Чанд рӯз баъд мо солгарди навбатии Иди Ғалабаро таҷлил мекунем. Хотираи талхи ин ҷанг аз дили мардуми мо, хусусан аз дили онҳое, ки даҳшат ва ваҳшониятҳои онро бо чашми худ дидаанд, аз қалби касоне, ки дар набардҳои хунин бевосита иштирок намуда, боҷоннисориҳои худ фашизми ваҳшатборро нобуд намудаанд, нарафтааст. Қаҳрамонию мардонагии падарону бародарон, модарону хоҳарони мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хати заррин сабт шудааст.Дар ин ҷанги хонумонсӯз занони тоҷик низ қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Яке аз ин занони шуҷоъ Ойгул Муҳаммадҷонова мебошад, ки пирони ин деҳ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани дар борааш қиссаҳои пурмеҳр мекунанд.
Ойгул Муҳаммадҷонова соли 1918 дар деҳаи Шинги шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Ойгул духтараке ҷингиламӯю сабзина буда , қаду қомати баланде дошт. Вақте ки падару модари Ойгул аз олам мегузаранд, Ойгулро ба шаҳри Панҷакент ба парасторгоҳи калони кӯдакона дар қатори дигар кӯдакони ниёзманди шаҳру деҳаҳои Панҷакент меоранд. Ойгули шӯху дидадаро дар баробари тарбият дар парасторгоҳ дар мактаби ба номи Сталин (ҳоло мактаби таҳсилоти умумии № 1) таҳсил мекард.
Дар шаҳри бостонии Панҷакент пеш аз ҷанг мактаби ҳавопаймои кушода шуд. Инҷо ҷавонон аз ҳар гӯшаву канори мамлакат омада, илми парвоз меомӯхтанд. Ойгул низ ба ин мактаб дохил мешавад. Солҳои вазнин буд. Ҳатто деҳқонони ноҳияро хушксоли ва бурдаи нон муҳтоҷ мекард. Аз набудани хӯроку пӯшок парасторгоҳро бастанду бошандагонашро ба Ленинобод (Хуҷанд ) бурданд. Ойгул он ҷо донишҷӯи омӯзишгоҳи хоҷагии қишлоқ гардид. Ду сол хонду барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи ҳавопаймои супорид. Ойгул, ки орзуи ҳавонавард (лётчик) шуданро дошт, орзуҳояш ҷомаи амал пӯшиданд. Ҷанги хонумонсӯз сар шуд буд. Он вақт Ойгул таҳсилро идома медод. Дар ҷанги ҷаҳони, ҳангоми аз душман раҳои ёфтани истеҳкомҳои Смоленскийи ғарби Ойгул вориди набард гашт. Дастаи 9 – нафараи онҳоро лози меомад, ки ҳатти тӯпчиёни фашистонро бомбаборон кунанд, то ба ҳаракати танку дивизияҳои тирандози Шӯравй роҳ кушоянд.
Вақте қумондони экипаж лейтенант Петрова ҳалок гардид, ба ҷои ӯ Ойгулро таъин карданд. Дар ҳайати лочиндухтарони шуҷоъи Ватан ду нафар Қаҳрамони Шӯравӣ меҷангиданд, ки чунин унвонро пеш аз Ҷанги Бузурги Ватани соҳиб шуда буданд. Дар муҳорибаи аввалини мустақилона Ойгул Муҳаммадҷонова ҳавопаймои “Миссершмидт “ и фашистонро зада меафтонад.Тирандози экипажи Ойгул дар он ҷанги нобаробар ҳалок гардид ва Ойгул аз кифташ тир хӯрд.
Ба шиддати дарду рехтани хун нигоҳ накарда, ин қаҳрамондухтари тоҷик ҳавопайморо ба замин фуруд овард. Шӯрои низомии Ҷабҳаи Ғарбй барои ин корномаҳой Ойгулро ба дарёфти ордени “Ленин” пешбари намуд. Пас аз ин Ойгул парвозҳои зиёди ҷанги карда, ҳавопаймоҳои фашистонро нобуд сохтааст. Дар яке аз ҷангҳои шабона экипажи Ойгул бе ному нишон ғайб зад ва дар куҷо сукут кардани ҳавопаймои ӯ маълум нест. Шоирону нависандагон пас аз ҷанг шеъру қиссаҳо, ҳикояву очеркҳо офариданд, ки симои қаҳрамондухтарро ҳамчун шахсияти ватанпараст, ба ёрон ғамхор ифода менамояд. Шоири мардуми Тоҷикистон Мирсаид Миршакар достонеро ба номи “Варақаҳои муҳаббат” эҷод намудааст, ки қаҳрамони асосии асар – Гулшод, монанди Ойгул Муҳаммадҷонова мебошад.
Худи муаллиф дар ин бобат чунин навиштааст. “Ба хотири ( лётчики )ҳавонавард духтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанй солҳои 1941- 1945 қаҳрамонона қурбони Ватан гардид” аввалин сатрҳо чунин оғоз меёбанд:
Духтаре, ки диёри тоҷикон,
Аз далелтарин ӯст сарфароз.
Достони муҳаббати худро,
Бо чунин сатрҳо намуд овоз…
Дар яке аз номаҳояш Ойгул Муҳаммадҷонова навиштааст: “Дар ин рӯзҳои даҳшатноки Ҷанги Бузурги Ватанй мехоҳам Ватанамонро аз фашистони иблис муҳофизат кунам, то қатраи охири хун то ғалабаи комил душманро бикӯбам”
Бале Ойгул ба гуфтаҳояш устувор монд. То қатраи охирини хун барои ҳимояти Ватани азиз бар зидди душманон ҷангид. Қаҳрамониву корнамоҳои духтари тоҷик асрҳои аср дар ёдҳо боқи хоҳад монд.
Ҳукумати шаҳри Панҷакент ба ифтихори 60 солагии Ғалаба бар фашизм дар соли 2005 дар шаҳри Панҷакент пайкара ва дар зодгоҳаш деҳаи зебоманзараи Шинг нимпайкараи лочиндухтари тоҷикро гузошт, ки барои насли оянда ибрате бошад аз қаҳрамониҳои занону духтарони далери Ватан. Айни замон фурудгоҳи (аэропорти) шаҳри Панҷакент ба номи Ойгул Муҳаммадҷонова гузошта шудааст.
Зебинисо Отабоева корманди Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи А Рӯдакии шаҳри Панҷакент.
Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи Мавлон Бердиев
Рубрики:Машоҳир