Ҳуқуқи башар

Қотили Моҳира кист?

Ёддошти Дориюши Раҷабиён

Аз замони қатли фаҷеъи Моҳира Ятимоваи 33-сола, ки се фарзанди ӯро батамом ятим гузошт, 6 рӯз мегузарад, аммо ҳамчунон пурсишҳои бисёре бепосух мондааст. То кунун ончи медонем, ин аст, ки қотил боздошт шуда ва ба ҷинояти худ эътироф кардааст. Бобоҷон Ширинов расман ҳамчунон танҳо мазнун (гумонбар)-и қатл ба шумор меояд, аммо чун ҳеч мазнуни дигаре ҳам вуҷуд надорад ва худи ӯ ба ҷинояташ иқрор карда, ъаҷиб аст, ки ъакси ӯ ҳанӯз дар расонаҳо мунташир нашудааст. Яке аз пурсишҳо ҳам ҳамин буд, ки чиро ъакси Моҳираро ҳама ҷо мешавад дид, аммо ъакси қотили ӯ ҳеч ҷое мунташир нашудааст.

Ъакси ӯ ҳаминест, ки дар зери ин фириста мебинед. Дар канори фарзандонаш истодааст. Ҳамон фарзандоне, ки пас аз ҷудоӣ мавзӯъи баҳси миёни Бобоҷон ва Моҳира қарор гирифтанд ва ҳангоми ҷиноят бархе аз онҳо шоҳиди кушта шудани модари худ буданд. Писари хурдии ин ҷуфт, ки шоҳиди он саҳнаи фаҷеъи корд задани Бобоҷон ба бадани Моҳира буда, ба наздиконаш гуфтааст: “Дадаам очама дар сараш заду кушт”. Ӯ сесолаву 10-моҳа аст. Осеби равонии ворида ба ин кӯдак қобили тасаввур нест. Бино ба қонуни кайфарӣ, агар ҷиноят дар ҳузури кӯдакон сурат гирифта бошад, муҷозоти он барои фарди ҷинояткор чанд баробар сангинтар мешавад.

Ҳамчунин ошкор шудааст, ки Бобоҷон Ширинов чанд зани дигар ҳам доштааст ва ситаму ҷафои ӯ шомили ҳоли ҳамаи занону фарзандонаш мешудааст. Аз зарбу ҷарҳи ӯ данда (қабурға)-ҳои писари 7-солааш осеб дида буд. Гузашта аз ин ки бино ба қавонини Тоҷикистон чандҳамсарӣ мамнӯъ аст, озори ҷисмии занону кӯдакон ҳам ҷурми ҷиддӣ ба шумор меояд.

Бино ба гузоришҳо, Бобоҷон Ширинов гуфтааст, ки ҳангоми иртикоби ҷиноят “дар ҳолати бисёр бади равонӣ қарор дошт ва рафтору амалҳои худро идора карда наметавонист”. Аммо ин рафтори муҷримона, ки авҷи он куштани Моҳира Ятимова буд, ба гуфтаи огоҳони моҷаро, дар зиндагии Бобоҷону Моҳира борҳо рух дода буд, ки саранҷом ба ҷудоии онҳо анҷомид ва рафтори ӯ бо фарзандонаш низ гувоҳи барбарияти Бобоҷон Ширинов аст.

Як нуктаи дигар, ки дар расонаҳо ба он ишорае нашуда, ин аст, ки саҳнаи қатл хонаи модари Бобоҷон Ширинов будааст. Ба шаҳодати гувоҳони ҳодиса, кӯдакон дар хонаи модарбузурги падарии худ будаанд ва Моҳира бо ду дӯсташ ба ҳамон ҷо рафта буд. Яке аз дӯстон дар мошин монду дувумӣ бо Моҳира вориди хона шуд. Латукӯби дӯсти Моҳира ва шикаста шудани чона (манаҳ)-и ӯ дар баробари чашмони модари Бобоҷон ва дӯстони ӯ рух дод. Ва ҳатто қатли худи Моҳира ҳам. Яъне қатли Моҳира ба гӯшаи хилвате сурат нагирифтааст, балки шоҳидоне дорад.

Ба Моҳира гуфта буданд, ки Бобоҷон ба Хуҷанд рафтааст ва ӯ метавонад биёяду ду писарашро ба хонааш бибарад. Пешопеш ҳам ба ӯ гуфта шуда буд, ки падаршавҳари пешинаш иҷоза дода, ки писаронашро бибарад. Падаршавҳари пешинаш женерол Раҷабъалӣ Ширинов, муъовини пешини Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст. Моҳира бо ин хиёл, ки шавҳари пешинаш дар хона нест, ба хонаи модари ӯ рафта буд, то фарзандонашро ба хонаи худаш бибарад, аммо дар доми марг уфтод.

Ин рӯйдоди дилхарош, ки хоб аз чашми ҳатто ошноёни дури Моҳира ва хонаводааш рабудааст, намунаест аз таҷовуз ба қонун дар Тоҷикистон. Бобоҷон Ширинуф, ки аз кормандони пешини қувваи қазоия ва фарзанди яке аз чеҳраҳои матраҳи ҳукумати кунунӣ аст, то кунун тавонистааст бо сӯиистифода аз вазъияти фаҷеъи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон бемуҷозот ҷурму ҷиноят кунад ва имрӯз ҳам, ҳатто пас аз куштани ҳамсари пешини худ, расонаҳо аз интишори ъакси ӯ ҳарос доранд. Чунин рӯйдодҳое марги ҳар низомеро наздиктар мекунад. Танҳо роҳи чора риъояти қонун ва маҳкумияти Бобоҷон Ширинуф ба ҷурмҳои қатл, чандҳамсарӣ, рафтори зиддибашарӣ, рафтори зиддииҷтимоъӣ, озори ҷисмии кӯдакон, озори ҷисмии занон ва сӯиистифода аз мақом аст. Ва дар ҳар мавриди мушобеҳе бояд чунин бархурд кард, сарфи назар аз ҳувияти муҷрим. Албатта, агар манзур риъояти дод ва ҳифзи саботу амният барои дарозмуддат бошад.

Равони Моҳира шод бод ва вуҷуди қотилаш матруд!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s