Хабарҳо

Нома аз зиндон: «Ба баданам барқ мемонданд, ки ба калла бигир!»

Дар акс Неъмат Ҷӯраев ва порае аз номаи ӯ. Неъмат Ҷӯраев иттифоқан дар намоишномае нақши маҳбуси занҷирбандро иҷро мекард. Бехабар аз инки як рӯз худаш пушти панҷара афтода, ба азобу шиканҷа дучор мешавад.

Бознашр аз сомонаи «Ахбор«

«Селофани зардро дар сари ман кашида, кашолакунон ба таҳхона бурда, дар он ҷо боз дар токи сахт монданд, ки дар болои семент ба шикам задам. Маро аз он ҷо бароварда дар ҳавзи пури об дар назди идораи ОМОН чанд дақиқа дар даруни об нигоҳ доштанд. Аз об бароварда боз ба утоқи корӣ бурда, боз дар ток монданд. Гуфтанд, то ба калла нагирӣ,то рӯз ҳолат ҳамин аст. Гуфтам, аз Худо битарсед, ин корро ман накардаам. Гуфт, ба ман фарқ надорад, кардаӣ накардаӣ, ба калла мегирӣ… Вақте аз ҷонам сер шудам гуфтам, чизе, ки худатон менависед,ман имзо мекунам, дигар азобам надиҳед…”

Ба дасти сомонаи «Ахбор” номае расид, ки Неъмат Ҷӯраев, корманди бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ аз боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб фиристодааст.

Неъмат Ҷӯраев 9 моҳ боз бо иттиҳоми даст доштан дар қатли судиҷрочӣ Наҷмиддин Садрдинов дар боздошт қарор дорад. Ҷасади Садрдиновро моҳи июни соли 2017 дар наздикии деҳаи Қурбоншаҳид аз лаби дарёи Сурхоб ёфтанд. Ибтидо гумон мерафт, ки ӯ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда бошад, вале баъдан эълон шуд, ки судиҷрочиро шавҳари собиқи маъшуқааш дар сари рашк куштааст.

Неъмат Ҷӯраевро бар асоси нишондоди ҳамсари собиқаш Ҷаъмия Файзова, ки баъди ҷудоӣ аз Ҷӯраев бо Садрдинов робита дошт, дастгир карданд.

Неъмат Ҷӯраев дар номааш мегӯяд, ки дар ин куштор ягон даст надорад, вале дар боздошт вайро ба шеваи бераҳмона шиканҷа додаанд, то ин ҷиноятро ба калла бигирад…

Матни номаи Неъмат Ҷӯраев аз боздоштгоҳи Кӯлобро инҷо мутолиа кунед:

Нома аз Сизо

Ман, Неъмат Ҷӯраев, мутахассиси бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ аз СИЗО –и шаҳри Кӯлоб номаеро ирсол намудаам, ки дар моҳи шарифи Рамазон аввалан аз Худо ва баъдан бар Шумо таманниёт дорам, ки номаи маро чоп мекунед. Ба даст қалам гирифта ба сарам балои басар овардаи Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб-ро ба Шумо нақл мекунам ва умед дорам, ки ба ман кумак мекунед ва ҳақиқатро ба ҳақдор мерасонед.

Рӯзи 4-сентябри соли 2017,соати17. 00 дар бахши фарҳанги ноҳия бо мудири бахши фарҳанг Субҳон Раҷабов ва Мирзо Каримов, Арсен Шеров нишаста будем ва корҳои навис- нависи идорара карда истода будам, ки дар ҳамин вақт Арсен Шеров, ки дар пеши дари утоқи кори мудири бахш рост истода буд, ба ман овоз кард, ки Шуморо дар берун се нафар суроғкарда истодааст.

Айнакҳои мудири бахш дар чашмони ман буда ба берун омадам. Ба онҳо салом карда, онҳоро ба дохили утоқи кори мудири бахши фарҳанг даъват кардам. Онҳо гуфтанд, ки дар ҳамин берун гап мезанем.

Яке аз онҳо , ки худашро аввал коркуни банк муаррифӣ кард, Беҳрӯз Барфаков буд, дутаи дигараш худашонро муаррифӣ накарданд.

Беҳрӯз Барфаков ба ман гуфт:

— Неъмат туӣ?

Ман гуфтам, бале манам Неъмат, вале аз ягон банк қарздор нестам ва сӯм нагирифтаам.

Беҳрӯз ба ман гуфт, ки биё дар мошин шин, як чақ-чақкунем.

Ман дар мошини онҳо омада даромада шиштам ва якташ дар сари рул шиштак. Беҳрӯз дар қафои мошин маро дар мобайнашон шинонданд вааз пеши фарҳаг мошин ҳаракат кард. Ман гуфтам биистед,ман айнаки мудирамонро бидиҳам, вале онҳо точанд суръати мошинро тез ҳай карданд.

Ба назди боғчаи бачагонаи шаҳрак омада истоданд ва ронандаро Беҳрӯз фармон дод, ки рафта кӯдакро биёранд. Вақте, ки ронанда аз боғча бо кудак бо мошин наздик шуданд, дидам ки духтарчаи ман, ки Гулистон ном дошт, ба мошин савор карда, мошин сӯи Кӯлобҳаракат кард.

Маро ба милисахонаи минтақави (зоналний) РВКД дар вилояти Хатлон буда оварданд. Баъд дар як утоқи кориашон дароварданд. Дар ин ҷо фаҳмидам, ки одами маро овардагӣкоркунони уголовный розыск (бахши ҷустуҷӯи ҷиноятӣ) будаанд. Баъди чанд дақиқа ба пеши ман як ҷавон даромад, худашро началники уголовный розыск ШодӣМаҷонов муаррифӣ кард.

Ман ба ӯгуфтам:

— Тинҷӣ ҳаст?

Гуфт, ҳозир мефаҳмӣ. Телефонашро гирифта ба касе занг зада гуфт, ака овардемаш. Баъди занг маро гуфт, хез, меравем.

Худаш, Беҳрӯз ва чанд нафар коркунонаш буданд. Маро ба берун бароварда бо роҳи пиёдаро ба даруни Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, ки ба милисахонаи минтақавӣ наздик буд, ба он ҷо бурданд. Ба утоқи корие, ки муфаттиши Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Комилзода Рустам нишаста буд, дароварданд, ки дар утоқи кори ӯ собиқ ҳамсарам Файзова Ҷаъмия бо ӯнишаста буд.

Баъди салом Комилзода Рустам ба ман гуфт, ин занро мешиносӣ?

Гуфтам, бале, соли 2009 ба тариқи мусулмонӣникоҳ карда будем. Соли 2013 аз Файзова Ҷаъмия ҷудо шуда будем.

Ба Комилзода Рустам гуфтам, тинҷӣҳаст?

Гуфт, собиқ ҳамсарат ба шумо нишондод додаст, ки иҷрочии суди ноҳияи Восеъ Садрдинов Наҷмиддинро гӯё ман кушта бошам. Ин ҳодиса рӯзи 29 июли соли 2017 дар деҳаи Қурбоншаҳид рух дода буд. Аммо баъди се моҳи ҳодиса маро ба фармони Комилзода Рустам уголовный розыскҳои минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оварда бо Файзова Ҷамия рӯба рӯкарданд

Манба Комилзода Рустам гуфтам, ки дурӯғ мегӯяд, маро туҳмат карда истодааст.

Комилзода Рустам гуфт, биё, Неъмат, ба калла бигир. Ман гуфтам,чизеро ман накардаам, барои чӣба калла мегирам?Боз ба ман гуфт,ҳозир ба калла гир аз ҳамин ҷо ҷавобат медиҳам. Ман тамоми қасамрохӯрдам, ки ман аз ин ҳодиса хабар надорам.

Дар ҳамин вақт дар телефонии утоқи кори муфаттиш Комилзода Рустам коркуни Прокуратураи вилояти Хатлон Искандар Х ном дошту ман ӯро мешиносам, аз ноҳияи Восеъ, ҷамоати Абди Авазов,деҳаи Гулобод мебошад, занг зад.

Бо Комилзода Рустам чӣ гапҳороа гуфт, баъд гӯшакро ба ман дод. Ман ба Искандар гуфтам, ту маро мешиносӣ, дидаӣ, ман ин корро накардаам. Ӯ гуфт, ба калла бигир ва телефонро хомӯш кард.

Баъди ин Комилзода Рустам ба уголовный розыскҳо фармон дод, маро гирифта баранд. Онҳо маро аз пеши ӯ боз ба милисахонаи минтақавии РВКД оварда,дар утоқи корӣбо ду нафар монданд.

Шодӣ Маҷонов, ки худро роҳбари онҳо гуфт, телефони дастиашро бароварда ба касе занг зад ва гуфт,бачаҳоро бигӯ, ҳамааш ҷамъ шаванд, имшаб кор ҳаст.

Баъди фармони ӯ қариб даҳ нафар ҷамъ шуд, ки яктааш Беҳрӯз , Муҳаммадҷон, Эраҷ ва дигарогашробинам мешиносам, бо роҳбарӣ ва фармони Шодӣ Маҷонов ба задани ман сар карданд, аввал китобҳоро дар болои сарам монда бо мушт дар сарам заданд ва ҳақоратҳои безеб карда, маро мезаданд, мегуфтанд, ба калла бигир. Ман мегуфтам, ман накардаам ва боз ҳақорату дашном дода,мушту шаттакаш мекарданд. Дар ҳамин занозаниҳояшон ду дандони пешам аз тор шикаст ва сару рӯям варам кард.

Диданд, ки намешавад, боз ба фармони Шодӣ Маҷонов ба утоқи кории ӯ бурданд. Дар он ҷо ӯ аз таги столаш як дона скотчи калонро бароварда, ба Беҳрӯз фармон дод, ки даҳон, дастонаш ва пойҳояшро ба скотч печон. Ӯ фармонро иҷро кард.

Ҳамаи дасту пову даҳони маро ба скотч печонда ба замин хобонида дар сарам як одеяло (кӯрпа)-ро кашида, дар болоям баромаданд ва яктояш дар чиликҳои дастонам сим печонид, баъд чизеро тоб доданд, ки маро мисли ток мезаду онҳо боз сахт тоб медоданд. Ман дод мезадам, онҳо мегуфтанд, ба калла бигир. Ман мегуфтам, ман накардаам, чаро ба калла бигирам?

Боз аз дастонам симҳоро ҳуй карда ба ангуштони пойҳоям монданд боз доду фарёд кардам, қасам хӯрдам, ки ман накардам, аммо бовар намекарданд. То чанде ангӯштамро сахт тоб медоданд, доду войи ман баланд мешуд, аммо касе маро гӯш намекард, боз дар мобайни ангуштонам аз бакляжка об мерехтанд, ки нирӯи барқ сахттар занад.

Боз диданд, ки ман ба гардан нагирифта истодаам, симро дар забон ва гӯшам монда, тоб доданд вадар назарам чашмам шаб зад. Майнаи сарам аз сарам парид, гӯшҳоям пардааш дар назарам дарид.

Боз гуфтанд, ки ба калла бигир, худата маъюб накун, коре мекунем, ки худат ба калла мегирӣ. Симро ин дафъа дар мардинагиям тоб доданд, ки аз ҷонам сер шуда будам. Чанд соат маро шиканҷа доданд.

Баъдан Маҷонов Шодӣ селофани зардро дар сари ман кашида,аз утоқи корияш кашолакунон ба таҳхона бурда,дар он ҷо боз дар токи сахт монданд, ки дар болои семент ба шикам задам. Маро аз он ҷо бароварда дар ҳавзи пури об,ки дар назди идораи ОМОН буд,маро то чанд дақиқа дар даруни об нигоҳ доштанд. Аз об бароварда боз ба утоқи кории Шодӣ Маҷонов бурда, боз дар ток монданд. Гуфтанд, то ба калла нагирӣ, то рӯз ҳолат ҳамин аст.

Ман ба Шодӣ Маҷонов гуфтам, аз Худо битарсед, ин коро ман накардаам. Гуфт,ба ман фарқнадорад,кардаӣ – накардаӣ, ба калла мегирӣ. Мо кофта меистем, ки ӯро кӣ куштааст? Фармон аз боло аст.

Баъд фаҳмидам, ки муфаттиши прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Комилзода Рустам ва коркуни прокурор Искандар Х будааст. Аз 4 сентябр то 7 сентябр маро бе ягон асос лату кӯб карда, гуноҳи нокардаро дар гарданам бор карданд. Вақте аз ҷонам сер шудам,гуфтам,чизе, ки худатон менависед,ман имзо мекунам, дигар азобам надиҳед…

Шодӣ Маҷонов ба Комилзода Рустам занг зада гуфт,ака,ба калла гирифт. Баъд маро ба ҳоли худам монданд. Пагоҳ маро ба утоқи муфаттиш Комилзода Рустам бурданд. Ӯ ба ман варақи сафед ва ручка дод ва гуфт, бинавис. Ман гуфтам, чӣ бинависам, намедонам. Худаш гуфту ман навиштам, то ки боз маро лату кӯб накунанд.

Дар ҳамин вақт, Искандар Х ба утоқи кори муфаттиш Комилзода Рустам омад васару рӯйи маро дида гуфт, духтур фарёд кунед, ӯробинанд. Шодӣ Маҷонов гуфт, ки як духтури шинос ҳаст, ягон гап намешавад ва Комилзода Рустам гуфт, ҷойи хун ҷамъ шудагӣ дар таги чашмонашро маз бишакед.

Даррав Шодӣ ба бачаҳояш фармон дод, ки мази Бодяга биёрен. Дар ҳамин вақт Искандар Х телефонашро бароварда, дар рӯи ман автомат бозӣ кард. Боз Искандар гуфт, ман туро гуфтам, ки бакалла бигир, маъюб намешудӣ.

Чанд рӯз муфаттиш навишт ва ман имзо кардам. Худашон адвокат гирифта, тез делоро буд кунедмегуфтанд. Точанд аҳволам бад шуд, чашмонам сиёҳӣмезад,диданд, кимаз фоида накарда истодааст,боз як мази дигари ба зидди синяк(варам) оварданду гуфтанд, ин синякро гумм мекунад,агар накунад, СИЗО инро ба ин аҳвол қабул намекунад.

Муфаттиш Комилзода Рустам гапҳои навиштаашро ба ман медод, ки хонам ва дар ёдам гирам ва онҳо маро рӯзи 8 сентябр бурда, ҷои ҳодисаро нишондодандва рӯзи 9 сентябр боз оварда дар ҳамон деҳаи Қурбоншаҳиддар лаби дарёи Сурхоб сабткарданд. Ба наворбардор фаҳмонд, ки аз дур бигирад, то ки чашмҳои задагияшон дар сабт наояд. Наворбардор аз бар ва аз дур гирифтааст, ки ҷароҳатҳо дар сабт натобанд.

Делои маро Комилзода Рустам бо модаи 104,қисми 1 (одамкушӣ)тайёр кард. Дар ҳамин қадар рӯз ҳамсарам Ниёзова Фирӯза ва ҷиянам ба мақомотҳои болоӣоиди шиканҷа ба Прокуратураи Генералӣ ариза ва пӯшокаи даридагиамробурда нишон доданд. Аммо ягон чора надиданд.

Чанд мактуб аз номи худам, аз номи оилаам кардам, мутаассифона, арзи мо фақат дар коғаз ва мактубҳо монд. Ягон мақомоти болоӣба доди камбағал намерасад.

Боз оилаам мактуб навишт, Прокуратураи Генералӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон супориш дод, ки санҷида шавад. Аммо Прокуратураи вилоятӣ боз ба Прокуратураи минтақаи Кӯлоб, ки худи ҳаминҳо заданду делокарданд,бозсанҷиш накарда, духтур наёварда гӯё маро касе лату кӯб накардааст. Аммо санади бардурӯғ тартиб доданд, ки гӯё рӯзи маро овардан чашмонам ҷароҳатдоштаанд.

Ана дурӯғи маҳзи Прокуратураи вилоятии Хатлон дар минтақаи Кӯлоб!Рӯзи 4 сентябр маро оварданд,ҳамкорон маро дида буданд, ки чӣ хел будам.

Боз дурӯғи онҳо, ки маро гӯё 7 сентябр оварда, санад тартиб додаанд. Муовини Прокуратураи вилоятии Хатлон Машрабзода Х И маро дид, гуфт, туро кӣ ба ин ҳол овард? Дарав Шодӣ Маҷоновгуфт, не, ӯро дар тӯй задаанд. Машрабзода гуфт,чаро онҳоро дело накардед? Шодӣ Маҷонов гуфт, ҳамаш соз аст, ака.

21 сентябр баъди «соз” кардан маро аз ИВС ба СИЗО-и шаҳри Кӯлоб оварданд. 9 моҳ мешавад, ки ман дар СИЗО-и шаҳри Кӯлоб маҳкам ҳастам.

Суди ноҳияи Восеъ делои маро гирифт, аммо аз он даст кашид, ки ҳақиқатро Суди вилоятии Хатлон бубинад.

То ҳол суди ман давомдорад. Мумкин мани бегуноҳро суд кунанд. Аз дурӯғу туҳмати онҳо мардум дигар киро бовар кунанд?Аввал аз Худованд ва баъд ба Сарвари Давлат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварӣ дорам, ки ҳақ бояд ҳақдор расад. Вақте ки ЭмомалӣРаҳмон бовар карда, онҳоро ба вазифаҳо тайин мекунад, онҳо ба савганди худашон дар назди Сарвари Давлат, Президенти кишвар содиқ нестанд.

Боз дурӯғ мегӯянд, бегуноҳ одамро суд мекунанд.

Бо эҳтиром зиндонӣ аз СИЗОи шаҳри Кӯлоб Неъмат Ҷӯраев.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s