Сиёсат

Террори сурхи ҳомиёни «ГКЧП» дар Тоҷикистон

Темур Варқӣ

Аз паёмадҳои хунини 19 августи соли 1991, террори сурх ва бозгашти ҳомиёни кудето (КДҲВ-ГКЧП) дар Тоҷикистон буд. 27 сол аз 19 августи соли 1991 мегузарад. Он рӯз, танҳо балети “Кӯли қуҳо” («Лебединое озеро») аз шабакаи телевизионии марказии Шӯравӣ нишон дода мешуд ва дигар ҳеч барномае дида намешуд. Тонкҳо дар хиёбонҳои Маскав гаштугузор доштанд. Кудеточиён (аъзои ГКЧП), дар нишасти матбуотӣ, ки баргузор карданд ва дар он рӯзноманигорони рус ва ҳам хориҷӣ ҳузур доштанд, дасту пояшон меларзид ва ин комилан дида мешуд. Онҳо ҷуръат надоштанд эътироф кунанд, ки тасмим барои кудетои (табаддулоти) давлатӣ ва ҳазфи раисиҷумҳур Михаил Горбачёвро гирифтаанд, то аз имзои Шартномаи нави Иттиҳод, ки ба ҷумҳуриҳои шӯравӣ истиқлоли бештаре дар қаламрави як кишвари бузург медод, пешгирӣ кунанд.

Дар натиҷа, нухбаҳои коммунисти номенклатураҳои ҷумҳуриявӣ, бо истифода аз ҳарҷу марҷ ва нотавонии марказ барои ислоҳот, истиқлол ва ҳаққи хориҷ шудан аз СССР-ро эълон намуданд. Русия истиқлоли худро зудтар яъне дар 12 июн эълон карда буд. Аммо аввалин шуда эъломияи истиқлолро се ҷумҳурии соҳили Балтик қабул карданд.

Номенклатураи коммунистии тоҷик ва вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ то 9-уми сентябр намехостанд Эъломияи истиқлоли Тоҷикистонро имзо кунанд. Онҳо 9 сентябри соли 1991 зери фишори тазоҳуроти дарозмуддат ва бетанаффуси тарафдорони нерӯҳои ислоҳотхоҳ — Ҳаракати миллии Растохез, Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳаракати Лаъли Бадахшон, маҷбур ба имзо ва қабули Эъломия дар бораи истиқлоли Тоҷикистон шуданд. Рӯзҳое, ки тазоҳурот ҷараён дошт, вакилони Шӯрои Олии СССР Анатолий Собчак бо ёвараш Владимир Путин, Николай Травкин ва дигарон, аз Душанбе дидан карданд.

Пас аз барчидани пайкари Ленин аз майдони марказии Душанбе, номенклатураи комунистии ҶШС Тоҷикистон ба мубориза барои ҳифзу нигоҳдории қудрат оғоз кард. Собиқ Котиби 1-уми КМ Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон, Раҳмон Набиев, ки охирҳои соли 1991 раисиҷумҳур шуда буд, баҳори соли 1992 ба тарафдорони коммунистгарои худ дар собиқ майдони Ленин силоҳ (аз ҷумла автомат) тақсим кард ва ба хунрезиву ҷанги шаҳрвандӣ оғоз бахшид.

Ба нишони эътироз ба ин қарори раисиҷумҳур Набиев, қӯмондони Горди президентӣ Баҳром Раҳмонов эълон кард, ин горд ба ҷониби нерӯҳои ислоҳотхоҳ мегузарад. Ҳомиёни тоҷики ГКЧП ба раҳбарии пешвои номенклатураи коммунистӣ Эмомалӣ Раҳмонов, бо такя ба авбошону раҳбарони ҷиноӣ ва силоҳҳое, ки аз Набиев ба даст оварда буданд, то охирҳои соли 1992 зери парчами сурх барои “барқарории сохти конститутсионии” Шӯравӣ алайҳи нерӯҳои ислоҳотхоҳ ҷангиданд.

10 декабри соли 1992 номенклатураи коммунистӣ пирӯзии навбатиро ба муносибати ба Душанбе ворид шудани мошинҳои ҷангӣ зери ду парчам — парчами сурхи Шӯравӣ ва парчами нави миллии Тоҷикистон, ҷашн гирифт. Мошинҳои ҷангӣ ҳамроҳ бо сарнишинонаш, аз ҷумла аз сӯи собиқ котиби аввали КМ Ҳизби комунисти ҶШС Ӯзбекистон Ислом Каримов, тақдим шуда буд.

10 декабри соли 1992 оғози марҳилаи нави террори сурх дар Тоҷикистон буд, ки аз моҳи майи соли 1992 то июни 1997, ҷони аз 150 то 200 ҳазор нафарро гирифт.

Қабл аз ворид шудан ба Душанбе, дар Сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, собиқ раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, яке аз раҳбарони Фронти коммунистгарои халқӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, ҳамдаст ва фарди наздик ба Раҳмон Набиев (раисиҷумҳуре, ки дигар қобилияти қабули қарореро аз даст дода буд) дар пахши мустақими телевизионӣ аз толори маҷлис эълон кард, ки “Фронти халқӣ вилояти Қӯрғонтеппаро аз 800 ҳазор ваҳҳобӣ тоза кард”.

Рӯзҳое, ки Сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷараён дошт, ва баъди ворид шудани нерӯҳои коммунистгарои ФХ ба Душанбе, беш аз як миллион ҳаводорон ва наздикони онҳое, ки барои қабули Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон талош мекарданд, бо фирор ба хориҷ ва навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон, дар талоши наҷоти ҷони худ буданд.

Дар ҷануби Тоҷикистон, вилояти Қурғонтеппа ҳудуди 100 ҳазор инсон зери тирборони шадид, ки ҳамаи анвоъи силоҳ, аз ҷумла тонкҳо дар он ба кор бурда мешуданд, талош мекарданд, то бо убур аз оби сарди рӯди марзии Панҷ ҳамроҳ бо занону кӯдакони хурдсол, аз марг наҷот ёбанд ва худро ба Афғонистон бирасонанд.

Онҳое, ки натавонистанд фирор кунанд, тавассути ҷангҷӯёни ФХ тирборон шуданд, аз ҷумла дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ гурӯҳи зиёде аз онҳо ҷамъ оварда шуда ва қатли омм гардиданд.

Муборизон барои “барқарории сохти конститутсионӣ” дар Сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ бо сарнагунии иҷбории раисиҷумҳур Набиев, ки гӯё ҳимояташ мекарданд, бидуни ҳеч раъйпурсӣ мансаби президентиро лағв ва ҳокимиятро ба раиси нави ШО Эмомалӣ Раҳмонов супурданд ва бо ин, кудетои (табаддулоти) давлатӣ анҷом шуд.

Соли 1994 дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ва адами ширкати беш аз як миллион раъйдиҳанда, ки дар кишварҳои мухталиф гуреза шуда буданд, коммунист Эмомалӣ Раҳмонов бо як дастур мансаби президентиро баргардонд ва дар натиҷаи интихоботи ғайришаффоф зери милҳои мусалсал, худро президент эълон кард.

Ҳомии ГКЧП, ки алайҳи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон раъй дода буд ва 24 сол аст, ки “бо роҳи демократӣ” ба унвони раисиҷумҳур “интихоб мешавад”, худро Пешвои миллат ва Ҷаноби олӣ эълон кард ва дар арафаи ба мерос додани мансаби худ ба ворисаш дар соли 2020 қарор дорад.

Дар давоми солҳое, ки ҷумҳурии Шӯравӣ ба кишвари истибдодӣ ва салтанатӣ табдил мешуд, Тоҷикистон ба чаҳоргонаи қашшоқтарин кишварҳои ҷаҳон ворид шуд. Тоҷикистонро садҳо ҳазор мутахассис тарк гуфтанд, на камтар аз ҳазор радикал, ки дар шароити таъқиби густардаи мухолифин ва дигарандешон аз тарафи Раҳмонов падид омада буданд, ба ДОЪИШ пайвастанд.

Даҳҳо нашрия баста шуд, рӯзноманигорон, табибон ва адвокатҳо дар зиндонанд. Бо ҳукмҳои тӯлонӣ, аз ҷумла ҳабси абад, садҳо асирони сиёсӣ ба зиндонҳо андохта шудаанд. Байни онҳо нафароне ҳастанд, ки 9-уми сентябри соли 1991 дар майдони Ленин истода истиқлолияти Тоҷикистонро талаб мекарданд — ноиби раҳбари Растохез, баъдан ноиби раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит ва инчунин ҳомиёни ислоҳот — раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров, поягузори ҳизби “Тоҷикистони нав” соҳибкор Зайд Саидов, вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва бисёре дигарон.

13.02.1990. Яке аз тазоҳурот дар назди пайкари Ленин ҳангоми ҳодисаҳои 10-17 феврали соли 1990.

Таҷаммуъи ҳомиёни истиқлоли Тоҷикистон.

Сентябри соли 1991. Ширкаткунандагони тазоҳурот, ки аз Шӯрои олии ҶС Тоҷикистон хостори эълони истиқлоли Тоҷикистон буданд.

Ҳомиёни истиқлоли Тоҷикистон, аъзои Ҳизби демократ, Ҷунибиши Растохез, ҲНИТ, Лаъли Бадахшон. Сентябри соли 1991, шаҳри Душанбе.

Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбар ва поягузори Ҷунбиши Растохез, асосгузори истиқлоли Тоҷикистон.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, яке аз раҳбарони опозитсияи тоҷик ва аз поягузорони истиқлоли Тоҷикистон.

Аслиддин Соҳибназаров, яке аз поягузорони истиқлоли Тоҷикистон.

Халифабобо Ҳомидов, муовини раҳбари Ҷунбиши Растохез, муаллифи декларатсияи истиқлол ва Қонуни асосии Тоҷикистон.

Мирбобо Мирраҳимов, муовини раҳбари Ҷунбиши Растохез, яке аз поягузорони истиқлоли Тоҷикистон.

Сессияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар Хуҷанд. Эмомалӣ Раҳмонов, ки ба унвони раиси ҷадиди Шӯрои олӣ интихоб шудааст, Раҳмон Набиевро маҷбур ба навиштани истеъфо мекунад. 6-7 сентябри соли 1992. Баъдҳо Раҳмон Набиев изҳор дошт, ки ҳеч санадеро имзо накардааст.

Ширкаткунандагони кудети давлатӣ ва сарнагунии ғайриқонунии раисиҷумҳур Раҳмон Набиев (аз рост), пирӯзии худро ҷашн мегиранд. Хуҷанд, сентябри соли 1992.

Ҷашн баъд аз сарнагунии раисиҷумҳур Раҳмон Набиев тавассути Эмомалӣ Раҳмонов ва Сангак Сафаров дар Сессияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд.

Авбош Сангак Сафаров.

Полковник Маҳмуд Худойбердиев ва бригадаи ӯ, ки зери парчами сурх ҷангиданд.

Ҷангҷӯёни коммунистгарои Фронти халқӣ. Террори сурх.

Марзи Афғонистон сабаби наҷоти ҳазорон гуреза шуда буд.

Наҷотёфтагон аз дасти террори сурх. Ҷануби Тоҷикистон. Зимистони солҳои 1992-93.

Дар солҳои 1992-93 мардуми гуреза танҳо ба ҳамин тариқ худро наҷот медоданд. Марзи Афғонистон, рӯди Панҷ.

Наҷоти кӯдакони тоҷик аз террори сурх. Соли 1993.

Соҳили рӯди Панҷ. Зимистони солҳои 1992-93.

Ҷангҷӯёни коммунистгарои Фронти халқӣ, ки аз ҳомиёни хориҷии худ аслиҳа дарёфт мекарданд.

Полковники ГРУ Квачков, ки эътироф кардааст ӯ раҳбарии шӯълавар кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва низ кӯмак ба нерӯҳои коммунистгаро ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмоновро ба ӯҳда доштааст.

Касе, ки бо зӯри аслиҳа мардумро маҷбур ба қабул кардани президентии худ шуд.

Кӯдаконе, ки барои «Пешво» дар зери борон суруд мехонанд.

Асосгузори «сулҳи» тоҷикон.

Вазири маориф, намунаи сатҳи дониши кадрҳо.

Муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар замони ғуломдорӣ ба воя расида ва намедонанд озодӣ чист.

Зиндониёни сиёсии ҲНИТ.

Зайд Саидов, ки 29 сол ба хотирии таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» ба зиндон маҳкум шудааст.

Вайсиддин Одинаев, бародари Эҳсон Одинаев, ки дар моҳи майи 2015 тавассути КДАМ рабуда шуда ва то ҳол сарнавишташ номаълум аст.

Муовини сиёсии раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит пас аз суиқасди нофарҷом. Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки то 6 моҳ ӯро озод кунанд.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ӯ ба муддати 24 сол маҳкум ба зиндон шудааст.

Сабзалӣ Муҳаммадризоев, раиси бахши ҲНИТ дар Бадахшон. Ӯро пас аз суханрониаш дар соли 2014 нерӯҳои интизомӣ террор карданд.

Марги зиндонии сиёсӣ.

Писари Амонулло Ҳукумов, аз хешовандони Раҳмон, ки 3 нафарро кушт, ва фақат 30 доллар ҷарима шуд, сипас ба Олмон барои дармон фиристода шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s