Ёддошти Абдулло Давлатов
Худкушии ҷавоне дар Тунис оташи инқилоби «баҳори араб»-ро барафрухт ва мардум ҳукмронони золимашонро сарнагун карданд.
Дар ҷомеъаи мо бошад, ҳатто ба гаравгон гирифтани тифли 4 солаи бегуноҳи аз дард нолон, тафриқазо шуду тоҷиконро ба се гурӯҳ тақсим кард:
Гурӯҳи 1: Нафароне, ки ҷавҳари инсонияшон новобаста аз диди сиёсиву мазҳабӣ ва милливу фарҳангӣ побарҷост. Инҳо фақат кӯдаки дардманди бегуноҳро мебинанду бо ҳар роҳе мехоҳанд кӯмак кунанд ва шифои комили Иброҳимро орзу доранд.
Гурӯҳи 2: Тоифае, ки бо шавқу завқ «болои сӯхта намакоб мепошанд». Инҳо нохалафоне ҳастанд, ки дар расонаӣ шудани ин дарди ҷонсӯз бозии сиёсӣ меҷӯянду хешу ақрабои ин кӯдаки бегуноҳро таҳқиру тӯҳмат мекунанд. Воқеан ҳам дар ин қазия сиёсат ҳаст, аммо сиёсати тарафи гаравгонгир аст. Ва нохалафони бенанги беномуси оқипадаре, ки бо тӯҳмату таҳқиру ба сиёсат печонидани ин қазия мехоҳанд худро ҷонфидои хоҷагонашон нишон диҳанд, арзиши ҳамон саратони Иброҳими маъсумро надоранд! Инҳо ҳамон сиёҳие ҳастанд, ки дар қиёсашон ҳатто саргин сафеду пок аст.
Гурӯҳи 3: Нартсисҳо. Инҳо тоифаи мафтуни худ ҳастанд аз қабилаи «ҷаҳон сӯзаду дег ҷӯшад». Чашмкӯру гушкари дарди дигаронанд. Эҳсоси ҳамдардӣ надоранд. Ақлашон кӯр аст. Тамоми орзуву амали инҳо дар деги худнамоӣ меҷӯшад. Аксҳои нав ба нави худро мегузоранд. Аз худу ҳамсару фарзанду ғайраи худ ва маҳалли худ қиссаҳо мекунанд. Миёни акспартоӣ ва худситоӣ сӯи оина медаванд ва аз тамошои худ лаззат мебаранд.
Чун худро зеботарину донотарини ҷаҳон мепиндоранд, аз ошкор кардани нуқсашон сахт ба ғазаб мешаванд ва ошкоргуёнро таҳқир мекунанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз нуқси худ иқрор намекунанд. Нотавонии худро ба аксгириву қиссабофиву шеърхонӣ мубаддал (сублиматсия) мекунанд.
Дигаре ва ё қавму гурӯҳеро тавсиф мекунанд, то дар ҷавоб таърифашон кунанд. Русҳо инро «вытеснение» мегӯянд. Яъне, аз тарси ошкор шудани нотавониву бечорагии худ, ҳама нуқсҳои худро чунон аз зеҳн берун кардаанд, ки мағзашон қобили дарк намондааст.
Агар гурӯҳи 2 худро дониста ғулом кардаанд, пас гурӯҳи 3 бовар доранд, ки озодандеш ва пешрафта ҳастанд. Агарчӣ, аз бадхутарин ғуломонанд!
Хулоса, гаравгирон метавонанд осуда бошанд. Ҳисоб ба фоидаи онҳост: 2 — 1. Ду гурӯҳ аз онҳост. Аз тоҷикон фақат як гурӯҳ монда — гурӯҳе, ки новобаста аз ҳама зулми замона, ҷавҳари Инсон буданро ҳифз кардааст!
Рубрики:Дидгоҳ