Иқтисод

Нархи амволе, ки аз хориҷ ворид мешаванд, давлат чӣ гуна мехоҳад назорат кунад?

Абдуманнон Шералиев

Мантиқи зери назорати давлат гирифтани нархи маводи хӯроквориро ҳатто бо заъифтарин далел намешавад собит кард. Нархи амволе, ки аз хориҷ ворид мешаванд, давлат чӣ гуна мехоҳад назорат кунад? Ягона қисмате, ки давлат метавонад дар он дахолат кунад, нархи изофиест, ки воридкунанда ва дасти дуввуму саввум болои моли воридотӣ мегузоранд.

То замоне, ки воридоти бештари маводи хӯрокворӣ монополия шуд, фоидаи софи воридкунандаҳо аз 3 то 10 дарсад, вобаста аз намуди маҳсулот буд. Албатта нархи изофии воридкунанда дар аввал 10-15 ва ҳатто 20 дарсадро ҳам ташкил медиҳад, вале кам кам рақобат маҷбураш месозад, ки ҳаққи худашро поинтар барад. Вақте рақобат вуҷуд дорад имкони гирифтани даромадҳои калон камтар мешавад.

Ҳоло агар давлат мехоҳад ба қисме, ки ҳанӯз монополия нашудааст дахолат кунад, танҳо зарар меорад. Барои мисол нархи равған дар Русия 1 доллар аст ва воридкунандаҳо болояш 6 дарсад, яъне 6 сент ҳақ мегузоранд. Бо боҷу андозу ҳамлу нақлу дигар хароҷоти воридкунанда нарх 1,3 доллар мешавад. Давлат дахолат мекунад ва аз воридкунанда талаб мекунад, ки нархи изофиро 3 дарсад кунад. Фурӯшанда маҷбур розӣ мешавад ва ҳамагӣ 3 дарсад нархи изофӣ мемонад. Дар натиҷа нарх 1,3 доллар неву 1,27 доллар мешавад. Ё сенздаҳ сомон неву дувоздаҳ сомону 70 дирам.  Аммо воридкунанда, ки ба ин талаби давлат розӣ нест ва 3 дарсад ӯро қонеъ намекунад, аз истеҳсолкунанда талаб мекунад, ки нархро бо ҳар роҳе 5-6 дарсад камтар кунад. Ягона роҳи поён бурдани нарх паст кардани сифати маҳсулот аст. Дар натиҷа харидоре, ки давлат хост барояш ғамхорӣ кунад, равғанро 3 сент арзонтар, аммо сифаташ пасттарро харидорӣ мекунад. Ҳоло ба ин ки сифати паст чӣ зарарҳо дорад, намепардозем.

Амма агар давлат мехоҳад бо қабули ин қонун ба бахшҳое ҳам дахолат кунад, ки монополия шудаанд: Аввалан, наметавонад, чун монополистҳо ба “давлат” бегона нестанд ва он қисми давлат ки ба онҳо бегона аст, зӯраш намерасад. Магар ин ки худи монополистҳо иҷоза диҳанд. Сониян, агар ин монополистҳо розӣ ба поён бурдани нархи изофии худ ҳастанд, ҳеҷ зарурате ба қабули ин қарор нест. Як маслиҳат сари дастархони оилавӣ кофист.

Агар ҳадаф аз ин қарор поён бурдани нарх аст, ки нест, кофист ба тоҷирон иҷоза дода шавад ҳар қадаре хостанд ва аз куҷое хостанд маҳсулот ворид кунанд. Ягон назорат наметавонад мисли рақобат нархро поён барад.

Аммо ҷои ин воридоти ҳамин намуд маҳсулотро аз Ӯзбекистон манъ кардаанд.

Ҳоло ҷамъоварии ҳамаи ин фактҳо — монополияи воридоти асоситарин маҳсулоти хӯрокӣ, манъи воридоти ҳамин намуди маҳсулот аз Ӯзбекистон ва қарори назорати нархи онҳо аз тарафи давлат танҳо чунин натиҷа дода метавонад: монополистҳо мехоҳанд воридот аз Ӯзбекистонро ҳам, ки дар сурати бо дасти мардум иҷро шуданаш ба манфиати онҳо зарар меорад зери назорат дошта бошанд. Танҳо роҳи контроли он тавассути давлат метавонад анҷом шавад.

Аммо дахолати давлат ба нархи масалан пиёзу сабзӣ, ки дар дохил истеҳсол мешаванд, метавонад ҳамин ду маҳсулотеро ҳам, ки якеаш қариб стротегӣ эълон шуда буд, ба маҳсулоти воридотӣ табдил диҳад.

Акс аз Радиои Озодӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s