Пешгуфтор
Мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, бо огоҳӣ ба масъулияти хеш дар баробари гузашта, имрӯз ва ояндаи Ватан ва:
— бо дарки он, ки асоси истиқлоли кишвар ва пешрафти демократия, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявияти онро каромати инсон ва ҳуқуқи ӯ ташкил медиҳад;
— бо эътироф аз ин ки беэътиноӣ ва нақзи ҳуқуқи асосии инсон ва озодиҳои ӯ — ки дар Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба он авлавият дода шудааст — ғайриқобили қабул буда, эҷоди ҷомеае, ки дар он шаҳрвандон аз ҳаққи озодии баён, ақоид ва нашри он бархӯрдор ва аз ҳар гуна тарсу ҳарос дар амон бошанд, як зарурати асосӣ мебошад;
— бо таваҷҷӯҳ ба зарурати муайян кардани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мутақобили ҷомеа ва давлат;
— бо эҳтиром ба ҷойгоҳ ва арзиши инсон, озодии виҷдон ва дин, баробарии марду зан, ҳаққи ширкат дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи кишвар, ҳаққи таъсиси ниҳодҳои ҷамъиятӣ;
— бо эътироф ба ин ки эҳтиром ва риояти бечуну чарои ҳуқуқ ва озодиҳои номбурда, аҳамияти калидӣ дар шаклгирии ҷомеаи одилона дошта ва шароити лозимро барои зиндагии шоиста ва пешрафти инсон фароҳам месозад — ин тафоҳум (меморандум)-ро қабул мекунем:
а) Вазифаҳои давлат:
1) Бо эътироф ба ин ки тибқи моддаи 5 Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ олитарин арзиш ба шумор меоянд, давлат на танҳо бояд онҳоро ба расмият бишносад, балки бечуну чаро онҳоро риоят ва аз ин ҳуқуқ ва озодиҳо дифоъ намояд. Давлат, ҷиҳати риояти якнавохт ва бечуну чарои ҳуқуқи номбурда, шароити лозимро фароҳам сохта ва як системаи назоратӣ ташкил бидиҳад; системае, ки дар он, ниҳодҳои судӣ ва идорӣ, сохторҳои порлумонӣ ва президентӣ шомил бошанд, ва ҳамчунин усул ва равишҳои қонунии дақиқ барои ин ҳимоятро таъйин намояд;
2) Маҷмӯи манфиатҳои шахс, шаҳрванд, гурӯҳи шахсон, ҷамъи ташкилотҳои шаҳрвандон бояд асоси манфиати ҷаъмият ва давлатро ташкил кунад. Ҳамин тариқ, манфиати давлат манфиати гуногуни шаҳрвандон ва ташкилотҳои шаҳрвандиро дарбар мегирад. Хокимият ва давлат набояд танҳо аз номи як гурӯҳи маҳдуди ҷаъмият сухан ронанду манфиати дигар шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷаъмиятиро ба инобат нагиранд;
3) Тамомияти арзии кишвар аз муқаддасоти миллӣ буда, ҳеҷ шахс, ниҳод ё гурӯҳе ҳуқуқи вогузор, ҳадя ё фурӯши онро надорад;
4) Давлат бояд баргузории интихоботи шаффофу озодро дар тамоми шохаҳои хокимият кафолат дихад. Ӯ набояд дар интихоби шаҳрвандон таъсир ва аз манобеи давлатӣ ба нафъи як номзади муайян истифода намояд;
5) Раисиҷумҳур набояд узви ҳизби сиёсии муайян бошад ва ҳамчунин набояд ин вазифаро барои беш аз ду давра нигаҳ дорад ва ҳамзамон як мӯҳлати президентӣ набояд аз 5 сол зиёд бошад. Раисиҷумҳур наметавонад ҳамзамон раиси ҳукумат ҳам бошад;
6) Порлумони кишвар намояндаи мардум ва шохаи мустақилли қонунгузори кишвар ба шумор меояд ва вазифадор аст иродаи тамоми мардуми Тоҷикистонро баён кунад;
7) Ҳокимияти судӣ бояд дар воқеъ аз ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор новобаста бошад. Давлат иктиқлолияти комили он ва танҳо ба ҚОНУН тобеъ будани онро кафолат диҳад ва дахолат дар фаъолияти он мамнӯъ ва бояд ҷавобгарии қонунӣ дошта бошад. Судяҳои Судӣ Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судяҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бояд аз тарафи шаҳрвандон интихоб ва ба онҳо гузоришдиҳанда бошанд;
8) Давлат бояд шаффофияти фаъолияти сохторҳои қудратиро тибқи меъёрҳои қонунӣ кафолат диҳад. Хамчунин шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳанда будани онҳоро дар назди ҷомеа таъмин кунад;
9) Давлат кафолат диҳад, ки ҳеч шаҳрванде набояд ба хотири дидгоҳҳои сиёсӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад, ҳамаи зиндониёни сиёсӣ ва афроде, ки барои андеша, акида ва мавқеъи шаҳрвандӣ ва ё динӣ ҳабс шудаанд бояд фавран озод шаванд ва парвандаҳои онҳо аз тарафи судҳои мустақил, беғараз ва салоҳиятнок аз нав баррасӣ карда шавад;
10) Давлат бояд аз нав дида баромадани қонунгузорие, ки боиси маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва маънавии шаҳрвандон гаштаанд баррасӣ намуда ва онҳоро ба санадҳои меъёри ҳуқуқи байналмилал ва Қонуни Асосии ҶТ мутобиқат намояд;
11) Давлат бояд барои рушд ва тақвият ёфтани институтҳои ҳуқуқи инсон ва адвокатура мусоидат кунад;
12) Давлат бояд ҳимояи ҳуқуқиро барои ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз нажод, ранги пӯст, ҷинсият, забон, дин, гароишҳои сиёсӣ, миллӣ ва ё дигар шароит ва вазъияти иҷтимоияшон, кафолат дихад;
13) Давлат бояд ба сурати ҷиддӣ бо ҳар гуна шиканҷа ва бархӯрдҳои ғайриинсонӣ бо боздоштшудаҳо мубориза кунад. Дар сурати ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо, билофосила таҳқиқу баррасӣ намуда гунаҳгоронро ба ҷавобгарӣ кашад;
14) Давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд шароит ва фазои таҳаммулнопазирӣ дар ҷомеаро дар робита бо фасоди идорӣ ва ҷиноятҳои мақомоти расмӣ эҷод кунанд;
15) Давлат бояд ба сурати ҷиддӣ бо маҳалгароӣ, хешовандсолорӣ ва фасоди идорӣ мубориза барад ва дар мақомҳои давлатӣ ва ниҳодҳои қудратӣ бояд мутахассисони шоиста таъйин гарданд, сарфи назар аз миллият, ҷинсият, ақида, ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва зодгоҳашон;
16) Давлат бояд таъмини ҳуқуқи озодона муттаҳид шудан ва ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла динӣ ва ҳамчунин таъмини воқеии принсипи ҷудоӣ байни ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои диниро кафолат диҳад;
17) Давлат бояд барои муайян ва мушаххас намудани бартариятҳои манофеъи миллӣ ва принсипҳои сиёсати хориҷии Ҷумхурии Точикистон бо давлатҳои дуру наздик, созмонҳои байналмилалии байнидавлатӣ ва ғайридавлатӣ ва инчунин бознигарии муносибатҳо бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба хотири беҳтар кардани равобити дутарафа ва бисёртарафа, расидан ба низоми бидуни раводид (виза) бо ин кишварҳо, дастёбӣ ба тиҷорат ва ҳамкориҳои имтиёзнок байни Тоҷикистон ва ҳама кишварҳои минтақа чораҷӯӣ кунад;
18) Давлат бояд ба ҳаққи шаҳрвандон дар шуғл, интихоби навъи фаъолият ва касб, ҳаққи онҳо дар тазоҳурот, корпартоӣ ва гирдиҳамоиҳо эҳтиром гузошта, таъмини хаддиақалли музди мехнати баробар бо мизони сабади истеъмолиро кафолат диҳад;
19) Давлат бояд ҳаққи шаҳрвандон ба истироҳат, таъмини иҷтимоии шоиста, манзил, беҳдошт ва дастрасӣ ба хадамоти тиббии давлатӣ ва хусусии босифатро риоя намуда таъмини хидматрасонии ройгон ва босифати тиббӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани кӯмакҳои тиббии имтиёзнок барои нафақахӯрон, маъюбон ва қишрҳои осебпазири аҳолиро кафолат дихад;
20) Давлат бояд кафолат диҳад, ки моликияти хусусии шаҳрвандон дахлнопазир буда, ягон ниҳод ҳаққи дахолат, тасарруф ва мусодираи ғайриқонунии онро надорад;
21) Давлат бояд кафолати фаъолияти иқтисодии шаҳрвандонро таъмин кунад. Иқтисод ва тиҷорат дар кишвар бар мабнои рақобати озоду баробар, талаботу пешниҳоди бозор ва адами дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ба умури корхонаҳо, соҳибкорон ва шаҳрвандон шакл мегирад. Ва инчунин бо ба вуҷуд овардани фазои рушди соҳибкории хурду миёна ва муҳити солими сармоягузории хориҷӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ барои роҳандозии истеҳсолоти саноатӣ;
22) Давлат бояд ҳаққи шаҳрвандонро дар истифода аз зарфиятҳо ва дороиҳояшон барои фаъолиятҳои соҳибкорӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки аз назари қонун мамнӯъ нестанд, таъмин намояд;
23) Давлат бояд кафолати таъмини сиёсати рушди истеҳсолот, хусусан саноат, чорӣ намудани низоми андозбандӣ, боҷситонӣ ва гумрук ба хотири таъмин ва рушди шароити соҳибкорӣ ва истеҳсолотро диҳад;
24) Давлат бояд аз нав дида баромадани сиёсати давлатии муҳоҷират ва таъмини сифатии он, бо таъмини авлавияти истеҳсолот ва эҷоди ҷойҳои корӣ бо маоши сазовор дар дохили кишварро таъмин кунад;
25) Давлат бояд кафолати ворид намудани хидмати алтернативӣ дар артиш ва тадриҷан гузаштан ба артиши касбиро диҳад;
26) Давлат бояд аз ҳаққи моликияти зеҳнӣ ва озодии адабӣ, мусиқӣ, илмӣ ва дигар намудҳои эҷодӣ ва ҳамчунин ҳаққи дарёфт ва дастрасӣ ба иттилоот ва ғайраро муҳофизат кунад;
27) Давлат бояд таъминоти одилонаи ислоҳоти замин ва танзими ҳуқуқии заминдорӣ, хусусан дар муносибатҳои қарзӣ ва замонати бонкӣ, бо додани бартарият барои рушди соҳаи агросаноатӣ кафолат диҳад;
28) Давлат бояд кафолати ислоҳоти воқеии аграрӣ, хусусан дар соҳаҳои истифодаи замин, мелиоратсия, хоҷагии об, бо мақсади баргардонидани замин ва воситаҳои асосии кишоварзӣ ба деҳқонон ва соҳибкорон дар ин соҳаро дихад;
29) Давлат бояд ба бунёди роҳҳои пулакӣ бе таъмини роҳҳои алтернативӣ роҳ надиҳад.
б) Ҳуқуқ ва вазифаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ:
Шаҳрвандон низ дар навбати худ, бояд аз ҳуқуқ ва вазифаҳое дар баробари давлат бархӯрдор бошанд, аз ҷумла:
30) Шаҳрвандон вазифадоранд, ки Қонуни Асосии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои давлатро риоя кунанд;
31) Шаҳрвандон ба ҳуқуқ, озодиҳо ва каромати ҳамаи инсонҳо арҷ ва эҳтиром гузоранд;
32) Шаҳрванд муваззаф ба пардохти молиёт ва ва ҳама гуна пардохтҳои дигар, ки тавассути қонун муайян шудааст мебошад;
33) Шаҳрванд муваззаф ба ҳимоят аз муҳити зист, олами наботот ва хайвонот ва осори фарҳангию таърихӣ аст;
34) Шаҳрванд бояд гуногунии ақида ва назарро риоя карда, гуногунрангиро дар ҷомеаи инсонӣ арҷ гузорад;
35) Шаҳрвандон ва ташкилотҳои онҳо дар ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо бояд якдил ва масъулияти мутақобила дошта бошанд;
36) Шаҳрванд ҳақ дорад шахсан ва ё ба сурати гурӯҳӣ ба макомоти давлатӣ муроҷиат кунад;
37) Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва идораи кишвар ё ба сурати мустақим ва ё аз тариқи намояндагони худ ширкат кунад.
в) Усулҳои амал:
Ба манзури ҳарчӣ тезтар ва ба сурати ҷиддӣ бунёд кардани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди воқеӣ, талошҳои муштараки давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зарур аст. Бар ин асос, мо мепазирем, ки барои расидан ба ҳадафҳои номбурда, мавридҳои зерин лозиманд:
1) Иттиҳоди нерӯҳо ва манобеи намояндагон ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон;
2) Табодули иттилоот ба сурати мунтазам байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат дар масоили муҳим ва асосӣ;
3) Вокунишҳои саривақта вобаста ба нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон;
4) Шиносоии мушкилоти аслии рушди кишвар ва ҷомеа;
5) Таъсиси гурӯҳҳои корӣ аз миёни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчунин намояндагони давлат дар мавриди масоили муҳим барои ёфтани роҳи ҳалли онҳо;
6) Баргузории конфронсҳо ва дидорҳо дар робита бо масоили ҳаётӣ ва муҳим;
7) Ироаи пешниҳодҳо ва тавсияҳои лозим ҷиҳати ҳаллу фасли сареъи мушкилот.
г) Муқаррароти изофӣ:
1) Тафоҳумномаи мазкур шартнома оиди ҳамкорӣ ва фаъолияти якҷоя набуда, вале дар заминаи он мумкин аст, ки шартнома ва созишномаҳои мухталиф вобаста ба амалӣ намудани мақсадҳои дар ҳамин Тафоҳумнома омада баста шаванд;
2) Ин тафоҳумнома танҳо баёнгари ормон, дидгоҳҳо ва чашмандози сиёсиву фикрии тарафҳои имзокунанда буда, санади ҳуқуқӣ ва сохторӣ маҳсуб намешавад;
3) Тарафҳои имзокунандаи Тафоҳумномаи мазкур аз ҳамин тариқ розигии худро баҳри максадҳои умумии дарҷгардида барои ташкили ҷомеаи пешрафтаи озод, мустақил ва ҳамдил, ва ҳамчунин баҳри бунёди давлати дунявии демократии тоҷик медиҳанд;
4) Тафоҳумнома барои имзо боз буда, ҳама созмонҳо, ҳизбҳо, ҳаракату ташкилотҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, динӣ ва қавмӣ метавонанд ба он бипайванданд;
5) Тарафҳои омодакунанда ва дар аввал имзокардаи ин тафоҳумнома, ҳеч бартарият ва авлавияте дар баробари тарафҳои баъдан пайваста ба тафоҳумномаи мазкурро надоранд;
6) Тафоҳумнома заминаи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак байни тарафҳои имзокунанда ба хотири эҷоди василаҳои лозимӣ ва гузоштани қадамҳои амалӣ барои расидан ба ҳадафҳо ва ормонҳои эълоншударо фароҳам месозад;
7) Амали Тафоҳумномаи мазкур дар замон маҳдуд набуда, он то замоне амал дорад, ки тарафҳои имзокунандаи он оиди бекор кардани он эълон накунанд.
Тарафҳои имзокунандаи Тафоҳумнома:
Рубрики:Ахбори Анҷуман