Омӯзиш ва парвариш

ВАК-и Тоҷикистон ҳам корашро аз плагиат сар кард (5 акс)

Сайти Ахбор дар гузорише навишт, дар маросими ифтитоҳи Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА ё ВАК)-и Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллӣ ба ҳозирин шумораи аввалини «Бюллетен”-и ин ниҳодро тақсим карданд. Як мақолаи асосии ин «Бюллетен” аз … ВАК-и Украина рӯбардор шудааст. Дар ин мақола аз олимони тоҷик талаб мешавад, ки ҳангоми навиштани мақолаи илмӣ ба … «вазифаҳои муҳимтарини дар назди Украина истода” таваҷҷӯҳ кунанд ва хулосаи мақолаашонро … ба забони украинӣ нависанд.

Бар пояи ин гузориш, рӯзи 20 апрел дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Комиссияи олии аттестататсионӣ (КОА, ВАК)-и назди президенти Тоҷикистон доир шуд. Дар ин маросим ёрдамчии президент Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси КОА-и Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода ва даҳҳо нафар аз олимони унвондору унвонҷӯ иштирок карданд.

Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон як қадами муҳим дар роҳи таъмини истиқлолияти илмии кишвар унвон мешавад, чунки то кунун олимони тоҷик маҷбур буданд, рисолаҳои илмӣ ва унвонҳои илмии худро дар ВАК-и Русия тасдиқ кунонанд.

Дар пайи баланд шудани оташи ҷанҷоли асардуздиҳои олимони тоҷик аз ҷониби пойгоҳи «Диссернет” ҳатто фарзияе ҳам садо дод, ки фошкориҳои «Диссернет гӯё кӯшиши интиқоми доираҳои илмии Русия аз Тоҷикистон барои таъсиси коммисияи мустақили аттестатсионӣ ва аз таҳти нуфузу назорати Маскав берун овардани арсаи илмаш буда метавонад. Даъвоҳое ҳам садо дод, ки КОА-и Тоҷикистон метавонад худаш бидуни маслиҳати ҳар навъ «Диссернет”-ҳо мӯро аз хамири илми тоҷик ҷудо кунад.

Соле ки накӯст, аз баҳораш пайдост. Рӯзи 20 апрел дар маросими ифтитоҳи ВАК дар Донишгоҳи миллӣ ба ҷамъомадагон шумораи нахустини «Бюллетени Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақсим карда шуд.

Як мақолаи асосӣ дар ин «Бюллеттен” роҳнамо дар бораи чигуна навиштани монография, мақолаи илмӣ ва тезисҳои маърузаи илмӣ барои ин нашрияи илмист.

Аҷобати кор дар он аст, ки ҳатто ҳамин мақола дар бораи тартиби таълифи асарҳои илмӣ барои «Бюллетени Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (!!!) аз кадом ниҳоди илмии кишварҳои дигар, ғолибан аз ВАК-и Украина рӯбардор шудааст. Ва чунон муғамбирона ва фориғболона, ки ҳатто хушашон наомадааст, то ақалан мисли дигар олимони асардузди мо ақалан «Украина”-ро дар матн бо «Тоҷикистон” ва «забони украинӣ”-ро ба «забони тоҷикӣ” иваз кунанд.

Ин ду иқтибос аз ҳамин мақолаи рӯбардоркардаи «Бюллетени Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст:

«Статья имеет простую структуру:

-введение (постановка научной проблемы, актуальность, связь с важнейшими задачами, которые стоят перед Украиной…”

«Рукопись статьи подписывается автором и подаест в редакцию в двух экземплярах. В отдельных случаях публикации научной статьи в профессиональных издания дается аннотация (резюме) на украинском, русском и английском языках.”

Кас намедонад, ки аз мутолиаи ин сатрҳо бихандад ё бигиряд? Оё дар воқеъ, як шарт барои чопи мақолаи илмӣ дар Бюллетени Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” чунин аст, ки мақола бояд ба «вазифаҳои муҳиме, ки дар назди Украина истодаанд” бастагӣ дошта бошад? Ваё хулосаи мақола бояд ҳатман дар баробари забонҳои русӣ ва англисӣ ба забони украинӣ ҳам навишта шавад?

Албатта, не! Ба кадоме аз олимони мо фармудаанд, ки тартиби таълифи мақола барои ин нашрияи илмиро бинависад ва азбаски олимони мо ба рӯбардор сахт одат кардаанд, ин масъул ҳам худашро ғам надода, шарти таълифи мақола аз ВАК-и Украинаро бидуни чунун чаро рӯбардор кардаву ҳамчун шарту шурути мақоланависӣ барои «Бюллетени Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба чоп додааст. Тавре гуфтем, шояд хушаш наомадааст, ки ҳатто «Украина”-ро ба «Тоҷикистон” ва «забони украинӣ”-ро ба «забони тоҷикӣ” иваз кунад.

Ва дар воқеъ суоли хеле ҷиддиеро халқ мекунад, ки агар олимони тоҷик тавони навиштани ҳатто тартиби навиштани мақолаи илмиро надошта бошанд ва онро аз ВАК-и Украина рӯбардор кунанд, пас чӣ сӯд аз ин илми онҳо? Пас даъвоҳои «Диссернет” дар бораи асардуздиҳои саросарӣ дар байни олимони мо ҳақиқат дорад?

Пойгоҳи «Диссернет” то имрӯз дастикам 22 олими тоҷикро ба асардуздӣ (плагиат) айбор кардааст, ки дар байни онҳо аз ҷумла муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси Пажӯиҳишгоҳи иқтисоди хоҷагии қишлоқ Нарзулло Амиров, писари вазири маориф ва илми Тоҷикистон Шоҳин Саидов ва чандин мудирони кафедраҳои илмии мактабҳои олии Тоҷикистон ҳастанд. Бар пояи даъвоҳои «Диссернет”, Шӯроҳои диссертатсионии Русия ба ВАК тавсия додаанд, ки се олими тоҷик, аз ҷумла Шоҳин Саидовро аз унвони илмиашон маҳрум кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s