Дидгоҳ

Дар намоишҳои баъдӣ давлат аз ҳунарпешаҳои ҳирфаитар баҳра биҷӯяд

Ёддошти Дориюши Раҷабиён

Намоише, ки имрӯз (душанбе) дар баробари сохтмони Сафорати Эрон дар Душанбе рӯи саҳна рафт, супоришӣ ва давлатӣ буд. Бисёре аз нозирон аз ин ҳақиқат бахубӣ огоҳанд, аммо бад нест нишонаҳои боризи супоришию давлатӣ будани “эътирозот”-е аз ин дастро баршуморем, то ин ҳақиқат барои ҳамагон равшан шавад:

1) Дар Тоҷикистон аз дербоз таҷаммуъи эътирозӣ баргузор намешавад. Танҳо тазоҳуроте, ки баргузор шуда, дар мухолифат бо рақибони давлат будааст; ва ин яке ҳам мустасно нест;

2) Шиъорҳо ба як шева ва ҳатто як дастхат нивишта шуда буд ва шаклу намо ва забону баёни ҳукуматӣ дошт ва ҳеч кадом баёнгари нигарониҳо ва эътирозоти воқеъии мардум набуд. Шиъорҳое аз қабили “Дӯстии Тоҷикистону Эронро ҳурмат кунед” фақат аз зеҳну қалами давлат бармеояд;

3) Ҷомеъаи Тоҷикистон башиддат сиёсатзудоӣ шуда ва мардум аз баёни дидгоҳҳои сиёсӣ қадди аҷал метарсанд, чи бирасад ба ин ки дар як тазоҳуроти худҷӯш ширкат кунанд. Масъалаи ҲНИТ ҳаргиз дағдағаи мардум набудааст. Бавежа ҳоло, ки ин ҳизб баста шуда ва раҳбаронаш дар Урупо ё дар зиндон ҳастанд, барои мардуми ъодӣ кӯчактарин далеле барои эътироз ъалайҳи ҲНИТ вуҷуд надорад. Мушкилоти маъишии мардум ба андозае бисёр аст, ки ҲНИТ ба гӯшаи зеҳни мардум ҳам намерасад;

4) Ҳамлаи зан ба пулиси мусаллаҳ бидуни ҳеч таҳрике аз сӯи маъмури пулис сурат гирифт ва комилан бедалел буд. Як саҳнасозии ношиёна ва беҳунарона барои эҷоди ин тасаввур буд, ки гӯё тазоҳурот худҷӯш асту давлатӣ нест;

5) Мардуми «муътариз» беҳолу берамақ буданд ва ғолибан чашмонашонро пушти лабаи кулоҳ пинҳон карда буданд ё аз дурбин гурезон буданд ё ба поин нигоҳ мекарданд. Рафтори як муътаризи ростин бепардаву бебокона аст, ки ҳатто як маврид ҳам дар ин мазҳака дида нашуд. Суханони ду-се касе, ки суҳбат мекарданд, берабту парешон ҳамроҳ бо ъасабонияти дурӯғин буд. Фарёди эътироз беҷону ларзон буд. Ҳеч кадом бозигари хуб набуданд.

6) Ин тазоҳурот нуҳ рӯз пас аз суханронии Раҳмон ъалайҳи ҲНИТ ва «кишварҳои дар нохунак дӯст» сурат гирифт ва идомаи тахосуми давлатӣ ъалайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Инҳо нукоти аслӣ буд, ки намоишӣ ва дурӯғин будани тазоҳуротро барҷаста мекард.

Кӯтоҳсухан, агар хостаанд бо ин мазҳака ҷомеъаи байнулмилалиро гӯл бизананд, худашон гӯл хурдаанд.

Тавсия мешавад дар намоишҳои баъдӣ давлат аз ҳунарпешаҳои ҳирфаитар баҳра биҷӯяд.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s