Ҳуқуқи башар

Боздошти яке дигар аз фаъолони ҲНИТ дар Истамбул

Ба навиштаи сайти Паём, Сайдулло Валиев, домоди Шоҳнаими Карим (Кузов Мирзораҳим) — масъули баландпояи ҲНИТ дар Истамбули Туркия боздошт шудааст ва имкон дорад ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Бар пояи ин гузориш, дирӯз баъди зуҳр пулис ба хонаи Сайдулло Валиев рафтаанд, то боздошт кунанд. Чун ӯ дар хонааш ҳузур надошт ба ҷои кораш рафта дастгир ва ба шӯъбаи амнияти минтақаи Пендики Истамбул мебаранд. Аз ӯ талаб карданд ба Тоҷикистон билет бигирад, аммо ӯ рад кардааст.

Домоди Шоҳнаими Карим соҳиби як фарзанд буда, дар як корхонаи пояфзордӯзии Истамбул кор мекард.

Худи Шоҳнаими Карим дар сӯҳбат бо Паём ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, домодашро ба хотири фишор ба ӯ, мехоҳанд ба Тоҷикитсон баранд. Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯзи охир бародари калониаш Кузов Раҳим бо ҳамсараш Давлатова Фотима ва ду писараш мавриди фишори шадиди мақомоти амниятӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин 20 рӯз қабл Кузов Раҳим ҳудуди 15 соат мавриди истинтоқ ва пурсуҷӯи мақомоти амниятӣ қарор гирифтааст.

Қаблан худи Шоҳнаими Карим (Кузов Мирзораҳим) бо дархости мақомоти Тоҷикитсон дар Юнон боздошт шуда буд, аммо додгоҳи ин кишвар ҳукми озодии ӯро содир кард.

Қаблан Туркия макони амне барои касоне буд, ки аз нигоҳи сиёсиву эътиқодӣ дар кишварҳояшон таҳти фишор қарор доштанд ва Туркияро ҳамчун паноҳгоҳи мазлумон медонистанд. Аммо чандест, ки Туркия ҳам даст ба ихроҷ ва ҳатто истирдоди онҳо мезанад, ки мояи нигаронии бисёриҳо шудааст. Баъзеҳо ин равандро марбут ба интихоботҳои қарибулвуқӯъ дар ин кишвар медонанд.

Рубрики:Ҳуқуқи башар

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s