Ахбори Анҷуман

Ҷангу сулҳи тоҷикон аз забони Равшан Темуриён

Ба гузориши хабаргузории Тасним, имрӯз (27 июн) солрӯзи имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон аст. Созишномае, ки бо гузашти беш аз 2 даҳа аз имзои он ва бо вуҷуди он ки дигар асаре аз ин созишнома боқӣ намондааст, ҳамчунон мавриди баҳсу гуфтугӯҳои ҷиддӣ миёни таҳлилгарон ва чеҳраҳои сиёсӣ аст. Имрӯза агар таҳаввуле дар арсаи сиёӣ ё иҷтимоии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор мегирад, наметавон нимнигоҳе низ аз даричаи сулҳ ба он надошт. Аз ҳамин рӯ гуфтугӯе бо оқои Равшан Темуриён, аз фаъолони сиёсӣ ва расонаии тоҷик тартиб додаем.

Оқои Темуриён дар давлати мусолиҳаи миллӣ, ки дар соли 1992 ва пеш аз оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ташкил шуда буд, сухангӯи давлат буд. Вай ҳамчунин дар музокироти сулҳ, ки чанд сол баъд миёни тарафайни даргирӣ шакл мегирад, ба унвони хабарнигор ҳузур дошт. Темуриён ҳамакнун ба унвони фаъоли расонаии тоҷик дар Конодо машғул ба кор аст.

Тасним: Шумо дар давлати мусолиҳаи миллӣ, ки дар соли 1992 пеш аз оғози ҷанг шакл гирифта буд ҳузур доштед. Аз наҳваи шаклгирии ин давлат бигӯед.

Темуриён: Бале, ман ҳамон вақт сухангӯи ҳукумати мусолиҳаи миллӣ будам. Давлати мусолиҳаи миллӣ як ҳукумати эътилофӣ ва аввалин ва шояд охирин ҳукумати демократӣ ва эътилофии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин давлат дар таърихи 8 майи соли 1992 аз тарафи раисиҷумҳури вақти Тоҷикистон, Раҳмон Набиов таъсис шуд. Пеш аз ин албатта эътирозот ва гирдиҳамоиҳои мухолифон ва мувофиқон дар ду майдони Шаҳидон ва Озодӣ боис шуд, ки ин ҳукумат ташкил шавад.

Риёсати онро Раҳмон Набиев ва нахуствазириро низ Акбар Мирзоев, аз равшанфикрон ва сиёсатмадорони минтақаи Кӯлоб бар дӯш доштанд. Дар он замон аз 32 курсии ҳукумати вақти Тоҷикистон, танҳо 8 курсӣ ба нерӯҳои демократӣ ва опозитсия дода шуд. Аз он 8 курсӣ низ танҳо як нафар узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки муовини нахуствазири Тоҷикистон доир бар ниҳодҳои қонунгузорӣ, амниятӣ ва низомӣ фаъолият мекард. Оқои Давлати Усмон дар ин симат ҳузур доштанд. Боқии чеҳраҳое, ки ҳузур доштанд, ё мисли ман ғайриҳизбӣ буданд, ё узви ҳизби демократ буданд, ё узви ҷунбиши мардумии Растохез.

26 курсиро низ коммунистҳо барои худашон нигаҳ доштанд. Дар воқеъ яке аз иллатҳои аслии оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон ҳам ҳамин 8 курсии нерӯҳои опозитсия буд. Коммунистҳо, ки баъди фурӯпошии Шӯравӣ ҳама чизро бохта буданд, мехостанд дар Тоҷикистон навъе бозгаштро таҷриба кунанд. Ба ҳамин далел ҳам ҷангҳо шурӯъ шуд.

Тасним: Дар он муддати кӯтоҳ давлати мусолиҳаи миллӣ тавонист кореро сурат диҳад?

Темуриён: Бале, ҳатто дар ҳамон муддати кӯтоҳ ҳам корҳои зиёде анҷом шуд. Дар нахустин марҳила мо тавонистем чеҳраҳои тоҷикро, ки дар артиши Шӯравии собиқ дар Русия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар ҷумҳуриҳо ҳузур доштанд ба Тоҷикистон баргардонда ва дар вазорати дифоъи тозатаъсиси кишвар ба кор бигирем. Аз ҷумлаи ин афрод метавон ба чеҳраҳое чун Содиқ Бобоҷонов, Тоҳир Сафаров, Ҷӯрабек Аминов, ки ҳама аз афсарони олирутба буданд, ишора кард.

Ҳамчунин ёдам аст дар ҳамон замон нахустин донишгоҳи низомии Тоҷикистонро дар вазорати дифоъ таъсис кардем. Баъд аз шикасти ҳукумати мусолиҳаи миллӣ он донишгоҳи низомӣ ба номи Сангак Сафаров, фармондеҳи шибҳинизомиёни Фронти халқӣ номгузорӣ шуд ва ҳукумати феълӣ ҳам пас аз он номашро тағйир дод.

Кори муҳимми дигаре, ки дар он замон дар ҳоли анҷом буд, илҳоқи лашкари 201 артиши Шӯравии собиқ ва Федератсияи Русия ба ҳукумати мусолиҳаи миллӣ буд. Бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибиёти хубе, ки дар Афғонистон дошт, қарор буд ин артиш асос ва мабнои артиши миллии Тоҷикистон шавад. Ҳатто оқои Искандаров, кафили риёсати ҷумҳурии он замон, ҳиммати зиёде ба ин кор гумошта буд ва чандин дидор бо раисиҷумҳури Русия, Борис Елтсин ва вазири хориҷаи Русия дар ҳамон замон, Андрей Козерев сурат дода буд.

Дар он замон иттифоқи назаре ҳам дар ин замина вуҷуд дошт. Аммо Фронти халқӣ, ки дар он замон аз сӯи нерӯҳои мушаххасе дар Русия ва давлати вақти Ӯзбекистон тарафдорӣ мешуд, ин имконро ба мо надод, ки ин фарояндро такмил кунем. Ҳатто оқои Анатолий Адамишин, муовини вазири хориҷаи Русия дар солҳои 1992 ва 1993, дар мусоҳибае ахиран гуфта буд, ки мо тарафдори он будем то лашкари 201 зери назари давлати вақти Тоҷикистон вогузор шавад, аммо Ислом Каримов, раисиҷумҳури вақти Ӯзбекистон, ки он замон равобити хубе бо Елтсин дошт, иҷозаи ин корро надод.

Илова бар ин, мо музокироти дипломатии зиёде низ барои ҷалби ҳимоят аз сӯи Русия ва ҳамсоягон сурат додем. Ёдам аст нахуствазири Федератсияи Русия он замон ду бор барои кӯмак ба ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ба Тоҷикистон сафар карданд. Мирзоев ва ман сафарҳое ҳам ба Қазоқистон доштем барои ҷалби пуштибонии онҳо. Танҳо рақиби сарсахти Тоҷикистон дар он замон Ислом Каримов дар Ӯзбекистон буд. Ҳатто ёдам аст мо дар талош барои тақвияти полиси миллӣ ба манзури сару сомон додан ба амнияти кишвар, қарордоде бо Русия барои хариди 34 зиреҳпӯш доштем. Тамоми маблағи онро ҳам пардохт кардем, аммо замоне, ки аз масири Ӯзбекистон қарор буд вориди Тоҷикистон шавад, Ислом Каримов он қаторро мутаваққиф кард ва онҳоро ба шибҳинизомиёни Сангак Сафаров дар Фронти халқӣ вогузор кард.

Тасним: Оқои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон дар он замон куҷо буд?

Темуриён: Оқои Раҳмон дар замони Шӯравӣ мудири совхоз буданд дар вилояти Кӯлоб. Баъд аз фурӯпошӣ ва шаклгирии давлати мусолиҳаи миллӣ, оқои Ҷиҳонхон Ризоев, раиси вилояти Кӯлоб буданд, ки аз равшанфикрони тоҷик ба ҳисоб меомаданд. Аммо бо пешравии шибҳинизомиёни Фронти халқӣ, эшон тавассути онҳо ва дар воқеъ ба дасти шахси Сангак Сафаров ба қатл расиданд. Пас аз он буд, ки оқои Раҳмон ба риёсати ин вилоят мансуб шуданд ва ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ҳам, ки ин минтақа таҳти контролаш набуд ва коре натавонист кунад.

Тасним: Чӣ тавр шуд, ки давлати мусолиҳаи миллӣ суқут кард ва ҷанги дохилӣ оғоз шуд? Магар худ нагуфтед 26 нафар аз коммунистҳо ҳанӯз дар давлати мусолиҳаи миллӣ буданд?

Темуриён: Бале, қаблтар ҳам гуфтам; ҳамон 8 курсӣ аз опозитсия боис шуд Фронти халқӣ ва коммунистҳо ҷангро оғоз кунанд. Моҷаро аз он ҷо оғоз шуд, ки баъд аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ (порлумони Тоҷикистон дар Хуҷанд), дар бораи сулҳ тавофуқ шуд ва ҳама бовар доштанд ба субот дар Тоҷикистон. Аммо оқои Раҳмон, ки дар он замон ба риёсати Шӯрои олӣ расида буданд, ба ҷои сулҳ овардан, сиёсати саркӯби нерӯҳои рақибро пеша карда ва ҳамин тавр ҷанги дохилӣ авҷ гирифт, ки тайи он ҳудуди 600 то 800 ҳазор шаҳрванди тоҷик маҷбур ба тарки хона ва кошонаи худ шуданд ва ба Афғонистон муҳоҷират карданд.

Тасним: Магар русҳо ҳомии давлати мусолиҳаи миллӣ набуданд? Чаро ин равандро мутаваққиф накарданд?

Темуриён: Бале, ҳукумати Русия хеле таъсир дошт дар ҳимоят аз давлати мусолиҳаи миллӣ. Ба хусус он ки дар он замон демократҳо дар Русия сари қудрат буданд. Аммо нерӯҳои мушаххаси дигаре ҳам ҳанӯз дар Русия вуҷуд доштанд. Дар ин ҷо бархе кишварҳои ҳамсоя ҳам бисёр таъсиргузор буданд. Ба ҳар ҳол оташи ҷанг ҳам афрӯхта шуда буд ва таваққуфи он ба ин соддагӣ набуд. Илова бар ин, пас аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ҳам хелеҳо умедвор буданд сулҳ шавад ва ҷангу даргирӣ дигар мутаваққиф шавад, аммо бо вуруди шибҳинизомиёни Фронти халқӣ ба Душанбе таҳти риёсати Раҳмон, оташи ҷанг муҷаддадан боло гирифт.

Тасним: Созмони милал ва кишварҳои дигар ҳанӯз дар ин давра вуруд накарда буданд ба масъалаи Тоҷикистон?

Темуриён: Созмони Милали Муттаҳид дар декабри 1992 ва авоили 1993 намояндаи вежаи худро ба Тоҷикистон фиристод ва аз ин ҷо мушорикати ҷомеаи байналмилалӣ оғоз шуд. Тадовуми ин мушорикат ниҳоятан ба музокироти сулҳ дар 1994 мунҷар шуд. Албатта бояд ишора кард, ки то пеш аз ин аз 1993 фикр мекунам 8 нишасти дигар байни гурӯҳҳои гуногун ба намояндагӣ аз опозитсия ва намояндагони давлат, шакл гирифта буд.

Тасним: Эрон ҳам дар ин давр аз музокирот ҳузур дошт? Нақши Эронро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

Темуриён: Бале, дар воқеъ саҳми кишвари дӯсти мо Эрон, дар музокироти сулҳи Тоҷикистон бисёр зиёд аст. Дар бештари давраҳои гуфтушунуди сулҳи Тоҷикистон дар Маскав, Теҳрон, Алмаато, Ашқобод ва ғайра, дипломатҳои эронӣ хеле муваффақ буданд ва фаъолона ширкат мекарданд. Дар бархе маворид вақте, ки фикр мекардем дигар созише ба даст намеояд, онҳо ҳатто аз бархе тамосҳои шахсӣ барои кӯмак ба музокироти сулҳ истифода мекарданд. Ёдам ҳаст дар як даври музокирот, оқои Воизӣ, мушовири вазири умури хориҷаи вақти Эрон, хеле мушорикат карданд ва ҳар ду тарафро барои имзо кардани санади оташбас ва табодули асирон байни нерӯҳои опозитсия ва ҳукумат розӣ карданд. Оқои Алиакбари Вилоятӣ ҳам саҳми бисёр ҷиддӣ доштанд.

Банда ба унвони як шахси рӯзноманигор, ки дар даври панҷуми музокирот дар Ашқобод ҳузур доштам ва ҳамин тавр мардуми Тоҷикистон ҳеч вақт муносиботи дӯстона ва бисёр наздики дипломатҳои эронӣ ва давлати Эронро фаромӯш намекунем. Дар Ашқобод ёдам ҳаст оқои Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ, сафири вақти Эрон дар Душанбе, хеле фаъол буданд ва воқеан дилашон месӯхт, ки ду тарафи созишномаро ба имзо бирасонанд. Оқои Алиасғари Шеърдӯст ҳам барои таҳкими дӯстӣ миёни мардумони мо саҳми арзандае доштанд.

Тасним: Имрӯз дигар беш аз 20 сол аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон гузаштааст, аммо амалан ҷуз хотироти талху ширин, дигар асаре аз он боқӣ намондааст. Таҳлилҳои зиёде перомуни ин мавзӯъ баён мешавад. Арзёбии шумо аз иллатҳои адами давоми паймони сулҳ чист?

Темуриён: Чанде пеш навиштаҳои Владимир Горяев, нафари дуввуми мушовири аршади намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Тоҷикистонро мехондам. Эшон мегуфтанд, созишномаи сулҳи Тоҷикистон камбудиҳои зиёде дошт, аммо як масъала вуҷуд дошт, он ҳам ин буд, ки мо намехостем фишори бештаре ба тарафайн биёварем. Барои ин ки фикр мекардем агар фишори бештар ба ҳукумат ё иттиҳоди нерӯҳои опозитсия ворид шавад, музокирот хароб мешавад.

Як нақси ҷиддӣ дар он замон механизми иҷрои эътои саҳми 30 дарсадӣ дар ҳукумати эътилофӣ буд. Дар созишнома фақат навишта шуда буд, ки дар тамоми сатҳҳо ба опозитсия 30 дарсад саҳмия дода шавад. Илова бар ин, масъалаи вуруди нерӯҳои низомии опозитсия ба қувваҳои низомии давлат ҳам равшан набуд. Аҷибтар ин ки имрӯз навиштае аз пажӯҳишгарони Донишгоҳи Нотр-Дам, ки дар ҳавзаи сулҳи Тоҷикистон пажӯҳиш мекунанд-ро дидам. Овардаанд, ки пас аз 10 сол аз имзои созишнома, куллан 76 дарсад аз матолибе, ки дар он омада буд, ба иҷро даромад.

Дар саҳмияи 30 дарсадӣ ҳам ҳатто ин миқдор ба опозитсия дода нашуд. Ман сӯҳбатҳои зиёде бо опозитсия ва намояндагони давлат доштам, фикр намекунам шояд беш аз 13 ё 14 дарсад аз маносиб ҳам ба опозитсия дода шуда бошад.

Нуктаи дигар ҳам ин аст, ки пас аз имзои созишнома, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил ҳамчун Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ ва кишварҳое назири Русия, Америка ва Эрон, мунфаъилона шоҳиди таҳаввулоте буданд, ки як тарафи созишнома мавзеъи худро таҳким мебахшад. Шояд онҳо фикр мекарданд дар ин миён кори асосӣ он буд, ки ҷанг қатъ шавад ва аз ин рӯ вазифаи мо иҷро шуд.

Тасним: Ба назари шумо, оё бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълӣ, имкони бозёбии сулҳ вуҷуд дорад?

Темуриён: Дар мусоҳибаи ахир, оқои Анатолий Адамишин ба нуктаи ҷолибе дар ин замина ишора кардаанд. Эшон гуфтаанд, ки мо кишварҳо ва созмонҳои нозир бояд тарафайнро водор кунем, то дубора музокироти сулҳ пиёда шавад. Дар ҳоли ҳозир танҳо ҷомеаи байналмилалӣ метавонад ин масъаларо бо давлати Тоҷикистон матраҳ кунад. Банда ҳам мӯътақидам, ки созмонҳои байналмилалии мазкур ва кишварҳои кафил, бояд мутобиқи созишномаи истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон раванди сулҳро миёни ҳукумат ва меросбари иттиҳоди нерӯҳои собиқи опозитсия, яъне Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар гурӯҳҳо, эҳё ва барқарор кунанд.

Албатта бисёре аз аъзои иттиҳоди нерӯҳои опозитсия баъд аз сулҳ аз миён рафтанд. Тахрибҳо аввал аз Ҳизби демократ шурӯъ шуд ва пас аз он нерӯҳои равшанфикр буданд, дар интиҳо ҳам ба Ҳизби наҳзати исломӣ расид, аммо ба ҳар ҳол Ҳизби наҳзати исломӣ ва бархе гурӯҳҳои дигар, ҳанӯз ҳозир ҳастанд.

Албатта ҳанӯз опозитсияи Тоҷикистон ба он тавре, ки иттиҳоди нерӯҳои опозитсия буд шакл нагирифтааст, аммо метавон барои музокира ва сулҳ умедвор буд. Ба ҳар ҳол, касе намехоҳад дар кишвар инчунин низоъ бошад ва ҳамаи муҳоҷироне, ки ин солҳо аз кишвар муҳоҷират карданд, мехоҳанд ба оғӯши ватан бозгарданд. Ба ёд биёваред соли 1994 вақте, ки аввалин тамосҳо шурӯъ шуд миёни ду тараф, касе гумон намекард баъди пирӯзии шибҳинизомиёни Фронти халқӣ, ҳукумати Тоҷикистон бар сари мизи музокира бо опозитсия биншинад, вале нишастанд.

Тасним: Ба рағми матолибе, ки шумо аз нақши Эрон дар сулҳи Тоҷикистон гуфтед, аммо ин рӯзҳо мебинем, ки иттиҳомоти аҷибе алайҳи Эрон дар расонаҳо ва аз забони чеҳраҳои сиёсии олирутбаи тоҷик матраҳ мешавад. Ин мавзӯъро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

Темуриён: Изҳороте, ки ин рӯзҳо алайҳи кишваре мисли Эрон, ки барои ҳар тоҷик як кишвари бостонӣ, кишвари дӯст ва кишвари худӣ ҳисоб мешавад ва барои равшанфикрони тоҷик мисли модар аст, ба ростӣ ба нафъи дӯстии мардуми Эрон ва Тоҷикистон ва манофеъи ду кишвар нест. Чӣ беҳтар буд ҳукумати Тоҷикистон муносиботи хуб ва ҳасанаро бо Эрон идома медод ва ихтилофҳое, ки шояд вуҷуд дошта бошанд-ро низ аз тариқи дӯстона ва бародарона ҳал мекард.

Анатолий Адамишин дар бораи Эрон ахиран гуфта буд, ки дар замони муҳоҷирати нерӯҳои опозитсия, гӯё Эрон кӯмакҳои низомӣ карда ба опозитсия, ки дар воқеъ дуруст нест. Давлати Эрон дар он замон муносиботи хубе ҳам бо опозитсия ва ҳам бо давлати Тоҷикистон дошт. Баръакси изҳороте, ки матраҳ мешавад, Ҷумҳурии Исломии Эрон фақат кӯмакҳои башардӯстона мерасонд.

Ман шахсан ба унвони хабарнигор дар Афғонистон аз 9 кампи муҳоҷирони тоҷик дидор кардам. Намояндагони созмонҳои башардӯстонаи Эронро медидам, ки дар дармонгоҳ буданд; пизишк ва парастор, дар ҳавзаи либос, ҷиҳози зиндагӣ, нон ва гандум ва ғайра… Ҳама ҷо кӯмакҳои беғаразонаи Эрон буд. Ин рӯзҳо ҷиноҳи муҳофизакори давлати кунунӣ ва бархе ҷиноҳҳо қасд доранд муносиботи ду кишварро бад кунанд, аммо медонем, ки дар ҷиноҳи либерали ҳукумати Тоҷикистон тарафдори равобити хубу ҳасана бо Эрон ва кишварҳои ҳамҷивор зиёд ҳастанд.

Тасним: Бо ин авсоф, оянда ва дурнамои таҳаввулоти Тоҷикистонро аз даричаи сулҳ чӣ гуна мебинед?

Темуриён: Сухан гуфтан дар бораи дурнамои Тоҷикистон хеле сахт аст. Барои ин ки ҳукумате, ки хонаводагӣ ва маҳаллӣ аст, он тавр, ки таърих исбот карда, доимӣ нест. Дар чандин конфронс байналмилалӣ дар бораи оянда Тоҷикистон сӯҳбатҳое шудааст. Сафирони бархе кишварҳои аврупоӣ ҳам суханҳое гуфтаанд, ки агар пешниҳоди музокира шавад, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, оё шумо (меросдорони опозитсия) розӣ мешавед барои музокира? Албатта ман ба хубӣ медонам раҳбарони опозитсия инро фаҳмидаанд, ки як бор бо миёнҷигарии Созмони Милал ва ҷомеаи ҷаҳонӣ созишномае имзо шуд ва тарафи дигар онро зери по гузошт ва аҳдашро шикаст ва аз ин рӯ дубора пойи мизи музокира нишастан мантиқӣ нест.

Ин як масъала аст. Дигар ин ки бо мавозеъи ахири давлати Тоҷикистон ва тӯҳматҳое, ки ба опозитсия дар бораи терроризм мезанад, чӣ тавр метавонад биёяд пойи миз музокира? Барои шурӯъи музокира асос ва усуле вуҷуд дорад, ки масалан ният бояд холис ва нек бошад. Ман борҳо аз худ мепурсам, ки сулҳ магар чӣ бадӣ дошт? Созишномаи сулҳи Тоҷикистон, ки дар 1997 ба имзо расид, дар таърихи ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз муваффақтарин созишҳои сулҳ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Аммо давлати Тоҷикистон онро зери по гузошт.

Имрӯз ҳам, ки таҳаввулоти Тоҷикистонро мебинем, тағйироте дар лаҳни давлат мушоҳида намешавад. Ман ҳайрон мешавам, ки дар қарни 21, ба ҷои сулҳу оромӣ ва мутамаркиз кардани таваҷҷӯҳот бар беҳтар кардани вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон, ба корҳое, ки ба нафъи миллат нест машғуланд. Аммо умедворам вазъият беҳтар шавад ва ояндаи хуб барои Тоҷикистон рақам бихӯрад.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s