Алим Шерзамонов, раиси иҷроияи Анҷумани Озодандешони Тоҷик, хитоб ба Ато Мирхоҷа, бо баёни ин ки “чоплусиву мунофиқиро ҳам ҳадду ҳудуде аст” гуфтааст: “Банда мухолифати ақидатӣ бо он кас доштам, вале инро эътироф мекунам, ки дар сатҳи Бозор имрӯз тамоми иттифоқатон нест ва ягонтоатон аз пешвоятон сар карда то охирон мансабдоратон ба як тори мӯи Бозор намеарзед.”
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, бо “мунофиқона” ва ”олудаи дурӯғ, ношукрӣ ва баднамакию носипосӣ” хондани номаи Шогун Собир, духтари Бозор Собир ба Эмомалӣ Раҳмон, аз ӯ дархост кардааст, ки барои нодида гирифтани “ғамхориҳои чандинсолаи Пешвои миллат” узр бипурсад.
Бар асоси гузориши сайти Ахбор, Мирхоҷа ёдовар шудааст: “Ҳамагон шоҳид буданд, ки тайи қариб як моҳи охир Пешвои миллатамон барои наҷот додани шоири дӯстдоштаашон чи талошҳое варзиданд. Ман нахондаам ва надидаам, ки сарвари як давлат барои як суханвари дур аз Ватан чунин ҳиммати баландро раво дониста бошад. Як худи он ки сафири Тоҷикистон дар Амрико ва намояндаи Тоҷикистон дар СММ тамоми корашонро як сӯ гузошта, бо супориши Президентамон чандин шабу рӯз мувозиби падари Шумо буданд, бас аст, ки Шумо рӯҳи қиблагоҳатонро бо чунин номаи мунофиқона озурда намоед ва ғамхориҳои чандинсолаи Пешвои миллатро дар ҳаққи он кас чун соилони номурод нодида бигиред.”
Алим Шерзамонов, раиси иҷроияи Анҷумани Озодандешони Тоҷик, дар вокуниш ба номаи Ато Мирхоҷа, дар сафҳаи Фейсбуки худ хитоб ба вай навиштааст:
“Ато чоплусиву мунофиқиро ҳам ҳадду ҳудуде аст. Магар на Раҳмонову фронти халқиаш Бозорро кунҷи зиндон бурданд ва ба ин ҳол расонданд? Он як ташрифе, ки сафиратону намояндаатон ба сари болини бемории Бозор карданд, он кас бо даст доданаш ба Раҳмонову PR карданаш дар тамоми олам кайҳо ҷуброн карда буд. Албатта Шумо ва пешвоатон аз хизмате, ки он кас ба халқу миллат карданд ҳаргиз ҳисоб намекунед. Агар тамоми сафирони Тоҷикистон аз тамоми дунё ба сари болини Бозор меомаданду ИНТ-и Шумо дар ҳайати пуррааш як зарра ҳам ба Бозор намерасед. Банда мухолифати ақидатӣ бо он кас доштам, вале инро эътироф мекунам, ки дар сатҳи Бозор имрӯз тамоми иттифоқатон нест ва ягонтоатон аз пешвоятон сар карда то охирон мансадоратон ба як тори мӯи Бозор намеарзед ва ҳақ надоред чунин гӯед!”
Гуфтанист, Шогуна Собир дар номааш ба Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пайи даргузашти падараш дар бемористони шаҳри Сиэттли Амрико нашр кард, навишт, ки бар хилофи хабарҳои нашршуда, аз ҳукумати Тоҷикистон барои табобати падари ӯ кумаке нарасидааст.
Рубрики:Нақду назар