Дидгоҳ

Айлони тоҷикро аз марг наҷот диҳед!

Акс аз сайти Радиои Озодӣ

Бо қалами Муҳаммади Одинабек

Айлони сурияӣ, ки дар дарё ғарқ ва кушта шуд, тамоми башарият барояш гиря кард. Марги ӯ ҳатто дилҳои сангинро ҳам такон дод, аз ҷумла, дили мардуми Тоҷикистонро. Шоирон дар сӯги ӯ шеър менавиштанд, хабарнигорону нависандагон матлаб. Сарояндагон бошанд барояш марсияхонӣ мекарданд. Хуллас, ҳама барояш мегирист. Бешак, агар қабл аз ғарқшавии ӯ, ҷаҳониён огаҳ мебуданд, ҳама барои наҷоташ мешитобиданд.

Имрӯз Айлони тоҷикӣ, Иброҳим (Ҳамза)-и чаҳорсола, ғарқи дарёи ҷаҳли сиёсатбозон шудааст ва ҳар лаҳза дар ҳоли наздик шудан ба доми аждаҳои аҷал аст, ва мутаассифона мо ба ин фоҷеа бо диди сиёсӣ ва ё мазҳабиву маҳаллӣ менигарем. Гуё, ки дар Тоҷикистон инсоният вуҷуд надошта бошад. Ин тифл маъсум аст, набояд қурбонӣ шавад. Барои наҷоташ, танҳо ҳамбастагӣ кифоят мекунад, агар ба ин қазия ҳамчун инсон назар андозем. Наҷоти ӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, новобаста аз ҷоҳу макону замон.

Нақл аст, ки вақте Намруд халили Худо Имроҳимро дар оташ андохт, парандаи кучаке (ё занбӯре) дар минқори худ аз дарё об оварда болои оташ мепошид, аз паранда суол карданд: ин оташ хеле бузург аст ва бо ин чанд қатра оби минқори ту, ки намешавад оташро хомӯш кард? Паранда мегӯяд: ман дар худ масъулиятро эҳсос кардам ва ин ҳисси масъулият маро ором нагузошт.

Ҳамватанони азиз! Биёед барои наҷоти Иброҳими кучак, мо ҳам масъулияти худро анҷом бидиҳем. Наҷоти ин тифли кучак, наҷоти тамоми башарият аст. Аз ин рӯ, худро масъул ҳис намуда ба ҳамватанони азизам, алалхусус ба қудратмандони кишвар, чунин хитоб менамоям:

Инсониятро накушед, умедро накушед… Худованд дар каломи зебояш дар сураи муборакаи Моида, дар бахше аз ояти 32 чунин мефармояд:

«Ҳар кас касеро – ҷуз ба қисоси қатл ё ба кайфари фасоде — дар рӯи замин бикушад, чунон аст, ки гӯӣ ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас касеро ҳаёт бахшад, чунон аст, ки гӯӣ тамоми мардумро ҳаёт бахшида бошад…»

Агар мо Иброҳимро аз чанголи марг наҷот надиҳем, номи миллату давлати Тоҷикистонро дар таърих хадшадор мекунем ва ояндагон ҳаргиз моро намебахшанд, башарият моро намебахшад, Худо моро намебахшад…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s