Ҳуқуқи башар

Зариф Ализода: «Бузургмеҳр Ёров ва Маҳмадалӣ Ҳаит шиканҷа нашуда буданд»

Ба гузориши сайти Паём, Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон Зариф Ализода дар посух ба суоли намояндагони Созмони милали муттаҳид, истифода шудани шиканҷа нисбати Бузургмеҳр Ёров ва аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро комилан рад кард.  

Далели пешниҳодкардаи Ализода баёноти гӯё навиштаи Бузургмеҳр Ёров ба додситонӣ будааст, ки ӯ дар он шиканҷа шуданашро дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё зиндон рад мекунад.

Омбудсмен ба ин назар аст, ки шиканҷа бофтаи наздикони Бузургмеҳр Ёров аст.

Дар бораи шиканҷа агар наздикони маҳбус хабар надиҳанд кӣ бояд хабар диҳад?

Ҷамшед Ёров

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр ба ваколатдори ҳуқуқи инсон пешниҳод мекунад: “аз ӯ таклиф дорам,  ки ин баёнотҳоро барои тасдиқи он, ки нисбати Бузургмеҳр шиканҷа истифода бурда нашудаанд, расонаӣ кунад”.

Аммо дар бораи мактубҳо мегӯяд: “Баёноти якум бо дасти каси дигар навишта шуда, факат навиштаҷоти «баёнотро хондам, он аз суханои ман навишта шудааст»  ва имзо бо ҳусни хати Бузургмехранд. Аввали баёноти дигар ки ҳаммазмуни баёноти аввала аст бо дасти шахси бегона навишта шудааст, давомаш ки дар он оиди истифода нашудани шиканҷа ва хуб будани шароити нигоҳдошт сухан меравад дар ҳақиқат бо ҳусни хати Бузургмеҳр аст”.

Бародари Бузургмеҳр мутмаин аст, ки ин баёнот зери фишору шиканҷа гирифта шудаанд: “чӣ зарурият буд барои гирифтани  ду баёнот ба унвони сардори СРИЧЧ Вазорати Адлия Ш. Изатулло? Барои чи баёнотхо пурра ба дасти Бузургмеҳр Ёров навишта нашудаанд? Дар ҳолати маҳдудияти муошират ба адвокат, дарки бенатича будани даъво оиди шиканҷа ва шароити нигоҳдории маҳбусон, розӣ шудан ба чунин тарзи навиштани баёнот ин як воситае мебошад, ки бо он Бузургмеҳр  оиди зери фишор навиштани баёнотҳои мазкур ба мо ишора мекунад”.

Ҷамшед Ёров мегӯяд осори шиканҷа дар бадани Бузургмеҳрро ҳатто модараш мушоҳида кардааст: “Модарам низ аломатҳои шиканҷаро дар бадани Бузургмеҳр дида буд. Қаблан ҳам вақте модарам бо Бузургмеҳр  вомехӯрду ягон аломат ё изи шиканҷаро медид, ба мо мегуфт”.

Бузургмеҳр Ёров

Ҷамшед инчунин мегӯяд ҳангоми дар боздоштгоҳ буданаш онҳое, ки бо Бузургмеҳр дар як ҳуҷра менишастанд, дар бораи намудҳои шиканҷаи нисбати ӯ истифодашуда ҳикоя кардаанд, ки иборатанд аз “латукуб бо дубинкаи резинӣ, пурра луч кардану соатхои тӯлонӣ рост истодан, надодани имконияти дарозкашӣ дар рӯз, дашному ҳакорату таҳдид, бе асоси қонунӣ ба мӯҳлати тӯлонӣ ба картсер ҷой кардан, надодани лавозимоти хоб, маҷбуран дар рӯи фарши бетонӣ шабро рӯз кардан” ва ғайра.

Шиканҷаи Бузургмеҳр ҳади ақал то тирамоҳи соли гузашта идома кардааст: “Ҳолати охирон ки ба мо маълум шуд, тирамоҳи соли гузашта буд. Ҳангоми вохӯрии модарам бо Бузургмеҳр дар муассисаи тафтишотии СРИЧЧ Вазорати Адлияи Тоҷикистон №1 шаҳри Душанбе, Бузургмеҳр оиди истифодаи шиканҷа нақл карда, модарам низ аломатҳои шиканҷаро дар бадани Бузургмеҳр мушоҳида карда буд” — мегӯяд Ҷамшед Ёров.

Ӯ даъвои Ализодаро, ки “гуё даъвоҳоро оиди шиканҷа хешу табори  Бузургмеҳр сохтаанд” беасос ва бесаводона номида суол мегузорад, ки “ғайр аз ҷабрдидаи шиканҷа ва хешу табори ӯ даъворо ки метавонад нависад? Магар намояндаҳои мақомоти қудратӣ худ нисбати худ ариза оиди истифодаи шиканҷа менависанд? Оё омбудсмен  бо ташабуси худ ягон тафтиш вобаста ба истифодаи шиканҷа оғоз кардааст, ва агар оғоз карда бошад он ба чӣ анҷом ёфтааст?”

Сабти навори Маҳмадалӣ Ҳаит магар далел нест?

Ҷамшед Ёров, ки вакили дифоъи Маҳмадалӣ Ҳаит, ҷонишини раиси ҲНИТ ҳам буд, мегӯяд бо машварат бо Ҳаит бинобар фармоишӣ будани парвандаи ӯ аз шикоят оиди шиканҷа даст кашидаанд: “Чунки даъвои мазкур метавонист ҳолати ӯро  хангоми тафтишоти пешакӣ ва мурофиа судӣ бадтар кунад”.

Вале “ҳангоме, ки дар воситаҳои ахбори омма наворе, ки Маҳмадалӣ Ҳаит оиди латукӯб ва шиканҷа бо овардани ному насаб ва рутбаи ҷинояткорон сухан меронад, аризаи адвокати ӯ барои оғози тафтиш лозим нест.”

Тибқи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»:

Ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ дар доираи салоҳияташ санҷишҳо гузаронад.

Маҳмадалӣ Ҳаит

“Пас чаро Омбудсмен бо ташаббуси худ маълумот оиди шиканҷа шудани Маҳмадали Ҳаитро насанчид?” суол мегузорад вакили ӯ.

Ҷамшед Ёров мегӯяд, дар рафти мурофиа судии Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар аъзои ҲНИТ, намояндаи Омбудсмен ҳам чанд рӯз иштирок дошт. Дар ин мурофиа шоҳидон оиди шиканҷа нисбати худ барои гирифтани нишондоди лозима гуфта гузаштанд. Вале омбудсмен ягон вокуниш нишон надод.

Дар бораи ин ки чаро вакилони аъзои маҳкумшудаи ҲНИТ оиди шиканҷа нисбати зерҳимояҳояшон  даъво накарданд, Ҷамшед Ёров мегӯяд “дар шароити онвақта ва инчунин имрӯзае, ки адвокатураи тоҷик қарор дорад, пешниҳоди  чунин даъво барои худи адвокат хатари ҷиддӣ дошт ва дорад”.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s