Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) зимни ибрози таассуф аз зиндонӣ шудани Қиёмиддин Ғозиев, ба муддати 25 сол — аз собиқ раҳбарони ИНОТ ва яке аз аъзои барҷастаи Комиссияи Оштии Миллӣ ва касе, ки дар маросими имзои ниҳоии Созишнома сулҳ дар Маскав дар канори Э.Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ширкат доштааст, изҳор медорад:
Ҳукумат набояд шаҳрвандонро бидуни баргузории додгоҳи одилона ва шаффоф ва бе он ки муттаҳам битавонад аз худ дифоъи муносиб ба амал оварад, маҳкум намуда ва ба зиндон андозад.
Ва ҳамчунин, АОТ таассуфи амиқи худро нисбат ба қонуншиканиҳои пай дар пай тавассути муҷриёни қонун иброз медорад; зеро маҳкум кардани як шаҳрванд ба хотири гароишҳои фикрии муайян, хориҷ аз Қонуни асосӣ аст. Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, шаҳрвандон дар гароиш ба ин ё он фикри муайян озод ҳастанд. Мо мӯътақид ҳастем, ки муҷриёни қонун набояд фаромӯш кунанд, ки Тоҷикистон як кишвари демократӣ, ҳуқубунёд ва дунявӣ аст.
Ва ҳатто роҷеъ ба иттиҳомоте, ки Қиёмиддин Ғозиев ба хотири онҳо маҳкум шудааст, тардиде нест, ки баъзе аз ин иттиҳомот ба замони қабл аз оштиии миллӣ бармегарданд ва пас аз имзои Созишномаи сулҳ, ҳамаи афроди мансуб ба ин ё он аҳзоб ва гурӯҳҳо мавриди авфи умумӣ қарор гирифта буданд. Аммо Ҳукумат бидуни таваҷҷӯҳ ба авфи умумӣ, тасмим гирифтааст аъзои собиқи опозистсияи Тоҷикистонро ба иттиҳоми амалҳое, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ воқеъ шудаанд, маҳкум ва ба зиндон андозад. Ва ин аъмол, ҳикоят аз он мекунад, ки ҷониби Ҳукумат имзои гузоштаи худ зери Созишнома ва ризояти миллиро амалан лағв ва эълом медорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз поён наёфтааст!
Гуфтанист, Қиёмиддин Ғозиев баъди имзои Созишномаи сулҳ, мисли дигар муҳоҷирон ба ватан баргашт. Ӯ ба ҳайси узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ машғул ба фаъолият буд ва то замони қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ, аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени «Шараф» қадрдонӣ шудааст.
Аз ин рӯ, АОТ, зимни дархост аз Ҳукумат барои таҷдиди назар дар ҳукми содиршуда барои Қиёмиддин Ғозиев, аз ҳамаи созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва давлатҳои озод ва демократӣ ва низ кишварҳои кафили сулҳ дар Тоҷикистон мехоҳад, аз Ҳукумати Тоҷикистон бихоҳад, то Қонуни асосии кишвар ва ҳамчунин ҳамаи санадҳои байналмилалиро, ки зери онҳо имзо гузоштааст, риоят намуда, аз муҳокима ва зиндон кардани шаҳрвандони худ бо далелҳои бофта ва сохта худдорӣ кунад.
Анҷумани Озодандешони Тоҷик
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо