Ҳуқуқи башар

Созмони Милал аз Тоҷикистон озодии муовини раиси ҲНИТ-ро талаб кард

Ба гузориши сайти Ахбор, гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона боздошт ва ба ҳабси абад маҳкум шудани муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайитро боздошти худсарона ва хилофи қонун арзёбӣ карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ӯро билофосила озод карда, ба ин сиёсатмадори мухолиф ҷуброн пардохт кунад. Гурӯҳи корӣ аз Тоҷикистон барои иҷрои ин тавсия 6 моҳ фурсат додааст.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона арзёбии парвандаи муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Ҳайит Маҳмадалӣ Раҳмоновичро рӯзи 17 апрел анҷом дода ва рӯзи 10 май дар 13 саҳифа ва 88 банд ба ду созмони ҳуқуқииFreedom Now ва Hogan Lovells LLP ирсол кардааст. Дар ин бора Freedom Now дар сомонаи расмиаш хабар дод.

Freedom Now ва Hogan Lovells LLP моҳи сентябри соли 2017 аз номи Маҳмадалӣ Ҳайит ба ниҳодҳои ҳуқуқи башари Созмони Милал расман шикоят бурда буданд.

Гурӯҳи кории Созмони Милал мегӯяд, дар ин муддат шикояти ин ду созмон ва ҳамчунин посухи расмии ҳукумати Тоҷикистонро, ки моҳи марти соли ҷорӣ дарёфт кардааст, омӯхта, ба хулосае расидааст, ки Маҳмадалӣ Ҳайит моҳи сентябри соли 2015, дар пайи ошӯби нокоми генерал Абдуҳалим Назарзода мавриди боздошти худсарона қарор гирифтааст.

Гурӯҳи кории Созмони Милал дар хулосааш аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки Маҳмадалӣ Ҳайитро билофосила озод карда, ба ӯ ҷуброн пардохт кунад. Аз ҳукумат ҳамчунин хоста шудааст, то парвандаи Маҳмадалӣ Ҳайит аз нав ва ин дафъа тибқи қонун ва бо риояи комили ҳуқуқи ӯ ба муҳокимаи одилонаи додгоҳӣ баррасӣ шавад. Аз ҳукумат ҳамчунин тақозо шудааст, то қонунҳои додгоҳиашро ба меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ мувофиқ гардонад. Гуруӯи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона ба ҳукумати Тоҷикистон барои иҷрои ин хулосаҳои арзёбиаш ним сол фурсат додааст.

Мудири ҳуқуқии Freedom Now Кейт Барт дар вокуниш ба ин арзёбӣ гуфт: «Мо аз дидгоҳи Гурӯҳи корӣ истиқбол мекунем. Аз замони ҳабси Маҳмадалӣ Ҳайит аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯби маъракаи саркӯби ҳизбҳои мухолифи осоишта 975 рӯз гузашт. Ҳукми бениҳоят шадиде, ки ӯ дучор шуд, ҳуқуқи аслии инсонии ӯ, аз ҷумла ҳуқуқаш ба озодии баёнро поймол мекунад. Freedom Now аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба арзёбии Гурӯҳи корӣ эҳтиром гузошта, Ҳайитро билофосила ва бидуни қайду шарт озод кунад.”

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ яке аз 13 тан аз роҳбарони ин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон буд, ки моҳи сентябри соли 2015, дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ-Ҳалим) дастгир шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 28 сентябри соли 2018 ҲНИТ-ро ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карда, фаъолияташро манъ кард ва ин ҳизбро ба рӯйхатҳои сиёҳи ҳам созмонҳои террористӣ ва ҳам созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Моҳи июни соли 2016 Додгоҳи олии Тоҷикистон ду муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайниро ба ҳабси абад ва 10 тани дигарро ба муҳлати аз 16 то 28 сол маҳкум ба зиндон кард. Як иттиҳоми асосии зидди онҳо даст доштан дар ҳамон ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 буд. Иттиҳоме, ки ҲНИТ ва роҳбарони боздоштшудааш, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳайит ҳамеша рад мекунанд.

Чанд созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ҳайит ва дигар аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро маҳбуси сиёсӣ номида, мегӯянд, ки онҳо барои фаъолиятҳои сиёсиаш мавриди таъқиб ва чунин муҷозоти шадид қарор гирифтаанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон вуҷуди маҳбусони сиёсиро дар кишвар рад мекунанд ва мегӯянд, даст доштани ҲНИТ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ҷои тардид надорад.

Дар посухи худ ба Гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона дар робита ба парвандаи Маҳмадалӣ Ҳайит низ мақомоти Тоҷикистон ба ҳамин нукта таъкид карда, иддаоҳо дар бораи мавриди шиканҷа, бадрафторӣ ва маҳрумияти ҳуқуқӣ қарор гирифтани ӯро рад кардаанд. Аммо Гурӯҳи корӣ посухи ҳукуматро ба суолҳои гузоштааш нокофӣ номида, гуфтааст, ки далелҳои овардаи ҳукумат натавонист шакку шубҳаҳои мавҷуда дар бораи ноодилона маҳкум шудани ин сиёсатмадори мухолифро аз байн бубарад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s