Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба 12 созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ки ба ҳимоя аз ҳамватани мо — рӯзноманигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикитсон Хайрулло Мирсаидов бархостанд, изҳори сипос мекунад.
Мо аз мақомоти Тоҷикистон талаб мекунем ба таъқиби Хайрулло Мирсаидов бинобар ҳодисаи ришваситонӣ ва тарҳи фасодро расонаӣ карданаш, ки дар мактуби кушода ба раисҷумҳур хабар дод, хотима дода шавад.
Таъқиби рӯзноманигор барои иттилоъ доданаш аз фасод ба ҷои муборизаи воқеъӣ бо худи фасод, бозии аҳмақона бо обрӯи мақомот ва давлати Тоҷикистон аз тарафи мансабдоронест, ки воқеъияти фасодро пинҳон мекунанд.
Рӯзноманигорон ва матбуоти озод ба кишварҳои пешрафта дар нигоҳ доштани тозагии зарурии дасти мансабдорон кӯмак мекунанд ва ба беҳдошту ҳифзи ҷамъият аз фасод мусоидат менамоянд.
Парванда алайҳи Хайрулло Мирсаидов даъвои раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳодҳои тарғиботии онро мабнӣ бар ин ки Тоҷикистон кишвари деморатӣ ва ҳуқуқбунёд аст ва Сарқонун дақиқан риоя мешавад, рад мекунад.
Фасодкорон дар маҳалҳо, зоҳиран бо тарҷеҳ додани манофеъи шахсиашон бар манофеъи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ба даъвоҳои раҳбари кишвар аҳамияте қоил нестанд.
Таъқиби рӯзноманигори тоҷик Хайрулло Мирсаидов алайҳи ҳамаи кӯшишҳои тарғиботи расмӣ барои кишвари озод ҷилва додани Тоҷикистон шаҳодат медиҳад ва шарҳ медиҳад, ки чаро баъди 27 соли истиқлолият Тоҷикистон дар чоргонаи қашшоқтарин кишварҳо қарор гирифт.
КШНГЗТ ҷомеъаи журналистии Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ба кампини иттилоотии густарда барои дастгирии Хайрулло Мирсаидов ва талаби бегуноҳ эътироф кардану аз толори додгоҳ ҷавоб додани ӯ, даъват мекунад.
Сухангӯи КШНГЗТ, Вайсиддин Одинаев
Рубрики:Баёнияҳо