Ёддошти Равшан Темуриён
Муаллимаи мӯҳтарам Ойниҳол Бобоназарова, ҷашни мавлуд муборак!
Агар ягон миллати дигар шахсияти чунин андоза ва ҳаҷми бузурги иҷтимоӣ ва сиёсӣ, бонуи диловар, модари ғамхор, устоди варзидаи ҳуқуқшиносӣ, мудофеъи машҳури ҳуқуқи башар ва инсони ҳамеша ёди мардумашро медошт, кайҳо ба ӯ муҷассамаву арҷи миллиашро мегузошт. Аммо дар Тоҷикистони кунунӣ торих чаппагардон шудааст ва низоми ҳоким ва мардумаш ба «қаҳрамон»-ҳои интихобиаш муҷассамаҳо мегузорад.
Муаллимаи азиз!
Фикр мекунам, хуб аст, ки муҷассамаи шумои олиҳаи поки миллат дар якҷо бо ин «қаҳрамонон»-и навбаромад нест! Худоро шукр мегӯем!
Миллати вокеъӣ медонад, ки Шумо кистед ва чӣ корҳоеро анҷом додаед.
Миллат дар ёд дорад, ки шумову профессори зиндаёд Саъдинисо Ҳакимова аввалин бонуҳои тоҷик будед, ки бар алайҳи низоми коммунистии азхудрафтаи шахшудамонда садо баланд кардед.
Шумо аз мардуми адолатхоҳу истиқлолхоҳ дар замони режими шадиди коммунистӣ пуштибонӣ ба амал оварда, ҷавонмардона аз ҳуқуқи инсонии онҳо дифоъ намудед. Алифбои қонунро барои онҳо омӯзондед. Риояти қонунмандиро аз онҳо талаб кардед.
Ва шумову устоди зиндаёд Отахони Латифӣ ҳамон замонҳо аз рӯи виждони ҷавонмардӣ амал кардед ва торихи ин миллат ҳаргиз инро фаромӯш нахоҳад кард.
Салобату ҷавонмардии шумои гиромиро вақти баҳсу ҷанҷоли миёни ду додситон: яке додситони кулли ҷумҳурӣ шодравон Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев ва дуввумӣ, додситони соҳаи нақлиёт, намояндаи мардумӣ дар парламон Сафаралӣ Кенҷаев дидам. Шумо фақат ба қонун такя кардед ва агар ҳама мисли шумову Нурулло Ҳувайдуллоев эҳтиром ба қонунмандиро ба ҷо меоварданд, миллат ба рӯзҳои фоҷиавӣ гирифтор намешуд.
Мардонагӣ ва тамкини шумои азизро бори дигар баъди беш аз ду даҳсола дар замони пешбарии номзадиатон ба маснади раёсати ҷумҳурӣ, мушохида кардам. Агар чунин интихобот дар ягон кишвари ғарбӣ ё Конодо доир мешуд, миллати додхоҳ ва бофарҳанг шумои азизро раҳбар интихоб мекард. Аммо на дар Тоҷикистони кунунӣ…
Маъзарат мехоҳам сергапӣ шуда бошад ҳам, ҷоизаи байналмилалии «Шуҷоати бонувон»-ро дар торихи ин миллат танҳо як нафар гирифтааст ва ин ҳам шумои азиз. Давлати абарқудрати дунё ва босаводтарин президенти он кишвар Барак Убомо ҷоизаро барои ҳар кас тақдим намекунад.
Шуҷоату мардонагии шумо дар замони муосир тимсол надорад. Охирин дафъа 9 сол пеш вақте ки миёни издиҳоми рустоизадаи хиёбони марказии шаҳрамон Душанбе шумои меҳрубонро аз дур назора мекардам, «дилам ганда шуд». Ба дилам омад, инсоне, ки барои истиқлолу хушбахтии инҳо мубориза кард ва мекунад, ҳеч қадру ҳурмате надорад…
Барои дарки шумои нестандарҷаҳон миллат зарур аст. Ҳарчанд моро, баъзе аз дӯстон, ҳамчун «романтик» тасвир кардаанд ва аз ишон ҳаргиз хафа ҳам нестем, ҳанӯз ҳам дар мавқеъи хеш қарор дорем ва мегӯем, ки барои ин мардум, пеш аз ҳама, савод, маориф, фарҳанг зарур аст, то худро бишносад.
Ин рукнҳои асосии демократияи воқеъиро барои мо Шумои гиромӣ, дуктури ҳуқуқшиносӣ муаллимаи мӯҳтараму азиз Ойниҳол Бобоназарова гӯшзад намудаед. Муаллимае, ки исмашон дар торихи миллат бо номҳои Наниманча, Таҳмина, Гурдофарид, Зебунисо, Саъдинисо, Гулрухсор… ҳамнаво садо хоҳад дод.
Хеле ва хеле дӯстатон дорам!
Рӯзи таваллуди қашангатон барои шумои азизи дилҳо ва ҳамаи миллати бофарҳангу бедори тоҷик муборак бод!