Темур Варқӣ
Ҳаддиақал 6 моддаи Қонуни асосии Тоҷикистон тавассути Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ахираш дар 12 май нақз шуданд. Ҳофизи қонун, ки дар муддати 24 соли ҳукмронӣ ҳангоми маросими таҳлиф (қасамёдкунӣ) бе гумон чандин бор шаклу сурати “Қонуни асосӣ”-ро дидааст, зоҳиран чизеро, ки ба он савганд ёд карда, ҳаргиз боз накарда ва нахонда ва мутаваҷҷеҳ ҳам нест, ки ӯ зомини чӣ чизе мебошад.
Эмомал Раҳмон гуфтааст: “Ҳизби террористии наҳзат пурра мазҳаби шиаро қабул кардагӣ аст”.
Ҳамчунин, тибқи гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, “Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла аз Эшони Қиёмиддин Ғозӣ ёдовар шуд, ки “ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак “дӯст”-и мо пурра мазҳаби шиаро қабул карда, бо супориши сохтори ҷосусии ин кишвар зидди миллати тоҷик кор бурда истодааст.”
Аввалан: дар мавриди қонунӣ будани барчаспи “ҳизби террористӣ” (дар хусуси ҲНИТ), Ҳукумати Тоҷикистон то ҳанӯз на ба ҷомеа, на ба шарикони худ дар кишварҳои пасшӯравӣ (СНГ), на ба Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (ОДКБ) ва Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) ва на ба ҳеч як аз ниҳодҳои байналмилалӣ, ба хусус Интерпол ва созмонҳои ҳуқуқи башар, натавониста як далели малмус бар террористӣ будани ҲНИТ нишон бидиҳад. Додгоҳи мустақил низ дар хусуси раҳбарони ин ҳизб баргузор нашуда. Тамоми ҷаласаҳои додгоҳи онҳо низ бо унвони маҳрамона табақабандӣ шудаанд. Вакилони мудофеъе, ки дар он ҷаласаҳо ширкат доштанд, баъзеяшон боздошт ва зиндонӣ шуданд ва баъзе ҳам ночор ба муҳоҷират аз кишвар гардиданд.
Агар Эмомалӣ Раҳмон мадраку далеле дар даст дошта ва мутмаин аст, ки фаъолияти ҲНИТ террористӣ будааст, ман, ба ӯ ва атрофиёнаш пешниҳод мекунам, ки ин далелу мадракҳоро барои ҷаҳониён нишон бидиҳанд ва як додгоҳи байналмилалӣ барои ин ҳизб баргузор шавад. Ман, ба унвони як инсони секулор, ки дар ин маврид шакке нест – албатта, на танҳо ман, балки дигарон низ – алоқаманд ҳастам, то ба далелу мадракҳои ҳамаи тарафҳо, ва низ ба назари додситон ва вакилони мудофеъ гӯш супорам ва пурсишҳои худро матраҳ ва посухи лозимро дарёфт намоям. Лутфан махфикорӣ накунед оқоён, аз равшанӣ натарсед агар дар ҳаққонияти худ мутмаин ҳастед!
Сониян: Эмомалӣ Раҳмон вақте аъзои ҲНИТ ва кулли ин ҳизб-ро ба интиқол ба мазҳаби шиа муттаҳам мекунад, ба унвони чӣ касе сухан мегӯяд? Оё мо бо “оятуллоҳи узмои” Тоҷикистон рӯ ба рӯ ҳастем? Барои раҳбари як кишвари “демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва секулор” (тибқи Қонуни асосӣ), чунин нақше бисёр пучу бемаъност. Шояд Эмомалӣ Раҳмон мансаби шайхулислом, поп, Далай Лама ва ордени Тамплиер ва мансаби риёсати ҷумҳуриро ба ҳам ҷамъ кардааст? Оё мо аз чизе бехабарем? Оё шаҳрвандони Тоҷикистон ин мансабҳоро якҷо ва дар тайи як раъйпурсӣ, ба ҷаноби Раҳмон эъто кардаанд, ё ин ки бо суистифода аз қудрат Раҳмон ҳамаи ин мансабҳоро барои худ эъто кардааст? Шояд, Тоҷикистон ба як аморати ваҳҳобӣ ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон табдил гардида ва мо ҳам бехабар?!
Вагарна, барои мани секулор, воқеан номафҳум аст, ки пайрави мазҳаби шиа будан — ки як мазҳаби исломӣ аст – ва ё шиа шудан дар як кишвари демократӣ, чӣ “ҷинояте” будааст?! Ин барои мани секулор воқеан номафҳум аст!
Ҳамаи “гуноҳи” Эшони Қиёмуддини Ғозӣ дар баробари ҳукумат ин аст, ки ӯ шиа шуда будааст? Оё Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигарон низ аз ин пас “душманони Тоҷикистон” шумурда мешаванд?
Ва ин, дар ҳоле аст, ки на дар Қонуни асосии Тоҷикистон ва на дар ҳеч як аз қонунҳои ҷории кишвар, ҷое наёмада, ки гароиш ба ин ё он дину мазҳаб мамнӯъ бошад. Воқеан, кишвар ва ҷаҳон аз чизе бехабар ва намедонанд. Оё дар қомуси Эмомалӣ Раҳмон — ки ба роҳи “демократӣ” ба унвони раисиҷумҳур барои муддати 24 сол ва то охири умр “интихоб” шудааст — динҳо ба “дини ҳақ” ва “дини ноҳақ” тақсим мешаванд? Аз назари қонуни мавҷуд дар кишвар, иттиҳоми шаҳрвандон ва ё гурӯҳе аз шаҳрвандон ба гароиш ба ин ё он дину мазҳаб ва ё пойбанд набудан ба дин, то чӣ андоза дуруст аст?
Илова бар ин, дар ин ҷо, на танҳо аз чорчӯби ихтиёроти қонунӣ хориҷ шудани раҳбари як давлати секулор ва дахолати беҷои ӯ дар масоили динӣ дида мешавад, балки як дурӯғ ва тӯҳмати ошкор низ аз ӯ содир шудааст. Зеро, на Эшони Қиёмуддини Ғозӣ ва на ҲНИТ, то ҷое, ки медонам, мазҳаби худро дигар накардаанд. Аз ин рӯ, худи ҳамин фарзия ва эълони он, на танҳо дурӯғ аст, балки як таваҳҳуми холӣ ва беасос ва пуч аст. Ва чунин изҳороте барои як бесавод ва оммӣ қобили узру бахшоиш аст, аммо на барои раҳбари як кишвар.
Аммо аҷибаш як таноқузи ошкор аст, ва он ин ки: иттиҳоми беасоси ҲНИТ – ҳизбе, ки аз ҳимояти аксари суннимазҳабони Тоҷикистон бархӯрдор аст – ба ин ки ба куллӣ шиъа шуда будааст, дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва мубаллиғони ӯ, ин ҳизби опозитсиониро ба иртибот бо ДОЪИШ муттаҳам мекунанд. Ҳар инсони аз назари сиёсӣ огоҳ ва солимақл, ки андаке ҳам аз масоили исломӣ бохабар бошад, медонад, ки шиаён ва ДОЪИШ душманони қасамхӯрдаи якдигар ҳастанд. Аммо аз манзари дастгоҳи таблиғоти раҳмонӣ, опозитсияи Тоҷикистон ҳамзамон “шиа” ва “доъишӣ” ҳастанд. Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳукумат на инашро собит кардааст ва на онашро.
Ва дар охир, ин изҳороти Раҳмон ҳаддиақал зери яке аз моддаҳои ҷиноӣ аз ҷумла: “барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” дохил буда ва нақзи ошкори моддаи 30 Қонуни асосӣ аст:
“Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст”.
* * *
Қисматҳое аз Қонуни асосии Тоҷикистон:
Моддаи 8
Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Моддаи 17
Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.
Моддаи 19
Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.
Моддаи 20
Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.
Моддаи 26
Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.
Моддаи 30
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Дидгоҳ