Ба гузориши сайти Паём, Сайдулло Валиев, домоди Шоҳнаими Карим, ки дар Туркия аз тарафи пулиси ин кишвар боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод намешавад. Додгоҳ фиристодани ӯ ба Тоҷикистонро манъ кард.
Бар пояи ин гузориш, вакили дифоъи ӯ ба сайти Паём гуфтааст, ки бегоҳи дирӯз додгоҳ қарори манъи истирдоди ӯро содир кард. Вакил изҳори умедворӣ кард, ки ба зудӣ адолат барқарор ва Сайдулло Валиев озод хоҳад шуд.
Сайдулло Валиев, домоди масъули баландпояи ҲНИТ Шоҳнаими Карим (Кузов Мирзораҳим) рӯзи 02.05 дар Истамбули Туркия дирӯз боздошт шуда буд.
Он рӯз баъди зуҳр пулис ба хонаи Сайдулло Валиев рафт, то боздошт кунанд. Чун ӯ дар хонааш ҳузур надошт ба ҷои кораш рафта дастгир ва ба шӯъбаи амнияти минтақаи Пендики Истамбул мебаранд. Аз ӯ талаб карданд ба Тоҷикистон чипта харад, аммо ӯ рад кардааст.
Домоди Шоҳнаими Карим соҳиби як фарзанд буда, дар як корхонаи пояфзолдӯзии Истамбул кор мекард.
Худи Шоҳнаими Карим дар сӯҳбат бо сайти Паём ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, домодашро ба хотири фишор ба ӯ мехоҳанд ба Тоҷииктсон баранд. Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯзи охир бародари калониаш Кузов Раҳим бо ҳамсараш Давлатова Фотима ва ду писараш мавриди фишори шадиди мақомоти амниятӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин 20 рӯз қабл Кузов Раҳим ҳудуди 15 соат мавриди истинтоқ ва пурсуҷӯи мақомоти амниятӣ қарор гирифтааст.
Қаблан худи Шоҳнаими Карим (Кузов Мирзораҳим) бо дархости мақомоти Тоҷикитсон дар Юнон боздошт шуда буд, аммо додгоҳи ин кишвар ҳукми озодии ӯро содир кард.
Рӯзи 3 май, мақомоти Туркия аз пайвандони Сайдулло Валиев талаб мекунанд, ки ба кишвари сеюм чипта харанд. Пайвандони номбурда, ба шаҳри Тбилисии Гурҷистон чипта мехаранд. Аммо парвози ӯро мақомоти Туркия лағв мекунад.
“Мебоист Сайдулло Валиев дирӯз, соати 23 шаб ба шаҳри Тбилисии Гурҷистон парвоз мекард. Аммо, ҳамагӣ 6 соат пеш аз парвоз, соати 17 бегоҳӣ мақомоти Туркия аз қавли худ мегардад ва намояндаи мақомоти зидахли Туркия ба пайвандони Сайдулло мегӯяд, ки бино ба баъзе мулоҳизаҳо ихроҷи Сайдулло Валиев ба Гурҷистон лағв шудааст ва бояд ба кишвари дигар чипта харид” — мегӯяд манбаъ.
Ба гуфти манбаъ, пайвандони Сайдулло, дуюмбора, баъди машварати вакилаш бо масъулини мақомоти зидахли Туркия ба шаҳри Кишинёви Молдовия чипта мехаранд. Мебоист, Сайдулло Валиев рӯзи 4 май, соати 19:15 аз фурӯдгоҳи Отатурки Стамбул ба Кишинёв парвоз мекард. Соати 17 бо ҳамроҳии нигаҳбонон ва ронандаи мақомот онҳо ба сӯи Фурӯдгоҳ ҳаракат мекунанд. Аммо дар роҳ, ронанда мошинро бозмедорад ва баъди як сӯҳбати телефонӣ мегӯяд, ки сафари Сайдулло Валиев ба Молдова лағв шудааст.
Гуфтанист, пас аз боздошти Сайдулло Валиев, Анҷумани Озодандешони Тоҷик бо судури баёнияе, аз мақомҳои кишвари Туркия ва низ ҳамаи созмонҳои ҳуқуқи башарӣ тақозо карда буд, ки нагузоранд Сайдулло Валиев ба Тоҷикистон истирдод шавад. Нусхаи ин баёния ба ҳар як аз: Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, Мавлуд Човушуғлӣ, вазири хориҷаи ин кишвар ва ҳамчунин шамояндаи САҲА ирсол шуда буд.
Рубрики:Ҳуқуқи башар