Ахбори Анҷуман

Паёми таслияти АОТ ба муносибати даргузашти Устод Мӯъмин Қаноат

Бегумон, андӯҳи мо дар ғами аз даст додани шоири дӯстдоштаниамон Устод Мӯъмин Қаноат дар вожаҳо намегунҷад. Он устоди шеъру марди озодӣ, дар замоне мо тоҷиконро тарк гуфт, ки вуҷудаш умедбахш ва нафасаш поксозандаи фазои аз ҷиҳати маънавӣ олудаи ҷомеа буд.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик даргузашти Устод Мӯъмин Қаноатро ба мардуми шоирпарвари тоҷик ва ба хусус аҳли қалам ва махсусан хонаводаи ӯ аз самими қалб таслият мегӯяд ва ба бозмондагони он азиз сабри ҷамил мехоҳад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, Устод Мӯъмин Қаноат 2 майи соли 1932 дар деҳаи Курговад дар Дарвоз дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Таҳсилоташро дар мактаби рустояш фаро гирифта, сипас дар колхоз кор кардааст.

Нахустин ашъораш дар поёни даҳаи 40-уми садаи бист дар рӯзномаи вилоятии Ғарм чоп шудаанд. Вай соли 1956 бахши забоншиносии тоҷикӣ дар донишкадаи ториху забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст.

Солҳо дар ҳайъати таҳририяи маҷаллаи “Садои Шарқ” кор карда нахуст масъули бахши назм, сипас дабири масъули маҷалла буд. Чанд замоне ҳам сарвиростории нашриёти “Ирфон”-ро бар зимма дошт.

Аз соли 1961 то соли 1991 узви Иттиҳодияи нависандагони ИҶШС буд. Мудири шӯъбаи назм, котиби масъули маҷаллаи “Садои Шарқ” (1956-1966), муовини раиси Садорати ИНТ (1968-1976), аз 1976 то 1991 котиби якуми Раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. Директори Институти осори хаттии АИ ҶТ (1991). Раиси Кумитаи корҳои байналхалқии Шӯрои Олии ИҶШС (1991). Замоне узви Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (аз 1962 то оғози даҳаи 1990), узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Намояндаи халқии ИҶШС (1989-1991) (иҷлосияи X—XI), котиби Раёсати Иттиҳоди нависандагони ИҶШС, раиси Кумитаи тоҷикистонии пуштибонӣ аз сулҳ, узви Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ, узви Кумитаи Шӯравии ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африко буд.

Нахустин маҷмӯаи ашъори Мӯъмин Қаноат соли 1960 бо номи “Шарора” ба табъ расида буд. Соли 1977 барои достонҳои “Сурӯши Сталинград” ва “Модарнома” ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кард.

Ин достонҳо сипас чун осори сарфарозшуда ба ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо мунташир ва ба дигар забонҳо баргардон шудаанд: аз он ҷумла,ба русӣ “Голоса Сталинграда”, “Советский писатель”, М., 1979 ва нашриёти “Ирфон” (1979), дар Фрунзе ва Нуқусе (1980). Чопи қирғизии ин осор “Достони Оташ” ва ғазалҳои устодро низ дар бар дошт. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. То кунун беш аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст. Достонҳои “Сурӯши Сталинград”, “Тоҷикистон – исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” ӯро аз маъруфтарин шоирони порсигӯйи садаи 20 кардаанд. Яке аз тозатарин осораш достони “Масъуднома” аст, ки дар бораи Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд суруда шудааст.

Сурудаи зерин аз сурудаҳои ахири он устод буд:

Аз халиҷи Форс меояд насими форсӣ,

Абр аз Шероз меояд чу сими форсӣ,

Дурр аз ин дарё намеҷӯям, чу дур афтодааст

Аз таги дарё таҳи чашми ятими форсӣ.

Мерасад аз киштии бишкаста шеъри бешикаст,

Шеър ҳам бишкаст бо панди қадими форсӣ.

Шайхро сармаст дидам як шабе аз бӯи нафт,

Рафт бо атри кафан атру шамими форсӣ.

Боре дигар даргузашти Устод Мӯъмин Қаноатро барои ҳамаи азизони ҳамватан таслият арз мекунем.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s