Баъд аз моҷарои Иброҳим (Ҳамза) Тиллозодаи 4-сола, мо — гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳачунин намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар хориҷ аз кишвар, гумонамон ин буд, ки мақомот дигар наздикон ва бастагони мухолифони худро ба унвони гаравгон нигаҳ намедоранд, вале зоҳиран ин моҷаро барояшон дарс нагардидааст. Зеро чизе аз корзори байналмилалӣ дар ҳимоят аз Ҳамза нагузашта буд, ки мақомоти тоҷик бори дигар бо нақзи ошкори қонун ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ, монеъи сафари кӯдаки хурдсол ва модари Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқии тоҷик шуданд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон, субҳи 4 августи 2018, Фотима Давлатова, духтари 10-солаи Шабнам ва модари 65-солааш Гулиҷамиламо Худойдодоваро аз ҳавопаймои Душанбе — Алмаато берун оварданд. Гулиҷамиламо Худойдодова мебоист набераашро ба Лаҳистон (Полша) назди модари ӯ Шабнам, ки аз соли 2016 дар ин кишвар паноҳанда аст, мебурд. Мақомоти амниятӣ ба модари солхӯрдаи ин фаъоли ҳуқуқӣ гуфтаанд, ки ӯ ва наберааш таҳти назорат буда, номашон дар «феҳристи сиёҳ» қарор дорад ва аз ин рӯ онҳо ҳаққи тарки қаламрави Тоҷикистонро надоранд.
Ва ин дар ҳоле аст, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ин амали мақомоти амниятӣ, як амали сад дар сад ғайриқонунӣ аст. Зеро бар асоси қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон, афроде, ки ҳаққи сафар ба хориҷ аз қаламрави Тоҷикистонро надоранд, иборатанд аз:
— кормандони мақомоти амниятӣ ва миллӣ;
— шаҳрвандоне, ки ба асрори давлатӣ дастрасӣ доранд;
— шаҳрвандоне, ки дар хидмати ҳарбӣ ҳастанд;
— маҳкумшудагон;
— муттаҳамон;
— қарздорон.
Пурравшан аст, ки Фотимаи 10-сола ва пиразани 65-сола — духтар ва модари Шабнам, ба ҳеҷ як аз нишондодаҳои боло шомил намебошанд.
Мусаллам аст, ки сабаби берун овардани Фотима ва модарбузургаш аз ҳавопаймо «нуқсон» дар мадракҳои онҳо эълом нашудааст, зеро агар ин матлаб дуруст буда метавонист, ба онҳо ин имкон муясар намешуд, ки аз бозрасии гузарнома убур кунанд ва масъулони умури марбут ба гузарнома ба онҳо иҷоза намедоданд, ки рад шаванд. Аммо баъд аз тафтиши комили гузарномаҳояшон, ба онҳо иҷоза дода шуд, то ба ҳавопаймо савор шаванд.
Дар аснои моҷарои Иброҳим (Ҳамзаи) 4-сола, марзбонони тоҷик эълом карда буданд, ки ҳеч маҳдудияти қонунӣ барои сафари кӯдак вуҷуд надорад. Аз ҳавопаймо берун овардани духтар ва модари Шабнам Худойдодова, бори дигар нишон медиҳад, ки тасмими манъи онҳо аз сафар ба ҳеч ваҷҳ бар асоси маҳдудиятҳои қонунӣ, ки марзбонон аз он гуфтаанд, набудааст. Балки ин амали ғайриқонунӣ собит мекунад, ки онҳо духтар ва модари Шабнам Худойдодоваро фақат ба ин далел, ки онҳо аз бастагони як мухолифи сиёсӣ ва фаъоли ҳуқуқианд, аз сафар манъ намудаанд. Ин дақиқан такрори ҳамон коре аст, ки дар мавриди Ҳамзаи бемор, набераи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, анҷом дода буданд. Яъне гаравгон нигаҳ доштани бастагон ва наздикони мухолифон ба хотири истифода аз онҳо ба унвони «василаи фишор» бар мухолифон, ки як амали сад дар сад ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ аст.
Бинобар ин, аҳзоб, гурӯҳҳо, фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик зимни баргузории як ҷаласаи муштарак, ситодеро роҳандозӣ намуданд, ки кори ин ситод, талоши ҳамаҷониба барои наҷоти гаравгонҳои сиёсии ҳукумати Тоҷикистон аст. Талоши ин ситод танҳо маҳдуд ба Фотима ва модарбузурги ӯ намешавад, балки ситод дар зудтарин фурсат, феҳристи комиле аз ҳамаи бастагон ва наздикони мухолифон, ки дар дохили Тоҷикистон буда ва мақомот ба сурати комилан ғайриқонунӣ монеъи сафари онҳо ва пайвастанашон ба азизони худ дар хориҷ аз кишваранд, тартиб хоҳад дод.
Мо дар ҳоли таҳияи муроҷиатнома ба кумитаҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ҳастем. Тасмим гирифта шуд, то як корзори васеъ ва густардае дар хусуси ин ҷинояти нанговар роҳ андозем; аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо навиштани петитсияҳо ва баргузории роҳпаймоиҳои эътирозии мусолиматомез дар назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳо.
Мо талош хоҳем кард, то ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистонро водор намоем, ки даст аз истифодаи бастагон ва наздикони мухолифон ба унвони гаравгони сиёсӣ ва василаи фишори равонӣ бардоранд; васоиле, ки бо манъи онҳо аз пайвастан ба наздиконашон, онҳоро аз ҳаққи дармон, озодӣ ва омӯзиш маҳрум месозад.
Ҳазорон аз гаравгонҳои сиёсӣ ҳастанд, ки тавассути ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон ба унвони василаи фишор бар дигарандешон истифода мешаванд. Мо талош хоҳем намуд, то ҳукумат ба куллӣ аз ин роҳҳои шармовар ва муҷримона даст бардорад.
Ҳамзамон, эълом медорем, ки дар сурате ки пешниҳод шавад, мо омодаем бо мақомот барои баррасии масоили мавриди ихтилоф дар ҳар нуқтаи амн аз дунё ба баҳсу баррасӣ биншинем.
Ситоди наҷоти гаравгонҳои сиёсии Тоҷикистон
5 августи 2018
Варшава, Лаҳистон (Полша)
Рубрики:Ҳуқуқи башар