Гуфтугӯ

Темур Варқӣ: “Фронти халқӣ” ба куштори ҳадафноки журналистон машғул буд”

Темур Варқӣ, шоир ва рӯзноманигор ва узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик, дар мусоҳибае бо хабарнигори сайти Паём, бо баёни ин ки “дар диктотураҳои фасодзада журналистон ҳадаф ва қурбонии аввалини мошини саркӯбгарӣ мешаванд” гуфт: “Маҳз ба ҳамин хотир “Фронти халқӣ” ба куштори ҳадафноки журналистон машғул буд.”

Машрӯҳи мусоҳибаи Паём бо Темур Варқӣ ба шарҳи зерин аст:

Журналист ва журналистикаи озод дар кишварҳои демократӣ — нозири сахтгир ва кафили иҷроиши қонунҳо, кафили рушди ҷамъиятӣ ва иҷтисодии кишвар, ҳифзи иммунитети зидди фасод аст. Онҳо муборизони сафи авваланд. Аммо дар диктотураҳои фасодзада журналистон ҳадаф ва қурбонии аввалини мошини саркӯбгарӣ мешаванд. Маҳз ба ҳамин хотир “Фронти халқӣ” ба куштори ҳадафноки журналистон машғул буд. Аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ то барқарории сулҳ дар Тоҷикистон, аз ҷониби тарафдорони ҳукумат ҳудуди 100 журналист кушта шуд. Аввалин қурбонӣ журналист ва вакили мардумӣ Муродулло Шералиев буд, ки дар ким куҷое на, дар бинои Шӯрои Олӣ, ки аз тарафи тарафдорони ҳукумати имрӯза ғасб шуда буд, кушта шуд. Қотилон то ҳол номбар нашудаанд. Дар 26 сол низом ин парвандаро то суд расонида натавонист. Ҷамъият аз ин огоҳи дорад. Даҳҳо журналист замони ҷанг маҷбур буданд дар хориҷ аз кишвар наҷот ҷӯянд. Онҳо сутуни дафтари тоҷикӣ ва форсии радиои Озодӣ ва қисман БиБиСи буданд.

Хандаовар аст, вақте тарғибгарони ҳукумат мухолифин ва ҳатто Иронро дар таъқиби ва куштори густурдаи журналистони тоҷик айбдор мекунанд. Баъди расидан ба қудрат ҳам ин низом ба куштор ва таъқиби журналистон идома дод ва то ҳол идома медиҳад. Ду-се соли охир мавҷи нави журналистони тоҷик аз мухолифин фирор накардаанд. Газетаву сайтҳоро мухолифин набастаанд. Журналистонро мухолифин зиндон накардаанд. Саркӯби густурда аз тарафи ҳукумат ва манъи озодии сухан бо таҳдиди маргу зиндон — латтае ба даҳони журналистикаи тоҷик аст. Мана барои ҳамин матбуоти тоҷик дар бораи ҳамкоронаш, ки ба хотири истифода аз ҳақи конститутсионии худ ба озодии сухану андеша паси панҷара рафтаанд, хомӯш аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s