Гуфтугӯ

Зарбулаҷали гурӯҳҳо ва фаъолони сиёсӣ ба ҳукумат ҷиҳати иҷоза ба Ҳамза ва модараш

Гурӯҳҳо ва фаъолони сиёсии тоҷики муқими Урупо, ба ҳукумати Тоҷикистон то рӯзи ҷумъа, 27 июл зарбулаҷал (мӯҳлат) додаанд, то ба Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода ва модараш иҷозат диҳанд барои дармони Ҳамза ба хориҷ аз Тоҷикистон сафар кунанд. Дар ғайри ин сурат, ин гурӯҳҳо ва фаъолон эълон кардаанд, ки дар назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва низ дафтарҳои созмонҳои байналмилалӣ дар саросари дунё тазоҳурот барпо хоҳанд намуд.

Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсӣ, дар сафҳаи худ дар ин бора навиштааст:

«Аз шумо даъват мекунем, ки дар сурате, то рӯзи ҷумъа (27.07.18) Ҳамза ҳамроҳ бо модараш барои муолиҷа ба берун аз кишвар, иҷозаи хуруҷ ба даст наоранд, ҳама дар назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар дар саросари дунё баромада аз ҳақи конституционии ин тифл ҳимоят кунем!»

Ҳамчунин Нурддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии Гурӯҳи 24 низ ду рӯз пеш дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишта буд:

«То мӯҳлати муайян агар, ки ин амр иҷро нашавад, аз тамоми тоҷикистониёни бурунмарзӣ даъват ба амал ояд, ки назди намояндагии ин режим аз Вошингтон то Париж ва аз Берлин то Маскав ҷамъомадҳои эътирозӣ барпо кунанд ва он ҳам на барои 1 соату 2 соат, балки хайма зада то парвози Ҳамза дар назди сафоратҳо бимонанд.»

Вайсиддин Одинаев дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо сойти Озодандешон, бо баёни ин ки фаъолон ва гурӯҳҳо омодагиҳои лозимро барои барпоии тазоҳурот дар сурати то рӯзи ҷумъа иҷозат надодани ҳукумат дида истодаанд, гуфт: «Дар тамоми дунё, умеди мо ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, чун ин қазия ба ҳеч сурат сиёсӣ нест.»

Вай, бо таъкид бар ин ки «ин қазия як қазияи сирф инсонӣ мебошад» ёдовар шуд: «Мо, гурӯҳҳои мухталиф, ба ин хулоса омадем, ки бояд коре кард, ҳамаи роҳҳо ва воситаҳои мумкинро ба кор бурд, ва тазоҳурот дар баробари сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ яке аз ин роҳҳост

Одинаев дар идома гуфт: «Аз тарафи мо барои ҳукумат мӯҳлат ҳам таъйин шуд, то рӯзи ҷумъа. Агар то он рӯз иҷозат надиҳанд, ин иштибоҳи онҳо мебошад ва зарбаҳои бузурге хоҳанд хӯрд, чи аз сӯи ҷомеа ва ё ҷомеаи шаҳрвандӣ. Бинобар ин, агар мақомот солим бошанд, дурандешӣ мекунанд

Гуфтанист, бо ошкор шудани бемории саратони Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, бештари тоҷикистониён ва ҳамчунин ғайри тоҷикҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо намудаанд, ки ҳар чи зуд ба ин кӯдак ва модараш иҷоза диҳад то барои дармон хориҷ шаванд. Руҳуллоҳ Тиллозода, падари Ҳамза низ ду рӯз пеш дар мусоҳибае гуфта буд, ки агар Кумитаи амнияти Тоҷикистон нигарон бошад, ӯ ва падараш омода ҳастанд хароҷоти роҳи амниятиҳоро пардохт намоянд, то кӯдакро ҳамроҳӣ намоянд. Қобили ёдоварӣ аст, додхосте (петитция)-ро, ки дар ин мавзӯъ роҳандозӣ шудааст, то кунун беш аз 50 ҳазор инсон имзо кардаанд.

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s