Ёддошти Муҳаммадсаъид Ризоӣ
Чанде пеш аз тариқи шабакаҳои телвизиони давлатӣ филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд. Тавре бинандагон шоҳид буданд, бо ин ки қаҳрамони асосӣ дар он филми мазҳака эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аст, аммо ҳадаф, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд.
Феълан, аз ин, ки ин филм аз тарафи кадом як ниҳоди марбутаи ҳукуматии кишвар омода шудааст, сарфи назар мекунам, чун ин як чизи равшан аст ва тайи чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои маҷозӣ баҳсу гуфтугӯҳои зиёде анҷом шуда истодааст, ки ҷое барои баҳс боқӣ намонда. Ҳамчунин, аз ин, ки ин филми мазҳака аз назари техникӣ ва фаннӣ чӣ нуқсонҳое дорад низ чизе намегӯем.
Он чӣ лозим аст гуфта шавад ва бидонем, ин аст, ки Раҳмонов ва дору дастааш, аз он ҷо, ки то кунун ҳеҷ далелу бурҳони қотеъ бар иддаои худ нисбати ошӯби сохта ва то ба ҳол мармузӣ генерол Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва бастани ҲНИТ дар пайи он, надоранд ва тақдим накардаанд, аз ин рӯ маҷбур шудаанд ба ҳар василае чанг бизананд, то ба гумони худ, битавонанд барои муддати кӯтоҳ ҳам, ки бошад, зеҳни мардуми оддиро ба бероҳа кашонанд. Ва дар оянда низ ин гуна саҳнасозиҳо бо дигар қаҳрамонҳои “тоза” ва хушбин ба авфу бахшишҳои Раҳмонов, зиёд ба мушоҳида хоҳад расид.
Аммо нуктаҳои муҳимме, ки мехоҳам аз ин саҳнасозиҳои то ин дам номуваффақ ишора кунам, ин аст:
1) Гуфта шудааст, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, узви баландпояи ҲНИТ, генероли мардумӣ ва воъизи пурнуфузи майдони Шаҳидон, донандаи хуби забони арабӣ, масъули ҷамъоварии пулу моли ҷанговарӣ аз кишварҳои арабӣ ва Саудӣ, узви зеркомисияи ҳуқуқии Комисияи Оштии Миллӣ, сазовори ҷоизаи сулҳи тоҷикон, шиъа буда ва бо фармони махфиёнаи раҳбари фақиди ҲНИТ, устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ (р) ҷосус барои Эрон ва тарғибгари мазҳаби шиъӣ байни муҳоҷирини тоҷик дар Русия ва дигар Ҷумҳуриҳои СНГ будааст.
Ва ин дар ҳоле аст, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар ин филм ва бо ин вазъе, ки намудор аст -ботинаш ба Худо маълум – агар ҳар қадар чизҳои зидду нақизи дигареро ҳам аз ӯ хоста шавад, бо камоли майл қабул мекунад. Аз таъсири мухаддир ва ё шиканҷа, нохудогоҳ дар қатли Ҷон Кенедӣ, раиси ҷумҳури пешини Америка “даст доштани Наҳзат”-ро ҳам лозим шавад, рад намекунад!
Бо ин, ки номбурдаро аз хелеҳо дида, ман беҳтар мешиносам, вале фикр мекунам ва инсоф ҳам ин иҷозаро намедиҳад, то дар бораи гуфтаҳо ва кардаҳои ӯ чизе бигӯям; махусусан вақте эшон дар вазъияте қарор дорад, ки тавони чизе аз худ гуфтанро надорад.
Локин аз хонандаи закӣ ва боҳуш тақозо дорам аз ман инро қабул дошта бошад, ки эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, таклифи худ бо Наҳзатро ҳанӯз дар ҳамон даврони поён ёфтани фаъолияти Комисиюни Оштии Миллӣ равшан карда ва худро комилан ба як таблиғгари сарсупурдаи шахси Раҳмонов табдил намуда буд. Вале бо вуҷуди доштани чунин мавқеъ, эшон аз назари ҳукумат «муҷрим ва хоини Ватан» хонда шуд ва 25 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
2) Дар ин филм, дар тарафи дигар, ҳамсангари Эшони Сайид Қиёмиддин, Абдураҳим Каримов (мулло Абдураҳим) меистад. Абдураҳим Каримов бо эътирофи худ ва эътирофи эшони Сайид Қиёмиддин, ҳамсангар будаанд: яке масъули ҷамъоварии пулу моли ҷанговарӣ, ва дигаре командири ҷангӣ. Аммо ҳоло мулло Абдураҳим бар хилофи ҳамсангари “собиқ”-и худ, дар курсии муфтахар паҳлӯ зада, бо дасту қош ва чашму абрӯ ва гоҳе ҳам бо гиря ва гоҳе бо изҳори таассуф аз ноогоҳии худ ба аҳдофи ҲНИТ, ёд мекунад ва аз устодони худ, муассисони Наҳзат, нафрат ва афроди вобаста ба онҳоро ба ҷинояткорӣ муттаҳам мекунад.
Мулло Абдураҳимро бисёриҳо медонанд. Ман ҳам ӯро аз давраҳои даҳҳаи 80-уми асри гузашта мешиносам. Дар дуруштзабонӣ, бад кардан ва тафриқаандохтан, ҳамто надорад. Бо ҳеч кас то ба охир дӯстии бардавом дошта наметавонад, зеро дар ӯ ҳирси ишғоли ҷойгоҳи нафари болотари худ, чӣ он нафар раҳбару устодаш ҳам бошад, хело зиёд аст.
Ёд дорам, дар қароргоҳи Наҳзат воқеъ дар гардиши аэропорт, эътирози худро нисбати ба қатл нарасонидани Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим бо лаҳни шадид ҳузури устод Нурӣ (р) нишон дода буд. Ҷараёни ҳодиса аз ин аст: Вақте гирдиҳамоии майдони Озодӣ, ки дар мухолифат ба истиқлоли Тоҷикистон ташкил шуда буд, хотима ёфт, Сангак ва Рустам аз соҳили дарёи «Душанбинка» дар поёни собиқ бозори Путовский, дар ҳоли маст ба даст меафтанд. Устод Нурӣ аз он иттилоъ меёбад ва ба боздоштгоҳи он ду барои дидани онҳо меояд. Сӯҳбату гуфтугӯ ва фаҳмондадиҳӣ ҳамроҳ бо иззату эҳтироми онҳо ба тӯл мекашад ва дар ниҳоят ҳар ду ваъда медиҳанд, ки ба Кӯлоб баргашта мардумро аз ҳақиқати моҷаро огоҳ хоҳанд кард.
Бародар Муҳаммадлоиқ Фозилов (р) раиси ҲНИТ дар вилоят, тавоноии ин дуро тасдиқ ва бо хоҳиши худ ҳамроҳ бо онҳо рафтанро ба хотири поёни ҷангу хунрезӣ ихтиёр мекунад. Муҳаммадлоиқ (р) бо мошини сабукрави худ он дуро ба Кӯлоб мерасонад, митинги боҳашамат дар шаҳр барпо мешавад, дар ибтидо Сангаку Абдураҳим, аз ғалат будани ҷангу бадбинӣ сухан ва мардумро ба оромиву баргардонидани аслиҳаҳои тақсимшуда даъват намуда, онҳоро ба баргаштан ба хонаҳои худ тавсия мекунанд, вале пас аз нисфи рӯз ва баъди чанд муддат аз минбар ғайб задани онҳо, вазъ тағйир пайдо мекунад, бародар Муҳаммадлоиқ (р) ва ҳамроҳонаш дар ҳамон ҷо дастгир ва дар ниҳоят ба шаҳодат расонида мешаванд.
Мулло Абдураҳим дар нишасти изтирорӣ барои барррасии ин ҳодиса, ғавғое барпо карда, хитоб ба устод Нурӣ (р) гуфта буд: “Шумо, ки куштани ду майзадаи роҳзан (тюремшик) аз дастатон намеояд ва фиреби онҳоро хӯрда, раҳояшон кардед, бояд ба ин ҷавоб диҳед! Ма гуфта будам он ҳар дуро зинда нагузоред. Гапи мара нагирифтед, ҳоло ҷавоб диҳед!”..
Ин ғавғои мулло Абдураҳим сабаби дигаре ҳам дошт. Ба хотири ба ҳавошӣ бурдани даъвои бародарон аз Кӯлоб ва Себистон, ки аз ҳамлаи дар маҳалли зисташон, ҷон ба саломат бурда дар шаҳраки Калининобод ва гирду атрофи шаҳри Қӯрғонтеппа ҷой карда буданд, буд. Мулло Абдураҳим масъулияти расонидани кӯмаку дастгирӣ ба он гурезаҳоро бар ӯҳда дошт, вале ӯ ин кӯмакҳоро ба он оворгону гурезаҳо наррасонида, маълум набуд дар куҷо сарф мекард. Ва шикоят аз болояш ба авҷи аъло расида буд.
Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р) ӯро аз гиряву дастафшонӣ, чашму абрӯ ҷумбонӣ боз дошта, гуфтанд: “Мо ин ҳақро надорем, ки ҳукми қатли касеро содир кунем, ин ҷо Давлат ва Ҳукумат аст, ниҳодҳои ҷазотаъйинкунӣ вуҷуд дорад, ҳоло ин кор ба ин шакл хотима ёфтаву ту, мулло Абдураҳим зинда мондани Сангак ва Абдураҳимро сабаби он меҳисобӣ, дар сурате, ки агар хости ту мешуд ва ин кор ба вуқӯъ мепайваст, ба суоли: ҳамон ду бечора мардуми фиребхӯрдаи Кӯлобро ором мекунем, ваъда дода буданд ва аз дасти он ду нафар ин кор меомад, чаро онҳоро зинда нагузоштед, то ин корро мекарданд, чӣ гуна ҷавоб бояд медодем?!” Бинобар ин, биёед ба ин ғавғоҳо хотима бидиҳед ва пешгирии қатлу хунрезӣ ва ёфтани роҳҳои барқарории оромиро аз дигар самтҳо ҷустуҷӯ намоем, зеро сабабгори асосӣ дигар касонанд, на Сангаку онҳое, ки мо то ин дам гумон мекардем, таъкид карда буд, устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ (р).
Бинандагони саҳнаҳои он филми нанговар ва хонандагони ин сатрҳо, то ин ҷо ба хубӣ дарк карданд, ки ду ҳамсангар: яке воиз, суханвар, ки ба хотири ҳифзи истиқлоли кишвар таблиғ мекард, бовар карда буд, ки авф шудааст, бо тамоми майл ба васфу таблиғи дору дастаи Ҳукумат ва шахси раисҷумҳур табдил кард ва бо мӯҳлати зиёд аз озодӣ маҳрум ва пушти панҷараи зиндон бо таҳаммули таҳқир ва анвоъи озору азият қарор мегирад.
Дигарӣ командир, ки аз тири силоҳи ӯ бевосита садҳо бегуноҳ ҷони худро аз даст додаанду дар ҳоли ҳозир ба курсии бодабдаба такя зада, устодону ҳамсангарҳояшро айбдор нишон дода, хушу хурсанд аст. Ноҷо нагуфтаанд: “Дузди зӯр соҳиби говро банд кардааст.”
Қобили ёдоварӣ аст, ки Наҳзати исломӣ аз замони таъсис, бо тамоми мақомоти худӣ, шахсиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ ва ниҳодҳои динӣ, гарчанде давлатӣ ва зери назорати махсуси КГБ ҳам буданд, ҳусни муъомиларо аз авлавиёти барномаи худ қарор дода, рафтори ҳасанаро бо зиёиён, мансабдорони ватании давлатӣ ва бо табақаҳои гуногуни руҳониён ва ходимони расмии динӣ, воҷиб ва таклифи шаръӣ ва ахлоқӣ медонист. Мулло Абдураҳим на танҳо ба ин барномаи шаръӣ ва ахлоқии Наҳзат пойбанд набуд, балки борҳо бо кашмакашҳои беқайду бандаш, мӯҷиби ғолмағол ва афзоиши танишҳо гашта буд.
Аввалҳои даҳҳаи ҳаштод буд, ки дар деҳаи мавсум ба Авғоно, дар манзили домулло Усмони шаҳид (р), вақте дар як суханронияш гуфт: “Барои мани ҷовоне, ки илму дониши кофӣ аз дини худро дорам, нанг аст ба як муйсафеде, ки ба бори асо мегардад ва аз дину шариъат ҷуз чоркитоб чизеро намедонад гӯш бидиҳам”, ҷамъе аз руҳониён бо шумули домулло Саид Раҳмони калонӣ (р), ки ҳамзамон Абдураҳим дар назди ӯ зонуи “адаби” шогирдӣ таҳ карда буд, монеъи суханронии ӯ шуда, маъракаро тарк карданд. Агар дахолати бархе аз бузургони қавм намешуд, шояд ҳам ҳамон ҷо кор аз бад ба бадтар меанҷомид.
Мухолифат ва бадрафтории ӯ бо Домулло Ҳайдар, сархатиби вилоятии собиқ вилояти Кӯлоб, вирди доимии вай дар ҳама ҷаласаҳои расмӣ ва маҳфилҳои хурсандӣ ва азодорӣ гашта буд. Барои аз байн бурдани ин танишҳо, раҳбарияти Наҳзат ба тақрор ҳайъатҳои корӣ ташкил намуда, ба минтақа эъзом намуд, вале вақти беҳбуд ёфтани равобит ва ранги мусбӣ гирифтани сурати кор, мулло Абдураҳим нороҳат шуда, монеъаҳои сунъӣ эҷод менамуд ва ё бо аъзоёни ҳайъатҳо даргир мешуд, то раҳбарият маҷбур шавад, ки ҳайъатҳоро баргардонад.
Ёд дорам дар яке аз нишастҳо барои ҳалли ин танишҳо, устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ (р) аз мулло Абдураҳим пурсид: “Шумо вазифа доштед бо Домулло Ҳайдар ихтилофҳои худро поён дода, канор биёед. Чаро, то ба ҳол ба ҷои кам шудан, ин ихтилофот авҷ гирифта истодаанд?!” Вай ба ҷои он, ки ба мавзӯъ ҷавоб бидиҳад гуфт: “Мулло Ҳайдар мехоҳад ма мисли худаш бо занҳои бегона алоқаи ғайришаръӣ дошта бошам. Шумо инро бароям иҷозат медиҳед?!” Яъне дар он сурат мо бо ҳам канор меоем..
Бародаре, ки ҳоло дар зиндон қарор дорад (ба ин хотир аз бурдани номаш худдорӣ мекунам) гуфта буд: “На, балки агар мулло Абдураҳим дар он ҷо набошад, мулло Ҳайдар аз мо карда, ба ислому мардум беҳтар хидмат мекунад, ҳатто наҳзатӣ ҳам мешавад…”
Ҳақ ба ҷониби он бародар аст. Домулло Ҳайдар ходими дин, эмомхатиб ва намояндаи мусулмонҳо, то ба ҳол дар симати воқеъияш боқӣ монда ба мардуми худ хидмат дорад, вале мулло Абдураҳим, ки ӯро “фосиқ” дониста, аз қафояш намоз намехонд ва аз ин сабаб масҷиде дар канори шаҳри Кӯлоб сохтанӣ шуд, то имрӯз чанд маротиб симати худро иваз мекунад. Вақти тақсими ҳиссаи 30%-ӣ -бо вуҷуди саводи кофӣ надоштан — талаб кард риёсати Кумитаи гумрукро барояш бидиҳанд, қариб буд байни қаротегиниву кӯлобӣ –тавре дар навор мушоҳида шуд- шӯълаи ҷангро барафрӯзад. Марҳум устод Нурӣ дар он вақт барояш гуфт: “Ту маҳсули умри манӣ, ман зарфияти илмӣ ва кории туро медонам. Тасаввур кун дар як дастат кумитаи гумрук, дур шудан аз маънавиёт ва саранҷом Худой нокарда, дӯзах ва азоби алим истодааст. Дар дасти дигар масҷиди нимсохтаат дар ҳумаи як шаҳр ва раҳбариву панду андарзи маънавӣ барои мардумат, хидмати дин ва дар ниҳоят ризои Худо ва ҷаннати ҷовидонӣ. Кадоми инро қабул дорӣ?” Дар ҷавоб мулло Абдураҳим гуфта буд: “Гумрук ва дӯзах!..”
Раҳбарият ва шахси устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р) борҳо ӯро насиҳат, ҳатто маломат ҳам мекард, то аз чунин хислатҳои пасте, ки дар шаъни як домулло нест, дурӣ бигирад, вале суде надошт. Вай пойфишорӣ мекард ва баромадан аз ҳаракатро дар пеш мегузошт. Аммо ҳеҷ не, ки аз рафторҳои зишти худ даст кашад ва ё аз саффи Ҳизб хориҷ шавад.
Мутмаиннам бинандаи филм ва хонандаи ин сатрҳо тааҷҷуб намекунад, ки он чӣ дар бораи мулло Абдураҳим оварда шуд, ҳақиқат дорад, зеро вай дар ин навор иддаъо дорад, ки ӯ ҳанӯз дар даврони тинҷӣ, ҳангоми аввалин ҳайъат аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, аз аҳдофи “шум”-и Наҳзат иттилоъ ёфтааст. Аммо суол, пас чаро Наҳзатро тарк накардаст?! Дар Афғонистон ба ғалатии раҳбарияти Наҳзат пай бурдааст. Суол, пас чаро силоҳро канор нагузоштааст?! Баъди баргаштан аз ҳиҷрат, лоақал аз Наҳзат даст мекашид! Баръакс барои ишғоли вазифа аз ҳисоби Наҳзат, қариб буд, низоъу валвала барпой кунад. Вақте барои ноӯҳдабароӣ аз симати раиси Кумитаи гумрук барканор шуд, боз омад ва талаб кард, ки раҳбарият, дар ин пост, ки ба Наҳзат тааллуқ дорад, ӯро нигоҳ доранд ва ё дар дигар мансаб ба кор гуморанд. Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода (р) гуфта буд: “Ин вазифаҳо муваққатӣ мебошанд. Бояд аз аввал ба хотири натиҷаи хуб ба онҳо шахсони ҳирфаӣ мансуб мешуд. Ҳоло барои як ноӯҳдабаро лузуме надорад боз талабу дархости дигаре карда шавад. Абдураҳим агар инсоф медошт, роҳи муллогии худро пеша мекард, масҷиди чашм ба роҳи худро обод ва дарсу тарбияро дар он ба роҳ мемонд…”
Фаротар аз ин ҳама, ин навор ноадолатӣ, масхара ва раҳдаргумии Ҳукумат ва мансабдорони Раҳмоновро бозгӯ мекунад. Санаду далеле барои иддаои дурӯғини худ надоранд, чанг ба ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандӣ задаанд, афроде, ки мавриди авф қарор гирифтаанд, онҳое, ки дар ҳайъати Ҳукумат шомил шуда, содиқона ба Миллату Ватан хидмат карданд, онҳое, ки ба кори мулкӣ гузаштанд ва онҳое ҳам, ки ба нафақаи меҳнатӣ баромадаанд, исёнгару ҷиноятгор тӯҳмат шуда, ба қатл мерасонанд ва як иддаи дигарро маҷбур мекунанд, то шоҳидии бар дурӯғ барои рӯпӯш намудани ҷинояҳои ғайри инсонии онҳо бидиҳанд…
Ва дар охир
Воқеан барои нафари аввали як кишвар, ки беш аз 25 сол аст, ки бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба сарқонун, дар мансаб боқӣ мондааст ва дар ин муддат барои миллату кишвар ҳеч беҳбудӣ наёвардааст, сулҳу созиш байни гурӯҳҳои даргири ҷанги дохилӣ ва Ваҳдати Миллӣ, танҳо дастоварди монданӣ ва барои бақои Ватану Миллат омили асосӣ аст. Аммо тавре мебинем, барои ӯ ва мақомоти ноӯҳдабарояш, Ватану Миллат ва Ваҳдат беарзиш ва ҷуз василаи идома додани ҳукумати мусибатафзо дигар чизе нест. Вале бояд инро бидонанд, ки мардум ва ҷаҳон аз ноӯҳдабароии онҳо хуб огоҳанд, медонанд, ки ҳукуматдорони феълии Тоҷикистон худ террорист ва муҷрими асосӣ дар қатли генералҳо ва афсарону сарбозони бегуноҳ мебошанд ва инро ҳам бидонанд, ки мардум медонанд, ки ин саҳнасозиҳо дурӯғ ва шоҳид оварданҳои афроди гуногун маҷбурӣ ва давоми ноадолатӣ ва сардаргумии онҳост ва дер ё зуд мардум ба он хотима медиҳанд.
27.06.2018