Ахбори Анҷуман

Паёми табрикотии АОТ ба муносибати Иди саъиди Фитр

Анҷумани Озодандешони Тоҷик фаро расидани Иди саъиди Фитрро ба ҳамватанони азиз табрику таҳниат гуфта, муваффақияти яко-яки азизонро таманно дорад.

Бигузор ин иди саъид ва фархунда сабаби ҳамдилӣ ва ваҳдат ва якпорчагии ҳамаи тоҷикистониён баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишвари азизамон гардида ва тамоми монеъаҳои пеши роҳи рушд ва тараққии кишварамон бардошта шавад, махсусан монеъаҳои сохтагӣ пеши роҳи рушд ва тараққии ИНСОН.

Мо бар ин бовар ҳастем, ки: то замоне, ки ҳукумат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони ИНСОН нигоҳ накунад ва ба унвони ИНСОН бо онҳо рафтор ва бархӯрд накунад, ҳеч уфуқе барои пешрафт дар дигар соҳаҳои ҳаёт дар ҷомеа вуҷуд нахоҳад дошт.

Мисли ИНСОН бархӯрд кардан бо шаҳрвандон, дар дараҷаи аввал, ин аст, ки шаҳрвандон ҳаққи изҳори назар дошта бошанд, ҳаққи интихоб дошта бошанд, ҳаққи ширкат дар маъракаҳои сиёсӣ дошта бошанд, ҳаққи таъсис ва ташкили ниҳодҳои шаҳрвандӣ дошта бошанд ва касе монеъи онҳо дар интихобашон нагардад.

Оре, замоне, ки ИНСОН дар як ҷомеа ҷойгоҳ дошта бошад, он вақт истеъдодҳои ӯ шукуфо хоҳад гардид, ва шукуфоии истеъдодҳо дар навбати худ, сабаби пешрафт ва тараққии ҷомеа хоҳад шуд.

Масъалаи дигаре, ки дар ин рӯзи фархунда ниҳодина шудани онро дар ҷомеаи азизамон умедворем, ин фарҳанги эҳтиром ба қонун аз тарафи ҳама аст; ба хусус аз ҷониби иҷрокунандагони қонун, яъне ҳукумат. Беэҳтиромӣ ба қонун ва поймол шудани он аз тарафи давлатмардони тоҷик мутаассифона боис гардидааст як ҳарҷу марҷ ва бебандубории азиме дар ҷомеа ва кишвари мо соя афканад. Иҷро нашудани қонун низ яке аз сабабҳои пешрафт накардани ҷомеаҳост.

Ҳамчунин, яке дигар аз масоиле, ки таманно дорем дар ҷомеаи мо ниҳодина гардад, ин эҳтироми шаҳрвандон ба афкор ва андешаҳои якдигар ва таҳаммули онҳост. Зеро ҷомеае, ки дар он ба афкор ва ақоиди якдигар эҳтиром нашавад, чунин ҷомеае низ ҳаргиз рӯи пешрафт ва рушд ва тараққиро нахоҳад дид.

Бори дигар ҳамаи азизони ҳамватанро ба муносибати ин иди саъид ва фархунда табрик ва таҳниат мегӯем.

Идатон муборак бошад!

Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s