Бознашр аз сайти Ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон»
Имрӯз 2.06.2018 аз ба ҳабси абад маҳкум кардани муборизи роҳи ҳақиқат, шахси адолатпарвару адолатхоҳ, покниҳод, озодандеш, қавирӯҳ ва ба қавлаш содиқ, муовини раиси Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалии Ҳайит ду сол мегузарад. Ду сол мешавад, ки Маҳмадалии Ҳайит дар панҷаи «Аҳримани замон», «Заҳҳоки асри 21» Эмомалӣ Раҳмон, ки барои морони сари кифташ он тоҷикеро, ки адолатро меҷӯяд қурбонӣ мекунад,қарор дорад. Тӯли ин ду сол ҷомеаи байналмилалӣ аз шиканҷа шудани Маҳмадалии Ҳайит ва дигар аъзои ин ҳизб дар зиндонҳои Тоҷикистон бонги изтироб мезананд, вале мақомот ин ҳамаро рад мекунад. Ва ҳарчанд созмонҳои ҳуқуқи башар аз ҷумла Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) ва Кумитаи Ҳелсинкии Нурвеж боздошти Маҳмадалии Ҳайит ва ҳамроҳонашро маҳкум ва аз ҳукумати Тоҷикистон озодии онҳоро хостор шудаанд, вале чун дар Тоҷикистон ягон қазия аз рӯи адолат таҳқиқ намешавад, ин дархост низ беҷавоб монд. Ва ахиран СММ низ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост ба амал овард, ки Маҳмадалии Ҳайит озод карда шавад. Умуман, касе, ки Маҳмадалии Ҳайитро аз наздик мешиносад, медонанд, ки ӯро на ба хотири муовини раиси Ҳизби наҳзат буданаш, балки маҳз ба хотири як тоҷики равшанфикр, олим, мутахассиси хуби соҳа буданаш бад медиданд. Ин ҳукумат аслан имрӯз бо баҳонаи аъзои ҳизб ё ҳаракате будани ин ё он нафари худогоҳ, даст ба нест кардани онҳо мезанад, то миллатро хору залил ва дастнигари дигарон гардонад. Маҳз нафаре, ки аз боби таъриху тамаддун, фарҳанги асили ин миллат бохабар аст, бо ҷурме равонаи зиндон мегардад ё тарки кишвар мекунад. Ин нишонаи миллатро бе пару бол кардан аст. Ва албатта ин корро нафарони ғайри тоҷик мекунанд, то тоҷик пару боли хешро кушодан наомӯзад ва бо пару боли дигарон дар парвоз бошад. Дар яке аз сӯҳбатҳояш Маҳмадалии Ҳайит ҳам ба ин омил ишора карда, гуфта буд: «Мо фарзанди угайи ин сарзамин нестем. Сулҳу субот моли мо ҳам аст. Дили мо ҳам барои ин Ватан месӯзад, метапад. Мо ободӣ ва оромии ин кишварро хоҳон будем ва хоҳон хоҳем монд. Агар ҳизбҳои дигар, ё масалан, ҳизби ҳоким мехоҳанд, ки нақшу ҳайсияти Ҳизби наҳзатро камранг нишон диҳанд, пас, рӯ ба мардуми тоҷик биёранд, мардумро бо ҷойи кор нафақа, маоши хуб, гармӣ ва зиндагии шоиста таъмин кунанд. Ҳуқуқҳояшонро бидиҳанд. Он гоҳ мардум аз онҳо ҷонибдорӣ хоҳад кард!»
Аз нигоҳи Маҳмадалии Ҳайит сиёсат сабуриро мехоҳад ва ӯ дар ин роҳ устувор монд. Ӯ сиёсатро ба савдо нагузошт. Меҳр ба Ватану мардуми тоҷик ӯро фурӯхтанашаванда боқӣ гузошт. Ва фурӯхта нашудани ӯ ин режимро сахт дар тарсу ларз гузошт. Ӯ, ки зиёд чиз медонад. Ҳар як қадами мондаи ин ҳукуматро аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданаш медонад. Зиндагӣ ба ӯ таҷриба омӯхта.Шояд бо марг дар Афғонистон на як бору ду бор рӯ ба рӯ гашта. Ҳатто дар Тоҷикистон барои куштанаш талош карданд ва фармоишгару ичрокунандаи ин тарҳ то имрӯз ошкор нашуданд. Барои он ки ӯ тоҷик аст ва фарзанди вафодори ин сарзамин. Аммо барои онҳое, ки имрӯз ҳукумат доранд, ин калима дар қатори ибораҳои «номус», «шараф» ва виҷдон бегона аст. Адолат хостани Ӯ ин ҳукуматро меларзонд Ӯ аст, ки рӯирост дар мавриди ҷанг ва сулҳи тоҷикон гуфт: «Тарафи ҳукумат бештар тақаллуб мекард. Бештар ба амалҳои гуногун даст мезад. Бештар созишномаҳоеро, ки бо хуни ҷигар ба имзо расида буданд, аз байн мебурд. Дар сессияи 16- уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд ҳар ду тараф ба ҳам омаданд, парчам бӯсиданд. Оши оштӣ хӯрданд. Баъди сессия ба ҷойе, ки рост ба Тоҷикистон биёянд, рафтанд Тирмиз. Ва аз он ҷо омаданд савори артиши Россияву Ӯзбакистон. Агар то сессия дар Тоҷикистон 150 ё 200 нафар кушта шуда бошад, авҷи хунрезиҳо баъди даромадани «фронти халқӣ» ва ба ном «ҳукумати конститусионӣ» ба Душанбе шурӯъ шуд.Хуб шуд, ки дар ин миён мулоқоти «Хусдеҳ» ба вуқӯъ пайваст.Нашояд, ки дар ВАО як тараф таъриф шавад. Дар ҳар як нишаст, ба хусус Ваҳдати миллӣ тавре қаламдод мекунанд, ки ду гурӯҳ ба ҳам ҷанг кардаасту президент Эмомалӣ Раҳмон онҳоро оштӣ дорондааст. Дуруст, саҳми он зиёд аст, чун роҳбари кишвар буд, аммо саҳми тарафи дигарро нодида гирифтанд, гуноҳ аст. Магар саҳми Комиссияи оштии миллиро, ки аъзои он барои ин сулҳ хуни ҷигар хӯрданд, нодида гирифтан хато нест? Худоро шукр, ки кишварҳо ба ҳам омаданд ва мо сулҳ кардем. Аммо бояд, гуфт, ки ҳарчанд санади ҳамдигарбахшӣ имзо кардем, вале то имрӯз ҳамдигарро набахшидем. Дар симои ҳамдигар душман меҷӯем. Мо қонуни авфи умумӣ имзо кардем, вале авфи умумӣ сурат нагирифт». Дар воқеъ, агар дақиқ бингарем он нуктае, ки Маҳмадалии Ҳайит ба он ишора кардан дар мавриди дар симои ҳамдигар душман ҷустан воқеияти рӯзгори имрӯзаи мост. Нафаре, ки амалаш, кору пайкораш ба ин ҳукумат маъқул нашавад дар як лаҳза аз ӯ душман месозанд. Барои бофтани иттиҳомҳои сохта коргардонҳои пасипардагӣ доранд. Ва ин коргардонҳо осону арзон тақдири тоҷикро ба қалам мекашанд. Мешикананд дигар одам месозанд. Аммо вақт нишон дод, ки на ҳамаро шикастану рехтан метавонанд. Адолатҷӯӣ дигаре пайдо хоҳад шуд. Дар яке аз ҷаласаҳои ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба ин ишора карда буд: Бародарону хоҳарони мо он қадар устуворанд, ки дар баробари ин қадар фишор оҳиста оҳиста бо сабру тааммуле, ки доранд пеш мераванд. Имрӯз мехоҳанд аз Ҳизби наҳзат як ҳизби пархошгар, ситезаҷӯ тундрав ва ифротиро ба намоиш гузоранд, вале Ҳизби наҳзати Тоҷикистон чунин нест. Мо ин қадар солҳое, ки фишор болои сари мо омад, пархошгарӣ накардем, ситезаҷӯӣ накардем ва зери қонунҳои мавҷуда ва Сарқонуни кишвар бо одобу ихлоси исломӣ фаъолият доштем».
Чанд сол аст, ки ҲНИТ -ро аз саҳнаи сиёсати Тоҷикистон дур намуданд. Тамоми бадбахтӣ, пеш нарафтану тараққӣ нанамудани Тоҷикистонро ба ин ҳизб алоқаманд донистанд. Ҳизбе, ки дар парлумон ҳамагӣ ду курсиро соҳиб буд, барои ояндаи неки Тоҷикистон талош мекард. Ин ҳизб зидди насохтани корхонаҳо дар Тоҷикистон, зидди ислоҳот дар соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра набуд. Ин ҳизб низ ҷонибдорӣ рушд, ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳамаи самтҳо буд. Аъзои ин ҳизб низ орзуи дидани Тоҷикистони тинҷу оромро доштанд. Имрӯз, ки ин ҳизбро сабабгори бадбахтӣ дар Тоҷикистон медонанд, боре ба худ суол намедиҳанд, ки кадоме аз аъзои ин ҳизб дар Тоҷикистон дар мансаби калидӣ буд ва бо истифода аз мансаб ба иқтисодиёти кишвар зарар расонд. Дуздӣ карду порахурӣ? Баръакс он ҷиноятҳои иқтисодӣ, коррупсия ва дигар амалҳое, ки содир мешаванд, аксар аз ҷониби аъзои ҲХДТ сар мезананд. Ҳарчанд рақамҳои мушахассро нишон намедиҳанд, ҳамасола ҳазорон нафар аз сафи ин ҳизб бо ҷурми ҷиноят кардан ҳориҷ мешаванд. Даҳҳо кормандони Оҷонсии зидди фасод ва дигар сохторҳо, ки паси панҷара рафтанд, дар ягон ҷой ёдовари нашуд, ки ин нафарон аъзои ҲХДТ ҳастанд. Ҳар рӯз мансабдорони тоҷик, ки аъзои ҲХДТ ҳастанд даст ба фасоду дигар амалҳо мезананд, ки боиси боз ҳам бештар шудани камбизоатон дар Тоҷикистон ва тарки кишвар кардани мардум мегарданд. Ва ин ҳамаро ҳукумат нодида мегирад. Ва аз ин ҳама нодиданҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки мақсади ин ҳукумат бештар на аз байн бурдани ҳизбе,балки нафарони донишманд, огоҳ ва ватандӯст аст. Масалан, Маҳмадалии Ҳайит аз даҳҳо ва садҳо мансабдори ин ҳукумат босаводтар ва дорои дониши баланд буд. Бо забонҳои форсӣ, русӣ ва англисӣ хуб балад аст ва дар ягон ҷое чун вазири маориф ва намояндагони мардумӣ, ки як ҷумлае аз худашон гуфта наметавонанд, хиҷолатзада намешуд. Чун «актере» телевизионро ба майдони масхара табдил намедод. Дилхоҳ сохтори қудратиро роҳбарӣ карда метавонист, чун ки дар ин самт низ кор карда. Аз ҳама муҳимаш тамаллуқ намекард ва воқеан барои ободии ин миллат камари ҳиммат мебаст. Аммо магар ин чиз барои ҳукумати вақт зарур аст? Албатта не, ҳукумате, ки дар пояи зулм, дуздӣ ва роҳзанӣ пойбарҷост дар атрофаш дузду роҳзан ҷамъ мекунадЛек набояд фаромӯш кард, «Доиман яксон намонад, ҳоли даврон, ғам махӯр», гуфтаанд. Ростиро ҳеҷ заволе нест ба ҷаҳон ва ҳақиқат рӯзе рӯи об мебарояд ва адолат ғалаба хоҳад кард. Ва мо низ бо умеди тантанаи адолат дар Тоҷикистон, дар ин моҳи мубораки Рамазон даст ба дуоем, ки Худованд решаи зулму золимро дар Тоҷикистон решакан кунад ва онҳое, ки бегуноҳ дар зиндонҳои Тоҷикистонанд ба озодӣ бароянд ва барои аз хоинон пок намудани миллати тоҷик хизмати арзанда кунанд. Ва бо суханони Маҳмадалии Ҳайит дар ин ҷо нуқта мегузорем. Ба фишорҳои пай дар пайи мақомот нигоҳ накарда бародарон ва хоҳарони мо сабурона пеш мераванд ва мо «на шикастаем ва на рехта» ва ба ҳамон андоза «устувортар ва қавитар ва дар азм росихтар» боқӣ хоҳем монд.
Ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон»
Рубрики:Дидгоҳ