Муҳаммади Одинабек
Тоҷикистон барои тоҷикон мисли солҳои 1992 дубора хатарнок ва бегона шудааст. Иқдомҳое, ки вақтҳои ахир ҳукумат пеш гирифтааст, солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир меорад. Дар вақти ҷанг беш аз 150 000 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, садҳо ҳазор тоҷики дигар фирорӣ ва хонаҳои даҳҳо ҳазорашон ба оташ кашида, молу мулки садҳо ҳазор тоҷик ба яғмо бурда шуда ва номуси ҳазорон зани покдомани ин миллат мавриди таҷовуз қарор гирифта, номи тоҷик дар ҷаҳон бадном гардид. Ҳамзамон, аз ин мусибати миллӣ, баъзе ҳамсоякишварҳо манфиат бурданд. Хушбахтона, сулҳ шуд, вале он мусибати гузаштаи миллӣ сабаб нашуд, ки номусу ғурури миллии мо бедор шавад, то ки миллат бо ҳам муттаҳид ва дӯсту бародари воқеӣ шаванд.
“Сулҳ” ва идомаи ҷанг бо равишҳои дигар
Бо ин ки “сулҳ” ва “Созишномаи сулҳи Тоҷикистон” ба ҷанги шаҳрвандӣ поён бахшид, вале қатлҳои инфиродӣ ва зиндон намудани ҳаммиллатони мо ҳамоно идома дорад. Бадбахтона, аз рӯзе, ки паймони сулҳро ноҷавонмардона нақз карданд ва шикастанд, террори миллӣ бо суръат ва роҳу равишҳои дигар оғоз шуд. Имрӯзҳо ҳама бо чашми сар дида истодаанд, ки чӣ тавр фарзандони ғаюри миллат яке пушти дигар зиндонӣ ва ё куштаву фирорӣ мешаванд, ва аламовараш ин аст, ки ҳама сукутро ихтиёр кардаанд ва гӯиё навбати худро интизоранд. Чунин ба назар мерасад, ки ин миллат мисли дар ҳоли ҷон кандан аст ва охирин нафасҳои худро мекашад ва ҳама аз дур ӯро наззора мекунанд ва касе ҳам намехоҳад ба кӯмакаш бишитобад.
Чанд мисоле аз давраи ҷанг
Солҳои ҷанги шаҳрванди тоҷикони зиёде барои наҷоти ҷони худ номи миллаташонро дар шиносномаҳояшон ба дигар миллатҳо табдил медоданд ва то имрӯз бо номи он миллати бегона дар ҳар гӯшаву канори дунё зиндагӣ доранд. Оё ин мазлумияти миллат ғурури миллии тоҷиконро бедор намекунад?
Соли 1992 вақте, ки даҳҳо ҳазор гурезаи тоҷик аз шаҳру навоҳии собиқ вилояти Қӯрғонтеппа аз ҷумла Шаҳритусу Қубодиён дар назди марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ дар ноҳияи Қубодиён дар муҳосираи нерӯҳои шибҳинизомӣ ё худ силоҳбадастони ғайритоҷик қарор доштанд, фармондеҳони он ғайритоҷикҳо бо тӯпу тонк вориди майдони гурезаҳо шуда, бузургсолону муйсафедонро ҷамъ намуда чунин хитоб карда буданд:
“Ин ҷо ватани шумо нест, ватани мост, шумо бояд аз ин ҷо равед, мо барои рафтани шумо мошинҳои боркаш ва автобусҳоро тайёр намудем, занҳову кӯдакон дар автобусҳо савор шаванду мардҳо дар мошинҳои боркаш, мо шуморо то Фахробод гусел мекунем”.
Мардуми зиёде, ки макри ин ғайритоҷикҳоро бовар намуда, аз марз баргаштанд, мутаассифона тамоми мардҳояшон кушта шуду занҳояшон мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтанд. Ин тарҳу барномаҳои “поксозиҳои миллӣ”-е, ки дар ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён амалӣ гардид, дар ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Ҷиликӯл, Регар ва Ҳисор ҳам айнан ҳамин тавр сурат мегирифт.
Афсӯс, ки тоҷик то ҳанӯз бедор нашудааст. Баъди ин қадар хориву зории миллат, ҳувияту ғурури миллӣ ҳоло ҳам бедор нашудааст? Тамоми он силоҳбадастони ғайритоҷике, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хуни фарзандони миллати тоҷикро рехта буданд, (ба истиснои чанд нафар), имрӯз дар Тоҷикистон оромона зиндагӣ доранд, вале бадбахтона бо ҳар баҳонае бар зидди тоҷикон парванда боз намуда зиндониашон мекунанд ва намегузоранд, ки дар ватани худ оромона зиндагӣ кунанд. Ба қавли Лоиқ Шералӣ: “Тоҷик андар ватани худ чаро муттаҳам аст?”
Ба назари ман, модоме, ки соли 1997 авфи умумимиллӣ эълом шуд, набояд алайҳи аҳаде аз нерӯҳои собиқ Фронти Халқӣ ва ё нерӯҳои собиқ ИНОТ парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Ба хотири сулҳу субот дар Ватан, ҳатто бар зидди ҳамон ҷанговарони ғайритоҷике, ки аъзои Фронти Халқӣ набуданд ва аз тарафи нерӯҳои Ислом Каримов ҳидоят ва контрол шуда даст ба ғорату қатлу таҷовузи миллати тоҷик мезаданд, набояд парвандаи ҷиноӣ боз шавад.
Балки фақат бояд коре кард, ки дубора он иштибоҳҳои таърихии солҳои навадуми қарни гузашта такрор нашавад.
Рубрики:Дидгоҳ