Алим Шерзамонов, раиси Иҷроияи Анҷумани Озодандешони Тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, ҷузъёти сӯхтори ахир дар Истаравшанро бо такя ба манобеи худ дар ин шаҳр шарҳ додааст.
Ӯ навиштааст:
Инак, баъзе ҷузъиёт аз ташрифи Раҳмонуф ба Истаравшан: Тибқи гузориши расонаҳои хабарии «мустақил», аснои сафари Раҳмонуф дар ин шаҳр, дар корхонаи истеҳсолии аробаҳои кӯдаконаи ҶДММ «Адл», ҷамоати деҳоти Гули Сурх, кӯчаи Навоӣ-53, сӯхтор сурат гирифт ва аз тарафи 7 мошинаи оташхомӯшкунӣ ва се мошини обкашон хомӯш шудааст.
Вале ин расонаҳо ёдовар нашуданд, ки бар асари роҳбандӣ дар масири ҳаракати «меҳмони олиқадр» то корхона пурра ба хокистар табдил шуд, ягон оташхомӯшкуне он ҷо ҳозир нашуд ва тамоми маҳсулоти дар дохил буда ба маблағи 1,5 млн. доллари амрикоӣ ва худи бинои корхона ба коми оташ рафт, ки дар маҷмӯъ ин соҳибкор ба миқдори 2 млн доллар зарар дид.
Тибқи гузориши манбаъи мо, дар пайи сӯхтор, соҳибкор ва тамоми аҳли байташро ба иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони Раҳмонуф боздошт кардаанд. Ғайр аз ин, тӯли 4-5 рӯз дар ноҳия, тамоми нуқтаҳои савдои масолеҳи сохтмонӣ баста буд, ба ин баҳона, ки имкон дорад бо истифода аз масолеҳе чун меху ба он монанд, «теруристҳо» бомба дуруст кунанд.
Охир, агар терурист нақшае медошт бар зиддатон, наход 1-2 рӯз пеш аз ташрифатон омодагӣ гирад? Албатта банда имкони муайян кардани ҷузъиёти дақиқтарро надоштам, вале мехостам бифаҳмам, ки оё расонаҳое, ки милюнҳо хазина доранд, мухбирашон бевосита дар ҷои ҳодиса буд, ё эшон дигар ба хадамоти матбуотии мақомоти мухталифи давлат табдил ёфтаанд, ки иттилоъро сирф аз ин мақомот дастрас намуда бо он қаноат мекунанд?
Се рӯз мунтазир мондам то бошад, ки ягон расонае ҷузъиёти бештареро нашр мекунад, вале мутаассифона аз афташ онҳо бе иҷозаи мақомот, ҳаракате анҷом намедиҳанд.
Маҷбурам ин иттилоъро пахш кунам чун ҷон ва саломатии ин соҳибкор ва наздиконаш бар илова зарари моддӣ диданашон, дар хатар аст.
Рубрики:Хабарҳо