Ёддошти Илҳомҷон Ёқубзода
Замони феодалҳо ғуломон аз мушкилоту озодӣ хеле паст бо ҳам сӯҳбат мекарданд, то навкарони феодал аз асли сӯҳбат пай набаранду зиндонӣ нашаванд.
Айнан тоҷикон ҳам аз мушкилоту озодӣ бо тарсу ҳарос лаб мекушоянду гӯё пичирос мезананд.
Ҳатто баъзан бо ишораи чашм сӯҳбат мекунанд, то ба дасти навкарони пешво наафтанд.
Дар замони ғуломдорӣ навкарони феодал ғайри худу авлоди феодал ҳамаро ғулом медонистанд ва ба хонаи ҳар нафаре мехостанд ворид мешуданд. Ҳар нафареро мехостанд шиканҷа мекарданду ба зиндон меандохтанд.
Айнан ҳамин ҳолатро тоҷикон имрӯз дар Тоҷикистон доранд. Навкарони пешво ба хонаи ҳар нафаре ворид мешаванду мебаранд, шиканҷаву зиндон мекунанд. Молу амволашро ба яғмо мебаранд, хумори мардумхориашон баланд шавад мекушанд ҳам.
Дар асри ғуломдорӣ калиди кишвар дар дасти феодал буд, ҳар касеро хоҳад ба кишвар иҷоза медод ворид шавад ё хориҷ гардад.
Айнан тоҷикон дар кишвар ҳамин ҳолатро доранд. Касе бе иҷозати пешво на ворид мешавад на хориҷ. Кишвари Тоҷикистонро аз они худ медонад.
Даврони ғуломдорӣ навкарони феодал кӯдакону занҳоро низ ба асорат мегирифтанд, айнан тоҷикон дар Тоҷикистон ҳам дар ҳамин ҳолатанд, ҳеҷ фарқеро аз замони ғуломдориву феодалӣ намебинем.
Навкарони пешво ҳазорҳо зану кӯдаконе, ки мардҳояшон ғуломи пешво шуданро рад карданд ба асорат гирифтанд, то бо ин восита ҳам фишор оранду ҳам баргардонанд, то зиндонӣ шаванду ғулом. Яке аз ин намунаҳо асири пешво Хамзаи 4 сола мебошад.
Рубрики:Дидгоҳ