Ахбори Анҷуман

Паёми таслияти АОТ ба муносибати даргузашти Академик Раҳим Масов

Анҷумани Озодандешони Тоҷик даргузашти донишманд ва таърихнигори тавоно ва ғаюри тоҷик Академик Раҳим Масовро ба яко-яки ҳамватанон махсусан ба наздикон ва хонаводаи шодравон таслият мегӯяд.

Тибқи гузориши расонаҳо, Академик Раҳим Масов нимаи дуюми рӯзи 21 июн, соати тақрибан 14 дар бемористони рақами 3 шаҳри Душанбе дар синни 79-солагӣ аз олам чашм пӯшидааст. Бар асоси гузориши сайти Ахбор, Академик Масовро субҳ дар пайи сактаи мағзӣ ба ин бемористон оварданд.

Бар пояи ин гузориш, Академик Раҳим Масов муаллифи китобҳое, чун «Таърихи табартақсим” ва «Тоҷикон: таърих бо мӯҳри комилан сиррӣ” ва ягона узви комиссияи марзӣ аз тарафи Тоҷикистон аст, ки созишномаи ба Чин додани 110 километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистонро имзо накард.

Тибқи гузориши сайти Ахбор, Раҳим Масов 16 ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарв (Дуршер)-и ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоӣ ва маълумоти синфи 7-ро дар Хонаи бачагони шаҳри Хоруғ гирифта, баъдан дар мактаб-интернати Душанбе тарбия гирифтааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси таърихшинос дар соли 1961 хатм кардааст. Пас аз анҷоми таҳсил ӯро барои кор ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистондаъват намуданд. Дар ин муассисаи бонуфузи илмии ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ карда, аз тамоми зинаҳои илмию маъмурии он гузаштааст. Соли 1967 рисолаи номзадиашро, ки дар ҷумҳурӣ нахустин таҳқиқоти таърихнигории замони шӯравӣ ҳисоб меёфт, дифоъ карда, дар ин самт бо ҷиддияти том тадқиқотро идома медиҳад. Раҳим Масов солҳои 1974-1988 дар мақоми мудири шӯъбаи таърихи ҷамъияти шӯравии институти номбурда ифои вазифа дошт. Таҳти роҳбарии олим дар шӯъбаи мазкур тадқиқоти дастаҷамъӣ ва бунёдии «Таърихи синфи коргари Тоҷикистон» (дар ду ҷилд), «Таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон», «Очерки таърихи Бадахшони шӯравӣ», маҷмӯаҳои зиёди илмию мақолаҳо доир ба масоили умдаи таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ, ки дар ҳар кадом навиштаҳояш мавқеи марказӣ доштанд, ба табъ расидаанд. Натиҷаи заҳмати муттасил буд, ки соли 1982 Раҳим Масов рисолаи доктории худ «Таърихнигории сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон»-ро дар муассисаи аввалдараҷаи илмии Иттиҳоди Шӯравӣ, Институти таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ш.Москва) бо мувафаққият дифоъ намуда, соҳиби баландтарин дараҷаи илмӣ ва баъди чанде барои дастовардҳои илмию таълимӣ ба унвони профессор мушарраф гардид. Соли 1991 рӯи чопро дидани китоби Раҳим Масов «Таърихи табартақсим» бемуболиға гардише буд дар тафаккури нави таърихнигории ҷумҳурӣ. Ин таҳқиқот ба диди наву фаҳмиши воқеъбинонаи омӯзиши таърих ибтидо гузошт. Китоби навбатии олим «Тоҷикон, бо мӯҳри «комилан сиррӣ», соли 1995 ба аҳли ҷомеа пешкаш гардид. Ин тадқиқот ба даврае рост омад, ки аз як тараф алангаи ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, аз тарафи дигар, торафт бештар авҷи ҷунбиши худшиносии миллӣ боло мегирифт ва дар ин фаъолшавии ҳисси миллӣ бешак таъсири китоби пешинаи ӯ эҳсос мешуд. Китоби навбатии устод «Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия» (2003), ки давоми мантиқии китобҳои қаблиаш «Таърихи табартақсим» ва «Тоҷикон: таърих бо мӯҳри комилан сиррӣ» ҳисоб меёбад, боз як исботи раванди раднашавандаи содиқ будани ӯ ба принсипи воқеъбинонаи ин ҳақиқатнигори таърих мебошад.

Гуфтанист, Академик Раҳим Масов ягонa узви комссияи давлатии таъйини хатии марзи Тоҷикистон бо Чин аст, ки ба санади ба Чин додани 1100 километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистон имзо накард.

Бори дигар, даргузашти ин донишманди тоҷикро ба ҳамватанон ва наздиконаш таслият мегӯем.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Рубрики:Ахбори Анҷуман, Машоҳир

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s