳо, воситаҳо, манбаъҳо, усулҳо, нақшаҳо, ҳолат, ташкил, тактика, натиҷаҳо ва маблағгузории фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ; дар бораи системаи алоқаи президентӣ, ҳукуматӣ, рамзӣ, аз ҷумла дорои код ва махфигардонидашуда, дар бораи рамзҳо, коркарди онҳо, таҳия ва бо онҳо таъмин намудан; оид ба ҳолати махсуси ғайриошкорои ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маҳалли ҷойгиршавии ташкилотҳое, ки бо мақсади пинҳонкорӣ таъсис гардидаанд; ошкоркунандаи маҳалли ҷойгиршавии биноҳое, ки ба манфиати ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пинҳонӣ истифода бурда мешаванд; дар бораи шахсоне, ки ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба таври махфӣ мусоидат менамоянд ё мусоидат кардаанд.

Зиндониёни сиёсие, ки парвандаашон мӯҳри махфӣ дорад
ПАЁМ.net: Дар ҳолати парванда муҳри махфӣ доштанаш кадом салоҳиятҳо, уҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои вакили дифоъ ва айбдоршаванда маҳдуд мешавад?
Ҷамшед Ёров: Ҳарчанде , ки мутобиқи Қонун ҳангоми муҳри махфӣ доштани парванда ягон салоҳияту ҳуқуқи вакили дифоъ ва айбдоршаванда маҳдуд карда намешавад, вале дар асл чунин нест. Мутобиқи Сарқонуни Тоҷикистон ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми судӣ дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Судя ҳукмро дар асоси далелҳои ҷамъовардашуда ва эътимоди шахсии худ мебарорад. Ҳангоми муҳри махфӣ доштани парванда вакили дифоъ имконияти ҳамкорӣ ва дастгирии мавқеъи худ ва зерҳимояашро дар ҷаъмият гум мекунад. Мо ҳамагон мебинем, ки чи тавр дар барномаҳои криминалии телевизиони тоҷик шахсони боздоштшударо аллакай пеш аз суд «ҷинояткор, қаллоб, экстремисту террорист» ном мебаранд. Ҳол он, ки ҳукми судӣ содир нашудааст ва гуноҳи онҳо исбот нашудааст. Ин гуна барномаҳо аллакай дар мафкураи аҳолӣ ва шахсони мансабдор, алахусус судяҳо, боздоштшудаҳоро чун гунаҳкорон таҷассум мекунанд. Албатта, ин барои баровардани ҳукми судии айбдоркунӣ як заминае мешавад. Маҳдуд кардани ҳуқуқи вакили дифоъ ба муошират бо воситаҳои ахбори омма вобаста ба парвандаи баррасишаванда ва нашунидани фикри аҳолӣ нодуруст мебошад. Набояд фаромуш сохт, ки ҳукмҳо аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд. Ва Тоҷикистон – ин халқи он мебошад. Вақте, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои пурсадусадо ва сиёсӣ мавқеъи аҳолӣ шунида ва ба инобат гирифта нашавад – адолати судӣ низ пурра набуда, заиф мебошад.

Муҳаммадалӣ Ҳаит
ПАЁМ.net: Шумо вакили дифоъи зиндонии сиёсӣ Муҳаммадалии Ҳаит будед ва парвандааш муҳри махфӣ дошт, ҳамчунин парвандаи бародаратон Бузургмеҳр Ёров низ. Ба гумони шумо замони боз шудани парванда, оё ягон нишондиҳандаи айбдоркунӣ тибқи қонун ба муҳри махфӣ задан рост меомад?
Ҷамшед Ёров: На дар парвандаи Муҳаммадалӣ Ҳайит ва на дар парвандаи Бузургмеҳр Ёров ман ягон асоси қонунии ба таври махфӣ гузаронидани мурофиаҳо ва тафтишотро надидам. Дар фазои интернетӣ Ҳукми судӣ нисбати аъзои ҲНИТ, аз он ҷумла Муҳаммадалӣ Ҳайит мавҷуд аст. Агар ин ҳукмро бо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» , талаботи моддаи 273 КМҶ, ки шарту тартиби гузаронидани мурофиаҳои пӯшидаро ба танзим медарорад, муқоиса кунем, мебинем, ки дар парванда ягон асоси қонунии гузаронидани мурофиаи пӯшидаи судӣ вуҷуд надорад. Дар ҳукм, ки дар он рафти мурофиаи судӣ бо нишондоди шоҳидону ҷабрдидаҳо, коршиносону айбдоршавандагон омадааст, ягон маълумоти дорои сирри давлатӣ дида намешавад. Дар парвандаи Бузургмеҳр низ ҳамин тавр.

Бузургмеҳр Ёров ҳамроҳи падари марҳумаш Равшани Ёрмуҳаммад
ПАЁМ.net: Чаро мақомоти айбдоркунӣ ба парвандаи зиндониёни сиёсӣ ва вакилони дифоъи онҳо, аз ҷумла баъзе аз рӯзноманигорон муҳри махфӣ мезананд?
Ҷамшед Ёров: Фикр мекунам танҳо барои осон кардани кори худ ва таъсир расонидан ба вакили дифоъи айбдоршаванда ин кор суръат мегирад. Дар сурати махфӣ гардонидани тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ имконияти пинҳон кардани хатогиҳою камбудиҳои парванда меафзояд. Муроҷиатҳои чандинкаратаи вакилон оиди бартараф кардани камбудиҳо бе баррасӣ мемонанд ва дар қаъри уқёнуси амалҳои манфиатҷӯёнаи мақомоти қудратӣ ғарқ мешаванд. Вакили дифоъ имконияти ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва таъсири онро барои амалӣ гардонидани адолати аслии судӣ ба парванда аз даст медиҳад.
ПАЁМ.net: Ба андешаи Шумо чи зарурате пеш омад, ки парлумони кишвар ба қонун дар ин бора иловаю тағйирот ворид карданӣ шуд ва минбаъд бидуни далели қонунӣ ба парванда муҳри махфӣ задан ҷиноят дониста мешавад?
Ҷамшед Ёров: Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17.04.2018 сол баргузор шуд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи лоиҳаи Қонун, барои мутобиқ гардонидани меъёри моддаи 506 Кодекси мазкур ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ, он дар таҳрири нав пешниҳод гардид, ки риоя накардани тартиби муқарраргардидаи таъмини низоми махфият, бе рухсатномаи дахлдор иҷро намудани фаъолияте, ки ба сирри давлатӣ алоқаманд аст, инчунин барои бе асоси қонунӣ махфигардонии маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ намебошад, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд. Дар ин иловахои пешбинишуда сухан дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ нею дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ меравад. Айни ҳол барои бе иҷозати дахлдор иҷро намудани фаъолияте, ки бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, инчунин барои риоя накардани тартиби муқарраргардидаи дастрасӣ ба сирри давлатӣ ва рухсат ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад ё фаъолияти онҳо ба мўҳлати то се моҳ боздошта мешавад.
Боиси хушнудист, ки ҳокимияти қонугузорӣ барои бе асоси қонунӣ ба махфӣ гардонидани маълумот ҷавобгариро пешбинӣ менамояд. Ин боиси боз ҳам шаффофтар шудани фаъолияти мақомоти давлатӣ хоҳад шуд. Вале, фикр мекунам, ки ин муқаррароти қонун ба фаъолияти мақомоти тафтишотӣ ва судии кишварамон ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт.
ПАЁМ.net: Ҳамчун ҳуқуқшинос дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни марбутта, агар аз шумо назаратонро мепурсиданд, чи тавсияҳо медодед?
Ҷамшед Ёров: Ба назари ман Қонун «Дар бораи сирри давлатӣ» камбудие надорад. Мушкилоти асосӣ чизи дигар аст. Сӯистифода ва беэътиноӣ, духура маънидод кардани муқаррароти қонун оиди сирри давлатӣ ва маълумоти тафтишоти пешакӣ аз мушкилиҳои асосӣ мебошад. Ҳамчунин мушкилот дар сӯистифодаи баррасии мурофиаҳои пӯшидаи судӣ аст, ки ба обурӯ ва нуфузи мақомоти адлия таъсири манфӣ мерасонад.
Ба назари ман дар аввал бояд сиёсати кадрӣ дар мақомоти судӣ ва тафтишот бозбинӣ карда шавад.Бояд гуфт, ки омилҳои асосии таъсиррасон ба сифати тафтишот ва адолати судии Тоҷикистон ин мансабпарастӣ, коррупсия, маҳалгароӣ ва қавмпарварӣ мебошанд. Фақат дар ҳамон мавриде, ки муфаттиш ва суд дар асл мустақил шаванд, мушкилоти баррасии парвандаҳои махфӣ аз байн хоҳад рафт.
Манбаъ: сайти Паём
Рубрики:Гуфтугӯ, Ҳуқуқи башар