Нақду назар

Асардуздӣ ва нишасти изтирории АМИТ «Ховар»

Ҳафиз Бобоёров

Нишасти изтирории АМИТ «Ховар» асосан дар ҷавоб ба қазияи Диссернет буда, масъалаи Забон камтар сабаб ва бештар баҳона аст. Амалдороне, ки асардуздиашон фош гардид ва боз фош мегардад, ба таҳлука афтодаанд ва намедонанд дуздию бешарафии худро чи гуна пӯшонанд. Онҳоеро ин бешарафон душману хоину ватанфурӯш меноманд, бародарону пайвандони онҳоеро ба идораҳояшон ҷеғ зада, таҳдид мекунанд, ки хомӯш нестанд ва аз онҳо талаб мекунанд дузду бешараф набудани худро исбот кунанд.

Директори АМИТ “Ховар” Саидалӣ Сиддиқ (ӯ ҳам олими сиёсатшинос бошад?) иддао мекунад, ки “дар илми сиёсатшиносӣ имрӯз мафҳуми нав – “ҷанги иттилоотӣ” ё “муборизаи иттилоотӣ” хеле маъмул гаштааст” ва сипас, аз номи Эмомалӣ Раҳмон мисол меорад, то ин назари худро тасдиқ кунад. Аммо ин назари ӯ ҳеч асосе надорад, чун ҳар чиз ва ҳар падида дар ҷои худ бояд бошад. “Ҷанги иттилоотӣ” ё “муборизаи иттилоотӣ” падидае аст, ки як давлат ба муқобили дигар давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ мемонад. Ва чунин ҷанг асосан дар байни абарқудратҳо сурат мегирад. Хеле кам иттифоқ меафтад, ки давлатҳои бузург бо давлатҳои кӯчак ҷанги иттилоотӣ ба роҳ монанд, чунки онҳо роҳҳои дигари таъсиррасонӣ доранд. Масалан, яке аз роҳҳои таъсиррасонии Чин дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ сохтани зерсохторҳо (бавижа роҳҳои байналмилалӣ) ва корхонаҳои муштарак аз ҳисоби қарзи молӣ мебошад. Дар ин сурат, ин абарқудрат ҳам ин кишварҳоро қарздор мекунад ва ҳам онҳоро ба колонияҳои иқтисодии худ табдил медиҳад. Русия аз роҳи пойгоҳи ҳарбӣ ва муҳоҷирати кории тоҷикон таъсири худро дар Тоҷикистон нигоҳ медорад. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ низ аз роҳи ниҳодҳои молӣ ва иқтисодии худ мехоҳанд дар Тоҷикистон таъсиргузор бошанд. Чунончи, Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии асъор, сармоягузорони хусусӣ ва ғайра чунин корбурд доранд. Эрон ва дигар кишварҳои арабӣ низ тамоми маҳорати дипломатии худро ба он сафарбар кардаанд, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна нуфузи бештар пайдо кунанд.

Дар чунин вазъият ҳеч кас бовар нахоҳад кард, ки Русия бо истифода аз Диссернет бо Тоҷикистон ҷанги иттилоотӣ эълон карда бошад. Русия на фақат ба чунин усули ниҳоии мубориза зарурат надорад, балки манфиатдор ҳам нест. Худи Диссернет ҳам наметавонад бо як давлати тамомиёр, яъне Тоҷикистон “ҷанги иттилоотӣ” кунад. Агар чунин аст, пас ин шабака ба танҳоӣ бо худи Русияи абарқудрат ҳам вориди ҷанги иттилоотӣ шуда, ки асардуздии бисёре аз амалдоронашро фош кардааст. Баъди ин фошкориҳо амалдорону олимони русе довталабона аз унвон ва вазифа даст кашиданд. Муносибати маданӣ ҳамин гуна аст. Дар Олмон низ як вазире баъди фош шудани асардуздияш аз мақомаш истеъфо дод.

Аммо дар Тоҷикистон на фақат истеъфо намедиҳанд, балки Диссернет ва тарафдорони хулосаҳои онро ба “фитнакорӣ”, “хиёнат”, “ватанфурӯшӣ” ва монанди ин вожаҳои акнун бемаъно ва бевазншуда муттаҳам мекунанд.

Асардуздӣ чӣ рабте ба “ҷанги иттилоотӣ” дошта метавонад, дар сурате ки Диссернет фақат иддаои хушку холӣ намекунад? Он далел меорад: ҳар як саҳифаро месанҷад ва нишон медиҳад, ки кадом сархат, ҷумла ва ҳатто калима аз кадом сарчашма кӯчонда шудааст. Вақте ки дар матни дуздидашуда фақат Русия ба Тоҷикистон, Махачқалъа ба Душанбе, 1 рубл ба 1 сомонӣ иваз мегардад ва боқӣ ҳама бо чашми пӯшида кӯчонда мешавад, куҷо гапи “ҷанги иттилоотӣ”, “фитна” ва ғайра аст?!

Дар равоншиносӣ нафаре, ки контроли вазъияти худ ва муҳитро аз даст медиҳад, ба сиёҳкунии тарафи муқобил мепардозад, то ки ба ӯ шанси фош кардани айби худро надиҳад. Русҳо як мақоли монанд доранд: “Лучшая защита – это нападение”.

Ҳоло амалдорони асардузди тоҷик ба ҳуҷум гузаштаанд, то худро ҳимоя кунанд, вале кайҳо дер кардаанд. Зеро ин тактикаи ҷанги русӣ танҳо дар сурате ба кор меравад, ки пеш аз ҳуҷуми душман ҳуҷум кунӣ. Диссернетро агар душман гуфтан мумкин бошад, кайҳо ҳуҷум кардааст ва кайҳо асардуздии яке аз амалдорони калидии ҳукумат – Асадулло Раҳмонро фош кардааст (Рости гап, танҳо бо шарофати Диссернет аз вуҷуди чунин олими сиёсатшинос огаҳ шудам). Ин асардуздӣ бо як хусусияти дигараш ҷолиб аст:

Яъне, Диссернет чанд ҷумлаеро иқтибос меорад, ки на фақат аз рисолаи олими рус рӯбардор шудаанд, балки мавқеи оппозитсионии Асадулло Раҳмонро дар нисбати ҳукумати Тоҷикистон баён мекунад. Агар худи Асадулло Раҳмон ин рисоларо хонда бошад (ҳоло маълум шуд, ки худаш нанавиштааст), медонад, ки бар зидди ҳукумати худ, ки яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсат, яъне сиёсати кадриро муайян мекунад, бо шадидтарин лаҳн баҳо додааст. Ба истилоҳ, мавқеи созмонҳои танқидгаре чун САҲА ва Департаменти давлатии ИМА-ро тарафдорӣ карда. Ӯ ба хулоса мерасад, ки ҳукумат ба буҳрони машруият гирифтор аст, яъне ба боварии мардум сазовор нест, аз сабаби ислоҳоти нодуруст сатҳи норизоятии мардум баланд мебошад, азбаски интихобот ва раъйпурсиҳо тақаллубӣ мегузаранд, эътимоди мардум ба органҳои мақомоти давлатӣ афзоиш меёбад, аслҳои демократии интихобот вуҷуд надоранд, худи қудрати сиёсии ҳукумат заиф аст ва он наметавонад мушкилоти муҳимми ҷомеаро дуруст ҳаллу фасл кунад.

“В настоящее время в таджикском обществе в качестве основных источников кризиса легитимности власти, можно назвать уровень политического недовольства населения проводимыми реформами, недоверие органам власти по результатам выборов, референдумов. Отстутсвие демократических начал выборности, слабость самой власти, ее неспособность эффективно решать актуальные проблемы современной действительности…”

Он чи АМИТ «Ховар» «фитна» меномад, маҳз ба ҳамин фошкорӣ марбут мебошад. Чунонки аз таърихи ислом медонем, фитна ба маънои ҷудоӣ андохтан дар байни мусулмонон, бахусус тарафдорону пайравони хилофати исломӣ ё худ ҳукумати хонаводаи хилофат будааст. Ҳамин гуна, Диссернет низ дар дохили ҳукуматдорон метавонад фитна андозад, бахусус агар дар рисолаҳои унвондоронаш чунин ҷумлаҳои оппозитсионӣ вуҷуд дошта бошанд. Албатта, бо зеҳни мазҳабӣ ва халифапарастӣ метавон ба ин иттиҳом розӣ шуд. Аммо фитнакори асосӣ на Диссернет ва мунаққидон, балки худи гадоёни унвонҳои илмӣ ҳастанд, ки дигарон барояшон аз ҳар ҷо рисола компилятсия мекунанд.

Аммо иттиҳоми «душман», «хиёнаткор» ва «ватанфурӯш» дар нисбати онҳое, ки асардуздиро маҳкум мекунанд, бемантиқ ва газоф аст. Агар Диссернет ин рисолаҳоро фош намекард, дер ё зуд нафаре пайдо мешуд, ки онҳоро мехонду мефаҳмид, ки онҳо дуздӣ ҳастанд. Баъдан, асардуздон шахсони алоҳида ҳастанд. Онҳо на фақат Миллат нестанд, балки нанги Миллат ҳастанд. Ҳеч кас Миллатро таҳқир накардааст, чун накӯҳиши ин чанд нафар таҳқири Миллат буда наметавонад, балки ҳимояи манфиатҳо ва муқаддасоти миллӣ аст. Танҳо шизофреникҳо метавонанд дар байни накӯҳишу танқиди асардуздию асардуздон ва нақшаҳои доираҳои муайян бар зидди «Давлат, Ҳукумат, муқаддасоти миллии мо, фарҳанг, забон, расму оини миллат…» робита пайдо кунанд. Аз онҳо пурсида мешавад: Магар асардуздӣ муқаддасоти миллӣ, фарҳанги миллӣ ва монанди инҳо ҳаст? Медонем, ки асардуздон дар Ҳукумат ҳастанд, аммо онҳоро ба Давлат рабт додан чӣ маъно дорад?

Талаби инҳо аз «ҳаммилатон» ин будааст, ки дар муқобили асардуздон хомӯш монанд, вагарна… Вагарна «фиребу фитна алайҳи Давлат…» будааст.

Даъвати инҳо дар муқобили «ҳуҷумҳои иттилоотӣ» посухҳои муносиб додан будааст. Яъне чӣ? Магар посухҳои муносиб бояд асардуздӣ ва асардуздонро сафед кунанд? Аз кай асардуздӣ ба масъалаи амнияти миллӣ ва ба истилоҳ «амнияти иттилоотии кишвар» табдил ёфтааст?

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s