Адабиёт

Номаи саргушодаи фарҳехтагон: Мо тоҷикем ва забонамон порсӣ аст!

Ҷамъи касире аз фаъъолони фарҳангию иҷтимоъӣ ва расонаии Тоҷикистон дар номае саргушода аз маҷолиси ъулё ва суфлои порлумони Тоҷикистон хостаанд, ки дар ҷиҳати эҳёи номи дурусту торихии забони расмии ин кишвар иқдом кунанд. Нусхаи чопии ин нома, ки беш аз 500 нафар аз тариқи шабакаи ҷаҳонӣ ба тарафдорӣ аз он имзои худро гузоштаанд, рӯзи панҷшанбеи 30 фарвардин (19 апрел) ҳамроҳ бо замимае дар бораи аҳаммияти корбурди номи дурусту торихии забони ПОРСӢ, ки забон аксари кулли мардуми Тоҷикистон аст, ба масъулони ҳарду маҷлиси порлумон таҳвил шудааст. Матни ин нома чунин аст:

***

Ба Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев

Ба Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров

Ба намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаи саргушода

Бо дуруду меҳр,

Раиси гиромии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаноби Убайдуллоев!
Раиси гиромии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Зуҳуров!
Намояндагони гиромии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Шумо бар маснади намояндагӣ аз сарзамине нишастаед, ки хостгоҳи яке аз бузургтарину тавонмандтарин забонҳои ҷаҳон ба шумор меояд ва посдорӣ аз он вазифаи якояки шумост. Абуҳафси Суғдии Самарқандию Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин чомасароёни чирадаст ба ин забон будаанд.

Суҳбат аз забонест, ки пас аз истилои араб аз забонҳои гуногуни эронӣ моя гирифту бар курсӣ нишаст ва тамаддуни шукӯҳманди Сомониёнро сохт ва сифати он “дарборӣ” ё “дарӣ” шуд, чун забони коргузории дарбор буд. Забоне, ки аз оғози пайдоиши худ “порсӣ” ном дошт ва имрӯз ҳам дар саросари ҷаҳон бо ҳамин ном шинохта мешавад.

Донишномаи муътабари Britannica дар тавсифи даврони Сомониён нивиштааст: Дар замони Сомониён “адабиёти порсӣ бо осори Рӯдакию Фирдавсӣ шукуфо шуд, улуми фалсафаву торих рушд кард ва пойбаст (таҳкурсӣ)‐и фарҳанги исломии эронӣ гузошта шуд”. (Encyclopaedia Britannica, Sāmānid dynasty).

Тамоми бузургоне, ки ба ин забон нивиштаанд, чи Рӯдакию Фирдавсӣ ва чи Пури Синову Берунӣ, чи Хайёму Мавлавӣ ва чи Ҳофизу Саъдӣ, худро порсизабон медонистанд ва дар саросари ҷаҳон “порсизабон” ба шумор меоянд. Порсӣ забонест, ки имрӯз ҳам бо офаридаҳои тозаи худ мояи ифтихори мост.

Забони мо барои Садриддин Айнӣ ҳам порсӣ буд ва ӯ алорағми фишори дастгоҳҳои Шӯравӣ мекӯшид аз истилоҳи “забони тоҷикӣ” ҳатталимкон истифода накунад ва номи асари маъруфи худро “Намунаи адабиёти тоҷик” номид, на “адабиёти тоҷикӣ”. Яъне адабиёти мутаъаллиқ ба мардуми тоҷик, ки забонашон порсӣ аст. Ҳамон гуна ки дар бисёре аз мақолаҳои худ бар порсӣ (форсӣ) будани забони мову шумо ишораву таъкид доштааст. Ӯ дар мақолае дар бораи як китоби дарсии Саид Ризо Ализода дар рӯзнома “Овози тоҷик” дар тобистони 1926 (05.06.1926) менивисад: “Дар сафҳаи 38, сатри 5 “70 дона олуҳои калон” таъбир ёфтааст ва ҳол он ки ҷамъ наёмадани исм баъд аз илҳоқаш ба адад аз қоъидаҳои маълуми ФОРСӢ аст. Чунончӣ, дар ҳамин сафҳа, сатри 8 “сад дона себи сурх чида буд” таъбир ёфтааст, ки мувофиқи қоъида аст”.

Бобоҷон Ғафуров, яке дигар аз Қаҳрамонони миллии Тоҷикистон, дар авҷи даврони Шӯравӣ ҳам, соли 1973 дар гуфтугӯ бо Сирӯси Алинажод, рӯзноманигори эронӣ, дар Теҳрон гуфта буд: «Мо, тоҷикҳо, наметавонем аз адабиёти форсӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барканор бимонем. Бояд ҳамаи инҳоро бо якдигар муттаҳид кард. Ҳарчи робита ва бархӯрди донишмандон дар байни мо дар миқёси ҷаҳонӣ зиёдтар шавад, ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон аз ин иртибот (бештар) баҳра хоҳанд гирифт.” (BBC Persian, 08.04.2004)

Бобоҷон Ғафуров дар асари мондагори худ “Тоҷикон” басароҳат забони моро “форсӣ” меномад: “Навиштаҷоти форсӣ (аниқтараш форсии миёна)‐и асрҳои 7‐8, ки дар қарибии Марв ёфт шуд, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар ин ҷойҳо бо забони форсӣ ҳарф мезаданд… Дар нимаи аввали асри 7 дар Балх забони форсӣ паҳн шуда буд… Забони форсӣ аз Марв, Балх ва дигар марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании Хуросони шимолӣ ба тамоми Мовароуннаҳр интишор ёфта, ботадриҷ ҷои забонҳои шарқиэронии Осиёи Миёна – суғдӣ, тахорӣ (бохтарӣ)‐ро гирифт… Эҳтимол, забони форсӣ чандин аср пеш аз истилои арабҳо ба Осиёи Миёна баробари монавия омада бошад» (Б. Ғ. Ғафуров. Тоҷикон. Қисми 2. , сс. 75‐76).

Тамоми осори торихию адабӣ гувоҳ аст, ки номи расмии забони мо то соли 1928 ҳам “форсӣ” буда ва дар забони модарӣ ё миллии мо истилоҳи “забони тоҷикӣ” на расман ва на урфан ба маънои забони порсӣ ба кор намерафтааст. Кӯчактарин шакке дар ин маврид вуҷуд надорад, ки истилоҳи “забони тоҷикӣ” бо ангезаҳои сиёсӣ барои дарҳам шикастани забони паҳновари порсӣ, камзӯр кардани он дар баробари забони русӣ ва таҳқири тоҷикон падид омадааст ва сохтаи тоҷикон нест. Ба дур аз ин тавтеаҳои сиёсӣ забони миллии мо, тоҷикон, ҳамеша порсӣ буда, ҳаст ва мемонад, ҳарчанд имрӯза ҳастанд тоҷиконе, ки бар асари як давраи тӯлонии мағзшӯӣ “порсӣ”‐ро бегона медонанд ва дар дифоъ аз он истилоҳи сиёсии бегонаовард сина сипар кардаанд. Ба ҳамин далел буд, ки Лоиқ Шеръалӣ бо дарду ҳасрат кинояомез суруда буд:

Тоҷике бо форсӣ ҳарфе нагӯяд, фахр кун,
Ҷавҳари худ, асли худро гар наҷӯяд, фахр кун.

Лоиқ дар осори худ борҳову борҳо номи забонашро “форсӣ” хондааст:

Порсӣ хонданд намози хештан,
Дар замоне, ки араб ҷаррор буд!

Раиси гиромии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаноби Убайдуллоев!
Раиси гиромии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Зуҳуров!
Намояндагони гиромии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Аз шумо хоҳишмандем, ки бо эҳёи номи забони миллии мо дар Қонуни Асосии Тоҷикистон дар барқарории адолати торихӣ саҳим бошед. Забони миллии мо, тоҷикон, бояд расман ҳам “порсӣ” номида шавад. Вагарна:

  1. Ҳаққи маънавӣ ба тамоми адабиётеро, ки ба забони порсӣ навишта шуда, аз даст медиҳем ва торихи забонамон аз 1928 оғоз мешавад. Ҷаҳон забону адабиёти моро бо номи “порсӣ” мешиносад, на ҳеч номи дигаре. Ҳеч кас бовар намекунад, ки Фирдавсӣ “Шоҳнома”‐ро ба “тоҷикӣ” навиштааст, чун ҳеч далеле барои исботи ин ҳарфи ғалат вуҷуд надорад. Забони тоҷикон забони Фирдавсист. Ва забони Фирдавсӣ порсист, ки мегӯяд: Аҷам зинда кардам бад‐ин порсӣ.
  2. Агар забонамонро “тоҷикӣ” бихонем, он дар чорчӯби як кишвар ва барои ҳудуди 6 милюн тан маҳдуд мемонад ва расман ҷузъи даҳҳо милюн тане нахоҳем буд, ки забонашон порсӣ аст. Забон дар чунон маҳдудае дар ҷаҳони пӯёи имрӯзӣ зинда намемонад ва саранҷом мемирад. Танҳо аз рӯи ноогоҳӣ ё хусумат бо тоҷикон мешавад тарафдори роҳе буд, ки ба маҳдудтар шудани забон ва саранҷом марги он меанҷомад. Бо кӯчаку маҳдуд нигаҳ доштани забони миллиамон боъиси марги тадриҷии он нашавем!
  3. Бо “тоҷикӣ” номидани забони худ ба паёмадҳои истеъмор ва таҷовузи фарҳангии Русия тан медиҳем ва сари афкандаамон ҳаргиз баланд нахоҳад шуд. Ҳамаи далоилу мадорик собит мекунад, ки “забони тоҷикӣ” таҳмилист ва номе нест, ки тоҷикон барои забони худ баргузида бошанд. Номи он «порсӣ» аст;
  4. “Тоҷикӣ” номидани забони миллиамон дар миёни тоҷикон тафриқа эҷод мекунад ва тамомияти арзию миллии тоҷиконро таҳдид мекунад; зеро “тоҷикӣ” номидани фақат яке аз забонҳои тоҷикон ба маънои пушт кардан ба ҳамаи забонҳои модарии дигари тоҷикон аст. Мани яғнобӣ, мани шуғнию рӯшонӣ, мани язгуломӣ “тоҷикӣ” донистани порсиро бегона хондани забони модарии худ барои тоҷикони дигар талаққӣ мекунам. Дар ҳоле ки ҳамаи помириҳо ва яғнобиҳо тоҷикони нажодае ҳастанд, ки забонҳои куҳану бостонии моро ҳифз кардаанд. Пас ба ин далел ҳам намешавад фақат забони порсиро “тоҷикӣ” номид ва бар якпорчагии миллати тоҷик осеб расонд.
  5. Истилоҳи “забони тоҷикӣ” наметавонад муъаррифи адабиёти бузурги гузаштаи мо дар арсаи ҷаҳон бошад, дар сурате ки барқарор кардани номи “забони порсӣ” ба унвони забони давлатии Тоҷикистон ҳаққи тоҷиконро ба мероси таълифшуда ба ин забон собит мекунад ва шиносномае барои миллат ва кишвари Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар замоне ки бисёр кишварҳо ва миллатҳои тозаистиқлол дар ҷустуҷӯйу эҷоди ҳувияти худ ҳастанд, аз корбурд андохтани “забони порсӣ” ки муҳимтарин рукни ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихор аст, куфрони неъмат мебошад.

Далелҳои бештаре вуҷуд дорад, ки бохти тоҷикон дар асари пойбандӣ ба истилоҳи сиёсии “забони тоҷикӣ” ва маҳрумияти онҳо аз таъаллуқ ба пешинаи дурахшони миллатро собит мекунад. Аммо муҳимтарини онҳо ин ҳақиқати торихӣ аст, ки танҳо номи дурусту ростини забони мо “порсӣ” аст ва “забони тоҷикӣ” сирфан барои тазъифу тасғири порсӣ, тақвияти забони истеъмор ва таҳкими тамомияти арзии Шӯравӣ бар сари мардуми мо таҳмил шуда буд. Торих гувоҳи ин ҳақиқат аст. Бархе аз шавоҳидро дар пайваст (замима)‐и ин нома овардаем.

Аз аъзои Маҷлиси Олии Тоҷикистон интизор меравад, ки ин иштибоҳи фоҳиши торихиро ислоҳ кунанд ва номи ростини забонамонро, ки порсӣ аст, бар курсии эътибори расмӣ баргардонад. Зинда бод Тоҷикистон! Поянда бод забони порсӣ!

  1. Сайидмуҳйиддини Дӯстмуҳаммадиён, рӯзноманигор, Утриш
    Ҳафиз Бобоёров, дуктури фалсафа, Олмон
    3. Исфандиёри Назар, рӯзноманигор, Олмон
    4. Абдулқодири Рустам, нависанда, Тоҷикистон
    5. Сафар Абдуллоҳ, устоди донишгоҳ, Қазоқистон
    6. Луқмон Бойматов, устоди донишгоҳ, Суед
    7. Исфандиёри Одина, ҷомеашинос, Тоҷикистон
    8. Дориюши Раҷабиён, забоншинос, Бритониё
    9. Барзу Абдураззоқов, коргардони теотр, Тоҷикистон
    10. Баҳманёр, нависанда, Тоҷикистон
    11. Сиёвуши Ҷунайдӣ, шоъир, Тоҷикистон
    12. Сайидюнуси Истаравшанӣ, устоди фалсафа ва ирфон, Лубнон
    13. Фарҳод Набиев, бозаргон, Тоҷикистон
    14. Нусратулло Бобоев, Тоҷикистон
    15. Алӣ Баротзода, ронанда, Тоҷикистон
    16. Сурайё Исоқова, мушовири гардишгарӣ, Тоҷикистон
    17. Муҳаммад Алии Истам, роҳбалад, Тоҷикистон
    18. Ҳарамгули Қодир, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    19. Шаҳбоз Акрамзода, роҳбалад, Тоҷикистон
    20. Абдулхолиқ Комилов, муҳоҷир, Русия
    21. Мижгони Гулнор, забоншинос, Олмон
    22. Умар Саъдиев, корманди созмони мардумниҳод, Тоҷикистон
    23. Азизи Сангин, рӯзноманигор, Донморк
    24. Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон, Лаҳистон
    25. Шаҳзода Назарзодаи Самарқандӣ, нависанда, Ҳуланд
    26. Қадам Исматов, муҳоҷир, Русия
    27. Шараф Раҳматуллоев, муҳоҷир, Русия
    28. Меҳрангез Саъдӣ, мутарҷим, Омрико
    29. Нурӣ Муҳаммади Истам, варзишкор, Тоҷикистон
    30. Амонуллоҳ Қадамзода, торихнигор, Русия
    31. Маҳин Даврон, бекор, Тоҷикистон
    32. Насибҷон Амонӣ, рӯзноманигор, Қазоқистон
    33. Абдулваҳҳоби Холмуҳаммад, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    34. Диловар Вализода, муҳоҷир, Русия
    35. Маҳмудхон Бурҳонов, коршиноси аршади фалсафа ва калом, Эрон
    36. Шодибой Амонович Атоев, бекор, Тоҷикистон
    37. Мина Бобоёрова, бекор, Нурвеж
    38. Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигор, Русия
    39. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    40. Ваҳҳоб Калонов, пизишк, Финлонд
    41. Азиз Нақибзод, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    42. Суҳробшоҳ Бохтарӣ, торихнигор, Русия
    43. Худоёр Бобозода, муҳоҷир, Русия
    44. Ғолиб Усмониён (Машарипов), донишҷӯ, Тоҷикистон
    45. Хайруллоҳ Алӣ, Афғонистон
    46. Ҳаким Раббимпур, муҳандис, Омрико
    47. Муҳаммадёр Иззатов, бекор, Тоҷикистон
    48. Сулҳиддин Асрорзод, омӯзгор, Тоҷикистон
    49. Саидмамад Ғуломшоев, донишҷӯ, Ҳиндустон
    50. Зоҳир Саъдуллоҳ, мунаққиди синемо, Русия
    51. Дилшод Раҳмонович Саидов, бекор, Тоҷикистон
    52. Амирҷон Аминҷонов, Тоҷикистон
    53. Хайруллоҳ Саидов, Тоҷикистон
    54. Илҳом Нуруллоҳиён, муҳандис, Русия
    55. Абдумуъмин Шарифӣ, ҳунарпеша, Тоҷикистон
    56. Абдураҳмон Муҳаммад, омӯзгор, Тоҷикистон
    57. Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    58. Атои Миръатуллоҳ, донишҷӯ, Тоҷикистон
    59. Ризо Абдуллоҳ, омӯзгор, Тоҷикистон
    60. Муродбек Назриев, коршиноси беҳдоштӣ, Тоҷикистон
    61. Ромини Ҳодизода, масъули равобити умумӣ ва коршиноси масоили сиёсӣ, Омрико
    62. Халил Қаюмзод, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    63. Муродуллоҳ Абдуллоҳзода, омӯзгор, Тоҷикистон
    64. Бобо Солеҳзода, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    65. Розия Шарофиён, шоъир, Тоҷикистон
    66. Марямбонуи Фарғонӣ, шоъир, Тоҷикистон
    67. Бобаки Суғдӣ, шоъир, Тоҷикистон
    68. Фирдавси Аъзам, шоъир, Тоҷикистон
    69. Аниса Собирӣ, шоъир, Русия
    70. Шамсиддин Сафаров, омӯзгор, Тоҷикистон
    71. Норим Одинаев, пизишк, Тоҷикистон
    72. Ҳабиб Саид, муҳоҷир, Русия
    73. Саидмурод Қиёмуддинов, бозаргон, Тоҷикистон
    74. Шамсуллоҳ Сафарзода, омӯзгор, Тоҷикистон
    75. Муҳаммад Ибоддулоев, муҳоҷир, Русия
    76. Суҳроб Норматов, Русия
    77. Муҳаммад Тиллозода, муҳоҷир, Олмон
    78. Абдураҳим Худойдод, устоди донишгоҳ, Тоҷикистон
    79. Нури Наср, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    80. Раҳими Наимиён, бозаргон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
    81. Азизуллоҳ Абдулҳаев, бозаргон, Чин
    82. Дилбар Раҳмон, Бритониё
    83. Умар Раҷабов, ҳисобдор, Тоҷикистон
    84. Нақиб Камол, муҳоҷир, Русия
    85. Карина Сафарова, ҳунарманд, Тоҷикистон
    86. Ифтихор Ғафуров, муҳоҷир, Русия
    87. Комили Солеҳ, бозаргон, Тоҷикистон
    88. Азим Нақиб, муҳоҷир, Русия
    89. Неъматуллоҳи Нуруллоҳ, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    90. Орвин Шарифбоев, донишҷӯ, Омрико
    91. Зулфиқор Фотеҳзода, коршиноси аршад, Тоҷикистон
    92. Сурӯши Солеҳ, посдори мероси ниёкон, Тоҷикистон
    93. Масрур Манофзода, муҳоҷир, Русия
    94. Тоҳири Музаффар, донишҷӯ, Чин
    95. Меҳрона Бақозода, донишҷӯ, Тоҷикистон
    96. Мафтуна Нурова, донишҷӯ, Тоҷикистон
    97. Афросиёб Кубборов, донишҷӯ, Тоҷикистон
    98. Назир Камолзода, устоди бознишастаи забон, Суис
    99. Нисҳоридин Риёзӣ, иқтисоддон, Куреи Ҷанубӣ
    100. Юсуф Суфизод, меъмор, Русия
    101. Дилором Раҷабиён, ҳисобдор, Бритониё
    102. Пайрави Боймуҳаммад, бозаргон, Омрико
    103. Бахтиёр Латифӣ, муҳандис, Русия
    104. Улмасбой Маҳкамов, донишҷӯ, Русия
    105. Асир Нуриддинов, Тоҷикистон
    106. Сайид Шамс, бозаргон, Русия
    107. Илҳомҷон Яъқубов, муҳоҷир, Русия
    108. Шуҳрати Раҳматуллоҳ, муҳоҷир, Русия
    109. Тилав Расулзода, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    110. Кошиф Раҷабов, муҳоҷир, Русия
    111. Иззат Амон, муҳоҷир, Русия
    112. Бахтиёр Аминӣ, шоъир, Олмон
    113. Муҳаммадсаид Ғаниев, муҳоҷир, Лаҳистон
    114. Раҷабуллоҳ Комилов, муҳоҷир, Русия
    115. Ғуфрон Ваҳҳобов, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    116. Санҷар Ҳошимӣ, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    117. Достон Орипов, донишҷӯ, Тоҷикистон
    118. Комрон Бойматов, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    119. Туҳфа Иброҳимова, рӯзноманигор, Суед
    120. Лола Назаршо, Тоҷикистон
    121. Абдуҷаббор Сурӯш, шоъир, Тоҷикистон
    122. Қумриннисо Ҳафизова, омӯзгор, Тоҷикистон
    123. Маликабону Абдуллоҳзода, Тоҷикистон
    124. Нуруллоҳ Абдуллоҳ, ҳунарпеша ва намоишноманавис, Тоҷикистон
    125. Аъло Умарзод, омӯзгор, Тоҷикистон
    126. Абдулбосити Фазлиддин, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    127. Гули Мурод, шоъир, Тоҷикистон
    128. Маҳмуд Алиев, Куреи Ҷанубӣ
    129. Ҳабиб Саид, Русия
    130. Муборак Шариф, ҷомеъашинос, Донморк
    131. Моҳбону Бобоева, муҳоҷир, Русия
    132. Шифо Амонова, рӯзноманигор, Русия
    133. Гулчеҳра Салимова, муҳандис, Тоҷикистон
    134. Абдуманнон Шералиев, муҳоҷир, Русия
    135. Рӯзимад Гардонов, Тоҷикистон
    136. Одина Сафаров, омӯзгор, Тоҷикистон
    137. Некрӯз Муҳиб, муҳоҷир, Русия
    138. Рустам Болтаев, Бритониё
    139. Муҳиддин Бобомуллоев, бостоншинос, Тоҷикистон
    140. Навгул Мулло-Абдолов, пизишк, Тоҷикистон
    141. Мавҷудаи Соҳибназар, рӯзноманигор
    142. Саъдӣ Назаров, омӯзгору рӯзноманигор, Тоҷикистон
    143. Абдурраҳмони Дӯстмуҳаммад, Тоҷикистон
    144. Меҳруддин Шодиев, Тоҷикистон
    145. Фатҳуллоҳ Давлатов, муҳоҷир, Русия
    146. Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор ва пажӯҳишгар, Тоҷикистон
    147. Пайрав Қаҳҳорӣ, бозаргон, Русия
    148. Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    149. Асадуллоҳ Амондуллоев, муҳоҷир, Русия
    150. Малоҳат Дӯстматова, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    151. Аҳмадҷон Фаридунов, бозаргон, Узбакистон
    152. Ардашер Арабов, омӯзгор, Тоҷикистон
    153. Манзумаи Фирӯз, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    154. Шариф Халил, рӯзноманигор, Узбакистон
    155. Эраҷ Боқиев, бозаргон, Русия
    156. Абдулвоҳид Зевар, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    157. Гулсифат Шаҳидӣ, нависанда, Бритониё
    158. Масъуда Оқилова, Тоҷикистон
    159. Шаҳноз Зарифова, омӯзгор ва рӯзноманигор, Тоҷикистон
    160. Лазиз Шерпӯлотов, Қазоқистон
    161. Фаррухрӯз Раҳимов, бекор, Тоҷикистон
    162. Мустафо Ормониён, муҳоҷир, Русия
    163. Дилором Ҳусейнова, Русия
    164. Сапедаи Муҳаммад, омӯзгор, Тоҷикистон
    165. Абдуазими Абдуваҳҳоб, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    166. Шамсиддин Сафаров, омӯзгор, Тоҷикистон
    167. Соима Саидова, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    168. Алишер Қаноатзода, овозхон, Тоҷикистон
    169. Мирзоҳомид Раҳимов, беҳёр (фелдшер), Тоҷикистон
    170. Хуршед Эҳсон, донишҷӯ, Тоҷикистон
    171. Тӯтинисо Исмоилзода, шоъир, Тоҷикистон
    172. Мурод Саидов, пизишк, Тоҷикистон
    173. Оқил Очилдиев, омӯзгор, Узбакистон
    174. Масрур Қодиров, муҳоҷир, Русия
    175. Юнус Имомназар, мутарҷиму нависанда, Узбакистон
    176. Аълохони Аъзамхонзода, донишҷӯ, Олмон
    177. Муҳаммадшариф Рустамзода, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    178. Собири Шоймардон, муҳоҷир, Русия
    179. Шарофиддин Гадоев, муҳоҷир
    180. Исмоил Шариф, муҳоҷир, Русия
    181. Зуҳуршо Қадамов, муҳоҷир, Русия
    182. Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор, Лаҳистон
    183. Меҳмоншо Шарифов, ҷомеъашинос, Нурвеж
    184. Муҳаммади Султон, рӯзноманигор ва афсари бознишастаи Кумитаи амнияти миллӣ, Тоҷикистон
    185. Зарина Бобоева, суханшинос, Русия
    186. Шариф Шукуров, ҳунаршинос, мудири шӯъбаи ҳунарҳои шарқӣ дар Пажӯҳишгоҳи Ховаршиносии Фарҳангистони Улуми Русия (АНРФ)
    187. Рустам Шукуров, дуктури торих, устоди Донишгоҳи Маскав, Русия
    188. Оят Шукуров, меъмор, Русия
    189. Хуршеда Ҳамроқулова, мутарҷим ва раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Маскав, Русия
    190. Муҳиддин Шарипов, муҳоҷир, Русия
    191. Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    192. Далерҷон Файзов, ҳисобдор, Тоҷикистон
    193. Бахтиёр Файзуллоев, Тоҷикистон
    194. Азиз Воҳидов, муҳоҷир, Русия
    195. Маҳмадсодиқ Нуралиев, ҷарроҳ, Русия
    196. Барнои Бегмадзода, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    197. Қодир Идиев, муҳоҷир, Русия
    198. Руслан Асламович, муҳоҷир, Русия
    199. Манижа Турсунова, хонанишин, Тоҷикистон
    200. Фирдавс Илбон, бозаргон, Тоҷикистон
    201. Дилошӯб Орифзода, филмсоз, Тоҷикистон
    202. Хуршед Фозилов, Тоҷикистон
    203. Муҳсин Бобомуллоев, Тоҷикистон
    204. Мамлакат Аюбова, устоди донишгоҳ, Тоҷикистон
    205. Шарифҷон Тоҷибоев, устоди донишгоҳ, Тоҷикистон
    206. Мустафо Берҷандӣ, Тоҷикистон
    207. Дилрабои Нурзод, Тоҷикистон
    208. Малоҳат Тоҷибоева, Тоҷикистон
    209. Алишер Раҳмонӣ, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    210. Дилрабо Фозилова, омӯзгор, Тоҷикистон
    211. Меҳринисо Содиқова, устоди донишгоҳ, Тоҷикистон
    212. Иззатманд Саломиён, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    213. Саъдоншоҳ Улфатӣ, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    214. Фирӯз Холиқов, Тоҷикистон
    215. Хуршед Атовулло, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    216. Меҳровари Масчоҳӣ, донишҷӯ, Тоҷикистон
    217. Зоҳири Сайфулло, донишҷӯ, Тоҷикистон
    218. Муҳсини Зикруллоҳ, муҳоҷир, Русия
    219. Саидшо Акрамов, ходими куҳнакор, Тоҷикистон
    220. Мирзоҳайдар Умарзод, Тоҷикистон
    221. Рисқинисо Худойбердиева, Тоҷикистон
    222. Хосият Ёрова, Тоҷикистон
    223. Шоира Исоқова, забоншинос, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
    224. Хайриддини Абдуллоҳ, устоди забону дабираи порсӣ, Русия
    225. Нодир Бойматов, донишҷӯ, Омрико
    226. Мир Саидов, бозаргон, Русия
    227. Абдурраҳими Умариён, ҷомеъашинос, Омрико
    228. Холиқи Сангин, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    229. Фаррухшо Қосимӣ, Тоҷикистон
    230. Обиди Шакурзода, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    231. Муҳаммад Шарифзода, Тоҷикистон
    232. Хайриддини Ваҳҳобзод, Тоҷикистон
    233. Фаррух Мелиевич, Тоҷикистон
    234. Хӯҷамизамеҳр Давлатов, Тоҷикистон
    235. Навомеҳр Аҳмадзода, Тоҷикистон
    236. Диловар Орзуев, Тоҷикистон
    237. Неъмат Мирзоев, Тоҷикистон
    238. Фаридуншоҳ Абдуллоев, донишҷӯ, Тоҷикистон
    239. Ориф Давлатов, Тоҷикистон
    240. Қамар Аҳрор, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    241. Неъматуло Сафаров, муҳоҷир, Қазоқистон
    242. Сабоҳат Сафарова, омӯзгор, Тоҷикистон
    243. Саидакбар Қудратов, Тоҷикистон
    244. Умеди Ҷайҳонӣ, иқтисоддон, мутарҷим, рӯзноманигор, падидоваранда ва сарверостори фарҳанги «Вожаҷӯ», Русия
    245. Муҳаммадҷон Кабиров, мудири иҷроии Маркази Eurasian Dialogue, Лаҳистон
    246. Акбарҷон Назаров, донишҷӯ, Туркия
    247. Фаридуллоҳ Худойдодов, муҳоҷир, Русия
    248. Табриз Ҳамроев, муҳоҷир, Русия
    249. Хушрӯз Рабиқов, Тоҷикистон
    250. Саидкамол Раҳимов, донишҷӯириштаи иқтисод, Омрико
    251. Ҷобир Мардонзода, Тоҷикистон
    252. Абдухалил Холиқзода, Тоҷикистон
    253. Кенҷа Назифов, муҳандис, Тоҷикистон
    254. Насима Ҳасанова, омӯзгор, Тоҷикистон
    255. Мамнун Поччоев, Тоҷикистон
    256. Темур Варқӣ, шоъиру рӯзноманигор, Фаронса
    257. Инъом Темуриён, забоншинос, Русия
    258. Шарофат Эрматова, рӯзноманигор, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Узбакистон
    259. Абдулазиз Восеев, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    260. Анвар Раҳмонов, муҳоҷир
    261. Ризвон Сайфов, донишҷӯ, Эрон
    262. Мурод Убайдов, бозаргон, Русия
    263. Алим Шерзамонов, кунишгари иҷтимоъӣ, Урупо
    264. Ҳусния Сафарова, омӯзгор, Тоҷикистон
    265. Дилшод Азимов, ҳуқуқдон, Олмон
    266. Абдулқодири Наҷмиддин, омӯзгор, Тоҷикистон
    267. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, кунишгари сиёсӣ, Утриш
    268. Шаҳоб Ҳикмат, Тоҷикистон
    269. Нуралӣ Давлатов, пажӯҳишгар, Тоҷикистон
    270. Мубашшири Акбарзод, адабиётшинос, Тоҷикистон
    271. Ҷовид Мирзо, Тоҷикистон
    272. Абдулатиф Маҳмадов, Тоҷикистон
    273. Фурқати Низом, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    274. Худойдод Зокирӣ, рӯзноманигор, Русия
    275. Ҷовидон Латифӣ, Тоҷикистон
    276. Бону Парвозова, Тоҷикистон
    277. Саъдӣ Ворисов, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    278. Шуҳрат Давлатшоев, шоъир, Тоҷикистон
    279. Абдухолиқ Икромов, коргар, Тоҷикистон
    280. Комрон Мирзоев, Тоҷикистон
    281. Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    282. Орзу Исоев, шоъир, Тоҷикистон
    283. Ҳумайрои Бахтиёр, рӯзноманигор, Олмон
    284. Эҳсон Турсунов, Тоҷикистон
    285. Гулчеҳра Раҳимова, Туркия
    286. Асад Башарӣ, Тоҷикистон
    287. Муҳаммадшокир Бидонов, муҳоҷир, Русия
    288. Аминҷони Амирзод, Тоҷикистон
    289. Ҷонибек Саидов, Тоҷикистон
    290. Ҳаким Раҳимов, Тоҷикистон
    291. Исмонхоҷа Нуъмонов, Тоҷикистон
    292. Даврон Саидов, Тоҷикистон
    293. Асомудин Атоев, коршиноси Интернет, Қирғизистон
    294. Мирзоназар Имомназаров, Тоҷикистон
    295. Саттор Пардаев, бекор, Тоҷикистон
    296. Абдуллоҳ Ғурбатӣ, донишҷӯ, Тоҷикистон
    297. Хушнуд Холиқзода, муҳоҷир, Русия
    298. Мирзобобур Мирзоев, Тоҷикистон
    299. Холиқи Муҳаммадназар, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    300. Хуршед Сайфидинов, ҳуқуқдон, Тоҷикистон
    301. Шодмонқул Сангинов, бозаргон, Тоҷикистон
    302. Далер Шарифов, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    303. Фирдавс Аваззод, омӯзгор, Тоҷикистон
    304. Нуқра Суннатниё, шоъир, Тоҷикистон
    305. Шифо Суннатова, омӯзгор, Тоҷикистон
    306. Гулнамои Амиршо, парастор, Тоҷикистон
    307. Матлуба Меҳр, рӯзноманигори бознишаста, Қазоқистон
    308. Мавлуда Равшанёр, Тоҷикистон
    309. Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, Тоҷикистон
    310. Илҳом Абдухолиқович Икромов, муҳоҷир, Русия
    311. Ривоҷиддин Акобиров, устоди забону адабиёти порсӣ,муҳоҷир, Русия
    312. Лола Ҳоҷибоева, омӯзгор, Тоҷикистон
    313. Баҳора Хуррамова, Узбакистон
    314. Саида Муҳиддинзода, шоъира, Тоҷикистон
    315. Дилбар Бобоева, омӯзгор, Тоҷикистон
    316. Додоҷони Атоуллоҳ, рӯзноманигор, Олмон
    317. Ҷумъабек Одинаев, Тоҷикистон
    318. Комил Аюбӣ, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    319. Парвиз Аҳмадҷонов, пизишк, Тоҷикистон
    320. Боир Саидов, донишпажӯҳ, Эрон
    321. Хуршеди Азиз, донишҷӯ, Тоҷикистон
    322. Саъдӣ Раҳмат, муҳандис, Русия
    323. Абдураҳмон Ҳамроев, донишҷӯ, Тоҷикистон
    324. Сарабек Бекзода, пизишку пажӯҳишгар, Тоҷикистон
    325. Кароматуллоҳ Зиёев, муҳоҷир, Русия
    326. Омилҷон Ҷалолов, муҳоҷир, Русия
    327. Ҷамшеди Тоҷдор, Тоҷикистон
    328. Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадор, Урупо
    329. Рӯзибой Азизқулов, Тоҷикистон
    330. Фазлиддин Муҳиддинов, Тоҷикистон
    331. Мунира Ятимова-Спир, Олмон
    332. Фирдавс Зуҳуров, Тоҷикистон
    333. Санобар Маҷидова, Узбакистон
    334. Шафақ Фаррухзод, мусиқидон, Фаронса
    335. Амрӣ Аминов, пайкарасоз, Фаронса
    336. Меҳроб Исроилиён, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    337. Абдусалим Маҷидов, Тоҷикистон
    338. Далер Имомалӣ, ҳунарпешаву рӯзноманигор, Тоҷикистон
    339. Ҷамшед Одинаев, муҳоҷир, Русия
    340. Беҳрӯз Олимӣ, муҳоҷир, Русия
    341. Маъруф Дӯстов, муҷоҷир, Русия
    342. Муҳаммадафсаҳ Тӯрдиев, муҳоҷир, Русия
    343. Мавлуда Шерова, омӯзгор, Омрико
    344. Абдулло Абдуллоев, муҳоҷир, Русия
    345. Суҳроби Зиё, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    346. Олима Набиева, мутарҷим, Суис
    347. Ориф Ғаниев, муҳоҷир, Русия
    348. Ҳумайро Азиз, тарроҳ, Тоҷикистон
    349. Заррина Мирзоева, омӯзгор, Тоҷикистон
    350. Умар Хитобов, бозаргон, Нурвеж
    351. Файзуллоҳи Исмон, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    353. Боҳир Баҳодурзода, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    354. Шавкатҷон Шарипов, рӯзноманигору ҳуқуқдон, Тоҷикистон
    355. Умаралӣ Ёров, Тоҷикистон
    356. Ашраф Акрам, Тоҷикистон
    357. Виркан Музаффарпур, диншинос, Тоҷикистон
    358. Исфандиёр Аминӣ, Тоҷикистон
    359. Шодибек Боев, муҳоҷир, Русия
    360. Суман Ҳалимова, Тоҷикистон
    361. Умар Юнусов, муҳандиси сохтмон, Тоҷикистон
    362. Саодат Раҳимова, Тоҷикистон
    363. Лола Сангин, Донморк
    364. Муҳаммад Аҳмад, Тоҷикистон
    365. Давлатшо Исмонов, бознишаста, Тоҷикистон
    366. Сиддиқшо Додарҷонов, Тоҷикистон
    367. Мирзо Шуҳрат Усмонзода, бозаргон, Тоҷикистон
    368. Додихудо Қадамзода, дуктури улуми сиёсӣ, Бритониё
    369. Саидамин Имомиён, Тоҷикистон
    370. Куруш Меҳр, Укроин
    371. Ҷонбибӣ Рустамова, омӯзгор, Русия
    372. Масъуд Муҳаммадӣ, Абхозистон
    373. Муллохизир Одинаев, муҳоҷир, Русия
    374. Адолатбеки Рустамбек, Тоҷикистон
    375. Шаҳодат Раҳимова, Тоҷикистон
    376. Мурод Алӣ, Тоҷикистон
    377. Раҳмиддин Маҳмадуллоҳзода, Тоҷикистон
    378. Мирзо Карим, омӯзгор, Тоҷикистон
    379. Масъуд Маъсум, донишҷӯ, Туркия
    380. Майсара Раҷабова, Тоҷикистон
    381. Содиқҷон Авғонов, муҳоҷир, Русия
    382. Фаромӯз Ҳамзазода, донишпажӯҳ, Русия
    383. Мусофир Мусулмон, муҳоҷир, Қазоқистон
    384. Қадам Исматов, Тоҷикистон
    385. Илҳом Ҳакимов, муҳоҷир, Русия
    386. Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, пизишк, Тоҷикистон
    387. Муҳаммад Азизов, донишҷӯ, Русия
    388. Бахтовари Бахтиёр, Тоҷикистон
    389. Абдулмуҳаммади Ҳилолӣ, дуктури фалсафа, Бритониё
    390. Қурбони Собир, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон
    391. Зулайхо Иззатова, омӯзгор, Тоҷикистон
    392. Фатҳуллоҳ Латифов, омӯзгор, Тоҷикистон
    393. Хушбахт Раҳимбоев, муҳандис, Тоҷикистон
    394. Эраҷ Амон (Эраҷ Холов), рӯзноманигор, Русия
    395. Мавҷуда Раҳмонзода, донишҷӯ, Тоҷикистон
    396. Майсара Қурбонова, Тоҷикистон
    397. Шавкатшоҳи Асланшоҳ, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    398. Шарифҷон Мукаррамов, хабарнигори хабаргузории “Онотулӣ”, туркия
    399. Самир Розиқов, донишҷӯ, Русия
    400. Сунатулло Асоев, бекор, Тоҷикистон
    401. Оятулло Назаров, пизишк, Тоҷикистон
    402. Бурҳониддин Давлатов, донишҷӯ, Тоҷикистон
    403. Сайдо Саидов, донишҷӯ, Тоҷикистон
    404. Манучеҳр Холов, ронанда, Тоҷикистон
    405. Рамазон Қодиров, муҳоҷир, Русия
    406. Кароматулло Сайхоҷаев, омӯзгор, Тоҷикистон
    407. Музаффар Солиҳов, бекор, Тоҷикистон
    408. Абубакр Сатторов, усто, Тоҷикистон
    409. Ҳомидҷон Шафиев, муҳоҷир, Русия
    410. Муҳаммад Хоҷаев, донишҷӯ, Русия
    411. Алӣ Ғаффоров, бекор, Русия
    412. Беҳрӯз Афғонов, донишҷӯ, Тоҷикистон
    413. Қобил Пиров, муҳоҷир, Қазоқистон
    414. Шодибек Саймуродов, Тоҷикистон
    415. Гулмурод Маҳмадмуродов, ронанда, Русия
    416. Парӣ Усмонова, донишҷӯ, Русия
    417. Қодир Мирзоев, Русия
    418. Ворис Баҳриддин, Узбакистон
    419. Ҳумайро Ёрова, Тоҷикистон
    420. Ниҳони Аҳд, муҳоҷир, Русия
    421. Муҳаммад Сабурӣ, донишҷӯ, Русия
    422. Муҳаммадҷон Лутфулло, омӯзгор, Тоҷикистон
    423. Ҳусейн Шарипов, Тоҷикистон
    424. Наҷибулло Шарипов, Тоҷикистон
    425. Гулрухсор Шарипова, Тоҷикистон
    426. Гулбиддин Мирзоализода, Тоҷикистон
    427. Раббонии Файзалӣ, Тоҷикистон
    428. Абдуманнон Набиев, Тоҷикистон
    429. Абдусалом Раҷабӣ, Русия
    430. Раҳматшо Маҳмадшоев, омӯзгор, Тоҷикистон
    431. Бузургмеҳр Обидов, муҳоҷир, Русия
    432. Паймон Боев, барномасозу иқтисоддон, Тоҷикистон
    433. Файзалӣ Шарифов, муҳоҷир, Русия
    434. Ҳамрохон Маҷидов, муҳоҷир, Русия
    435. Ҷамшед Каримов, муҳоҷир, Русия
    436. Собир Давлатбеков, муҳоҷир, Русия
    437. Алӣ Маҳмудов, муҳоҷир, Русия
    438. Дилшоди Ҷиёнхон, муҳоҷир, Русия
    439. Саидакрам Маҳмудов, муҳоҷир, Русия
    440. Манучеҳри Саидшо, муҳоҷир, Русия
    441. Худойназари Саидшо, муҳоҷир, Русия
    442. Ҷовидон Неъматов, муҳоҷир, Русия
    443. Муҳаммад Нозимов, муҳоҷир, Русия
    444. Субҳиддин Раҷабов, омӯзгор, Тоҷикистон
    445. Суҳайлӣ Раҳматшоҳзода, муҳоҷир, Русия
    446. Лутфулло Бозиев, омӯзгор, Тоҷикистон
    447. Фаридун Муҳамадиев, барномасоз, Тоҷикистон
    448. Меҳрҷон Кӯканшоев, Тоҷикистон
    449. Одинамаҳмад Мирмахмадов, деҳқон, Тоҷикистон
    450. Салимҷон Насриддинов, муҳандис, Русия
    451. Билол Шарипов, бозаргон, Тоҷикистон
    452. Қодир Зиёев, Тоҷикистон
    453. Абдураҳим Худойдод, Тоҷикистон
    454. Муҳаммадҷон Муҳиддинов, муҳоҷир, Русия
    455. Ҷовидон Латифӣ, ҳисобдор, Тоҷикистон
    456. Ирина Шакаршо, муҳоҷир, Русия
    457. Ширинёд Амонпур, барномагузори ҳунарӣ, Тоҷикистон
    458. Рауф Файзиев, муҳоҷир, Русия
    459. Малоҳат Тоҷибоева, бознишаста, Тоҷикистон
    460. Муслиҳиддин Одинаев, бознишаста, Тоҷикистон
    461. Мирзоалӣ Тағоймуродзода, Тоҷикистон
    462. Фохир Юсуфбек, Тоҷикистон
    463. Шамсиддин Саидов, Олмон
    464. Шамсияи Қосим, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    465. Фаррух Маҳмадшоев, Тоҷикистон
    466. Фарид Сафармамад, Тоҷикистон
    467. Ҳикматуллоҳ Ҳикматзод, рӯзноманигор, Тоҷикистон
    468. Ҷаҳонгири Маҳмуд, забоншинос, Нурвеж
    469. Табрез Ҳакимов, Тоҷикистон
    470. Искандар Хоҷаев, Тоҷикистон
    471. Муҳаммадносеҳ Рабикиён, Тоҷикистон
    472. Бобур Тоҳиров, муҳоҷир, Қазоқистон
    473. Шамсулло Караев, муҳоҷир, Узбакистон
    474. Шамсиддини Муҳаммадхоҷа, Тоҷикистон
    475. Азиз Саматов, Тоҷикистон
    476. Ҳошим Ҷалолов, Узбакистон
    477. Дарвеши Фарғонӣ, Узбакистон
    478. Бекмурод Адҳамов, пизишк, Тоҷикистон
    479. Раззоқ Раҷабов, пизишк, Русия
    480. Нӯшофарин Абдуллозода, омӯзгор, Тоҷикистон,
    481. Рахшон Абдуллозода, омӯзгор, Тоҷикистон
    482. Ҳақдод Рашидов, омӯзгори бознишаста, Тоҷикистон
    483. Мамнуна Амонӣ, рӯзноманигор, Қазоқистон
    484. Ситора Амонбоева, омӯзгор, Қазоқистон
    485. Мавҷуда Амонбоева, омӯзгори забони олмонӣ, Қазоқистон
    486. Сино Амонбоев, шатранҷбоз, устоди варзиш, Қазоқистон
    487. Шоҳона Амонӣ, донишҷӯи донишгоҳи пизишкӣ, Қазоқистон
    486. Муҳаммадраҳим Абдуманофов, бознишаста, Тоҷикистон
    487. Носир Шоҳназаров, муҳоҷир, Қазоқистон
    488. Муҳаммадуллоҳ Абдуллозода, мутарҷими забони инглисӣ, Русия
    489. Беназир Ализода, наққош, Олмон
    490. Гулрухсор Одинаева, Тоҷикистон
    491. Дониёр Боев, муҳоҷир, Русия
    492. М. М. Кадырова, Тоҷикистон
    493. Рустам Аминов, муҳоҷир, Русия
    494. Зулфия Мирзоева, корманд, Конодо
    495. М. Рӯзиев, муҳоҷир, Русия
    496. Меҳрангез Набизода, муҳоҷир, Олмон
    497. Абдулқодири Алавӣ, шоъир, Русия
    498. Хуршеди Олимзод, Тоҷикистон
    499. Ғолиб Боев, донишҷӯ, Русия
    500. Ҷамшед Самадов, пизишкёр, Русия
    501. Муҳаммад Масъуд, сохтмонсоз, Русия
    502. Алӣ Ғаффоров, Тоҷикистон
    503. Муқим Азимов, муҳоҷир, Русия
    504. Шукрулло Боқиев, муҳоҷир, Русия
    505. Сайфулло Ҳусейнов, муҳоҷир, Русия
    506. Олимбой Давлатов, Тоҷикистон
    507. Худойдод Давлатов, Тоҷикистон
    508. Файзулло Назарзода, омӯзгор, Тоҷикистон
    509. Мирзоазиз Шарифов, Тоҷикистон
    510. Ниёз Раҷабов, Тоҷикистон
    511. Хуршед Алиев, муҳандис, Тоҷикистон
    512. Сарвар Содиқова, Тоҷикистон
    513. Орзу Даҳбошиев, муҳоҷир, Тоҷикистон
    514. Хушмаҳмад Бачонаев, мудири тиҷории ширкат, Русия
    515. Ҷӯрабек Солиев, муҳоҷир, Русия
    516. Мухтор Боқизода, рӯзноманигор, Тоҷикистон

Сойти Порсианҷуман

Реклама

»

  1. Чӣ лозим аст, ки мо аз хатти имрӯза даст кашида, ба хатти ниёгон ва ё хатти форсии арабиасос баргардем. Дар шароите, ки ҳама ба пеш менигаранд ва пеш мераванд, чаро мо бояд оқиб гардем!?
    Маъмулан тағйири ҳар, чиз аз ҷумла тағйири ҳарф ҳам ҳадафе дорад. Хондаҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар тағйири хат таҳрир аз ҷумлаи ҳадафҳои зерин сабаб мешаванд:
    — мувофиқ наомадани ҳарфу овоз;
    — мувофиқ наомадани ҳарф ба табиати забон;
    — дастнорасшудани мероси таърихӣ;
    — аҳдофи динӣ ва этникию миллӣ;
    — ҳадафҳои сиёсӣ.
    Албатта, танҳо ҳамин панҷ ҳадаф не, балки бовар дорем, мақсадҳои дигаре низ бояд бошанд, ки тағйири хатро сабаб шаванд. Аммо ба шумурдани ҳаминҳо, ки дар назар асосӣ менамоянд, дар атрофи ин масъала мулоҳиза бояд ронд. Яъне, андеша бояд кард, ки дар ҳоле, ки аз хатти имрӯза даст кашиданӣ бошем, пас бояд бидонем, ки чунин эҳтиёҷро кадоме аз омилхои зикршуда ва ё дигаре ташкил мекунанд.
    Дар мавриди омили аввал- мувофиқ наомадани ҳарфу овоз. Гумон мекунам, ки ҳарфи ҳозираи тоҷикӣ тамоми овозҳои забонамонро фарогир ва ифодакунанда аст. Ва чанд ҳарфе, ки дар замони шӯравӣ зӯран ба забони мо ворид карда шуда буданд, мисли щ, ы, ц, ь хориҷ карда шуданд. Дар воқеъ, ҳарфе, ки дар забон овоз надошта бошад, даркор нест.

    Нравится

  2. Хусусияти хуби хатти имрӯзаи тоҷикӣ, мисли хатҳои қадимаи то арабии тоҷикӣ, дар он аст, ки сода аст, ҳар овоз ба як ҳарф ифода мешавад, ҳамаи овоз дар тамоми ҷои калима- аввал, миёна ва охир навишта мешаванд ва ҳатто касе, ки забонро надонаду ҳарфро шиносад, онро дуруст хондаву талаффуз карда метавонад
    Ҳарфҳои тоҷикӣ ба мо имкон медиҳанд, ки вожаи одӣ, истилоҳ ва ному насаби ҳар забони дигарро аввалин бор мехонда бошем ҳам, дуруст хонем ва талаффӯз кунем. Имлои ин ҳарфу овозҳо низ дар забони имрӯзаи тоҷикӣ сода ва фаҳмост. Мавҷуд будани ин хат калимаҳои асосии форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро бештар дар забонамон ҳифз мекунад.
    Ба миллате ё кишвари дигаре тобеъ набуданамон ё ҷузъи онҳо набуданамон ба хаттамон имконият медиҳад, ки аз таарӯзи вожа ва истилоҳҳои бегона забонамонро эҳтиёт кунем. Хати имрӯзаи тоҷикӣ ҳамроҳшавии моро ба дастовардҳои технологии замон роҳаттар мегардонад.
    Баъзеҳо бо таҳқир ё масхара хатти имрӯзаи моро ҳамчун забони русӣ маънидод карда, маслиҳат медиҳанд, ки «ба хати ниёгон гузарем, хоҳу нохоҳ ин хат ҳам боқӣ мемонад, зеро забони русиро меомӯзем». Писхандзанҳо гӯё фаромӯш кардаанд, ки хат ҳам мисли либос аст, тоҷик бо либоси миллӣ ҳам, аврупоӣ ҳам, кӯлоҳи яҳудӣ ҳам ва дастори арабӣ ҳам тоҷик мемонад, агар ботинан тоҷик бошад. Хат ҳам ҳамин хел. Ҳама гуна хатро ба мақсади миллӣ истифода бурдан мумкин аст. Ва бо хатти миллӣ низ бегона шудан мумкин аст. Афсӯс, ки хатти миллии аввалини мо ҳадди ақал дуним ҳазор сол боз истифода намешавад. Беҳтар аст, хатти миллии ҳазмшудаамонро пешпо надиҳем.
    Акнун меоем ба сари мавзӯи алифбои ниёгонамон, яъне алифбои арабӣ. Дар алифбои арабӣ ҳам, ҳарфҳое ҳастанд, ки дар забони мо овоз надоранд. Масалан, дар забони мо калимаҳои сард, соф ва собит, тор, талаб ва лутф, роз, зарб ва зафар, ҳол ва ҳазор якхел талаффӯз мешаванд, гарчи онҳоро дар забони арабӣ ҳарфҳо ва овозҳои гуногун ифода мекунанд. Яъне дар забони арабӣ овозҳои монанде ҳастанд, ки онҳоро бо ҳарфҳои со, син, сод, то, итқи, зол, зо ва зод, изғи, ҳо-и ҳавас ва ҳо-и ҳуттӣ ифода мекунанд. Мо ҳамаи ин ҳарфҳоро бо ҳарфҳои с, т, з ва ҳ ифода карда якхел талаффӯз мекунем. Аммо ҳар гоҳ калимаҳои арабиро менависем, маҷбур мешавем 7 ҳарфи зиёдатиро истифода кунем. Ҳарфи хоси овози арабии айн низ дар хатти ниёгон ҳаст, ки вай дар забони тоҷикӣ овоз надорад.
    Дар ҳоле, ки мо зидди ҳарфҳои ба забон номувофиқи кирилӣ бошем, барқарор кардани ҳарфҳои ба забон бегонаи дигар низ ҳеҷ зарурат надорад. Мо бо забони тоҷикӣ бояд зиндагӣ кунем, на ба забони халқи дигар, аз ҷумла арабӣ. Дар сурати ба хатти арабӣ гузаштан мо раҳгум мезанем. Аз як тараф, мо наметавонем он ҳарфҳое, ки овози бегонаро ифода мекунанд нанависем. Зеро дар забони тоҷикии имрӯза на камтар аз чоряки калимаҳои мавриди истифода асли арабӣ доранд, арабии соф ва арабии тоҷикишуда мебошанд. Ман зери мафҳуми арабии тоҷикушуда он калимаҳои забонамонро дар назар дорам, ки маънои аввалашонро тағийр доданд. Ҳангоми навиштан чунин калимаҳо агар асли арабиашон навишта нашавад, моро бесавод ҳисоб мекунанд ва мо низ аз матни классики худ канда мешавем. Агар онҳоро нависем, ин бефоида аст, зеро талаффуз карда наметавонем ва онҳо хусусияти овозии забони тоҷикиро ифода намекунанд.

    Нравится

  3. Баръакс, дар хатти арабӣ бисёр овозҳои тоҷикӣ ифода намеёбад. Ман ҳаракатҳоро ва ҳолати садонокҳои а, ӯ, у, и, е-ро дар миёни калима дар назар дорам. Ҳамчунин навишта нашудани пайвандаки «ӣ» калимаро бемаъно мекунад. Масалан, агар ба хатти арабӣ «саги мо» навиштани шавем, «саг мо» менависем, «моҳии нағз» навиштани шавем «моҳи нағз менависем» ва ғ.
    Олими барҷастаи Эрон Забехулло Сафо яке аз сабабҳои ба шеваҳои гуногун ҷудо шудани забони адабии форсиро ҳамин хат дониста, навиштааст:
    «Лаҳҷаҳои эронии ҷадид, лаҳаҷоте ҳастанд, ки дар қарнҳои ахир мутадовиланд ва таъризи бештари онҳоро метавон аз аҳди шуюъи хатти арабӣ ва баъд оғоз кард. Ва чун ин хат барои нишон додани бисёре аз ҳаракот ва асвоти лаҳҷаҳои мазкур порасост, дар таҳрир ва ҳатто талаффӯзи онҳо тағийроте эҷод гардид. Гузашта аз он, ба ғалабаи араб ва шуюи дини ислому «Қуръон» ва забони арабӣ дар миёни эрониён тадриҷан бисере аз калимоти арабӣ ва мавориди мутаддит қавоиди дастурии арабӣ дар ин лаҳаҷот нуфуз кард»
    Дар хати арабӣ душвор ифода ёфтани овозҳои тоҷикиро боз дар он ҳам мушоҳида кардан мумкин аст, ки як ҳарфи алиф овозҳои А, И, Э, У, ӯ ва О-ро, ҳарфи айн ҳам овозҳои А, И, У, ӯ-ро, ҳарфи Вов ҳам овозҳои В, У ва ӯ-ро ҳарфи ҳои ҳаваз ҳам овозҳои Ҳ, А, И, Э-ро, ҳарфи Ё ҳам овозҳои Е, И, Э ва О-ро ифода мекунад2. Бинобар ин ҳам адабиётшиносони луғатнависи гузашта аз ҷумла дар «Лубуб-ул-албоб», «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ» ва ҳар луғати тафсирии дигар, баъди овардани вожжа, пеш аз он ки маънояшро шарҳ диҳанд, маҷбур шудаанд аввал тарзи навиштани калимаро фаҳмонанд. Ман аз ҷилди дуввуми «Бурҳони қотеъ» чопи Эрон чанд мисолро номбар мекунам:
    Расадгоҳ- бо фатҳи аввал ва сонӣ ва сукуни дол ва кофи форсӣ бо алифи кашида ва бо ҳои зада- ба маънои қадамгоҳ ва назаргоҳ…(с. 953).
    Димна-бо фатҳи аввал ва сукуни сонӣ ва нуни мафтуҳ- номи шағоле ҳаст, дар китоби «Анвори суҳайлӣ»… (с. 881).
    Дамик-бо касри сонӣ ва сукунӣ таҳтонӣ бар вазни шарик- ба маънои замин ва бум бошад… (с. 881).
    Хӯрдсӯз – бо сини бенуқта бар вазни ҷигардӯз-номи оташкадае дар Озарбойҷон (с. 735).

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s