Ҷамшед Ёров, вакили дифоъ ва узви Шӯрои Раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик, дар ёддоште, бо баёни ин ки “шиканҷа дар Тоҷикистон хело васеъ истифода бурда мешавад” ва “ҷавоби Омбудсмени Тоҷикистон ба Кумитаи СММ оиди ба шиканҷаро ман қаноатбахш ва асоснок ҳисоб намекунам” ва бо ишора ба ин ки “нисбати Бузургмеҳр Ёров дар ҳақиқат шиканҷа истифода бурда мешуд”, навиштааст: “Аз ӯ (Ализода) таклиф дорам, ки ин баёнотҳоро барои тасдиқи он, ки нисбати Бузургмеҳр шиканҷа истифода бурда нашудаанд ва суханони ман дурӯғ мебошанд, расонаӣ кунад.”
Машрӯҳи ёддошти Ҷамшед Ёров ба нақл аз сафҳаи ӯ дар Фейсбук ба шарҳи зерин аст:
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Тоҷикистон яке аз усули маъмулӣ “кушодашавии ҷиноятҳо” ин истифодаи шиканҷа аст. Шиканҷа асосан дар рафти тафтишоти пешакӣ барои гирифтани нишондоди зарурӣ аз боздоштшудагон истифода бурда мешавад.
Ҳарчанде, ки Ҳукумати Тоҷикистон низ истифодаи шиканҷаро эътироф мекунад, вале механизмҳои пешгирӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳгорон қаноатбахш нестанд. Баррасии парвандаҳо вобаста ба ҳолатҳои шиканҷа дуру дароз тӯл мекашанд ва одатан ё ба қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба набудани аломати ҷиноят ва ё бо ҷурми “берун баромадан аз ваколатҳои хизматӣ” нисбати гумонбаршудаҳо ба итмом мерасанд. Аз сабаби он, ки аҳолӣ ба адолати судӣ боварӣ надорад, бисёриҳо оиди шиканҷа шикоят намекунанд, чунки шикоят метавонад боиси вазнин шудани ҳолати онҳо гардад.
Мисол метавонам парвандаи Зайдуллоев Ш.С.-ро овард, ки аз рӯзи марги ӯ дар Бинои Агентии муборизаи зидди маводҳои нашъдор моҳи апрели соли 2015 дар натиҷаи шиканҷа ба ҳалокат расида буд. Ҳарчанде, ки аз тарафи Прокуратураи генералӣ парванда вобаста ба истифодаи шиканҷа оғоз карда шуда буд, вале то ҳол ин қазия ҳалли худро наёфтааст. Муддати зиёда аз се сол мешавад, ки волидайни марҳум Зайдуллоев Ш. дар ҷустуҷӯи ҳақиқат мебошанд.
Дар маърӯзаи худ прокурори генералии Тоҷикистон дар Женева гуфта гузашт, ки дар давраи ҳисоботӣ фақат ба се нафар бо қарори суд ҷубронпулӣ барои расонидани зарари маънавии дар натиҷаи шиканҷа таъин карда шудааст. Ин дар он ҳолате аст, ки шиканҷа дар Тоҷикистон хело васеъ истифода бурда мешавад.
Ҷавоби Омбудсмени Тоҷикистон ба Кумитаи СММ оиди ба шиканҷаро ман қаноатбахш ва асоснок ҳисоб намекунам.
Нисбати Бузургмеҳр Ёров дар ҳақиқат шиканҷа истифода бурда мешуд. Оиди он, ки ҳоло истифода бурда мешавад ё не, чизе гуфта наметавонам, чунки ягон маълумоти дақиқе надорем. Хислати Бузургмеҳр чунин аст, ки ӯ ҳеч гоҳ оиди шиканҷа нисбати худ шикоят намекард. Вале дар бораи шиканҷа шудани ӯ ман аллакай ҳангоми дар муассисаи тафтишотӣ буданам соли 2016 аз нафароне, ки ҳамроҳи ӯ дар як ҳуҷра нигоҳ дошта мешуданд огоҳ будам. Ин шиканҷаҳо дар намуди лату кӯб бо “дастачӯби резинӣ”, соатҳои тӯлонӣ рост истодан, надодани имконияти дамгирӣ дар рӯз, дашному ҳақоратҳою таҳдид ва пурра луч кардану соатҳои тӯлонӣ рост истодан, бе асосҳои қонунӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ба карцер ҷой кардани ӯ, надодани лавозимоти хоб, маҷбуран дар рӯи фарши бетонӣ шабро рӯз кардан ва ғайра ифода меёфтанд.
Ҳолати охирон, ки ба мо маълум шуд, тирамоҳи соли гузашта буд. Ҳангоми вохӯрии модарам ба Бузургмеҳр дар муассисаи тафтишотии СРИЧЧ Вазорати Адлияи Тоҷикистон №1 шаҳри Душанбе, Бузургмеҳр худ оиди истифодаи шиканҷа нақл кард. Модарам низ аломатҳои шиканҷаро дар симои Бузургмеҳр дида буд.
Бояд қайд кард, ки пеш аз ин модарам чанд маротиба ба Бузургмеҳр вохӯрда буд, ва агар ягон аломат ва ё изи шиканҷаро медид, ба мо мегуфт. Барои ҳамин ягон асосе нест, ки мо ба суханони Бузургмеҳр ва модари худ бовар накарда, онҳоро дурӯғ ҳисобида, мавқеъи намояндаҳои мақомоти қудратиро, ки дар муассисаҳои ба онҳо таъаллукдошта соле чандин нафарон дар натиҷаи шиканҷаҳо вафот мекунанд, бовар кунем.
Фақат баъди вокунишҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи башар оиди ин ҳодиса намояндагони мақомоти қудратии Тоҷикистон аз Бузургмеҳр ду баёноти якхела мегиранд, ки гӯё нисбати ӯ ягон шиканҷа истифода бурда нашудааст.
Баёноти якум бо дасти каси дигар навишта шуда фақат навиштаҷоти “баёнотро хондам, он аз суханони ман навишта шудааст” ва имзо бо ҳусни хатти Бузургмеҳранд.
Аввали баёноти дигар, ки ҳаммазмуни баёноти аввала аст, бо дасти шахси бегона навишта шудааст, давомаш, ки дар он оиди истифода нашудани шиканҷа ва хуб будани шароити нигоҳдошт сухан меравад дар ҳақиқат бо ҳусни хатти Бузургмеҳр аст.
Савол ба миён меояд, ки чӣ зарурат буд барои гирифтани ду баёнот ба унвони сардори СРИЧЧ Вазорати Адлия Ш. Изатулло?
Барои чӣ баёнотҳо пурра ба дасти Бузургмеҳр Ёров навишта нашудаанд?
Оё Бузургмеҳр тарзи навиштани баёнотро фаромӯш кардааст?
Ба фикри ман, дар ҳолати маҳдудияти муошират ба адвокат, дарки бенатиҷа будани даъво оиди шиканҷа ва шароити нигоҳдории маҳбусон, розӣ шудан ба чунин тарз навиштани баёнот, ин як воситае мебошад, ки бо он Бузургмеҳр оиди зери фишор навистани баёнотҳои мазкур ба мо ишора мекунад.
Албатта, Омбудсмен суханони манро дар ин бора рад хоҳад кард. Барои ҳамин аз ӯ таклиф дорам, ки ин баёнотҳоро барои тасдиқи он, ки нисбати Бузургмеҳр шиканҷа истифода бурда нашудаанд ва суханони ман дурӯғ мебошанд, расонаӣ кунад.
Даъвои дигари беасос ва бесаводонаи Ваколатдор оиди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон он аст, ки гӯё даъвоҳо оиди шиканҷаро хешу табори Бузургмеҳр сохтаанд ва онҳо беасос мебошанд. Ба ақидаи Омбудсмен, агар даъво оиди шиканҷа аз тарафи хешу табори ҷабрдида ворид гардад, он асос надорад. Ба ғайр аз ҷабрдидаи шиканҷа ва хешу табори ӯ даъворо кӣ метавонад нависад?! Магар намояндаҳои мақомоти қудратӣ худ нисбати худ ариза оиди истифодаи шиканҷа менависанд?
Дар ин ҷо савол ба миён меояд, оё Омбудсмен бо ташаббуси худ ягон тафтиш вобаста ба истифодаи шиканҷаро оғоз кардааст, ва агар оғоз карда бошад, он ба чӣ анҷом додааст?
Оиди шиканҷаҳо нисбати Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар аъзоёни маҳкумшудаи ҲНИТ ҳаминро гуфтаниям, ки ин ҳолатро ман ба Маҳмадалӣ Ҳаит муҳокима кардем. Бино бар сабаби яктарафа ва фармоишӣ будани парвандаи ӯ, тасмим гирифтем, ки оиди ин ҳолат даъвое накунем. Чунки даъвои мазкур метавонист ҳолати ӯро ҳангоми тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ бадтар кунад.
Барои ҳамин ҳам ман, чун вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳаит, вобаста ба шиканҷаҳо ариза нанавистам. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё дар бораи қонунгузории ҷиноятӣ тасаввурот надорад ва ё мутобиқи дигар кодекси мурофиавии ҷиноятии ба мо номаълум амал мекунад.
Ҳангоме, ки дар воситаҳои ахбори омма (интернет) Маҳмадалӣ Ҳаит вобаста ба лату кӯб ва шиканҷа бо овардани ному насаб ва рутбаи ҷинояткорон сухан меронад, аризаи адвокати ӯ барои оғози тафтиш лозим нест. Оё Прокуратураи генералӣ ва Омбудсмен вобаста ба нишондоди Маҳмадалӣ Ҳаит ягон амалро иҷро карданд?
Чаро Омбудсмен бо ташаббуси худ маълумот оиди шиканҷа шудани Маҳмадалӣ Ҳаитро насанҷид? Ҳол он, ки мутобиқи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”:
— ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ дар доираи салоҳияташ санҷишҳо гузаронад.
Оё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ягон маълумот оиди он оварда метавонад, ки ӯ бо ташабусси худ вобаста ба ҳолатҳои шиканҷа ягон вокуниш ё амале иҷро карда бошад?
Ё ин ки мисоли дигар, дар рафти мурофиаи судии Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигарон намояндаи Омбудсмен як чанд рӯз иштирок дошт. Дар ин мурофиа шоҳидон оиди шиканҷа нисбати худ барои гирифтани нишондоди лозима гуфта гузаштанд. Чаро Омбудсмен ягон вокуниш нишон надод барои санҷидани ҳолати истифодаи шиканҷа?
Ҳамин тариқ, ҳангоме, ки Омбудсмен мустақилиятӣ ва беғаразии худро гум кардааст ва рисолати худро софдилона ва нотарсона иҷро карда наметавонад, оё мо метавонем ба суханони ӯ оиди истифода нашудани шиканҷа нисбати маҳбусони сиёсӣ бовар кунем? Ҳаргиз не!
Вобаста ба он, ки чаро адвокатҳои аъзоёни маҳкумшудаи ҲНИТ оиди шиканҷа нисбати зерҳимояҳояшон даъво накарданд, метавон гуфт, ки дар шароити он вақта ва ҳатто имрӯзае, ки адвокатураи тоҷик қарор дорад, пешниҳоди чунин даъво барои худи адвокат хатари ҷиддӣ дошт ва дорад. Фақат пас аз он, дар Тоҷикистон мақом ва мартабаи адвокатура ба дараҷаи лозима оварда шавад, мустақилияти он пурра таъмин карда, кафолатҳои фаъолияти адвокатӣ риоя шавад, ҳуқуқи адвокат пурра ва бетаъхир риоя карда шавад, фақат он гоҳ Омбудсмен метавонад даъво кунад, ки “шиканҷа набуд, чунки адвокати боздоштшуда шикоят накардааст”.
Ҷамшед Ёров, вакили дифоъ ва узви Шӯрои Раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик
Рубрики:Ҳуқуқи башар