Баёнияҳо

Номаи муштарак

Ба:

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико

Ҳукумати Подшоҳии Ҳуланд (Нидерландия)

Ҳукумати Суис (Шветсария)

Иттиҳодияи Урупо

Мо, аҳзоби сиёсӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, анҷуманҳо ва созмонҳои тоҷик, зимни ибрози таслияти амиқи худ ба давлат ва шаҳрвандон ва ба хусус хонаводаҳои гардишгарони кушташуда дар ҳамлаи ваҳшиёна дар Тоҷикистон ва низ орзуи беҳбудии маҷрӯҳони ин ҳамлаи буздилона ба мардуми бепаноҳ ва меҳмонони азизамон, лозим медонем чанд нуктаро ҳузури шумо бирасонем:

1) Бе тардид, ин амалиёти теруристӣ маҳкум аст ва мо ба шадидтарин шакл онро маҳкум менамоем ва хостори муҷозоти созмондиҳандагон ва муҷриёни он дар чорчӯби қонунҳои Тоҷикистон ва низ меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳастем;

2) Мутаассифона, Вазорати дохилаи Тоҷикистон бидуни анҷоми таҳқиқоти лозим ва зарурӣ ва ҷамъоварии шавоҳиди комил ва ҳамчунин бидуни дар назар гирифтани ҳамаи эҳтимолоти мумкин, шитобзада зарфи чанд соат пас аз вуқӯи ҳодиса яъне субҳи 31 июли 2018 масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳдаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гузошт. Ва ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳи теруристии ДОЪИШ душанбешаб (30.07.2018) дар баёнияе, масъулияти ин амалиёти теруристиро ба дӯш гирифтааст;

3) Барои мо, ин суол боқӣ аст, ки чӣ касе пушти ин ҳама меистад ва чӣ касе аз кушта шудани гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон суд мебарад агар опозисиюни тоҷикро муттаҳам ба он мекунанд? Опозисиюне, ки аз дасти озору азият ва таъқибҳои режим ба Урупо паноҳ бурда. Асли вуқӯи ин ҳодиса дар ин рӯзҳо ва соатҳо низ, бароямон суолбарангез аст! Зеро ин ҳодисаи ғамангез, дақиқан дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи Тоҷикистон ва низ созмонҳои ҳуқуқи башарӣ иқдоми ғайриинсонии ҳукумати Тоҷикистон дар манъи Ҳамзаи 4-сола, набераи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, аз сафар ба хориҷи кишвар барои дармонро маҳкум карда ва дар баёнияҳои мутаъаддид, хостори иҷоза додани ҳукумат барои сафари Ҳамза, ки мубтало ба бемории саратон мебошад, шудаанд. Ва ҳамчунин қарор буд дар ҳамин рӯзҳо, ки ин ҳодиса иттифоқ афтод, роҳпаймоиҳои эътирозӣ дар чанд шаҳри урупоӣ аз сӯи опозисиюни тоҷик барои маҳкум кардани иқдоми ҳукумати Тоҷикистон сурат бигирад. Петитсия дар бобати дархост аз ҳукумат барои иҷозаи сафар, то кунун 150 ҳазор имзо аз саросари ҷаҳон ҷамъ кардааст;

4) Аз байн бурдани мазнунҳои ин ҳамла дар ин миён, воқеан нигаронии ҷиддиро бармеангезад; дар ҳоле, ки ҳеч шоҳиду мадраке то кунун ироа нашуда, ки собит намояд онҳо бо истифода аз силоҳи гарм аз худ муқовимат нишон дода бошанд. Чӣ зарурате барои куштани ин мазнунҳо ва шоҳидҳо вуҷуд дошт вақте акси мунташиршуда аз яке онҳо осори лату кӯби шадид дар бадан ва сурати ӯро нишон медиҳад?!

5) Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки пештар, ҳукумати кунунии Тоҷикистон барои тавҷеҳи қонуншиканиҳо ва саркӯби ҳуқуқ ва озодиҳо ба баҳонаи «мубориза бо теруризм» – ки худ навъе «тиҷорати сиёсӣ» бо афкори умумӣ ва ҷаҳонӣ ба шумор меравад — борҳо ва борҳо иқдом ба ҳар навъ харобкориҳо намуда ва дар ҳар бор рақибони сиёсии худро ба анвоъи тӯҳматҳо муттаҳам кардааст, ва ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба нигарониамон аз паёмадҳои ин ҳодиса дар ин рӯзҳо, мо аз ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, Подшоҳии Ҳуланд (Нидерландия), Суис (Шветсария) ва Иттиҳдияи Урупо дархост менамоем, ки барои ошкор шудани ҳақиқат, як гурӯҳи таҳқиқотии муштарак ташкил диҳанд.

Мо ҷиддан мӯътақидем, ки фақат таҳқиқоти саҳеҳ ва бидуни ангезаҳои сиёсӣ аст, ки метавонад созмондиҳандагон ва муҷриёни воқеии ин ҳамлаи ваҳшатнокро ошкор созад.

Дар сурати лузум, мо ҷиҳати ошкор шудани ҳақиқат, омодаи ироаи ҳар гуна кӯмак ба гурӯҳи таҳқиқоти байналмилалӣ ҳастем.

Сухан танҳо рӯи эътибори мардуми тоҷик ва давлат нест, балки рӯи ояндаи Тоҷикистон низ ҳаст; кишваре муҳим аз назари стратегӣ ва дар нуқтаи бисёр ҳассос дар ҷаҳон.

Бо камоли ташаккур ва эҳтиром:

Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон

Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Реклама

Рубрики:Баёнияҳо

Tagged as:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s