Ба Вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро
Ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Ятимов Саймумин Сатторович
Ба арзи шумо мерасонам, ки муддати 2 солу 8 моҳ мегузарад ва яке аз ҷавонмардони кишвар Маҷидов Қаюм Ёриевич, ба тахаллуси мулло Абдуқаюм ба ҷурми ҳамдастӣ дар ошӯби собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ, Абдуҳалим Назарзода, зиндон ва ба ҳукми абад маҳкум шудааст.
Ростӣ, дар бораи Абдуқаюм намехоҳам зиёд бигӯям, чунки шахсан шумо ҷаноби Рамазон Раҳимзода ӯро хуб ва аз наздик мешиносед ва дар бегуноҳ буданаш ҳеч шакке надоред. Ман ҳудуди 20 сол боз Абдуқаюмро мешиносам. Ба он хотир бо он кас дӯстӣ ва бародарӣ барқарор карда будам, ки дар солҳое, ки мардуми кишвар ба маҳалгароӣ ғутта зада буданд, Абдуқаюм ҳамеша аз дӯстиву бародарии маҳалҳо ҳарф мезад ва такроран мегуфт: «Мо мардуми тоҷик аз ин маҳалбозӣ ҳечгоҳ пешрафт накарда, баръакс ба нестӣ меравем.» Ман ба он кас ягон нисбати хешӣ надорам. Абдуқаюм зодаи ноҳияи Нурободи водии Рашт аст ва ман зодаи минтақаи Кӯлоб.
Солҳое, ки байни мардуми ин ду минтақа бадбиниву маҳалгароӣ вуҷуд дошт, Абдуқаюм ҳамеша байни мардони шинохтаи ин ду минтақаву маҳал дӯстиву бародариро ташвиқ ва байнашон рафтуомади дӯстонаро ташкил мекард. Ӯ ягон олим ва ё домуллое набуд, танҳо ба хотири доштани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба тахаллуси Мулло ёдаш мекарданд. Шумо ҷаноби вазир, хуб медонед, ки Абдуқаюм дар ҳодисаҳои марбут ба Абдуҳалим Назарзода ягон рабте надошт.
Ва гӯё, ки Назарзода тарҳи амалиёташро дар хонаи Абдуқаюм кашида бошад, ин суханҳо асос надоранд. Агар ӯ дар ин корҳо ҳамдаст мебуд, худи ҳамон субҳ фирор мекард, вале ба бегуноҳ будани худ ва вафодор будани шумо эътимод дошт. Субҳи ҳамон рӯз ба ҳузури шумо омад ва аз чигуна рух додани ин ҳодиса тааҷҷуб мекард ва кӯшиш кард, ки аз тариқи телефон байни шумо ва Назарзода тамос барқарор кунад, то ки вазъият ором шавад. Ман ба ҳама муқаддасот савганд ёд мекунам, ки Абдуқаюм ҳеч гуноҳе надорад, чун шахсияти раҳмдилу вафодор аст ва ба қавли русҳо “подстава” шуд. Танҳо шумо ва раиси КДАМ — и ҶТ, ҷаноби Саймумин Ятимов метавонед, ки парвандаашро аз нав баррасӣ ва як кӯмаки беғаразона барояш кунед. Инчунин ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки 90% — и кормандони баландпояи мақомоти низомии кишвар мисли собиқ Вазири мудофиа, Шералӣ Хайруллоев, собиқ котиби Шӯрои амният Амирқул Азимов, собиқ Прокурори генералӣ Шерхон Салимов, Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзоев ва дигарон шаҳодат хоҳанд дод, ки Абдуқаюм барои миллату кишвар ва манофеи миллӣ хидмат кардааст.
Бори дигар дар ин моҳи мубораки Рамазон аз шумо хоҳиш мешавад, ки бо ин шахсияти бегуноҳ, ки соҳиби ду писар аст, яке соҳиби ду фарзанд ва дигаре бояд баъди як ҳафта ҷашни арӯсӣ мекард, ки мутаассифона ҳардуи онҳо ҳам бегуноҳ ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд, мусоидат кунед. Ва ҳаркас бояд бидонад,ки ба ҳар як соати дар зиндон сипарӣ кардани шахси бегуноҳ, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират афсӯсу надоматҳои зиёд хоҳад хӯрд. Ва боқӣ ҳама тасмим ба инсофу виҷдони шумо ҳавола…
Абдусаттор Бобоев
Узви Иттиҳоди рӯзноманигорони ҶТ,
Муқими Аврупо
Рубрики:Ҳуқуқи башар