Дидгоҳ

Оё раисиҷумҳур ифротист? // Ё фитнаи «Ваҳҳобия»-ву «Салафия» кӯҳна шуд?

Муҳаммади Одинабек

Чанде қабл Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии рамазониаш, ки 12 майи соли ҷорӣ сурат гирифт, як фитнаи бузургеро роҳ андохт, ҳамзамон ин паём як «мужда» барои ифротгароён буд. Ифротгароён ва фурсатҷӯён ҳам зоҳиран мунтазири ишорае буданд, то фаъол шаванд. Хеле ҷойи нигаронист, ки ин фурсатро барояшон нафари аввали кишвар фароҳам кард. Интизор меравад, ки минбаъд шоҳиди воқеъаҳои нанговари зиёде хоҳем шуд.

Вақте, ки президент то сатҳи як ифротӣ поин меравад…

Вақте, ки раисиҷумҳур дар баромади расмиаш то сатҳи як ифротӣ поин меояд, ҳеч ҷойи гила аз ДОИШ, Алқоъида ва Толибон нест. Ба ҷуз ифротӣ, ҳеч касе 40 0000 аъзои як ҳизбро шиъа намехонад.

Чиҳил ҳазор нафарро бо ҷамъи хонаводаву хешовандонашон зарб бизанед, чанд миллион нафар мешавад. Агар мантиқан фикр кунем, фақат ифротӣ ё аз ақл бегона метавонад чанд миллион нафарро муттаҳам бикунад, ки «пурра мазҳаби шиъаро қабул кардаанд».

Нафари аввали кишвар мисли ойина давлату миллатро ба ҷаҳониён нишон медиҳад. Ин як фоҷеъа аст, вақте ки чунин як шахс роҳбари кишвар бошад.

Тухми коштаи раисиҷумҳур ба самар расид…

Имрӯз дар зиндон байни пайравони мазҳаби шиъаи исмоилия ва «Салафия» ҷанҷол сурат гирифт, фардо дар озодӣ ин гуна кашмакашиҳо ҳатман рух хоҳанд дод. Умуман, чаро ин воқеъа хос байни пайравони «Салафия» ва шиъаи исмоилия сурат гирифт, на байни пайравони мазҳаби ҳанафӣ ва шиъа?

Ин ҳолат суолҳои зиёде ба миён меорад ва бе шакку шубҳа метавон гуфт, ки ҳукумат дар ин кор даст дорад. Ин фитнаи мазҳабӣ ба мисоли вулкани хобидаест, ки вақте бедор мешавад, тару хушкро месӯзонад, аз ин рӯ ба хотири манфиатҳои як шахс миллатро ба коми оташ накашед. Бас аст миллатро бозичаи дасти худ ва аҷнабиён кардан. Як бор ба паҳлӯи худ нигаред, қавмҳои кучак ба миллатҳои бузург табдил гаштанд, шумо бошед як миллати соҳибтамаддунро доред ба нестӣ мебаред. Роҳбарони ақвоми кучак худро сухтанду миллат сохтанд, шумо ба хотири манфиатҳои шахсӣ миллати Тоҷикро сӯхтеду худро сохтед.

Чаро аз Ирон ва пайравони ташаюъ душман метарошанд?..

Имрӯзҳо тамоми ниҳодҳои ҳукуматӣ дар ҳама ҷо, хусусан артиши фейкҳои КДАМ, дар шабакаҳои интернетӣ аз Ирон ва бародарони шиъамазҳаб душман метарошанд, ки ин иқдоми ҳукумат бесабаб нест ва ҳатман паёмадҳои шум ба бор меорад.

Номуси миллату давлати моро қирғизҳо таҷовуз карданд, парчами кишварамонро дар сарзамини мо баланд карданд, сарбозони моро аз хоки мо гаравгон гирифтанд, вале раисиҷумҳур бошад бо он «хонашерони майдонғариб»-аш аз миллат ва фарзандони ғаюру бебокаш душман метарошад ва фаромӯш кардаанд, ки кадом рӯзе душманони аслии сарзамини мо, хоки ватану номуси моро ғасб мекунанд.

Ин сиёсате, ки Эмомалӣ Раҳмонов пеш гирифтааст, ояндаи миллату давлати моро зери суол мебарад. Агар равшанфикрони миллат гирди ҳам ҷамъ наоянд ва дар фикри ҳалли ин бӯҳрони умумимиллӣ нашаванд, ояндаи ин миллат нобудист.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s