Маҳмадалӣ Ҳаит, аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ, дар санаи 2 июни соли 2016 як шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта, ки Ҷамшед Ёров, вакили мудофеи ӯ, нусхае аз онро дар ихтиёри сайти Анҷумани Озодандешони Тоҷик гузошт, то пешкаши хонандагони азизи сайт қарор бидиҳем:
* * *
Ба Коллегияи суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз номи судшаванда Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, ки дар — муассисаи тафтишотии КДАМ-и ҶТ нигоҳ дошта мешавад
ШИКОЯТИ КАССАТСИОНИ
Аз болои ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 02.06.2016 сол бо парвандаи ҷиноятии № 85138 нисбати Ҳаитов М.Р. ва дигарон.
Мурофиаи судӣ нисбати ман ва дигарон санаи 02.06.2016 сол, ки тӯли зиёда аз 3 моҳ дар маҳкамаи тафтишотии КДАМ ҶТ паси дарҳои пӯшида мегузашт, бо баровардани ҳукми ноадолатона, ғайриқонунӣ ва боғараз, бо вайрон кардани тамоми талаботҳои мавҷудаи қонунгузории мурофиавӣ ва моддӣ ба итмом расида, мутобиқи он ба ман Ҳаитов М.Р. ҷазо дар намуди якумра маҳрум кардан аз озоди таъин карда шуд.
Нусхаи ҳукми судиро санаи ____________ дар маҳкамаи мафтишотии КДАМ ҶТ гирифтам.
Аз ин ҳукми баровардаи судяи суди Олии ҶТ Сатторзода А. тамоман норизо буда, нисбати он мутобиқи талаботи моддаи 357 КМҶ ҶТ шикояти кассатсионӣ ба коллегияи Суди Олии ҶТ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ оварда мешавад.
Тибқи талаботи моддаи 372 КМҶ ҶТ барои ба тартиби кассатсионӣ бекор кардан ё тағйир додани ҳукм инҳо асос шуда метавонанд:
— яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ;
— мувофиқат накардани хулосаи суд, ки дар ҳукм баён шудаанд, ба ҳолатҳои воқеии парванда;
— ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ;
— нодуруст татбиқ карда шудани қонуни ҷиноятӣ;
— номувофиқии ҷазои таъиншуда ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти маҳкумшуда.
Тамоми асосҳои номбаркардашуда барои бекор кардани ҳукми судӣ дар парванда мавҷуд мебошад. Вале ба ҳамаи ин асосҳо судя Сатторзода А., умуман диққат надода, нисбати ман ва дигарон ҳукми айбдоркунӣ баровадааст.
Бояд қайд кард, ки парвандаи мо парвандаи ҷиноятӣ нею балки парвандаи сиёсӣ ва фармоишист. Он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомотҳои таъқиби ҷиноятӣ сохта шудааст. Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва суди ягон далели боэътимод оиди гунаҳгории ман дар содир кардани ин ҷиноятҳои ба ӯ мансуб дода шуда, тасдиқи худро наёфтааст.
Тибқи талаботи моддаи 333 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Ҳукми суд бояд қонунӣ, асоснок ва одилона бошад.
- Ҳукм ҳангоме қонунӣ эътироф карда мешавад, ки он бо риояи талаботи қонун ва дар асоси қонун бароварда шуда бошад.
- Ҳукм ҳамон вақт асоснок эътироф карда мешавад, ки он дар асоси таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи далелҳое, ки ба суд пешниҳод гардида, дар маҷлиси суд муҳокима шудаанд, бароварда шуда бошад.
- Ҳукми суд ба шарте одилона дониста мешавад, ки дар он ҷазои ба гунаҳгор таъингардида мутобиқи моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани ҷиноят пешбинӣ мекунад, бо назардошти шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои вазнинкунада ва сабуккунандаи ҷазо таъин шуда бошад.
- Ҳар шахси бегуноҳ бояд сафед карда шавад.
Тафтиши пешакӣ аз аввал ғаразнок ва яктарафа бурда шуда буд, бо ҳар роҳ аз тарафи роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва худи роҳбари гурӯҳи тафтишоти муфаттиш Иброҳимзода И. ҳуқуқ ва манфиатҳои ман ва дигарон дағалона вайрон карда мешуд. Ҳаракатҳои тафтишотӣ аз қабили кофтукоби манзилҳои истиқоматӣ, рӯбарӯкунӣ, пурсиши шоҳидон ва ғайра бар хилофи талаботҳои қонуни мурофиавӣ гузаронида шудаанд.
Ҳуқуқи ҳимоя дағалона поймол карда шуда буд. Мутобиқи талаботи қисми 3 моддаи 20 КМҶ: — тарафи айбдоркунанда ва ҳимоя дар мурофиаи судии ҷиноятӣ баробарҳуқуқанд ва барои ҳимояи мавқеи худ имкониятҳои баробар доранд.
Вале тафтишоти пешакӣ бар хилофи ин талаботи қонун амал намуда, ба ман имконияти вохӯрии яка ба яка ва бемаҳдудиятро бо адвокатам Ёров Ҷ. намедод. Ҳатто барои руйпуш намудани ин амалашон онҳо тамоми дархостҳоямонро оиди вохӯрии ману адвокатам аз парванда гирифта партофтаанд.
Ҳамин тариқ, тафтишот зарур нашуморид, ки дар чунин парвандаи фармоиши ҳимоятгар бо зерҳимояаш мутобиқи талаботи моддаи 53 КМҶ вохӯрад.
Ба ғайр аз ин бо дастур ва фармоиши бевоситаи роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон он иқтибосҳое, ки аз Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон адвокат барои дуруст ба роҳ мондани ҳимоя ва фаҳмонидани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳоям, барои фаҳмонидани моҳияти айби эълоннамуда ба ман равон менамуд, ба дастам намерасид.
Мутобиқи талаботи моддаи 300 КМҶ ҶТ, нусхаи фикри айбдорӣ ба судшаванда бояд сари вақт супорида шавад, то ин ки ӯ ба ҳимояи худ тайёрӣ бинад. Вале дар мисоли мо тафтишот ва Прокуратураи генералии ҶТ инро раво надид. Мо имконияти пурра шинос шудан бо маводҳои оварда дар фикри айбдоркуниро надоштем. Ба мо фақат ҳангоми мурофиаи судӣ фикри айбдоркунӣ супорида шуда пас аз анҷоми мурофиа он бозпас гирифта мешуд. Ба ғайр аз ин мутобиқи талаботи моддаи 245 қисми 1 КМҶ: Ба фикри айбдоркунӣ рӯйхати айбдоршаванда, ҷабрдида, шоҳидон, коршинос, ки бояд ба маҷлиси суд даъват карда шаванд замима мегардад. Ин талаботи қонун низ аз тарафи муфаттишони Прокуратураи генералӣ дағалона вайрон карда шуд. Тарафи ҳимояӣ оиди он, ки ки ба суд ба сифати шоҳид ва ё ҷабрдида даъват шудааст, ва аз ин лиҳоз имконияти тайёрӣ ба саволу ҷавоб бо онҳоро надошт. Ин ҳолатҳо боз як бори дигар оиди яктарафа бурдани тамоми мурофиаи ҷиноятӣ шаҳодат медиҳад. Ин як роҳи маҳдуд кардани ҳуқуқ ба ҳимоя мебошад. Вале аз чи сабаб бошад, ки ба ин хатогиҳо на прокурор ва на суд диққат накарданд. Гуе, ки маҳдуд кардани ҳуқуқҳои мо ва вайрон кардани талаботҳои мурофиави ин кори оддист ва иҷроиши он ҳатмӣ нест.
Чунин хулоса кардан мумкин аст, ки фикри айбдори дар ду намуд аст, яке барои барои ҳайати суд ва дигаре бо ихтисороташ барои мо. Ин яке аз роҳҳои маҳдуд кардани ҳимоя мебошад. Савол ба миён меояд, ки чаро ин тавр карда шуд? Наход, ки роҳбари гурӯҳи тафтишоти муфаттиш Иброҳимзода И. ва дигарон ба чунин ҳуқуқвайронкунӣ роҳ доданд. Нотарсида, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, саросемавор парвандаро ба итмом расонида онро ба суд ба тартиб додани фикри айбдоркунӣ ирсол намуданд. Ба фикри ман маҳз фармоиши ва сохтакори будани тамоми парванда сабаб шуд, ки касе аз роҳбарияти Прокуратураи генерали ба ин кор ахамият намедоду ҳатто баръакс, онро дастгири мекард.
Ҳангоми музокираҳои суди ҳимоятгари ман Ёров Ҷамшед оиди он қайд кард, ки ҳабси ман ғайриқонунӣ мебошад. Дар қабати маводҳои парванда ҷинояти Қарори муфаттиш Иброҳимзода И. оиди зарурияти татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс нисбати ман вуҷуд дорад. Дар ҷилди 25-и парванда дар саҳифаи 4-и он айнан навишта шудааст:«Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ҳамчун гумонбаршуда дар содир намудани ҷиноят дастгир шуда, айни ҳол дар муассисаи тафтишотии КДАМ нигоҳ дошта мешавад. Бо назардошти он, ки Ҷобир Р.Р. ҷинояти махсусан вазнин содир кардааст, метавонад аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ пинҳон шавад ва …» Дар қисми хулосавии қарори ғайриқонунии мазкур оварда шудааст: «муфаттиш Қарор кард – Ба Суди ҳарбии гарнизони Душанбе барои интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс нисбати гумонбаршуда Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, соли таваллудаш 20.10.1957 дархост пешниҳод шавад». ҳол он ки мутобиқи талаботи моддаи 9 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ вазифадоранд, ки муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар қонунҳоро ба таври дақиқ, якхела риоя намоянд.
- Муқаррароти мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки дар дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бояд ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқ бошанд.
- Ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ риоя накардани талаботи қонун, сарфи назар аз он ки дар кадом асос роҳ дода шудааст, иҷозат дода намешавад ва боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун гардида, санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда беэътибор дониста, бекор карда мешаванд.
Дар ин ҷо аниқ риоя накардани талаботи қонун ҳангоми тартиб додани дархост барои татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс нисбати ман вуҷуд дорад. Муфаттиш дар қисми асосноккунии дархосташ ба суди ҳарбии гарнизони шахри Душанбе зарурияти ба ҳабс гирифтани Раҳматуллои Раҷабро бинобар имконияти фирори ӯ аз мақомоти тафтишот ва судӣ, фишор овардан ба шоҳидону ҷабрдидагон ва инчунин пинҳон ва ё нест кардани далелҳои муҳим ба парванда оварда, дар қисми хулосавӣ бошад талаби ҳабси манро дорад! Агар зарурияти ҳабси ман мебуд, чаро муфаттиш исми манро дар қисми асоснокунии дархосташ наовард? Бояд, ки ҳангоми баррасии дархости мазкур судя Маҳмадзода Х.Б., ки дархостро қонеъ кард ва судяи Суди Оли Сатторзода ба ин амали ғайриқонунии муфаттиш Иброҳимзода диққат медоданд ва ба он баҳои ҳуқуқӣ медоданд. Вале боз такрор мекунам, аз сабаби он ки на мақомоти тафтишотӣ, на прокуратура ва на суд мустақил нестанд, онҳо ҳатто тарсиданд, ки ин масъаларо дар рафти мурофиаи судӣ муҳокима кунанд. Ҳамин тариқ, аз рӯи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол ман ғайриқонунӣ дар ҳабс қарор гирифта шудаам.
Ин хатогии техникӣ нест! Дар қабати ҳамин дархост оид ба зарурияти ҳабси ман дар саҳифаи 10-ум дархости маркази ахборотии ВКД ба номи ман нею ба номи Хисайнов У. мавҷуд аст. Ин гуна навиштаҷот чиро исбот мекунад? Исботи он аст, ки дархостҳои татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ҳабс қолаб буда нисбати ин дархостҳо муфаттишон мушахасс кор накардаанд. Яъне агар ҳуҷҷати мурофиавие, ки дар асоси он қарори судя оиди ҳабси пешакӣ бароварда шудааст, нодуруст ва бо хатогӣ тартиб дода шуда бошад, пас худи қароре, ки дар асоси он қабул шудааст – ғайриқонунист. Ин навиштаҷотҳоро на суди санкция дода ва на прокурори онро тасдиқ карда гуё надидаанд. Агар ин вайрон кардани ҳуқуқ ва озодиҳои мо набошад, пас чист? Ва ё ба ин гуна тартиб навиштани дархостхоро онҳо мукаррарӣ мешуморанд? Ҳамин тариқ, бар хилофи талаботҳои моддаҳои 9, 101, 102 ва 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар конугузории амалнамуда ман бе ягон асоси қонуни то айни ҳол дар ҳабс қарор дорам.
Мақомоти Тафтишоти пешакӣ манро бо 14 моддаи Кодекси ҷинояти мутаххам мекунад. Яке аз он ҳо он аст, ки гуё ман бо Назарзода А. иттиходи ҷинояти ташкил намуда даст ба ҷиноятҳои вазнин зада бошам.
Мӯҳтарам аъзоёни коллегияи суди! Суд ҳангоми баровардани ҳукми худ мутобиқи талаботи моддаи 335 КМҶ ҶТ дар миёни дагар масъалаҳо бояд, ки масъалаҳои зеринро низ хал мекард:
— кирдоре, ки дар содир намудани он ман айбдор карда мешавам, ҷой дорад ё не;
— оё исбот шудааст, ки кирдорро ман содир кардаам;
— ин кирдор ҷиноят аст ё не ва он маҳз бо кадом моддаи қонуни ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст;
— ба ман барои ҷинояти содирнамуда ҷазо додан лозим аст ё не,ва кадом намуди ҷазо ба ман равост.
Мутобиқи қонунгузории ҷинояти абдори ва ё бегуноҳии судшавандагон бояд дар асоси таҳқиқи далелҳо дар мурофиаи суди муайян карда шавад.
Рӯйхати «далелҳо» дар қисми дуюми моддаи 72 КМҶ оварда шудаанд, ки онҳо нишондодҳои ҷабрдидагон, шоҳидон, судшавандагон, хулоса ва нишондоди коршиносу мутахассиссон, далелҳои шаъи, протоколҳои амалҳои тафтишоти ва ғайра мебошанд.
Ҳар як далел бояд аз нигоҳи мансубият, имконпазирӣ, саҳеҳ будан ва ҳамаи далелҳои ҷамъовардашуда дар маҷмӯъ аз ҷиҳати кифоя будан баро ҳалли парвандаи ҷиноятӣ бояд баҳо дода шавад.
Вале аз тарафи судя Сатторзода А. талаботи қонуни мазкур пурра вайрон карда шудааст. Хулосабарории судя оиди мансубият, имконпазирии далелҳои парванда оиди гунаҳгории ман нодуруст ва ғаразнок мебошанд. Судя ҳатман ба тарзу усули гирифтани ин гуна нишондодҳо диққати худро ҷалб мекард. Ҳарчанде, ки шоҳидон дар рафти мурофиаи судӣ оиди рафтору кирдори ношоистаи кормандони таҳқиқ ва тафтишот, оиди таҳқир ва зӯроварӣ, шиканҷа сухан ронданд, ваде судя Сатторзода А. он нишондодҳои дар тафтишот додаи онҳоро дуруст шуморида нишондодҳои додаи мурофиаи судиро чун пуштибонӣ аз ман ҳисоб мекунад.
Чи хеле, ки дар боло қайд кардам, тафтишоти пешакӣ манро дар содир кардани 14 ҷиноят муттаҳам мекунад. Яке аз ин айбҳо ва аз ҳама вазнин ин ташкили иттиходияи ҷиноятӣ мебошад.
Мутобиқи диспозицияи моддаи 187 қисми 1 ва 2 КЧ: — Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё ҷиноятҳои махсусан вазнин, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳод (ташкилот) ё ба ҷузъу томи таркибии онҳо, инчунин ташкили иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил бо мақсади таҳияи нақша ва фароҳамоварии шароит барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин,-
Ва қисми дуюми ҳамин модда :- Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил,- ин ҷиноят аст.
Биёед аз руи далелҳои пешниҳодшудаи тафтишоти пешакӣ назар андозем, ки оё дар амалҳои ман таркиби ҷинояти мазкур дида мешавад ё не.
Бо кадом далелҳои мушаххас ва таҳқиқшуда дар мурофиаи суди гуноҳи ман дар содир кардани ин ҷиноят собит шудааст? Оё ба ғайр аз шоҳидии шубҳаноки Муродов Сарабк ва Аюбов Фозилбек, ки зери шиканҷа ин нишондодҳояшонро дар тафтишот додаанд, ягон далели дигар мавҷуд аст? Оё мақомоти тафтишоти тоҷик табулограммаҳои зангҳои телефонии манро ба суд тавонист пешниҳод кунад, ки аз он маълум шавад, ким ан чун аъзои фаъоли иттиходи ҷинояти дар тамос бо Назарзода А. ва ё дигарон интироккунандагони иттиходи ҷиноятии ӯ будам? Кай ва чанд маротиба ман бо онҳо вохӯрдаам? Дар кучо? Оиди чи сухбат кардем? Ягон далел ба ғайр аз нишондоди ин ду шоҳид-судшаванда мавҷуд аст? Нест!
Дар фикри айбдоркуни оварда шудааст, ки –
— Кабири М., Назарзода А., Хисайнов У.Ф., Ҳаитов М.Р. ва аъзоёни дигари Раёсати Олии ХНИТ бо максади ташкили иттиходи ҷинояти дар манзилгохҳои истиқоматии аъзоёни чонибдорони фаъоли ХНИТ дар минтакаҳои алохидаи ҷумҳури ва дар маҷлисҳои расми. Ғайрирасми дар шахру нохияҳои Душанбе, Вахдат, Кургонтеппа, Рудаки, Вахш, Бохтар, Панч, Кумсангир ва нохияҳои водии Рашт амалкунанда мунтазам бо бахонаи «маърака», «оши худои», «маросимҳои намозгузори» ва ё омузиши таълимоти куръон бо аъзоён ва чонибдорони хизби мазкур вохӯриҳо гузаронида, барои созмон додани гурӯҳҳои мусаллахи хизби ба таври махфи, тшьтрокчиёни ин маъракахоро роҳнамои намуданд.
Вале тафтишот аниқ мукаррар накардааст, ки Ҳаитов Маҳмадали Раҳмонович дар кучо, кай, бок и ва дар хусуси чи ин гуна маъракахоро ташкил кардааст. Ҳатто зарур нашуморидааст, ки ин гуна вохӯрихоро номбар кунад, бо ишораи макон, замон, шахсони иштироккунанда, мавзуъи вохӯри ва ё нишаст. Агар ин гуна маъракахоро дигар аъзоёни ХНИТ ташкил карда бошанд, пас ман дар кадоми онҳо ва дар кучо иштирок кардам, чи амали мушаххасро вобаста ба созмон додани гурӯҳҳои мусаллах ва рахнамои намудани онҳо кардаам.
Аз зиёда аз 100 шоҳиду ҷабрдидагони дар суд пурсидашуда ягон нафаре дар бораи накшаи ман дар ин гуна вохӯриҳо ва сахмам нишондоде надодааст. Дар ин ҷо тафтишоти пешакӣ такя ба тахмин ва хаёлот кардааст. Ин гуна тахминҳо дар рафти тамоми парвандаи ҷинояти бисёр дида мешавад, ки гувохи бесаводи, нохурмати нисбати қонун ва фармоиши будани парванда мебошанд. Аз коллегияи судии Суди Олии ҶТ хохиш карда мешавад, ки ба ин диққати махсус дода шуда, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгари кашида шаванд.
Дар давоми фикри айбдоркуни вобаста ба ҳолати ташкилииттиходи ҷинояти оварда шудааст, к ибо маслихати пешакӣ бо Кабири, Ҳаитов, Хисайнов ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ХНИТ собик муовини Вазири мудофиаи ҶТ Назарзода А. то мохи сентябри соли 2015 асосан аз ҳисоби собик размандагони Иттиходи неруҳои мухолифини тоҷик, зиёда аз 23 гуррухҳои ҷиноятии иборат аз 10 то 30 нафари ташкил намуда, дар заминаи ин гурӯҳҳои ҷинояти иттиходи ҷинояти созмон дода, роҳбарии онро ба ухдаи худ гирифтааст.
Ин хулосабарории тафтишот ва суд низ нодуруст ва нопурра мебошад. Дар рафти мурофиаи суди бояд, ки ҳамаи ҳолатҳои парванда чи сафедкунанда ва чи сиёхкунанда пурра ва ҳаматарафа санчида шаванд. Мутаасифона дар парвандаи моя гон ҳолати сафедкунанда аз тарафи тафтишот чаъм оварда нашудааст. Агар тафтишот ба чунин хулоса омада бошад, пас бояд санаи огози ташкили гурӯҳҳои ҷиноятиро муайян мекард. Бояд муайян мекард, ки кай, дар кучо, киҳо ва чи гуна маслихат оиди ташкили ин хел гурӯҳхоро кардаанд. ҳол он, ки ягон шоҳид ва ё судшаванда ин ҳолатро, яъне маслихат оиди таъсиси гурӯҳҳои ҳарби-ҷиноятиро тасдиқ намекунад. Назарзода бошад дар қайди хаёт нест. Пас чи гуна тафтишот тавонист бо делелҳои кофи ин ҳолатро тасдиқ кунад? Шояд тафтишот «маслихати пешакӣ» гуфта маслихати бофтаи санаи 06.03.2015 солро дар назар дошта бошад, вале дар ин маврид низ мавқеъии тафтишот тамоман суст аст. Якум ин ки дар кадом асос тафтишот ва суд ин гурӯҳхоро «гурӯҳҳои ҷиноятии муташаккил» номидааст. Дар қонун «гурӯҳҳои муташаккили ҷинояти» гуфта, гурӯҳи устувори шахсонро меноманд, ки пешакӣ барои содир кардани як ё якчанд ҷиноят мутаххид шудаанд. То санаи 04.09.2015 сол ин гурӯҳҳои Назарзода чи ҷиноят содир кардаанд? Дуюм ин ки, аз маводҳои парванда аниқ дида мешавад, ки ин гуна гурӯҳҳои мусаллахи Назарзода А. аллакай солҳои пеш – 2011, 2012 ва 2013 ташкил шуда буданд ва дар амалиётҳои ҳарби дар нохияҳои Рашт, исфара ва шахри Хоруг васеъ аз тарафи Хукумати Тоҷикистон истофода бурда мешуданд. ХНИТ нею, балки Хукумати кунунии Тоҷикистон ин гурӯҳхоро ташкил ва истифода бурдааст. Ин ҳолатро шоҳидон Муродов Сарабек, Ибронов Илхомиддин, Сафаров Назрмаҳмад, генералон Шарифзода Шариф, Рачабали Раҳмонали ва Чалов Абдулазиз ва дигарон дар рафти мурофиаи суди тасдиқ карданд. Агар ин гурӯҳҳои ҷинояти солҳои пеш ва бо дастгирии Хукумати Тоҷикистон ташкил карда шуда бошанд, пас набояд, ки тафтишоту суд таъсиси онҳоро беасос ба зиммаи ХНИТ вам ан бор кунанд.
Тамоми айби эълоннамуда нисбати ман дар асоси тахмин аст ва айбдоркунандагони давлати ягон далели боэътимоди гунаҳгории манро ба суд пешниҳод карда натавонистанд.
Чунончи, дар фикри айбдоркуни оварда шудааст, ким ан аз соли 2007 ҳамчун муовини Раиси ХНИТ кор карда, аз рузҳои аввали фаъолияти сиёсии худ бо максади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо намудани давлати исломи чахду талош кардаам. Гуё ман ба сифати яке аз фаъолони хизб тарзу усулҳои ба сари хокимият овардани ХНИТ-ро дар ҶТ бо маслихати пешакӣ бо раиси ХНИТ Кабири М. ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ХНИТ муайян карда дар созмон додани иттиходи ҷинояти ва тархрезии накшаи хучуми мусаллахона ба мукобили сохторҳои давлати фаъолона иштирок намудаам.Инчунин, гуё ман тарбияи гоявии аъзоёни иттиходи ҷиноятии мазкур сахми шахси гузоштаам. Тафтишот чи гуна далелхоро ба суд оиди он, ки аллакай аз соли 2007-ум ман ба роҳи ҷинояткори даромадаам пешниҳод кард. Ягон далел нест. Боз монанди дигар ҳолатҳои парванда ҳама тухмат ва бофтаи холист. Аз ин матни фикри айбдоркуни дида мешавад, ки ин гуна маслихати пешакӣ аллакай солҳои 2007-2008 ба вуҷуд омадааст. Вале боз хамон саволҳои пештара: ки маслизат кард, дар кучо, кай, мавзуъи маслихат, ба чи хулоса омаданд, ки шоҳиди ин гуна маслихатҳо аст ва ғайра. Чаро тафтишот ҳатто кушиши исботи ин суханони бофтаашро намекунад. Агар ин рафтор ва кирдори тафтишот чоиз бошад, пас мутлако хар касро дар содир кардани хар як ҷинояти дилхох гунаҳгор донистан мумкин аст. Дар ин ҳолат овардани далел шарт нест, фақат тахмин кардан кифоя аст. Тафтишоти пешакӣ овардааст, ким ан дар созмон додани иттиходи ҷинояти ва тархрезии накшаи хучуми мусаллахона ба мукобили сохторҳои давлати фаъолона иштирок намудаам. Агар ин тавр бошад пас барои чи далелҳои мушахасс ба суд пешниҳод нашудаанд. оё ягон далел ваё ягон шоҳиде инро тасдиқ карда метавонад? Албатта не! Дар ин ҷо бояд дар бораи он накшахое, ки гуё аз бинои марказии ХНИТ аз утоки кории ман ва судшаванда Хисайнов У. ёфта шудаандсухан гуфт. Аввал диққати шуморо ба он ҷалб мекунам, ки барои чи тафтишот ин накшахоро накшаҳои хучуми мусаллахона номидааст. Оё ягон навиштачот оиди хучум ва самти ҳаракати кувваҳои мусаллах дар ин накшаҳо гувохи медиҳад? Не. Як бори дигар нигаред ба накшаҳои пешниҳодшудаи тафтишот. Дар онҳо накшаҳои мохворавии баъзе аз минтакаҳои шахри Душанбе тасвир ёфтааст. Дар он боз бо ишора биноҳои маъмури ва идораҳои давлати тасвир ёфтаанд. Ба ғайр аз ин ададҳои гуногун аз қабили 20, 30 ва 40 дида мешаванд. Яъне ишора бо навиштачоти 30 ба самти Касри Президент. Оё ин аз ғарази хучум гувохи медиҳад? Ягон шоҳид дар мурофиаи суди пурсида шуд, ки гувохи диҳад, ки онҳо накшаҳои хучуми мусаллахона ба ин биноҳо мебошанд? Албатта не. Вобастагии ин накшаҳо ба хучум ва тағйир додани сохти конституционии ҷумҳури бор охи зуровари – хаёлот ва тахмини беасосу беисботи прокуратураи генерали мебошад Шояд ин накша накшаи самти пикет ва ё гирдихамои бошад. Чаро ин фарзияро тафтишот дида набаромад. Ҳангоме, ким о дар рафти мурофиаи суди мавҷуд будани онҳо ва беасос чун накшаҳои хучуми мусаллахона тасниф додани онҳоро гуфта гузаштем, аз тарафи судяи Суди Оли барои аниқ муаяйн намудани ҳолатҳои коря гон амале содир карда нашуд. Ба ғайр аз муфаттишони Прокуратураи генерали каси дигаре аз қабили мутахассисони сохаи ҳарби ва ё топологи дар ин бора пурсида нашудааст. Ягон хулосаи дахлдор оиди он, ки ин накшаҳо накшаҳои хучуми мусалахона мебошанд дар парванда мавҷуд нест. Дар накшахое, ким о дар суд дида баромадем, яго навиштачот ва ё расм гувохии накшаи хучуми мусаллахона будани онҳоро намедиҳад. Барои чи суд фарзияи тафтишотро бовар мекунаду, ҳатто кушиши санчидани даъвои моро намекунад? Агар ин накшаҳо накшаҳои хучуми ҳарби ба биноҳои мазкур мебуд, бояд дар он дар аввал мавқеъи ҷамъшавии кувваҳо пеш аз хучум, самти хучум ва роҳҳои акибнишини нишон дода мешуд. Саволи дигаре ба миён меояд, ҳангоме, ки ба фикри тафтишот ин накшаро бояд шахрвандони Тоҷикистон амали мекарданд, зарурият ба чунин накшаи мохворави дар чи буд, оё онҳо роҳҳои расидан ба биноҳои маъмурии роҳи Охан, Фурудгохи баналмиллалии Душанбе , касри Президент ва дигарро намедонистанд? Чунин ба назар мерасад, ки ин гуна накшаҳо барои кувваҳои мусаллахи давлати хоричи тартиб дода шуда бошад, на барои сокинони мукимии махалли. Саволи дигар, чаро ин накша дар бинои ХНИТ дарёфт карда шуду халос. Аз дигар аъзоёни дастгиршудаи гурӯҳи Назарзода А. ин гуна накшаҳо дарёф ва мусодира карда нашуданд. Агар ин гуна накшаҳо дар асл мавҷуд мебуданд, бояд ки онҳо дар утоки кории ман нею дар дасти сардорони гурӯҳҳои Назарзода А. мебуданд Ин як тарафи масъала аст. Тарафи дигари хело муҳими он- тартиби дарёфт кардани ин накшаҳои шубҳанок мебошад. Мутобиқи қонунгузории мурофиавии Тоҷикистон кофтукоб дар биноҳои истиқомати ва хизмати бо иштироки шахсони холис мегузарад. Дар рафти мурофиаи суди вобаста ба ҳамин масъала шоҳидону шахсони холис шунида шуданд. Ва нишондодҳои онҳо барои пайдо кардани шубҳа асос шуда метавонад. Чунончи, дар рафти мурофиаи суди шоҳидон Неъматов Бахтиёр ва Мирсаев Иброҳим, ки дар кофтукоб ҳамчун шахси холис иштирок доштанд, нишондодҳои мухталиф доданд. Мирсаев И. иброз дошт, ки ӯ ва хамкурсаш Неъматовро аз наздикии бинои ХНИТ кормандони амният барои гузаронидани ҳаракати тафтишоти даъват карданд. Шоҳид Неъматов дар навбати худ пурсида шуда чунин иброз дошт, ки онҳоро аз наздикии бинои кинотеатри «Чоми» кормандони амниятбарои гузаронидани ин ҳаракати тафтишоти даъват кардаанд. Яке мегуфт, ки дари даромадгох ба ошёнаи дуюм кушода буд ва дигаре мегуфт, ки не он махкам буд ва онро кормандони амният кушоданд. Неъматов бахтиёр дар толори суд иброз дошт, ки рафти кофтукобро бо суратгирак ва камера ба навор мегирифтанд. Вале шоҳид Мирсаев И. бошад гуфт, кия гон асбоби сабт набуд. Ва нишондоди Мирсаевро дар ин самт айбдоркунандагони давлати тасдиқ карданд, чунки онҳо ба ҳайати суд ва иштирокчиёни мурофаи сабт ва ё расмҳои кофтукоби мазкурро пешниҳод карда натавонистанд.Яъне, ки ин гуна сабт умуман ба анҷом нарасидааст, ки ин боз хам мавқеъи айбдоркунандагони давлатиро вобаста ба дарёфти накшаҳои мусаллахона суст ва шубҳаовар мекунад. Дар рафти пурсиши суди шоҳид Мирсаев чои дарёфт кардани ин накшахоро чевони китобҳои судшаванда Хисайнов У. нишон дод. Вале шоҳид Неъматов бахтиёр бошад чои дарёфт кардани онҳоро кашкашаки мизи кории судшаванда Хисайнов У. гуфта нишон дод. Ба ғайр аз ин ин ду шоҳид оиди шакл ва ранги ин накшаҳо чизи аниқ гуфта наметавонанд. Мирсаев онҳоро варакҳои сафеду сиёх меномад, Неъматов бошад онҳоро варакҳои сурхи ранга номид. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки ё ин гуна варакаҳо умуман дар утоки кории ман набуданд ва ё онҳо бархилофи талаботҳои қонун ҳангоми дарёфт карда шудан ба шахсони холис ва иштирокчиёни ҳаракати тафтишоти нишон дода нашудаанд. Чаро судя Сатторзода А. ба ин мухолифатҳои нишондодҳои шахсони холис дар рафти мурофиаи суди диққат надодаасту ба он баҳои ҳуқуқи надодаат? Оё ин боз аз яктарафа ва мувофиқат накардани хулосаи суд, ки дар ҳукм баён шудаанд, ба ҳолатҳои вокеии парванда гувохи намедиҳад.
Ин фарзияро ншондоди шоҳид Абдуллоев Чунуни, собик раиси бахши ХНИТ дар нохияи Фирдавси тасдиқ карда метавонад: «вақте, ки манро бурданд, дарҳои хизб махкам буд, баъди обед буд, то соати 12 шаб кову шур сар шид. Як бачаи ёш хам буд, холис буд,дарҳои берун дар дутош бе мухр буд, бо лом заданд дарора. Манро пеш пеш медароварданд, ки агар ягон чи бошад маня кум кафум. ҳама якчоя набудем. Ду кас инчову дигарон дигар тараф, як холис усу мерафт дигараш кати ман. Постоянний якчоя набудем. Харчода будем. Ята мекова, дигаруш арра мекуна, сеюмуш тавар мезана. Аз столи Саидумар Хусайни когазҳои ранга бисёр ёфтанд. Дар руи стол буданд онҳо дари подножкаи дуюм этаж мухр назада буд, камера доштанд ва навор мегирифтанд. Як соат ним соат навор гирифту рафт. Пулу харитахора сурат гирифту рафт. Ман протоколхоро нахондам, манро гуфтанд имзо кун ман имзо кардам.дар рафти кофтан ягон варака дарёфт карда нашуд бо матни «бародарони нахзати». Ҳангоми дарёфт кардани накшаҳо ман иштирок надоштам. Мо дар ин дам пулҳо аз мизи Маҳмадали Хаитро сурат мегирифтем. Моро як бачаи амният файрод кард, ки биёен бинен, инаи схемаи аэропортай. Ман шахсан худам надидам, ки накшаҳо аз кучо пайдо шуданд. Ҳангоми даромадан ба бинои ХНИТ ягон одам мухрҳои дархоро намекушод, худамон мекушодем, ягон иҷрочии суди набуд, ҳуҷҷатҳои дарёфт кардаро дар як одеял гирех карда бурданд, ягон мухру печать назаданд. Ман дар як ҳуҷҷат имзо кардам ва он ҳуҷҷат якварака буд».
Аз ин нишондодчи хулоса баровардан мумкин аст: якум, ба иштирокчиёни ҳаракати тафтишоти ҳуқуқу ӯҳдадорихояш фаҳмонида нашудааст, шоҳид моҳияти амали тафтишотиро сарфаҳм нарафта истодааст. Дарҳои бинои ХНИТ-ро кормандони амнияти ва прокуратураи генерали мекушоданд. Ва ин корро бо навбат нею тамоман баръакс харчо харчо мекарданд. Дар ин ҳолат аз тарафи кормандони кудрати сохтакори кардани далели шаъи ва партофта шудани онҳо аз имконият берун нест. Чунки ягон шоҳид аниқ гуфта наметавонад, ки ин накшаҳо аз кучо дарёфт карда шудаанд. Ба беғаразии кормандони прокуратура ва амнияти умуман бовар крдан мумкин нест. Баъдан дар рафти мурофиаи суди айбдоркунандагони давлати иҷрор шуданд, ки рафти кофтуков ба навор гирифта мешуд. Вале бо бахонаи он, ки наворбардор аз мақомоти кудрати нею аз телевизиони Тоҷикистон, Шабакаи Якум аст ва онҳо имконияти пешниҳоди навори мазкурро ба суд надоранд, онро чун тасдиқи қонуни гузаронидани кофтуков ба ҳайати суд пешкаш накарданд.
Рафтори наворбардор низ шубҳанок метобад, ӯ ба кофтукоб омада дарёфт кардани накшаҳо ва пулхоро сабт карда баромада рафтааст, гуё ки аниқ медонистастааст, ки дигар чизе муҳим дар он ҷо дарёфт карда намешавад.
Бояд дикататонро боз ба он ҷалб кард, ки ин накшаҳои ба таври шубҳанок пайдошударо аз мизи кории ман наёфтаанд, пас чаро маҳз мавҷудияти онҳоро ба ман мансуб медиханд. Оё агар як судя дар утоки кориаш пора гирад ва ё ҷиноят содир кунад, пас ҳамаи судяҳои он Суд гунаҳгор, ва тамоми шиносҳои ӯ низ ҷинояткор ҳисобида мешаванд?
Ҳамин тариқ ба ғайр аз ҳамин накшаҳои шубҳанок ва бо усули ғайриқонуни дарёфтшуда, ягон далели саҳеҳи тархрезии накшаи хучуми мусаллахона ба мукобили сохторҳои давлати аз тарафи ман дар парванда мавҷуд нест. Нишондоди ягон шоҳид нест. Умуман, далел нест!
Ба ғайр аз ин мутобиқи фикри айбдоркунии тартибдодаи муфаттиш Иброҳимзода И. ман дар якчояги бо муовини аввали Раиси ХНИТ – Хисайнов У. аз миёнаҳои мохи марти соли 2015 баъди аз худуди Тоҷикистон баромадани Раиси ХНИТ Кабири М. роҳбарии тамоми амалиётҳои ҷинояткоронаи ба накшагирифтаи хизбро ба зиммаи худ гирифта, бо дастуру супоришҳои бевостаи Кабири М. амал намуда, барои амали намудани накшаи ҷинояткоронаи пешакӣ тархрези кардаашон чорачуи кардаанд. Чунончи, гуё ман, тахминан мохи июни соли 2015 дар қароргохи марказии ХНИТ баъди гузаронидани чаласаи навбатии аъзоёни Раёсати Олии ХНИТ ба назди худ Авазов К. ва дигаронро ҷамъ оварда, хабар дода бошам, ки мувофиқи накшаи бо муовини Вазири мудофиаи ҷумҳури Назарзода А. тархрези намудаи Кабири М. бояд дар наздиктарин фурсат табадуллоти ҳарби ба амал оварда, уро сари хокимият меоред. Бо назардошти ин накшаҳо Сайфулозодаро барои омода намудани мурочиатнома аз номи Раёсати Олии ХНИТ барои дар рузҳои хучум ба сохторҳои давлати бо максади зиёд намудани тарафдоронашон дар байни фаъолони хизб ва ахоли пахн намудан вазифадор намуда бошам. Инчунин , гуё ман, Авазов К.-ро бахри амали намудани табадуллоти давлати, дарои иштирок дар хучум дар сохторҳои давлати дар ҳайати иттиходи ҷинояти ҷалб намудани нафарони тачрибадор ва тайёрии махсуси ҳарби дошта, аз шумораи аъзоёни фаъоли хизб ва тарафдоронаш вазифадор намуда бошам. Ба ғайр аз ин, гуё ман бояд бо истифода аз нуфузи худ ва муносибатҳои хешу табориам бояд сокинони нохияи Раштро дар мавриди табадуллоти давлати ба тарафдории иттиходи ҷиноятиамон бояд ҷалб мекардам.
Мӯҳтарам аъзоёни коллегияи суди, ба ибораи тафтишот диққат кунед: — тахминан мохи июни соли 2015». Ин ибора боз як бори дигар исбот мекунад, ки айбдории ман дар асоси тахмин аст. Агар дар хакикат чунин чаласаи навбатии аъзоёни Раёсати Олии ХНИТ баргузор мегардид пас дар он протокол бояд тартиб дода мешуд. Аз сабабт он, ки тамоми ҳуҷҷатҳои ХНИТ дар дасти тафтишот буд, бояд, ки санаи баргузории чаласаи мазкур аниқ карда мешуд. Вале ин кор аз тарафи муфаттиш ба анҷом нарасидааст. Тафтишоти пешакӣ ба чи такя мекунад ҳангоми навиштани ин гуна айби беасос? Ба нишондоди шоҳид Оев Сафарали, ки ҳангоми тафтишоти пешакӣ додааст. Вале шоҳид дар рафти мурофиаи суди аз нишондодҳои додааш дар рафти тафтишот даст кашида гуфт, ки бинобар сабаби зери фишору шиканҷа қарор доштан нишондоди бардуруг додааст. ӯ дар ягон маҷлис иштирок накардааст, чунки аллакай 14.04.2015 сол аз аъзогии ХНИТ хорич шудааст ва дигар хаки иштирок дар чаласахоро надошт. Баёноти бардуругро нисбати ман барои он додааст, ки ӯ дахшатро ҳангоми таҳқиқ ва тафтишот дидааст.дидааст, кич и гуна одамонро азоб медиханд, чи гуна бо зури аз онҳо нишондоди лозимаро мегиранд, чи гуна бо истифодаи кувваи барк мардумро азоб медиханд. Ва имруз ба суд ва адолати суди бовар карда хакикати холро гуфта истодааст. ӯ аз ягон аъзои хизб дастур барои сохтани дастаи низоми нагирифтааст ва умуман дар суханони маня гон даъват барои дигар кардани сохти конститутсиони ва табадуллоти давлати нашунидааст. Оев Сафарали шоҳиди айбдоркунадагони давлати буд, ки ин ҳолатро, яъне баргузории маҷлиси аввалҳои мохи июни соли 2015 ва суханони манро бояд тасдиқ мекард. Вале ӯ дар рафти мурофиаи суди аз нишондодхояш даст кашид. Оев Сафарали дар бораи шиканҷа ва истинток гуфта гузашт, ва айбдоркунандагони давлати ин нишондоди уро боя гон далели боэътимод рад карда натавонистанд. Онҳо исбот карда натавонистанд, ки нисбати Оев Сафарали шиканҷа истифода нашудааст. Ҳамин тариқ онҳо хомушона ба гуфтаҳои Оев С. Рози шуданд. ҳол он, ки исботи истифода нашудани шиканҷа нисбати шоҳид Оев Сафарали ба зиммаи тарафи айбдоркунандаи давлати гузошта шудааст. Вале бок адом асос судя Сатторзода А. ба нишондодҳои дар толлри суди додаи Оев С. Ҳангоми баровардани ҳукми худ диққат накард, барои чия гон вокуниш барои санчидани истифодаи шиканҷа нисбати шоҳид накард ва барои чи маҳз нишондодҳои дар рафти тафтишот ва зери шиканҷа додаи Оевро қабул карда, нишондони судиашро рад кард, барои ман муаммост.
Ҳамин тариқ, айбдоркунандагони давлати дигар ягон далеле вобаста ба баргузории маҷлис дар мохи июни соли 2015 ва суханонигуё гуфтаи ман надоранд. Мухолифатро дар нишондоди Оев С. Бартарф карда натавонистанд. Нишондодҳои дар толори суди додаи Оев Сафаралиро хам ман, хам САйфуллозода ва Авазов К. тасдиқ карданд.
Ба ғайр аз ин барои исботи он, ки ман бо истифода аз нуфузи худ ва муносибатҳои хешу табориам бояд сокинони водии Раштро дар мавриди табадуллоти давлати ба тарафдории иттиходи ҷиноятиамо ҷалб мекардам, тафтишот ва суд ягон амалро иҷро накардааст. Агар ин тавр бошад, пас тафтишот бояд акаллан ному насаб ва махали истиқомати хешу табори пурнуфузи манро дар водии Рашт муайян менамуд, онҳоро пурсиш мекард, муайян менамуд, ки худи ман чи обуру дар ин нохия дорам в акай охирон маротиба ба водии Рашт рафтаам.
Ин амали тафтишот боз як маротиба бо усулҳои номумкин бурдани тафтишотро нишон медиҳад, ки тафтишоти пешакӣи муфаттишони Прокуратураи генералии Тоҷикистон яктарафа ва ғайриобъективи мебошад, қонуният ва принципҳои мурофиаи ҷинояти дағалона вайрон карда шудаанд.
Вачхи асосии тафтишот вобаста ба ҷинояти бо моддаи 187 КЧ ин нишондоди Муродов Сарабек ва Аюбов Фозил аст. Мутобиқи нишондодҳои додаи ин шахсон дар рафти тафтишоти пешакӣ гуё санаи 06.03.2015 сол дар манзили истиқоматии Назарзода А. бо бахонаи маърака ман, Хисайнов У., Кабири М., Назарзода А. ва Муродов Сарабек ҷамъ шуда, накшаи табадллоти давлати ва роли хар яке худро дар ин амал таксим карда бошем.
Ҳангоми пурсиш дар толори суд Муродов Сарабек чунин иброз дошт, ки ӯ аъзои ХНИТ набуда, бо Назарзода дуст ва рафики доштааст. Баъди интихоботи соли 2015 ӯ дар манзили истиқоматии Назарзода Маҳмадали Хаит ва дигаронро дидааст. Вале вақти ин вохӯри дар ёдаш нест. Дар ин нишаст Кабири, Назарзода, Ҳаитов, Саидумар Хусайни, ӯ ва як хизматгори дигаре будааст, ки ӯ номашро намедонад. Ин хизматгор имконияти шунидани суханони онҳоро он кадар нагз хам надоштааст, чунки омада хурок оварда мерафтаасту халос. Санаи нишастро ӯ тахминан мохҳои март гуфт. Ҳангоми вохӯри сухбати онҳо дар бораи натичахи интихобот будааст. Дигар боз дар кадом мавзуъ сухбат мекарданд дар ёдаш нест. Ин нишондодҳои дар толлри суди додаи Муродов С. Аз нишондодҳои дар рафти тафтишот додаи ӯ фаркият доштанд. Ва ҳангоме, ки айбдоркунандаи давлати протоколи пурсиши уро хонда дод, шоҳид Муродов Сарабек нишондодҳои дар тафтишот додаашро қисмат тасдиқ кард. ӯ иброз дошт, ки дар хакикат Назарзода А. он руз маърака дошт. Ва ӯ низ ба монанди дигар даъватшудагон дар он иштирок кардааст. Вале дар вохӯрие, ки байни онҳо вам ан гузашта аст сухан дар бораи табадуллот ва зарурияти зуран хокимиятро гасб кардан намерафт. Масъалаи таксими вазифаҳо низ байни иштирокчиёни вохӯри барраси нашуда буд. Ба ғайр аз ин ӯ иброз намуд, к ибо фармони Назарзода А. ӯ ва рафиконаш пештар якчанд маротиба дар назди корхонаи нонбарори, ки ба Назарзода тааллук дорад ҷамъ шуда, яроку аслиха ва либосҳои низоми пушида ба минтакаҳои гуногуни Тоҷикистон барои ором ва муътадил намудани вазъият сафарбар шудаанд. Оиди ин гурӯҳҳои низомии Назарзода А. мақомоти кудратии кишвар медонистанд ва худи онҳо онро истифода мебурданд. Ва хар як чунин даъватро ӯ ва шарикони ӯ ҳамчун даъвати давлат ва Хукумат меҳисобиданд.
Санаи 06.03.2015 сол ӯ ба хонаи Назарзода ьарои маърака омада будааст на барои ягон маслихати пинҳони. Дар ин маърака сухан дар бораи табадуллот намерафт. Он суханоне, ки ӯ дар рафти тафтишот додааст худаш намедонад чих ел додааст ва барои чи нисбати мо тухмат кардааст.
Дар рафти мурофиаи суди, баъд аз ин нишондодаш, боз уро ҳамчун шоҳид такроран санаи 26.02.2016 сол дар рафти мурофиаи суди пурсиданд ва сабти навори нишондодашро, ки дар тафтишот додааст, мо ҳама тамошо кардем. Дар ин навор ӯ қисман тасдиқ мекунад, ки вохӯри дар манзили истиқоматии Назарзода А. баргузор гардида буд ва сухан дар бораи зарурияти табадуллот мерафт. Вале оиди он ман дар ин вохӯри чи мегуфтам, чи амал иҷро мекардам ӯ чизе аниқе гуфта натавонист. Дар ин сухбат ба гуфти Муродов С. Фақат Кабири ва Назарзода сухбат мекарданду халос. Ачибаш он аст, ким уродов ҳатто намедонад ки ин наворро дар кучо ба навор гирифтаанд, он пеш аз рубарукуни бом ан гузаштааст ё не. ӯ намедонад, ки барои чи даъфаи гузашта дигар хел нишондод додааст. Дар рафти мурофиаи суди чунин ба назар мерасид, ки ӯ зери ягон намуди маводи нашъадор ва ё дигар моддаи химияви, ки тафаккури инсонро суст мекунад қарор дорад. Ба саволҳои ҳимоя вам ан «намедонам, чизе гуфта наметавонам, нафаҳмидам» ҷавоб медод. Ба саволи судшаванда Хисайнов У., ки чаро дар навор оиди таксимоти вазифаҳо баъди табадуллот чизе нагутед вале дар протоколи рубарукуни бом ан ва Ҳаитов М. оиди он гуфтед, Муродов С. Ҷавоб дод, ки ин суханонро ба ӯ Назарзода А. танҳо баъди маърака ба ӯ гуфта будааст. Ва ӯ оиди табадуллот умуман чизе намедонад. Тафтишоти пешакӣ суханони уро оиди таъсиррасони ба Хукумат нодуруст сабт кардаанд, ӯ табадуллот нею калимаи фишорро дар назар доштааст, ҳангоми иштирок дар сухбати Кабири ва Назарзода. Дар ин сухбат ӯ аниқ намедонад, ким ан суханрони мекардам ё не. Суханони шоҳид Муродов С.-«ман оиди фишори ба Хукумат медодашуда чизе аниқ нафаҳмидам, кич и гуна аст, сиёси ва ё ҳарби. Ва оиди таксимоти вазифа танҳо аз суханони худи Назарзода А. баъдтар фаҳмидам». Яъне, ки шоҳид муродов Сарабек шоҳиди дода наметавонад, ки ҳангоми сухбат дар манзили истиқоматии Назарзода А. сухан дар бораи фишори ҳарби ба Хукумати қонуни ва таксими вазтфаҳо барои иҷрои ин амал байни Ҳаитов, Хисайнов, Назарзода ва Кабири гузаштааст ё не. Мутобиқи талаботи моддаи 73 КМҶ ҶТ шоҳид сарчашмаи маълумотхояшро бояд нишон дода тавонад ва он бояд аз тарафи тафтишот ва суд санчида шавад. Агар сарчашмаи ин маълумот санчиданаш ғайриимкон бошад, онгох маълумоти додаи ӯ далел шуда наметавонад. Ҳамин тариқ, он маълумоте, ки шоҳид Муродов С. Оиди сухбат ва таксими вазифаҳои мушаххаси хар як сухбаткунандагон гуфта гузашт, бинобар ғайриимкон будани санчиданашон ҳамчун далел набояд ҳангоми баровардани ҳукм истифода шаванд. Ин талаботи қонун аз тарафи судя Сатторзода А. дағалона вайрон карда шудааст. Вале б очи сабаб ва дар кадом асос суди мархилаи якум нишондодҳои дар мурофиаи суди додаи Муродовро шубҳанок шуморида ба онҳо ҳангоми баровардани ҳукми худ такя намекунад? Умуман чунин ба назар мерасид, ки худи мурофиаи суди хам нолозим буд, чунки ягон далеле ба фоидаи мо овардашуда аз тарафи судя Сатторзодв ба инобат гирифта нашудааст. Он чизе, ки ба мо тафтишот бор кард, онро тасдиқ кардаасту халос. Пас чих ел мо ба адолати суди бовар кунем, агар он давомдихандаи сиёсати таъқибомези тафтишот бошад.
Шоҳиди дигари сохташудаи тафтишот ин Аюбов Фозилбек мебошад. Дар рафти мурофиаи суди ӯ нишондод дод, ки –«мохи март баъди интихоботи Хочи Халим бисёр вақт ош медод. Рафта хурдем. Бегонитараш шофераш ба ман гуфт, ки биё ёрдам кун. Ош бурдан лозим ба мехмонон. Маҳмадали Хаит ва Саидумар Хусайниро ман ба мехмонхона даровардам. баъдьар Хочи Халим ва баъд бошад Муродов С. Омад. Вақти сухбати Хочи Халим ва Кабири ин ду нафар (Ҳаитов ва Хисайновро дар назар дорад) бо ишора тасдиқ мекарданд. Чи мегуфтанд намедонам.» Аюбов Ф. ҳаминро фаҳмидааст , ки Мухиддин Кабири ба Хочи Халим мегуфт, ки «солҳои 92-ро такрор накунед». ӯ посуда мебаровардааст. Дигар чи гап мегуфтанд дар ёдаш нест, баъд ӯ ба хонааш рафтааст. «Ман ба мехмонхона медаромадаму дарав мебаромадам, он кадар сухбат нашунидам. Суханони Кабири «кадом руз моро аз Тоҷикистон даф мекунанд» ҳаминашро фаҳмидааст. «Ман бисёр вақт дар коридор будам. Вазифаи ман фақат овардан ва бурдани авкот буд, аниқ дар бораи чи мегуфтанд ман намедонам. Оиди он, ки дар нишондодам гуё, ки Назарзода А. гуфта бошад, ким ан одами боваринокиу хастам дуруг аст. Хочи Халим гуфт- ин коргари завод аст».
Аз ин нишондоди шоҳид чи хулоса баровардан мумкин аст? Он ки шоҳид дар хакикат ягон сухани мушахас ва аниқро дар ин маърака нашунидааст ва хам шунида наметавонист. Чи хеле, ки ӯ гуфт ӯ фақат як коргари завод буд ва ба Хочи Халим наздик набуд, ки уро ба ин гуна маслихатҳо роҳ диханд. Вазифааш фақат бурдани хурока ва тоза кардани дастархон буду халос.
Дар рафти мурофиаи суди шоҳид Аюбов Ф. камгап, канда-канда гап мезад. Бисёр чизхоро гуё фаромуш кардааст. Агар ӯ ин кадар фаромушхотир бошад, пас чи тавр баъд аз гузаштани ним сол чунин чузъиёти суханони Назарзодаву Кабириро дар ёд гирифтааст ба ман муаммост. Аз нишондоди Аюбов Ф. дар рафти тафтишот бармеояд, ки гуё ӯ сухбати Кабирию Назарзодаро дар ягон асбоб сабт карда бошад, ки норезондаву ночаконда ба тафтишот оварда расонидааст. Дар хусуси иштироки ман дар ин маърака шоҳид Аюбов Ф. чизе аниқ гуфта наметавонад. ӯ ҳамаги манро ба гуфти худ 1 маротиба дидааст. Хамон хам ҳангоми хабар гирифтанам дар манзили истиқоматиам, ки он гох, яъне апрели соли 2013, ман бос ару руи кафидаю варам ва кабуду сиёх бистари будам. Чи хел ӯ бо гузашти 2 сол манро, ки ҳамаги 1 бор дидааст шинохтааст? Шояд шумо гуед, ки хотирааш кави будааст. Агар ин тарв бошад чаро шоҳид Аюбов дар тан чи либос доштани манро рузи 06.03.2015 сол гуфта натавонист? Ҷавоб якто аст – чунки ман дар ин маъракаи Назарзорда иштирок накардаам.06 марти соли 2015 ман дар қароргохи марказии ХНИТ будам.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ дар бораи ин мо чанд маротиба ба муфатишон ва сардори гурӯҳи тафтишоти Иброҳимзода мурочиат карда будем, ки далели дар бинои ХНИТ будаи ман санчида шавад.вале мутаасифода Иброҳимзода И. барои тафтиши холисона ва ҳаматарафаи парвандаи ҷинояти чорае наандешидааст. Ягон вачъи ман оиди бегуноҳиям аз тарафи муфатишони парванда санчида нашудааст. Ин амалҳо низ аз тарафи суди зинаи якум иҷро нашудааст. Ба нишондодҳои мухталиф, шубҳанок ва мачбурии шоҳидону судшавандагон суд дикати лозима надодааст. Мухолифатро дар онҳо бартараф накардааст, ки ин аллакай худ қонунвайрокунист ва боиси таъгир ва бекор кардани ҳукми суди шуда метавонад.
Ҳамин тариқ, гуноҳи ман дар содир кардани ҷинояти дар моддаи 187 қисми 1 ва 2 кодекси ҷинояти пешбинишуда тасдиқи худро намеёбад. Ягон шоҳид нишондоди аниқ ва санчидашванда оиди таъсиси иттиходи ҷинояти ҳамроҳи Назарзода А. ва дигаронро нисбати ман надодааст. Ба ғайр аз сабти навори шубҳаноки пурсиши Муродов Сарабек дар тафтиштти пешакӣ кадом далели шаъи метавонад гунаҳгории манро дар ташкили иттиходи ҷинояти, барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё ҷиноятҳои махсусан вазнин, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳод (ташкилот) ё ба ҷузъу томи таркибии онҳо, инчунин ташкили иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил бо мақсади таҳияи нақша ва фароҳамоварии шароит барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ва ё иштироки манро дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил тасдиқ кунад. Дар рафти тафтишоти суди аз тарафи айбдоркунандагони давлати ба мо дигар далелҳои шаъи пешниҳод нашудаанд. мо онҳоро надидем ва муҳокима низ накардем. Аз ин лиҳоз такя намудан ба чунин далелхое, ки дар рафти мурофиаи суди тахлил нашудаанд аз тарафи суд нораво аст.
Мӯҳтарам аёзоёни коллегияи суди, ин кирдор, к ибо он ман айбдор карда мешавам умуман чой надошт. Ва агар дар хакикат Назарзода А. иттиходи ҷинояти ташкил карда бошад хам, сахм ва гуноҳи манро дар ташкили ин иттиход боя гон далели боэътимод дар рафти мурофиаи суди тасдиқи худро наёфтааст.
Ба ғайр аз ин ман боз дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 189 қисми 3 банди «а» КЧ айбдор карда мешавам, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои барангехтани кинаю адовати милли, нажоди, махалгарои ва дини, ки аз чониби гурӯҳи муташакил содир шудааст, дар назар дорад.
Дар болом ан бо ишора ба далелҳои мавҷудаи парвандаи ҷинояти исбот кардам, кия гон гурӯҳи ҷиноятиро ташкил накардаам. Дар ягон ҳайати гурӯҳи ҷинояти ва ё иттиходи ҷинояти шомил набудам. Хулосабарории суди зинаи аввал дар ин самт хато мебошад.
Дар фикри айбдоркуни омадааст, ким ан дар мақолаи «Бурду бохти ХНИТ дар соли 2011 аз назари сохибназарон» дар шумораи №1 дар рузномаи «Начот» аз 04.01.2012 сол мақомоти олии коунбарории кишвар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ-ро мақоми номустақил ном бурда, аксари қонунҳои қабулнамудаи ин мақомотро зидди мардуми ва ба вокеъият ва чомеаи Тоҷикистон мувофиқ набуда ҳисобида, байни мардум кинаву адовати сиёси ва идеологиро барангехтам. Мӯҳтарам аъзоёни суд, дикат кунед, бо навиштани ин мақола манро мақомоти тафтишоти бароибарангехтани кинаву адовати сиёси ва идеологи мутахам мекунад, валекин моддаи 189 КЧ ҷавобгариро барои барангехтани кинаву адовати милли, нажоди, махалгарои ва ё дини мукарар кардааст. Аз тарафи тафтишоти пешакӣ ва ё дар хулосаи мутахасисон ягон чизи дакике оиди ин мақола, ки дар он ибораҳои бирангезандаи кинаву адовати милли ва нажоди, махалгарои ва дини бошад нишон дода нашудааст. Ман дар ин мақола фақат фаъолияти Маҷлиси Миллиро танкид кардаам. Ва барои ин танкид хам далел овардаам. Дар ин ҷо таъқиби сиёси нисбати ман вобаста ба мавқеъи ишголнамудаи ман рафта истодааст. Нодуруст бандубаст кардани ҳаракатҳои ман, фармоиши будани парванда гувохи он аст.
Бояд қайд кард, ки на тафтишот ва на мутахассисон, ки вобаста ба мақолаи мазкур хулоса додаанд дуруст ба махфумҳои кинаву адоват сарфаҳм намераванд. Ҳарчанд, ки ин мақолаи мазкур дар рафти мурофиаи суди ҳамчун далели шаъи муҳокима нашуда буд, вале ҳангоми баррасии шикояти мазкур хохиш карда мешавад, ки ба он шинос шавед. Ва худатон хохед дид, ки дар он ягон аломатҳои кинаву адоват дида намешавад. Дар ин мақола фақат фикри субъективии як шахс – яъне ман, вобаста ба фаъолияти Маҷлиси Оли мебошад. Мақолаи мазкур апрели соли 2012 нашр шудааст, вале ба ҷавобгарии ҷинояти муаллифи он баъди 4 сол кашида мешавад. То ин вақт мақомоти дахлдор дар кучо буданд, барои чи он гох дар мақолаҳои ман ва дигарон ягон аломати ҷиноят ёфт нашуд. Чи хеле, ки шоҳид Нуриддинов Рахимали, профессор, мудири кафедраи муносибатҳои байналмиллалии ДДТ, узви ХХДТ дар мурофиаи суди гуфта гузашт: — он гох аломатҳои ҷиноят буд, вале ташхисгарон арои ором ива суботи чомеа чашмашонро пушиданд. Дар назди қонун махфуми озод кардан аз ҷавобгарии ҷинояти барои оромии ва суботи чомеа нест. Барои ҳамин зарур аст, ки он ташхисгарон ки солҳои пеш мақолаҳои манро ташхис кардданду хулосаи бардуруг додаанд ба ҷавобгарии ҷинояти кашида шаванд. Ё ин ки агар ташхиси онвақтаи онҳо дуруст бошад, пас айни ҳол бо гузаштани замон набояд ман бо ин мақолаҳо ба ҷавобгари кашида шавам. Чунки ҳангоми нашри ин мақола дар ҳаракатҳои ман мутобиқи ташхиси коршиносон аломатҳои ҷиноят дида намешуд.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ муфатишон ба ман мақолаи дигаре низ бо номи «Вазъи ислом дар зиндагии имрузаи мо»-ро бор карданиянд. Ин мақола нопурра буда гуё, ки ҳангоми кофтукови манзили истиқоматии ман дарёфт карда шудааст. Ин мақоларо касе ба ғайр аз муфатишону ташхисгарон надидааст. На ман, на ҳимоятгарам ва на ҳатто суд. Онро низ чун далели шаъи дар рафти мурофиаи суди муҳокима накардаанд. Мутобиқи қонун ҳукми суд бояд дар асоси тамоми далелҳои дар суд муҳокима карда шуда бароварда шавад. Ин ҳолат, яъне муҳокимаи далелҳои шаъи дар рафти мурофиаи суди тахти раисикунанда Сатторзода А. тамоман вуҷуд надошт. Чунин ба назар мерасад, ки муфатишони парвандаи мазкур умуман дигар ба қонун итоат намекунанд, ки зарур намешуморанд судшавандаро бо ин мақола шинос кунанд, мақоларо чун далели шаъи ба суд ҳамроҳи парвандаи ҷинояти равон кунанд, фикру акидаи манро ба ин мақола шунаванд ва санҷиш гузаронанд. Муаллифи ин мақола ман нестам. Азбаски худи мақола бо вайрон намудани меъёрҳои қонунгузории мурофиави дарёфт карда шудааст, ки ягон шаҳодати муаллифии манро надорад. На ҳама китобу мақолахо, ки дар хонаи ман мебошанд ҳатман бояд муаллифаш ман бошам. Мақолаи мазкур нотамом будааст ва дар баъзе чойҳо боз ислох бо даст дароварда шудааст. Агар ин хел бошад, пас чаро муфатишон дархости моро, ки мақолаи мазкур ба мо нишон дода шавад, то ман бубинам, ки ислохот ба хусни хати ман дароварда шудааст ё не бо хар бахона рад карда мешуд. Барои чи ҳангоме, ким о мансубияти ин мақоларо бо худ котеъона рад кардем, муфатишони прокуратураи генерали ташхиси забоншиноси, услубшиноси ва хатшиноси таъин накарданд, то ки муайян карда шавад, ки маҳз ман ин мақоларо навишта ҳатто ислох хам ба ӯ даровардам. Ва ин тазодҳо дар рафти мурофиаи суди низ бартараф карда нашудаанд. Ба суд пешниҳод накардани ин мақола шубҳаро оиди умуман мавҷуд будани онро ба миён меоварад.
Яке аз айбҳои дигаре, ки тафтишоти пешакӣ ба ман эълон кардааст ин содир кардани ҷиноят бо қисми 3 моддаи 307 КЧ пешбинишуда мебошад. Моҳияти айб аз он иборат аст, ки гуё ман бо маслихати пешакӣ бо дигар аъзоёни Раёсати Олии ХНИТ санаи 19.08.2015 бо истифодаи компютери тамгаи ВИЗИОН-и нашриёти рузномаи Начот дар бинои маъмурии марказии ХНИТ варакаҳои таблиготи дорои хусусияти даъвати оммави дошта, ҷиҳати бор охи зуровари гасб намудани хокимияти давлати бо матни «Бародарони ахли нахзат!…» хуруфчини ва омода карда, шумораи онҳоро зиёд намуда ба бахшҳои ХНИТ ирсол кардаам. Мувофиқи протоколи кофтуков аз 18.09.2015 сол аз қароргохи марказии ХНИТ аз хучраи кории ман 30 адад ин варакаҳои таблиготи дарёфт карда шудаанд. Ҳамчунин ин варакаҳо гуё аз манзилҳои истиқоматии аъзоёни хизб Бобоев Т., Эмомов Р., Рустамов С дар Душанбе ва дигар шахру нохияҳои Тоҷикистон дарёфт карда шудаанд.
Дар асл чунин варакахоро ман нанавиштаам ва дар пахн намудани он ягон сахм надорам. Худатон фикр кунед. Ҳангоми баста шудани бинои марказии ХНИТ 28.08.2015 сол ман , САйфуллозода Х., Хисайнов У. ва дигарон тамоми асбобу анҷоми лозимиамонро гирифта мебарорем. Ҳатто Хисайнов У. гулхое, ки дар утоки кориаш буд мебарорад, вале дар бораи ин варакаҳо фаромуш мекунад. Ман бошам низ аз утоки кориам ариза ва мурочиатҳои бисёри аъзоёни хизбро вобаста ба фишор ва зуровари аз тарафи мақомоти кудратиро гирифта ба хонаам меораму, аз чи сабабе бошад ин варакахоро дар чои корам мемонам. На аз тарафи суд ва аз тарафи тафтишот вобаста ба ин варакаҳо ҳамчун шоҳид касе пурсида нашудаст, ки муайян карда шавад, ки ин варакахоро онҳо аз кучо гирифтан, ки ба онҳо додааст в акай.
Иловатан файли варакаҳои мазкур на дар дохили дискҳои С ва ё Д-и компбтер , балки дар руи РАБОЧИЙ СТОЛ чойгир карда шудааст. Барои ташкилоти ҷиноятие, ки нияти гасби хокимият ва табадуллоти давлатиро дорад ин гуна беэхтиёти ғайримкон аст. Ин ба мантик рост намеояд. Ва агар дар асл ин варакаҳои таблиготи мавҷуд мебуданд онҳо якумин дарача аз утокҳои кори гирифта мешуданд. Ба ғайр аз ин саволе ба миён меояд, ки вобаста ба пайдо шудани ин варакаҳои таблиготи дар манзилҳои Бобоев, Эмомов, Рустамов ва дигарон тафтишот чи амалеро ба анҷом расонидааст. Ин ашхос чи гуна нишондод додаанд? Оё ягон нафари онҳо манро ҳамчун муаллиф ва ё таксимкунандаи ин варакаҳо номбар кардааст? Пас тафтишоти пешакӣ дар кадом асос дар фикри айбдоркуни дар бораи маслихати пешакӣ оиди чопи ин варакахо, зиёд намудани шумораи он ва пахни онҳоро ба гардани ман бор карданист. Чаро суди зиннаи аввал ба муяфн кардани ин чузъиёти парванда ахамият надод.? Оё тафтишот ба ғайр аз тахмину хаёлот ягон далели вокеъи дорад? Чаро ин варакаҳо низ дар мурофиаи суди мавриди муҳокима қарор нагирифтанд? Судя Сатторзода А. ҳангоми баррасии парвандаи мо мустақилият ва беғаразии худро гум карда аз накшаи кашидаи Прокуратури генерали чуръати берун баромаданро надошт. Суд ягон кушиши ҳаматарфа дида баромадани парвандаро накард.
Диспозицияи моддаи 307 қисми 3 ҷавобгарии ҷиноятиро барои даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зўроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зўроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад, пешбини намудааст.
Дар моддаи мазкур ибораҳои «ташкилотҳои нияти душманона дошта» ва «намояндагони давлатҳои хоричи» оварда шудааст. Дар тамоми қабати маводҳои парвандаи ҷинояти фақат номи як ташкилоти хоричи оварда шудааст. Ин хам намояндагии фонди олмонии «Фридрих Эберт» мебошад, ки раиси он Хайдаров Рустам пурсида шуд. Бояд хоттирасон кунам ки ин ба ном ташкилоти нияти душманона дошта холо хам дар Тоҷикистон амал карда истодааст. Мутобиқи нишондоди Хайдаров Рустам робитаи Мухиддин Кабири ба ин фонд аз солҳои 1996-1999 огоз гардидааст. Мухиддин Кабири аз роҳбарони ин фонд хохиши ташкил намудани вохӯри бо намояндагони Иттиходи Аврупо ва Вазорати корҳои хоричии Олмонро талаб кардааст. Аз фонд ёрии модди ва сиёси пурсидааст. Дар семинарҳо иштирок ва баромад карда хаки гонорар мегирифтааст. Хайдаров мегуяд, ки гуё Сафоратхонаи Олмон уро мачбур мекард, к ибо ХНИТ хамкори кунад. Оё нияти душманона доштани ин фонд тасдиқи худро ёфт? Чи хеле, ки худи Хайдаров дар мурофиаи суди гуфта гузашт, самти фаъолияти фонди «Фридрих Эберт» ин дастгирии равандҳои демократи, инкишофи иктисодиёт ва дастгирии олимон мебошад. Аз баски ХНИТ ягона хизби пурфаъоли опозитсионии хизби ъоким дар Тоҷикистон буд, ва дар ташкил додани фазои демократия роли муҳиму калонеро мебозид, чои таачуб нест, ки маҳз бо ҳамин сабаб сарварони Фонд бо ХНИТ хамкори мекарданд. Агар ин фонд ва ё дигар ташкилоту намояндагони давлатҳои хоричи нисбати Тоҷикистон, ороми дар он, нияти тачовуз дошта бошанд, чаро ин далелҳо дар рафти мурофиаи суди аз тарафи айбдоркунандагони давлати ба суд ва барои муҳокима ба иштирокчиёни мурофиа пешниҳод нашуд. Ин гуна ҳуҷҷатҳо айбдоркуниро бо моддаи 307 қисми 3 таквият мебахшиданд. Ба ин савол хам ҷавоб маълум аст – парвандаи мо дар асоси тахмин ва хаёлот тартиб дода шудааст, он фармоиши ва сиёсист, ва барои ҳамин хам ягон зарурияте барои пешниҳоди далели гунаҳгории мо нест.
Яке аз 14 айби эълоншуда нисбати ман ин гуё даъватҳои оммави дар ба амал баровардани фаъолияти экстремисти мебошад. Тибқи хулосаи ташхиси комплексии забоншиноси, равоншиноси, диншиноси ва сиёсатшиносии мутахасисони Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Кумитаи кор бо дин, танзими анъана ва чашну маросимҳои милли аз 11.11.2015 сол дар мазмуни фитаҳои «ДИИШ» ва «ДИИШ-2», ки гуё ҳангоми гузаронидани кофтукоб аз манзили истиқоматиям дарёфт карда шудаад, акидаҳои террористи ва даъвати оммави барои ба амал баровардани фаъолияти экстремисти-террористи вуҷуд дорад.
Ҳангоми гузаронидани кофтукоб дар манзили ман талаботҳои конугузории мурофиави дағалонавайрон карда шудаанд. Якум, ҳангоми огози кофтукоб ба сохибхона қарори суд оиди ичозати ковтукоб нишон дода нашудааст. Аз сохиб хона талаб карда нашудааст, ки чизҳои ғайрикоуниро ихтиёран бароварда диханд, чунки худи муфатишон ҳатто намедонистанд, ки онҳо чиро чустучу кардани омадаанд ба манзили ман. Мутобиқи талаботимоддаи 190 КМҶ барои гузаронидани кофтукоб бояд маълумоти кофи мавҷуд бошад, ки дар бинои истиқоматии мазкур ягон ашё, олоти ҷиноят, ҳуҷҷат ва ё дигар чизҳо мавҷуд аст. Чи маълумот доштанд муфатишон? Хеч сиз. Мутобиқи талаботи моддаи 192 КМҶ бояд ҳуқуқ ва вазтфаҳои шахсони холис фаҳмонида мешуд. ҳамаи ашё ва ҳуҷҷатҳои гирифта шуда бояд ба шахсони холис ва дигар иштирокчиён нишон дода, банду баст ва мухр карда, бо имзои муфатиш ва шахсони холис бояд тасдиқ шавад. Кофтукоб санаи 16.09.2015 сол соати 19.50 огоз шудааст. Дар рафти ин ҳаракати тафтишоти ду шахси холис: Исматов Хукум ва Шоназирова Н. иштирок доштанд. Шоҳид Шоназирова дар рафти мурофиаи суди пурсида шуда иброз дошт, ки ҳангоми кофкукови манзили истиқоматии ман уро кормандони кудрати даъват карда буданд. дар хакикат аз манзили ман китобхо, компютер, телефон, планшет ва дискҳо гирифта шуданд. Ҳангоми гирифтани дискҳо ӯ дао болои ягон диск навиштачоти «ДИИШ» ва «ДИИШ-2» -ро надидааст. Муфаттиш ягон дискро бо аломатҳои фарккунандааш дар протоколи кофтукоб аниқ ларч накардааст. Далелхоро дар пакете банд карданду, мухр назаданд. Холисон дар балкон буданду яке аз кормандони амнияти бо писари Ҳаитов дар дохили хучра дискхоро тамошо мекард. Ва агар ин гуна дисҳои ифротгарои пайдо мешуд, шояд ба онҳо нишон медоданд. Ягон шахси холис ва иштирокчии он ҳаракати тафтишоти ингуна дскхоро надидааст. Ин дскҳо баъдтар ҳангоми азназаргузарони рузи дигар дар утокҳои кормандони хифзи ҳуқуқ пайдо мешаванд. Мо чанд маротиба, хам дар рафти тафтишоти пешакӣ ва хам дар рафти мурофиаи суди оиди он иброз доштем, ки ин дискхоро коркунони амнияти бо дискҳои аз хонаи ман гирифташуда ҳамроҳ кардаанд. Агар айбдоркунандагони давлатиба суханон ва далелҳои мо рози намебуданд онҳо бояд , ки вачъҳои мор обо далелҳои раднопазирашон инкор мекарданд. Ва ё ин ки шахсоне, ки дар рафти азназаргузаронии ин дускҳо иштирок доштанд ба суд чун шоҳид даъват мекарданд, вай сабт ё расми ин дискхоро ҳангоми дарёфташон аз манзили истиқоматии ман ба суд пешкаш мекарданд. Азбаски онҳо ин амалхоро иҷро карда натавонистанд, хулоса баровардан мумкин аст, ки ба вачъи мо оиди сохтакории далел рози хастанд.
Айбдоркунандагони давлати ягон далеле оид ба даъватҳои ҷинояткоронаи оммави ман ба суд пешниҳод карда натавонистанд. Суди низ, бинобар набудани ягон далел, ғайриқонуни, бе таҳқиқ ва баходихии дуруст манро дар содир кардани даъватҳои оммави дар ба амал баровардани фаъоияти экстремисти гунаҳгор шумурд. На ҳангоми тафтишоти пешакӣ ва на ҳангоми мурофиаи суди исбот карда нашуд, ки дар ҳаракатҳои ман таркиби ин ҷиноят чой дорад. Кай ва дар кучо, дар назди к ива кихоро ман даъват кардам. Оё ягон шоҳиде хаст, ки бар мукобили ман нишондод диҳад. Даъват – ин ба шуур ва иродаи одамон таъсири фаъолона расондан бо максади онҳоро ҷалб намудан ба ҳаракатҳои зуровари оид ба гасби хокимият , бор охи зуровари нигоҳ доштани хокимият ва ё тағйир додани сохти конституциони ва ғайра мебошад (Тафсири Кодекси ҷиноятии ҶТ). Шаклҳои даъваткуни гуногунанд: шифои, хатти, ба воситаи асбоби техники ва ғайра. Аломати ҳатмӣи тарафи объективии ин ҷиноят дар он ифода мегардад, ки даъват бояд хусусияти оммави дошта бошад. Ин чунин маъно дорад, ки даъват ба шумораи калони одамон равона карда шуда бошад. Мисол баромад кардан дар маҷлисхо, митингхо, чорабиниҳои оммави, истифодаи шиорҳои экстремисти дар вақти рахпаймоиҳо ва ғайра. Оё тафтишот исбот кард, ким ан дар ягон чой ин дискхоро истифода бурда, оммаро ба ифротгарои даъват карда бошам. Ягон далели мушаххас дар қабати маводҳои парванда нест. Яъне ин боз як тахмини тафтишот аст. Ҳамин тариқ, айбдоркунандагони давлати ин айбро низ дар рафти мурофиаи суди исбот карда натавонистанд. Вале бо назардошти ин кадар хатогихо, нопурагии тафтишот, мавҷуд будани мухолифат дар нишондодҳо ва ғайра сули зинаи аввал тамоми вачъҳои тафтишотро дастгири карда манро махкум кард.
Он чизе, ки дар боло қайд кардам, вобаста ба мавҷуд будани далелҳои вокеъи ва саҳеҳ низ ба айбҳои бо моддаҳои 131 қисми 3 банди «а»; 32 қисми 3-309 қисми 2 банди «б»; 199 қисми 4 «а,б,в»; 195 қисми 3; 104 қисми 2 «а,б,ж,з,и,л,м,п»; 32 қисми 3-104 қисми 2 «а,б,ж,з,и,л,м,п»;179 қисми 3 «а»;306 ва 313 КЧ, ки нисбати ман аз тарафи Прокуратураи генерали беасос, ғаразнок ва фармоиши бор карда шудааст дахл дорад. Дар рафти мурофиаи суди вобаста ба ин моддаҳо низ шоҳидон ва ҷабрдидагон пурсида шуданд. Касе аз онҳо дар нишондодхояш накши манро дар ин ҷиноятҳо нишон дода натавонист, касе на аз ман ва на аз ХНИТ барои содир кардани ин ҷиноятҳо дастур ва фармоиш нагирфтааст, амри Ҳаитовро иҷро накардааст. Ин моддаҳои КЧ барои он ба ман ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ХНИТ пайваст карда шудаанд, ки гуё ин ҷиноятҳо дар натичаи маслихати пешакӣ бо Назарзода ҳангоми таъсиси иттиходи ҷинояти содиршавиашон ба накша гирифта шуда бошанд.
Ҳамин тариқ, мӯҳтарам аъзоёни коллегияи судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷинояти, ман – Ҳаитов Маҳмадали Раҳмонович дар содир кардани ин амалҳои ҷинояткорона бо моддаҳои 187 к.1 ва 2.; 189 к.3 «а»; 307 к.3; 131 қисми 3 банди «а»; 32 қисми 3-309 қисми 2 банди «б»; 199 қисми 4 «а,б,в»; 195 қисми 3; 104 қисми 2 «а,б,ж,з,и,л,м,п»; 32 қисми 3-104 қисми 2 «а,б,ж,з,и,л,м,п»;179 қисми 3 «а»;306; 313 ва моддаи 307 прим.1. Кодекси ҷинояти умуман гунаҳгор нестам. Гуноҳи ман дар рафти мурофиаи суди исботи худро наёфтааст. Тамоми далелҳои дар парванда мавҷуд буда барои гунаҳгор эътироф кардани ман аз ҷиҳати қонуни кофи нестанд. Ягон далели мушахасс, саҳеҳ дар парванда вуҷуд надорад. Мурофиаи суди, чун тафтиши пешакӣи парванда нопурра, яктарафа, ғаразнок бо маҳдуд кардани ҳуқуқҳои мурофиавии ман ва тарафи ҳимоя гузаронида шудааст.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судии зинаи чкум талаботҳои моддаҳои зерин: 9; 15; 17; 20; 21; 22; 47; 53; 72; 73; 78 к.2; 87; 94; 100; 102; 111; 172; 175;190; 192; 194 к.2 ва 4; 199; 204; 239; 244; 245; 247; 261; 277; 282; 293; 333; 339 к.1 ва 343 КМҶ ҶТ дағалона вайрон карда шудаанд, ки ин боиси баровардани ҳукми ғайриқонуни ва беасос гардидааст.
Ҳамин тариқ, бо назардошти гуфтаҳои боло, аз коллегияи суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хохиш карда мешавад, ки бинобар бармахал, ғайриқонуни, беасос бо назардошти мавҷуд будани хатогиҳо ва норасоиҳои зиёде дар рафти мурофиаи судии зинаи якум, ҳукми Суди Олии ҶТ аз санаи 02.06.2016 сол нисбати ман – Ҳаитов Маҳмадали раҳмонович ва дигарон бекор карда шуда, бинобар чой надоштани таркиби ҷиноят дар амалхоям ман аз ҳабс фавран озод карда шавам.
Замима: нусхаи ҳукми Суди Олии ҶТ аз 02.06.2016 сол
Судшаванда: Ҳаитов М.Р.
15.06.2015
Рубрики:Ҳуқуқи башар