Ахбори Анҷуман

Ҳамдардии АОТ дар робита бо кушта ва маҷрӯҳ шудани гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Анҷумани Озодандешони Тоҷик таслияти амиқи худро ба хонаводаҳои қурбониён аз Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Ҳуланд (Нидерландия) ва низ ба давлат ва шаҳрвандони ин ду кишвар, ки дар як ҳодисаи нақлиётӣ дар роҳи Данғара ҷон супурданд, иброз медорад.

Ва зимни ибрози ҳамдардӣ, орзуи беҳбудии ҳарчи зудтари маҷрӯҳони ҳуландии ин ҳодисаи ғамангезро хоҳон аст.

Тоҷикистон, ҳамеша ба меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии худ нисбат ба меҳмонон, гушодарӯӣ ва инсондӯстӣ ва кӯмак ба ҳар касе — сарфи назар аз миллият ва гароишҳои мазҳабии ӯ — маъруф аст. Меҳмон дар фарҳанги мо ва дар хонаи ҳар тоҷике, касе аст, ки воҷиб аст аз ӯ муҳофизат бишавад.

Мо аз ин ҳодисаи иттифоқафтода ҳайратзада шудем ва худро дар ғами шумо шарик медонем, ҳамчунин барои кишвари худ ва эътибори он ба унвони як кишвари амн барои меҳмононаш, андӯҳгинем; кишваре, ки дорои зарфиятҳои бисёр болои туристӣ мебошад.

Мо умедворем, ки як таҳқиқи комил ва ҳамаҷониба ва шаффоф дар робита бо ин ҳодисаи ғамангез, ки ҳеч шакку тардиде боқӣ нахоҳад гузошт, сурат бигирад.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s