Темур Варқӣ, хабарнигор, шоир ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик хабар дод, ки ба зидди ӯ дар Тоҷикистон бо иттиҳоми машҳури «даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ» парванда кушода, маслиҳаташ додаанд, ки ихтиёран баргардад. Темур Варқӣ ин иттиҳомотро бофта ва хидмати хирсонаи гуруҳҳои муайяне меноманд, ки обрӯи ҳукумати Тоҷикистонро дар чашми ҷомиаи ҷаҳонӣ боз пасттар мекунад.
Темур Варқӣ, хабарнигор, шоир ва сиёсатмадори тоҷик дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ба зидди ӯ дар Тоҷикистон бар асоси чанд банд Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла бар асоси моддаи машҳури 307 парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Моддаи 307 бо чанд «прим»-аш иттиҳомоти сиёсие сар карда аз даъватҳо ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ то узвият дар созмони ифротии фаъолияташон бо ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистон манъшударо дар бар мегирад.
Темур Варқӣ, ки аз поёни соли 1992 берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва ахиран дар Фаронса мақоми паноҳандаи сиёсӣ ба даст овард, яке аз асосгузорони Анҷумани озодандешони тоҷик аст, ки моҳи феврал таъсис ёфт.
Пиромуни ҷузъиёти парвандаи ҷиноии ин шоиру хабарнигори тоҷик сомонаи «Ахбор» сӯҳбати ихтисосӣ бо Темур Варқӣ анҷом дод:
«Ахбор»: Аз куҷо хабар ёфтед, ки ба зидди шумо парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд?
Темур Варқӣ: Наздикони маро ҳанӯз баъди суханрониам дар анҷумани САҲА дар Варшава дар соли 2017 даъват карда буданд. Як подполковник аз раёсати мубориза бо терроризми ВКД Тоҷикистон, ки номашро намеорам, ба онҳо видеои суханронии маро нишон дода, гуфта буд, ки аз боло дар мавриди оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ман фармон гирифтааст. Асос барои ин парванда он будааст, ки ман бо роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар пушти як миз нишастаам. Ва ин дар толоре, ки онҷо намояндагони созмонҳои баййналмилалӣ, дипломатҳо, ҳомиёни ҳуқуқ, журналистон, намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳузур доштанд. Ба наздикони ман гуфтанд, ки гӯё ман аз террористҳо пуштибонӣ мекунам. Пурсидаанд, ки оё ман узви ҲНИТ ё Гуруҳи 24 нестам?
Асоси дуюм мазмуни суханронии ман буд, чунки ман дар он ҳукумати кунунии Тоҷикистонро зиддиконститутсионӣ номидам. Ман инро ҳоло ҳам мегӯям ва омодаам ба ҳар намояндаи ҳукумат исбот кунам, ки барои чӣ ҳукумати кунунӣ машрӯъ нест? Президент Эмомалӣ Раҳмон чандин бор Қонуни асосиро иваз карда, як кишвари демократии дунявиро ба аморат табдил дод, ки инак 26 сол боз бар он ҳукмронӣ мекунад ва ҳоло мехоҳад қудратро меросӣ кунад. Ман ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун журналист аз ҳуқуқи конститутсиониам барои нишон додани қонушиканӣ истифода мебарам. Зеро дар Қонуни асосӣ ба таври равшан гуфта шудааст, ки ғасб (узурпатсия)-и қудрат мамнӯъ аст.
«Ахбор»: Шуморо мушаххасан ба чӣ айбдор мекунанд? Бар асоси кадом бандҳо?
Темур Варқӣ: То ҷое медонам, ман бар асоси моддаи 307 ва боз ду моддаи дигари Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор мешавам. Яъне даъват ба тағйир додани сохти конститутсионӣ ва сарнагун кардани ҳукумат. Ин як сафсата аст, чунки ман ягон бор на дар маҳзари ом, на дар суҳбатҳои алоҳида ба сарнагун кардани ҳукумати кунунӣ бо роҳи зӯроварӣ даъват накардаам. Чандин бор гуфтаму боз такрор мекунам: Ман мухолифи ҳар навъ хушунатам, чӣ аз тарафи давлат бошад, чӣ аз тарафи оппозитсия. Ман тарафдорони муборизаи фаъолонаи шаҳрвандӣ ва бидуни зӯроварӣ ба зидди фурӯ рафтани Тоҷикистон ба торикистони асримиёнагӣ мебошам.
Онки ман ҳамчун журналист ва шаҳрванд имрӯз ба ҳимоят аз аъзои ҲНИТ ва Гуруҳи 24 менависам, ба маъное нест, ки касе барои ин ба ман пул медиҳад. Касе ба ман пул намедиҳад, балки ман худ Тоҷикистони азизамро як кишвари озоду ҳуқуқбунёд дидан мехоҳам. Иттиҳомоте, ки ба зидди ҲНИТ эълон шудаанд, маро қонеъ намекунанд. Ба ҳукумат пешниҳод мекунам, ки гуноҳи ҲНИТ ва иртиботаш бо созмонҳои террористиро дар додгоҳи байналмилалӣ собит кунад. На СММ, на САҲА, на Эрон ва на Русия – кафилони созишномаи сулҳи тоҷикон – ба айбномаҳои ба зидди ҲНИТ эълоншуда боварӣ надоранд, чунки онҳо дар додгоҳҳои баста сохта шудааанд.
Интерпол ҳам дигар ба мақомоти Тоҷикистон бовар надорад ва роҳбари ҲНИТ-ро аз рӯйхаташ бардошт. Бонки ҷаҳонӣ ва САҲА ба вазорати хориҷа ва Бонки миллии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ба рӯйхати террористҳо даровардани журналистону адвокатҳо, блогнависон ва фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ қонунӣ нест.
Як айбномаи дигари ман ташкили созмони террористӣ аст. Шояд Анҷумани озодандешони тоҷикро дар назар доранд, ки зиёиёни муҳоҷири тоҷик таъсис додаанд. Бале, мо ҳукуматро танқид мекунем. Ин ҳаққи қонунии мост. Мо барои ояндаи Тоҷикистон, барои Тоҷикистон дар ҳақиқат демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд кор мекунем.
«Ахбор»: Шумо навиштед, ки аз шумо даъват кардаанд, то ихтиёран ба Тоҷикистон баргардед. Ин даъватро бо чӣ роҳе ба шумо расонданд?
Темур Варқӣ: Ду рӯз пеш наздикони маро ба ВКД даъват карданд. Парвандаи ҷиноятиро нишон дода, хостанд, то ба ман бирасонанд, ки агар ихтиёран барнагардам, маро тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯ қарор дода, маҷбуран хоҳанд овард. Ва то даме ки барнагардам, хешовандонамро «ғам хоҳанд дод.» Намояндаи ВКД пурсидааст, ки оё ман ягон молу мулк дорам? Зоҳиран мехостанд, ки мусодира кунанд.
Вале ман аз соли 1992 ба ин сӯ дар Тоҷикистон зиндагӣ надорам. Ва ҳатто агар молу мулке ҳам медоштам, Қонуни асосӣ мусодираи молу мулки мардумро манъ кардааст. Ман ягон вақт ба тиҷҷорат машғул набудам ва ҳеҷ зарари иқтисодӣ ҳам ба давлат нарасондаам. Албатта, ба истиснои маблағе, ки аз ҳисоби будҷа барои таъқиби ман сарф карда мешавад.
Ба ман ном ва рақами телефони афсареро, ки ба парвандам машғул аст, расонданд. Вале ман ба касе занг заданӣ нестам. Агар суоле доранд, расман бо мӯҳру имзо бифиристанд. Ваё тавассути саҳифаам дар Фейсбук, ки ҳамеша боз аст, дар тамос шаванд ва ман ба тамоми саволҳояшон ҷавоб медиҳам.
Вале мақомоти Тоҷикистонро аз ҳар навъ кӯшиши осеб расондан ба наздиконам ҳушдор медиҳам. Ин ба обрӯи ҳукумат осеби боз ҳам бештар расонда, онро дар чашми ҷаҳон ҳамчун режиме нишон медиҳад, ки наздикони дигарандешон, аз ҷумла журналистону шоиронро гаравгон мегирад. Ба фикрам, кадоме боз як бори дигар ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон хидмати хирсона кард.
«Ахбор»: Ҳоло чӣ карданиед?
Темур Варқӣ: Ман маҷбурам дар ин бора сохторҳои марбутаи Фаронса, Аврупо ва байналмилалиро дар ҷараён гузорам. Ҳоло дар пайи ҳимояи рисолаам дар яке аз донишгоҳҳои мӯътабартарини Аврупо дар мавзӯи «Таъсири шеъри классикии форсӣ ба шеъри русӣ» мебошам. Ва худам онро барои ташхис ба «Диссернет» мефиристам.
Ва бо ҳар вуҷуд, то даме зиндаам, фикру зикрам, орзуву умедҳоям ҳама бо Тоҷикистон бастагӣ хоҳанд дошт. Бо кишваре, ки Ватани ҳам ман ва ҳам модарам Бахмал Холмуродова, зодаи Кӯлоби бузургвор аст, ки дар хоки Тоҷикистони азизам хобидааст. Ман аз модарам ва падарам – собиқадори ҷанг аз деҳаи Варқи вилояти Бухоро – ин дарсро омӯхтаам, ки ҳамеша ҳақиқатро ошкоро бигӯям ва Ватанамро дӯст дорам.
Даврони диктатураҳо гузашт. Мардуми Тоҷикистон низ ҳаққи як зиндагии шоиста доранд ва бояд нигоҳи худро ба сӯи ҷаҳони дар ҳоли тағйири босуръат бидӯзанд. Ӯзбекистони ҳамсоя нишон дод, ки тағйирот имконпазир ҳаст.
ТЕМУР ВАРҚӢ. ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Темур Варқӣ 26 майи соли 1962 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби русӣ ва риштаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон, нашрияи «Комсомолец Таджикистана”, рӯзномаи «Коммерсантъ»-и чопи Маскав ва хабаргузории «Постфактум”-и Русия кор кардааст. Соли 1992 нашрияи мустақили «Таджик-пресс»-ро созмон дода буд.
Темур Варқӣ дар поёни соли 1992 тарки Тоҷикистон кард ва тақрибан 10 сол дар Маскав, ба ҳайси хабарнигори бахши русии ББС фаъолият дошт.
Ашъори Темур Варқӣ дар маҷаллаҳои «Памир», «Дружба народов»-и чопи Маскав, «Южное сияние»-и чопи Одесса ва маҷмуӯӯаи шоирони руси муқими Фаронса «Из Парижска» нашр шудааст.
Аз соли 2014 дар Фаронса зиндагӣ мекунад. Оиладор, соҳиби фарзанд.
Рубрики:Гуфтугӯ