Ҷамшед Ёров, вакили дифоъ ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, ахиран ба созмони тозатаъсиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик пайваст ва дар ҷаласаи фавқулодаи ин созмон, ба унвони узви ҷадиди Шӯрои Раҳбарии он интихоб шуд. Ба ҳамин баҳона, сайти Анҷумани Озодандешони Тоҷик мусоҳибае бо вай орост, ки ба шарҳи зерин аст:
— Аввалан, бароятон табрик мегӯем, ки ба унвони яке аз аъзои Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандоши Тоҷик интихоб шудед. Суоламон ин аст, ки далели пайвастани шумо ба ин Анҷуман чист?
— Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон дар кадом ҳолат қарор дорад. Нақзи қонун, дағалона поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, маҳалгароӣ ва коррупсия дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз давлати демократӣ ба авторитарӣ мубадал гаштани Тоҷикистони азизамон шахсро бетараф монда наметавонад.
Ман аз рӯзҳои аввали фаъолиятам ҳамчун ҳимоятгар, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медодам, ки аз ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан хифзшавандаи зерҳимояҳоам дифоъ кунам. Вале дар муҳити беэътиноии қонун аз тарафи мақомоти қудратӣ, номустакиллии мақомоти судӣ, беқадрии адвокатура дар Тоҷикистон, ин кор хеле мушкил ва хатарнок буд. Баъд аз шиносоӣ бо Ойинномаи Анҷуман, ҳадафҳои дар он дарҷгардида ва шахсиятхои онро таъсисдода, хулоса баровардам, ки узви Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон шуда саҳми худро дар пешрафти Ватанам гузорам.
Чунки фикр мекунам, ҳарчанде, ки ҳадафҳои мо як бошад ҳам, вале дар танҳоӣ мо ба чизе қодир шуда наметавонем. Танҳо иттиҳод ва якпорчагӣ метавонад моро ба мақсад расонад.
Мақсади мо ин Тоҷикистони ҳозираро ба як давлати дар ҳақиқат демократию ҳуқуқбунёд табдил додан аст.
— Бо таваҷҷӯҳ ба сахтии шароити ҳозира дар Тоҷикистон, ба назари шумо оё Анҷуман метавонад ба ҳадафҳое, ки таъйин карда ва дар ойинномааш омадааст бирасад?
— Бале, метавонад. Вале ин вақт ва заҳматро талаб дорад. Мушкилии асосиро ман дар паст будани фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон мебинам. Мардум аз вазъи ногувори ҳозира норизо мебошанд, вале “террори давлатӣ”-е, ки Ҳукумат нисбати гуногунандешон истифода мебарад, имконият намедиҳад, ки мардум ошкоро аз мушкилоти худ сухан ронанд ва манфиатҳои худро бо роҳҳои қонунӣ ҳимоя кунанд. Барои ҳамин, барои ба матлабҳои ойинномавии Анҷуман расидан, фикр мекунам, ки дар аввал мафкураи мардум аз тарсу ҳарос озод бошад. Дар Ойинномаи Анҷуман ягон сухан бар хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Агар Ҳукумати феълии Тоҷикистон дар ҳақиқат давлати демократӣ, соҳибистиклол ва ҳуқуқбунёд сохтанӣ бошад, пас мақсади мо низ ҳамин аст. Ҳукуматро барои ҳамин зарур аст, ки барои ба ин мақсадҳо расидан, ба нуқтаи назари мо низ диққат диҳад. Ин ба фоидаи Тоҷикистон аст.
— Асосан, оё шумо дар ояндаи наздик ҳеч уфуқи равшане барои Тоҷикистон мебинед?
— Росташро гӯям, намедонам. Дар ояндаи наздик ҳеч равшание намебинам. Чунки ҳоло дар Тоҷикистон дар мафкураи ҳукуматдорон мафҳуми “манфиатҳои худам ва оилаам” ҷойгузини мафҳуми “манфиатҳои давлат ва ҷомеа” шудааст. Вале ман боварӣ дорам, ки доимо вазъ чунин нахоҳад монд. Агар имрӯз сиёсатмадарони мо дарки фаҳмиши зарурати ислоҳотро набинанд, шояд насли ояндаи онҳо инро фаҳмида Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокшавӣ наҷот диҳанд.
— Суоли дигар дар бораи Тафоҳумнома аст, ки ҳамин дирӯз Анҷуман мунташир кард ва аз аҳзобу ҷомеаҳои шаҳрвандӣ ва фаъолон дархост намуд, ки дар сурати мувофиқат зери он имзо гузоранд. Ҳадаф аз ин Тафоҳумнома чист?
— Суоли хеле муҳим. Ҳар як шаҳрванди огоҳ ва бомасъулият барои пешравӣ ва ободии кишвараш бояд саҳме гузорад. Ӯ дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо аст. Бояд ҳуқуқашро истифода бараду ӯҳдадориҳояшро иҷро кунад. Давлат низ дар навбати худ дар назди ҷаъмият ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо дорад. Фақат дар ҷомеае, ки ҷаъмият бо истифода аз ҳуқуқи қонунии худ фаъолияти давлатро назорат мекунад, метавон гуфт, ки ин давлат демократӣ аст.
Тафоҳумномаи мазкур як бори дигар таваҷҷӯҳи мардумро ба зарурати муайян кардани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мутақобилаи давлат ва ҷомеа ҷалб мекунад.
Дар ин Тафоҳумнома нигоҳи мо оиди сохтори давлатдорӣ, тарзи ҳаёт, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо сарҷаъм оварда шудааст. Фикр мекунам, ки ҳар як шахс ва ё гурӯҳ, ҳизб, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тафоҳумнома нуқтаҳои ба худ мақбулро меёбад.
Ва аз фурсат истифода бурда тамоми ҳамватанон ва ниҳодҳои шаҳрвандии Тоҷикистонро даъват мекардам, ки бо Тафоҳумномаи мазкур шинос шуда зери он имзои худро ҳамчун рамзи ҳамфикрӣ ва дастгирӣ барои рушду ободии Ватанамон гузоранд.
— Ташаккур, саломат бошед!
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Гуфтугӯ