Анҷумани Озодандешони Тоҷик бо ғаму андӯҳи фаровон даргузашти шоири маҳбуби тоҷик Устод Бозор Собирро ба ҳамаи ҳамватанон махсусан аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон ва низ хонаводаи шодравон таслият мегӯяд. Бе шак, Тоҷикистон имрӯз яке аз фарзандони барӯманди худро аз даст дод.
Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, имрӯз (1 майи 2018) дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Амрико даргузашт. Ин шоири тавонои тоҷик ҳудуди як моҳ қабл пас аз бад шудани вазъи саломатиаш ба бемористон интиқол дода шуда буд.
Ба гузориши Радиои Озодӣ, Устод Бозор Собир дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ — порлумони вақти Тоҷикистон — интихоб шуд.
Соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонда шуд ва дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.
Бозор Собир соли 2013 дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон бо даъвати раисиҷумҳур ба кишвар омад ва гуфт, дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Аммо баъдҳо гуфт, азбаски фарзандону набераҳояш дар он сӯи Уқёнус ҳастанд, гоҳ-гоҳе ба дидорбиниашон меравад.
Равонаш шод!
Анҷумани Озодандешони Тоҷик
Акс аз Радиои Озодӣ
Рубрики:Машоҳир