Дидгоҳ

ИСПАРОФКА

Исфандиёри Назар

Дода шуд ба ҳамаи олимоне, ки номи шарифашон бо дуздии осори дигарон, сари забони хоссу ом афтода.
Пас, аз хондани «Характеристика»-и додаи ҳамаи тарафдорони осори ба сирқатрафта ва мухолифони ин амал, муайян гардид, ки:
1. Баҳси забон ва фошкориҳои «Диссернет» барномаҳои тарҳрезишудаи хориҷиянд ва маблағгузорони он кишварҳое чун Эрон ё Русия буда метавонанд;
2. Пойгоҳи фошкори «Диссернет» барои ҷанг андохтани суннию шиъа чунин амал мекардааст;
3. Ин пойгоҳ олимони мусулмонро бадном карда, душманони онҳоро, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд, хурсанд мекардааст;
4. «Диссернет» закази Кабириро иҷро мекардааст;
5. Ҳатто бархе ангуштҳо моли кӣ будани «Диссернет»-ро ишора кардаанд (аммо номро нагуфтаанд);
6. Ин амали «Диссернет» ба бехатарии Давлату Миллат таҳдид доштааст;
7. Муҳлати даъво гузаштааст;
8. «Ахбор барои афкор» дар паҳн кардани ин иғво даст доштааст;
9. Дуздро — дузд номидан, — амали бад буда, набояд аз он чун кори зишт ёдовар шуд;
….
Ҳамчунин бо такя ба ин латифаи машҳур:
«Хари афандиро дузд бурд.
Яке гуфт: тақсири (гуноҳи) худат аст, ки харро хуб набастӣ.
Дигарӣ гуфт: тақсири ғуломат аст, ки дари тавиларо боз гузошта.
Севвумӣ гуфт: тақсири занат аст, ки туро бедор накарда.
Афандӣ бо асабоният фарёд зад: пас ин тавр ки шумо мегӯед, дар дуздидани хар ҳама гунаҳкоранд, ба ҷуз худи дузд!»
Ҷамоати деҳоти Фейсбук далелҳои болоро ба эътибор гирифта, Ба олимони мазбур ва ҷойҳои дахлдор ин Испарофкаро медиҳад, ки Шумо бегуноҳ шумурда шудед.
Гунаҳкорон «Диссернет», ҶИЭ, ҲНИТ, Кабирӣ, Раҷаби Мирзо ва ҳамаи касоне ҳастанд, ки ин мавзуъро ба чолиш кашида, нуфузи кишвар ва Миллатро паст задаанд!
Асар ва унвонҳои илмӣ, ҳамчунин мансабҳои Шумо ҳифз гардида, ҳеч кас ҳаққи гирифтани онҳоро аз дастҳои Шумо надорад.
Интиқоди шадиди Президенти кишвар, ба Шумо дахл надошта, дар омади гап гуфта шудааст.
Аз ин рӯ, бепарво ба корҳои илмии худ идома дода, минбаъд ҳам аз шеваи пешгирифтаи худ дар рушду равнақ илми тоҷик метавонед саҳмгузор бошед!

Раиси ҷамоати деҳоти Фейсбук: Сукерберг
Имзо. Муҳр. Сана.
Котиби ҷамоати деҳоти Фейсбук: И. Назар
Имзо. Муҳр. Сана.

Манбаъ: Фейсбук

Рубрики:Дидгоҳ

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s