Имрӯз, 3 май “Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот” аст. Ва ин рӯз тавассути ЮНЕСКО номгузорӣ шудааст. Дар замони мо дар баъзе аз кишварҳо ҳанӯз расонаҳо ва матбуот озод нестанд, рӯзноманигорон ба хотири баёни ҳақиқат мавриди таъқибу озори ҳукуматҳо қарор мегиранд, аз ҷумла дар кишвари мо, Тоҷикистон.
Дар зарфи чаҳор-панҷ соли ахир, бисёре аз рӯзномаҳо ва пойгоҳҳои интернетӣ дар кишвари мо баста шуданд, рӯзномагороне зиндонӣ гардиданд, рӯзноманигорону фаъолони ҷамъиятие ҳам маҷбур ба тарки ватан шуданд, ва онҳое ҳам, ки дар ватан монданд, ночоранд даҳонашон “баста” бимонад ва ё ҳамон чизеро бигӯянд ва бинависанд, ки мавриди писанди ҳукуматдорон аст. Ин ҷойи таассуф аст.
Имрӯз дар зиндонҳои Тоҷикистон рӯзноманигороне мисли Хайрулло Мирсаидов, Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдуқаҳҳори Давлат, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Муаттара Ҷӯраева дар зиндон ба сар мебаранд, ки ҳич хатару таҳдиде ба ҷомеа надоранд ва гуноҳашон дар додгоҳи мустақил исбот нашудааст.
Ва ҳамчунин, шоиста аст ин нуктаро низ гӯшзад намоем, ки шояд ин танҳо дар Тоҷикистон бошад, ки рӯзноманигоронаш “тероррист” хонда мешаванд. Дар феҳристе, ки ахиран Бонки миллӣ ба унвони феҳристи афроди “алоқаманд ба терроризм” мунташир кард, номи 14 нафар аз рӯзноманигорон ва блогерҳо дида мешавад.
Мо намедонем, чаро як нафар рӯзноманигор, ки силоҳе ҷуз қалам ва дағдадае ҷуз гуфтани ҳақиқат дар сар надорад, тероррист хонда шавад?
Анҷумани Озодандешони Тоҷик пас аз иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон, дар номае ба президенти ФАТФ ҷаноби Сантяго Отаменди — ки нусхаи он ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) низ ирсол шуд – аз ин ду ниҳоди байналмилалӣ тақозо кард, ки фавран аз ҳукумати Тоҷикистон бихоҳанд, то номи рӯзноманигорон ва низ афроде, ки рабте ба терроризм надоранд, аз ин феҳрист ҳазф шавад. Бо ин ки дар пайи ин нома, ҷаноби Ҳарлем Дешир, намояндаи САҲА дар бахши озодии матбуот, дар номае расмӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостори ҳазфи номи рӯзноманигорон шуд, вале бо камоли таассуф ҳеч иқдоми қобили таваҷҷӯҳе аз ҷониби ҳукумат дар ин росто бардошта нашуд, фақат баъзе номҳоро ҷобаҷо ва аз як феҳрист ба феҳристи дигар кӯчониданд.
Анҷумани Озодандешони Тоҷик, ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии матбуот, боре дигар аз ниҳодҳои байналмилалӣ мехоҳад, то аз Ҳукумати Тоҷикистон тақозо намоянд, ки даст аз лаҷоҷат бардорад. Зеро террорист хондани рӯзноманигор тавассути як давлат, як лаккаи нанг бар пешонии ӯст.
Сарнавишти номаълуми Эҳсон Одинаев, блогери машҳури тоҷик, ки чанд сол аст, ки нопайдост низ моро нигарон кардааст. Бино бар хабари наздикони Эҳсон, ӯро кормандони амнияти кишвар рабуда будаанд. Бояд сарнавишти ин блогери тоҷик ҳарчи зудтар маълум гардад.
Ва ҳамчунин Анҷумани Озодандешони Тоҷик ба ҳамин муносибат аз Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ҳарчи зудтар рӯзноманигорони зиндониро озод кунанд. Анҷуман тақозо мекунад, Хайрулло Мирсаидов, Ҳикматулло Сайфуллозода, Муҳаммадалӣ Ҳаит, Муаттара Ҷӯраева ва Абдуқаҳҳори Давлат ба сурати фаврӣ озод шаванд.
Анҷуман ба навбати худ ин замонатро медиҳад, ки ин азизон дар сурати озод шудан, ба кор ва ҳирфаи худ бармегарданд. Ва итминони комил медиҳад, ки ин азизон ҳамон тавре, ки қаблан ҳеч хатаре барои ҷомеаи Тоҷикистон надоштанд ва беҷиҳат зиндонӣ шудаанд, ҳамин тавр пас аз озодӣ низ ҳеч хатаре барои ҷомеа нахоҳанд дошт. Анҷуман ҳамчунин аз ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон тақозо дорад, ки талабҳои эълоншударо ҷонибдорӣ кунанд ва дар баробари тақдири ҳампешаҳои худ бетараф набошанд.
Анҷумани Озодандешони Тоҷик
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо