Ҳуқуқи башар

Сабаби гарон шудани қиматҳо дар бозор дар остонаи ид, худи ҳукумат будааст

Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсӣ, дар ёддоште дар сафҳаи худ, ба нақл аз манобеи худ, ду рухдодеро, ки дирӯз дар шаҳри Истаравшан ба вуқӯъ пайвастааст, овардааст.

Ёддошти ӯ ба шарҳи зерин аст:

Инак ин ҳам Истравшан. Манбаъ ду ҳолати поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон дар ин шаҳрро гузориш кард, ки бе ягон таҳрир дар ин ҷо мемонам:

«Салом алейкум. Имрӯз, яъне 14.06.2018, дар назди бозори мевафурӯшии шаҳри Истравшан милисаҳо яъне участковиҳои бозор бо кормандони тоҷикматлуботу экология рейд гузаронда деҳқонони мазлуми бекаси мевафурӯшро, ки дар ин рӯзҳои беобию саргардонӣ умр ба сар мебаранд, аз бозорҳо барканор карданд, касе норозӣ буд, ба утоқи кории участкови барои ҷарима ва тарсондан бо меваҳояшон бурданд. Ин ҳол ҳар рӯз идома дорад, чун бояд дохили бозор ин деҳқонҳо меваҳояшонро фурӯшанду ҳам чеки бозор, ҳаққи тарозу, ҳаққи участкови, андоз ва боз кадом маблағҳоро пардохт намоянд. Ин корҳо бо зӯроварӣ шуда истодааст«.

Ва баъди ягон ним соати дигар манбаъ иттилои дигареро низ пешкаш кард, ки чунин аст:

«Ва боз имрӯз дар дохили бозори марказии шаҳри Истравшан, яъне бозори хӯрока, рейди махсуси дигар бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва шӯъбаи занҳо ва оилаи МИМҲД-и ш. Истравшан баргузор гардид, ки онҳо дар дохили бозор дар он ҷойҳое, ки мардум зиёданд, занҳо ва духтаронро новобаста аз синну сол вақте аз наздашон мегузаштанд ва гузарандаҳоро мебинанд, дошта маҷбуран шарф, сатр, рӯймолҳои сарашонро аз сари онҳо гирифта, бо телефонҳо акси онҳоро мегирифтанд. Вақте пурсидем чаро? Гуфтанд, ки аз боло сахт приказ шудааст. Ҳама зану духтарҳо ба чаҳор сӯ гурезон буданд аз дасти онҳо. Ин кор боз то омади Президенти кишвар ба шаҳри Истравшан, яьне 27.06.2018 рӯзи ваҳдати кишвар давом медиҳад. Сафари президент ба қальаи таьрихӣ Муғтеппа ва ба як ду корхонаи дузандагӣ шуда мегузарад, ки дар он ҷо ҳама омодагӣ ва баргузории ҷашну маросимҳо ба сари мардум ва соҳибони сехҳои дӯзандагӣ бор карда шудааст«.

Аз худ фақат як илова дорам. Ин қадар иддио мекунанд, ки дар рӯзҳои ид маҳсулотро савдогарон қимат карда мефурӯшанд, вале худашон боз деҳқон худашро намемонанд, ки бе миёнҷиву доля маводашро бо дасти худаш ва бо нархи инсонӣ ба савдо барорад. Ана кист сабабгори асосии гаронии нархҳои бозорҳои мо. Ва дуюм наход, ки рейди зидди ҳиҷоб ҳатмӣ аст дар рӯзи иди мазҳабӣ гузаронда шавад? Инҳо ақлашонро пурра хурдаанд?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s