Дидгоҳ

Бигузоред, лоақал инсон бимонем!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Гузориши сойти Ахбор дар бораи бозпурсии шаҳрвандон тавассути ниҳодҳои амниятӣ ба хотири имзои онҳо зери номае хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимоят аз Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, ки мубтало ба бемории саратон буда ва ниёз ба дармон дар хориҷ аз кишвар дорад, воқеан бароям шигифтовар буд.

Дар ин гузориш омадааст: «Чанд нафар аз фаъолон аз дохили Тоҷикистон хабар доданд, ки дар пайи имзои муроҷиатнома ба президент Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи Change.org, мавриди бозпурсии мақомоти амниятӣ қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, наздикони чанд фаъолеро, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, баъди имзои ин муроҷиатнома, ба мақомоти амниятӣ даъват кардаанд

Бар асоси ин гузориш, «мақомоти амниятӣ ба онҳо гуфтаанд, ки фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон расман манъ шудааст ва онҳо бо ин амали худ, яъне имзои муроҷиатнома ба пуштибонӣ аз набераи раиси ҲНИТ, аз ин ҳизби мамнӯъ пуштибонӣ кардаанд. Аммо ин фаъолон дар шарҳи имзои худ гуфтаанд, ки ин ҷо сухан дар бораи наҷоти ҳаёт ва саломатии як тифли маъсум меравад, ки ҳеҷ рабте ба сиёсат надорад

Се нукта ҳаст, ки шоиста дидам дар ин навиштор ёдовар шавам:

1) Нуктаи аввал ин ки: мақомоти тоҷик, ба хусус шахси Эмомалӣ Раҳмон, бояд бидонад, дар ин дунё, ҳама чиз гирди меҳвари сиёсат ва қудрат намечархад. Гавҳаре дар ниҳоди инсон вуҷуд дорад ба номи «инсоният», ки гоҳе ду душманро ба ҳам мепайвандад. Оё шумо фикр мекунед, наздик ба 60 ҳазор инсоне, ки зери он нома имзои худро гузоштаанд, ба ин далел имзо гузоштаанд, ки чун ҳомӣ ва пуштибони ҲНИТ ва ё Кабирӣ ҳастанд?! Аслан ва абадан! Баъзе аз онҳо шояд на Кабириро бишносанд ва на ҲНИТ-ро. Ин «инсоният»-и онҳост, ки водорашон карда бетараф набошанд; виҷдон ва замири инсониашон барояшон ин иҷозаро намедиҳад, ки дар баробари ин қазия, сукут ва хомӯшӣ ва бетарафиро баргузинанд.

Тоҷик, пеш аз ҳар чизе дигар, инсон аст. Оё шумо мехоҳед, аз инсони тоҷик ин гавҳарро низ салб намоед? Яъне гавҳари «инсоният»-ро? Ин яъне чӣ: «Имзои муроҷиатнома ба пуштибонӣ аз набераи раиси ҲНИТ, аз ин ҳизби мамнӯъ пуштибонӣ кардан аст«? Оё ҷуз ин аст, ки шумо ҳақ надоред ҳатто инсон бошед?

Замоне, ки ба иттиҳомҳои воҳӣ ва пуч, фаъолияти ҲНИТ-ро қатъ ва раҳбарон ва фаъолон ва ҳатто вакилони мудофеъаш мисли Бузургмеҳр Ёровро зиндонӣ кардед, ҳар касе аз тоҷикистониён, ки бо ин бандаҳои Худо ҳамдардӣ намуд ва ба шумо эътироз кард, гуфтед, ту дорӣ аз як ҳизби мамнӯъ ҳимоят ва пуштибонӣ мекунӣ! Мардум ҳам сукут ихтиёр карданд, то ҳамдардиашон бо зиндониҳои сиёсӣ, ба манзилаи пуштибонӣ аз ҲНИТ талаққӣ нашавад.

Ва замоне, ки хонаводаҳо ва наздикони фаъолони сиёсиро дар дохили кишвар ба «ҷурме», ки муртакиб нашудаанд ва «гуноҳашон» фақат ин буд, ки писарашон ё бародар ва ё хоҳарашон як фаъоли опозисиюн аст, таҳти фишор қарор додед ва гоҳе озору азияташон намудед, шаҳрвандоне, ки бо онҳо ҳамдардӣ карданд ва эътироз намуданд, гуфтед, ту дорӣ аз як ҳизби мамнӯъ ва «терурист» ҳимоят ва пуштибонӣ мекунӣ! Мардум ин ҷо ҳам сукут карданд, то як вақт ин ҳамдардӣ низ ба унвони ҳимоят аз «теруризм» талаққӣ нашавад.

Ва замоне ҳам, ки як бандаи Худо зери як матлаб дар шабакаи иҷтимоӣ «лойк» гузошт, шумо ӯро ба «ҷурм»-и ҳимоят ва пуштибонӣ аз «теруризм», зиндониаш кардед ва бо ин кор, ба ҷомеа ин маъноро илқо намудед, ки ҳеч кас ва ба ҳеч ваҷҳ, ҳаққи изҳори назари мухолиф бо шуморо надорад.

Хуб, дар ин маворид, агар «ҳақ»-ро ба шумо бидиҳем ва фарзро бар ин бигирем, ки ин ҳамдардиҳо ва эътирозҳо ба маънои «ҳимоят ва пуштибонӣ аз ҲНИТ» будааст (дар ҳоле, ки аслан чунин нест), аммо дар қазияи Ҳамза, оё ба назаратон намерасад, ки шумо поятонро фаротар аз гилематон гузоштаед? Шумо, ки мегӯед: «Имзои муроҷиатнома ба пуштибонӣ аз набераи раиси ҲНИТ, аз ин ҳизби мамнӯъ пуштибонӣ кардан аст«, дар воқеъ бо забони безабонӣ ба мардум гуфтаниед, ки эй мардум! Шумо ҳатто ҳаққи инсон буданро надоред!

Бигузоред, ин мардум лоақал ИНСОН бимонанд. Шумо ин ҳақро надоред, ки аз мардум «инсоният»-и онҳоро салб намоед.

* * *

2) Нуктаи дуввум он ки: дар ин чанд рӯз, баъзе афрод ҳарфашон мудом ин буд (ва ҳанӯз ҳам ҳаст), ки: қазияро сиёсиаш накунед! Сиёсиаш накунед, яъне лутф кунед ва дигар аз Ҳамза ва дарди ӯ, беш аз ин нанависед! Чаро? Барои он ки, ҳар чи ин қазия доғ бимонад, ба назари ин афроди беотифа, ба эътибори ҲНИТ ва шахси Кабирӣ афзуда мешавад. Ин аст маънои «сиёсиаш накунед!»-и ин тоифа. Ғофил аз ин ки, ҳар андоза, ки ин қазия доғ бимонад, ба ҳамон миқдор фишор рӯи ҳукумат ва мақомот бештар шудааст. Сиёсате дар миён нест. Ин тоифа, ба ин нукта ё таваҷҷӯҳ надоранд ва ё ба ҳадде сиёсатзадаанд, ки аслан барояшон дарду ранҷи Ҳамза матраҳ нест.

Бале, ду гурӯҳ ҳастанд, ки ба ин қазия, мутаассифона, аз зовияи сирф сиёсӣ нигоҳ мекунанд: яке, мақомот ва шахси Эмомалӣ Раҳмон, ки гумон мекунанд, иҷозаи хуруҷ додан барои Ҳамза ва модараш, яъне «таслим» дар баробари хостаи мухолифон. Аз ин рӯ, мебинед, беш аз ҳадд инод меварзанд ва кӯшиш мекунанд, ки Ҳамза ва модараш камокон дар дохили кишвар бимонанд ва хориҷ нашаванд, шояд инро барои худ навъе «пирӯзӣ» дар арсаи сиёсат шуморанд; ғофил аз ин ки исрор ва инодашон, ҳикоят аз заъф ва нотавонии онҳо мекунад, на қудрат ва тавоноӣ.

Гурӯҳи дигаре, ки ба ин қазия аз равзанаи сирф сиёсӣ нигоҳ мекунанд, афродеанд, ки ҳарчанд ҳомӣ ва пуштибонӣ сиёсатҳои ҳукумати кунунӣ (лоақал ба зоҳир) нестанд ва баъзеашон худро аз ҷумлаи опозисиюн ҳам мешуморанд, аммо чун ба ҲНИТ ва Кабирӣ нигоҳи мусбате надоранд, сукут ихтиёр карданд ва дар ин бора чизе наменависанд ва изҳор намедоранд; шояд ба ин далел сукут ихтиёр карда бошанд, ки гумон мекунанд, изҳори назар дар бораи набераи Кабирӣ, яъне навъе пуштибонӣ аз худи Кабирӣ.

Ин азизон ҳам бояд дар ин мавзеъгирии худ таҷдиди назар кунанд ва набояд ба ҳамаи масоили дунё аз равзанаи сиёсат нигоҳ кунанд. Мо ҳақ надорем инсонияти худро қурбони дидгоҳҳои сиёсии худ намоем. Инсонияти инсон иқтизо дорад, бо инсонҳои дигар, дар ҳангоми мусибатҳо, ҳамдардӣ намояд, ва ба қавли Саъдӣ:

Банӣ Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор

* * *

3) Нуктаи севвум ва ахир он ки: дӯстоне дорам, ки ҳар аз гоҳе ба ман мегӯянд – ва қатъан аз рӯи дилсӯзӣ – ки чаро худатро «олудаи» сиёсат кардаӣ? Ту агар вориди ин арса намешудӣ, судат ба ҷомеа бештар мерасид, метавонистӣ дар дохили кишвар бошӣ ва роҳат ба кори равшангарӣ бипардозӣ ва касе ҳам монеъат намешуд.

Ҳоло арзам ба ин дӯстони дилсӯз – ки қатъан ин мақоларо хоҳанд хонд — ин аст: қазияи ахир, яъне қазияи Ҳамза, боре дигар нишон дод ва собит кард, ки чӣ афроде бар сари мо ҳукумат доранд! Оё инсон метавонад инсон бошад (феълан мусалмонӣ як тараф) ва дар баробари ин бебандуборӣ ва ин зулму ситам, он ҳам то ба ин дараҷа ва ин ҳадд, сукут кунад ва ба ин баҳона, ки судаш дар ҷоҳое дигар бештар будааст, кулӯх бар лаб ниҳад ва тамошобини ин саҳнаи фоҷеабор бошад?! Оё ин шуд зиндагӣ?! Нанг бар он ҳаёт ва зиндагӣ, ки бибинӣ ин гуна ҳоким ва ҳукумат дорӣ, ва он гоҳ ба ин баҳона, ки нафъат агар сукут намоӣ бештар будааст, тамошобин бошӣ!

Оё марг сазовортар барои мард аз ин гуна ҳаёту зиндагӣ нест?!

Ин чӣ ҳоким ва ҳукумат аст, ки мебинад кӯдаке дар ранҷ аст, саратон аст, ниёз ба дармон дорад, аммо чун набераи рақиби сиёсии ӯст, иҷозати хуруҷ барои вай намедиҳад?!

Ба Худо, на Фиръавн чунин буд, на Искандар чунин буд, на Чингиз ва на ҳеч як аз худкомаҳо ва ситамгарони таърих!

Баъд, мо биёем ва ба хотири чанд сабоҳ умр дар рӯи ин замин, инчунин ҳокимеро таҳаммул кунем. Ин чӣ зиндагӣ аст ба назари шумо?!

Дигар, доварӣ бо худатон аст.

Манбаъ: Кимиёи саодат

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s