Ҳуқуқи башар

Паёмадҳои даҳшатбори муҳоҷират ва талаботи АМОМ аз ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар як ҳафтаи охир бино ба маълумоти ба Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиеи Марказӣ расида, беш аз даҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт –Петербург, Самара, Москва ҷони худро дар муҳоҷират аз даст доданд.

Даҳшатбортарин хабар, ки рузи 24 уми июл расонаӣ шуд, ин хабари таҷовуз ва кушта шудани духтари панҷсолаи тоҷик дар Серпуховои Руссия аст, ки ҳамаро дар ҳолати шок қарор дод ва ин ҳодисаи даҳшатбор бори дигар гуёи ҳоли муҳоҷирини тоҷик буд. Муҳоҷирати тоҷикон ҳамчуноне, ки мақомот изҳор медоранд равандии таббиӣ набуда, як сафари дарозмуддати иҷборӣ барои дарёфти қути лоямут аст.

Бо сабаби адами ҷойи кор, маоши паст, боло будани фасод дар кишвар, эҳтиром ва риоя нашудани ҳуқуқи инсон, тарс додани мардум, муборизаи шадид алайҳи дигарандешон ва ғайра то 2 млн шаҳрвандони кишвар дар муҳоҷират қарор доранд. Илова бар ин ҳар рӯз мо шоҳиди он мешавем, ки чи қадар муҳоҷирон алалхусус ҷавонон, ҳангоми муҳоҷират ба садамаҳо ва ҳодисаҳои мухталиф дучор шуда, ба ҳалокат мерасанд.

Ассостиастияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунад:
1.Ба ҳар хонадони ҳалокшудагони муҳоҷири шаҳрвандони Тоҷикистон тасалият гуфта кумакҳои моддӣ ва маънавӣ расонида шавад.

2. Бо назардошти саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳалли масоили иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ, масъалаи дастгирии иҷтимоии онҳо фавран ва фарогирии онҳо бо суғуртаи иҷтимоӣ, нафақапулӣ ва кӯмакҳои гуногун ҳангоми беморӣ ва маъюбӣ ҳалли худро ёбад.

3.Ҳар чи сареътар пеши роҳи муҳоҷиршавии шаҳрвандон гирифта шавад.

4. Дар кишвар барои эҷоди ҷойҳои кории муносиб бо маоши кифоякунанда чораҳои лозимӣ андешида шавад.
5. Эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун қотеъона риоя шавад ва пеши роҳи фасоду ришваситонӣ гирифта шавад.

6. Бо таври фарогир инъикоси зиндагӣ ва ранҷу машаққати муҳоҷирон тариқи ВАО ба намоиш гузошта шавад. Барои бедор намудани ангезаҳои мардум ҷиҳати дар худи кишвар барои худ эҷод намудани ҷои кор чораҳо андешида шавад.

Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба хонадони ҳар ҳалокшуда дар муҳоҷират ба хусус ба хонадони Ҳувайдо Тиллозода, Абдусалом Саидов ва бастагонаш тассалият арз намуда аз даргоҳи Худованд ба Ҳувайдои маъсума ҷаннатул фирдавс ва бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳон аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s